БОБИ 69
Падари онҳо Иброҳим аст ё Шайтон?
ЯҲУДИЁН ИБРОҲИМРО ПАДАРИ ХУД МЕНОМАНД
ИСО ПЕШ АЗ ИБРОҲИМ ВУҶУД ДОШТ
Дар Ерусалим, дар иди Хаймаҳо, Исо таълим додани ҳақиқатҳои муҳимро давом медиҳад. Баъзе яҳудиён навакак ба Исо чунин гуфта буданд: «Мо насли Иброҳим ҳастем ва ҳеҷ гоҳ ғуломи касе набудем». Исо дар ҷавоб мегӯяд: «Ман медонам, ки шумо насли Иброҳим ҳастед, вале мехоҳед маро бикушед, зеро суханонамро қабул намекунед. Ман он чиро мегӯям, ки дар назди Падари худ дидаам, шумо бошед, корҳоеро мекунед, ки аз падари худ шунидаед» (Юҳанно 8:33, 37, 38).
Исо гуфтанӣ аст, ки Падари ӯ дигар асту падари онҳо дигар. Яҳудиён ба суханони Исо сарфаҳм намераванд ва мегӯянд: «Падари мо Иброҳим аст» (Юҳанно 8:39; Ишаъё 41:8). Онҳо дар ҳақиқат аз насли Иброҳиманд. Иброҳим дӯсти Худо буд ва яҳудиён фикр мекунанд, ки онҳо низ мисли падарашон ба Худо имон доранд.
Лекин суханони минбаъдаи Исо онҳоро ба ҳайрат меорад. Ӯ мегӯяд: «Агар шумо фарзандони Иброҳим мебудед, мисли ӯ рафтор мекардед». Дар ҳақиқат, одатан писар ба падари худ тақлид мекунад. Баъд Исо давом медиҳад: «Вале шумо қасди куштани маро доред, ҳол он ки ман ба шумо ростии аз Падар шунидаамро мерасонам. Иброҳим ин тавр рафтор намекард». Баъд ӯ мегӯяд: «Шумо корҳои падари худро мекунед» (Юҳанно 8:39–41).
Яҳудиён то ҳол намефаҳманд, ки Исо киро дар назар дорад. Онҳо ба фарзандони қонунӣ будани худ ишора карда мегӯянд: «Мо аз зино таваллуд нашудаем; мо як Падар дорем, ки Худост». Лекин оё дар асл падари онҳо Худо аст? Исо мегӯяд: «Агар Падари шумо Худо мебуд, маро дӯст медоштед, зеро ман аз ҷониби Худо омадаам ва ҳоло дар ин ҷо мебошам. Ман аз пеши худ наомадаам, балки Ӯ маро фиристодааст». Сипас Исо ба онҳо савол медиҳаду худаш ба он ҷавоб медиҳад: «Чаро шумо он чиро, ки ман мегӯям, намефаҳмед? Ин аз он сабаб аст, ки шумо суханони маро қабул карда наметавонед» (Юҳанно 8:41–43).
Исо ба онҳо фаҳмондан мехост, ки оқибати ӯро қабул накарданашон чӣ мешавад. Лекин ҳоло ӯ рӯирост мегӯяд: «Падари шумо Иблис аст ва шумо мехоҳед хости падари худро ба ҷо оред». Исо мефаҳмонад, ки падари онҳо чӣ гуна шахс аст: «Ӯ аз он вақте, ки зидди Худо баромад, одамкуш гашт ва дар ростӣ устувор намонд». Баъд ӯ илова мекунад: «Касе, ки аз Худост, ба суханони Худо гӯш медиҳад. Шумо аз он сабаб гӯш намедиҳед, ки аз Худо нестед» (Юҳанно 8:44, 47).
Яҳудиён аз ин суханони Исо ба хашм омада мегӯянд: «Оё мо ҳақ набудем, вақте гуфтем, ки ту сомарӣ ҳастӣ ва дев дорӣ?» Онҳо Исоро «сомарӣ» гуфта паст мезананд. Лекин Исо ба пичинги онҳо аҳамият намедиҳаду мегӯяд: «Ман дев надорам, балки Падари худро эҳтиром мекунам, лекин шумо маро беҳурмат месозед». Ҷиддӣ будани ин масъала аз суханони Исо маълум мешавад. Ӯ мегӯяд: «Ҳар кӣ сухани маро ба ҷо меорад, ҳеҷ гоҳ маргро нахоҳад дид». Яҳудиён ба Исо беҳурматӣ карда худро аз ҳаёти абадӣ маҳрум месозанд. Албатта, Исо гуфтанӣ нест, ки расулон ва дигар пайравони ӯ ҳеҷ гоҳ намемуранд. Суханони ӯ маънои онро доранд, ки онҳо абадан несту нобуд намешаванд, яъне «марги дуюм»-ро, ки аз он ҳеҷ кас зинда намешавад, намечашанд (Юҳанно 8:48–51; Ваҳй 21:8).
Лекин яҳудиён суханони Исоро ба маънои аслӣ фаҳмида мегӯянд: «Акнун мо аниқ донистем, ки ту дев дорӣ. Иброҳим мурд, пайғамбарон низ мурдаанд, ту бошӣ, мегӯӣ: “Ҳар кӣ сухани маро ба ҷо меорад, ҳеҷ гоҳ маргро нахоҳад чашид”. Магар ту аз падарамон Иброҳим, ки мурдааст, бузургтар ҳастӣ?.. Ту худатро кӣ меҳисобӣ?» (Юҳанно 8:52, 53).
Мақсади гапи Исо фаҳмост: ӯ Масеҳ аст. Лекин Исо рӯирост ба саволи онҳо ҷавоб намедиҳад, балки фақат чунин мегӯяд: «Агар ман худро ҷалол диҳам, ҷалоли ман ҳеҷ аст. Маро Падарам ҷалол медиҳад, Ҳамоне, ки шумо Ӯро Худои худ меҳисобеду лекин намешиносед. Ман бошам, Ӯро мешиносам. Агар мегуфтам, ки Ӯро намешиносам, мисли шумо дурӯғгӯй мебудам» (Юҳанно 8:54, 55).
Баъд Исо боз дар бораи Иброҳим, ки хизматгори вафодори Худо буд, гап мезанад: «Падари шумо Иброҳим дидани рӯзи маро интизор буд ва аз ин бисёр шодӣ мекард. Ва ӯ инро диду шод гашт». Дар ҳақиқат, Иброҳим ба ваъдаи Худо бовар дошт ва омадани Масеҳро интизорӣ мекашид. Лекин яҳудиён боз шакку шубҳа карда мегӯянд: «Ту ҳанӯз панҷоҳсола ҳам нестӣ ва боз мегӯӣ, ки Иброҳимро дидаӣ?» Исо ба онҳо ҷавоб медиҳад: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки Иброҳим ба дунё ояд, ман вуҷуд доштам». Исо ба он ишора карда истодааст, ки пеш аз таваллудаш ӯ дар осмон фаришта буд (Юҳанно 8:56–58).
Вақте Исо мегӯяд, ки ӯ пеш аз Иброҳим вуҷуд дошт, яҳудиён аз хашму ғазаб пур гашта ӯро сангсор карданӣ мешаванд. Лекин Исо аз он ҷо меравад ва онҳо ба ӯ зараре намерасонанд.