БОБИ 81
Ба кадом маъно Исо ва Падар яканд?
«МАН ВА ПАДАР ЯК ҲАСТЕМ»
ИСО ХУДРО БА ХУДО БАРОБАР НАМЕКУНАД
Исо барои ҷашн гирифтани Иди бахшидашавии маъбад (ё Ҳанука) ба Ерусалим меояд. Ин ид ба муносибати аз нав бахшида шудани маъбад ҷашн гирифта мешуд. Беш аз як аср пеш подшоҳи Сурия Антиохи IV (Эпифан) Ерусалимро забт кард. Ӯ дар болои қурбонгоҳи бузурги маъбади Худо қурбонгоҳе сохт. Баъдтар писарони як коҳин бо лашкари Сурия ҷангида, Ерусалимро озод карданд ва маъбадро боз ба Яҳува бахшиданд. Аз ҳамон вақт сар карда ин ҷашн ҳар сол 25-и моҳи кислев (ки ба мобайнҳои ноябр ва аввалҳои декабр рост меояд) сар мешавад.
Ҳоло зимистон — фасли хунуки сол аст. Исо дар маъбад, дар роҳрави Сулаймон, қадам мезанад. Яҳудиён дар гирди ӯ ҷамъ мешаванд ва мегӯянд: «То ба кай ҳақиқатро дар бораи худат аз мо пинҳон медорӣ? Агар Масеҳ бошӣ, ба мо рӯирост гӯй» (Юҳанно 10:22–24). Ӯ ҷавоб медиҳад: «Ман ба шумо гуфтам, вале шумо бовар намекунед». Ҳарчанд каме пеш Исо ба зани сомарӣ гуфта буд, ки ӯ Масеҳ аст, ба яҳудиён ин гапро рӯирост нагуфтааст (Юҳанно 4:25, 26). Лекин бояд қайд кард, ки ӯ кӣ будани худро бо чунин суханон маълум сохта буд: «Пеш аз он ки Иброҳим ба дунё ояд, ман вуҷуд доштам» (Юҳанно 8:58).
Исо мехоҳад, то мардум корҳои ӯро бо он чизе, ки дар бораи Масеҳ пешгӯйӣ шудааст, муқоиса кунанд ва ба Масеҳ буданаш боварӣ ҳосил кунанд. Аз ин сабаб ӯ баъзан ба пайравонаш мегуфт, ки дар бораи Масеҳ буданаш ба касе гап назананд. Лекин ҳоло ӯ ба яҳудиёни хашмгин чунин мегӯяд: «Корҳое, ки ман ба номи Падари худ ба амал меорам, дар бораам шаҳодат медиҳанд. Аммо шумо бовар намекунед» (Юҳанно 10:25, 26).
Барои чӣ онҳо бовар намекунанд, ки Исо Масеҳ аст? Исо мегӯяд: «Шумо бовар намекунед, чунки гӯсфандони ман нестед. Гӯсфандони ман ба овозам гӯш медиҳанд. Ман онҳоро мешиносам ва онҳо аз қафоям меоянд. Ман ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ ато мекунам ва онҳо ҳеҷ гоҳ талаф намешаванд ва касе онҳоро аз дасти ман намегирад. Касоне, ки Падар ба ман додааст, аз ҳар чизи дигар пурарзиштаранд». Баъд Исо мефаҳмонад, ки то чӣ андоза муносибати ӯву Падараш наздик аст: «Ман ва Падар як ҳастем» (Юҳанно 10:26–30). Ҳоло Исо дар замин аст, Падараш бошад, дар осмон. Барои ҳамин ӯ дар назар надорад, ки ӯву Падараш ба маънои аслӣ як ҳастанд. Ӯ гуфтанӣ аст, ки онҳо як мақсад доранд ва дар байнашон ягонагӣ аст.
Суханони Исо яҳудиёнро чунон ба ғазаб меорад, ки онҳо мехоҳанд боз ӯро сангсор карда кушанд. Лекин Исо аз ин наметарсад. Ӯ мегӯяд: «Ман ба шумо корҳои неки бисёре нишон додам, ки Падар фармудааст. Барои кадоми ин корҳо маро сангсор карданӣ ҳастед?» Яҳудиён бошанд, мегӯянд: «Мо туро на барои корҳои нек, балки барои куфр гуфтанат сангсор карданием, зеро ту... худро худо мехонӣ» (Юҳанно 10:31–33). Исо ягон бор худро Худо наномида буд, пас, барои чӣ ӯро айбдор мекунанд?
Аз рӯйи суханони Исо, ӯ қудрату қобилияте дорад, ки, ба гуфти яҳудиён, онҳоро фақат Худо дошта метавонад. Масалан, дар бораи «гӯсфандон» ӯ чунин гуфт: «Ман ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ ато мекунам» (Юҳанно 10:28). Албатта, аз дасти одамони хокӣ ин кор намеояд. Ва бояд қайд кард, ки Исо дар назди ҳама гуфта буд, ки ӯ ин қудратро аз Падар гирифтааст, лекин яҳудиён ин чизро ба назар нагирифтанд.
Исо беасос будани айбдоркуниҳои онҳоро нишон дода чунин мегӯяд: «Оё дар Шариати шумо [дар Забур 81:6] навишта нашудааст: “Ман гуфтам: шумо худоёнед”? Худо онҳоеро, ки ба муқобилашон сухан гуфтааст, “худоён” номидааст... Пас, барои чӣ шумо маро, ки Падар муқаддас гардонид ва ба ҷаҳон фиристод, аз сабаби худро Писари Худо номиданам “куфргӯ” мегӯед?» (Юҳанно 10:34–36).
Дар Навиштаҳо ҳатто доварони беинсоф «худоён» номида шудаанд. Пас, барои чӣ ин яҳудиён Исоро барои худро «Писари Худо» номиданаш айбдор мекунанд? Исо далели боварибахше меорад: «Агар корҳои Падари худро ба ҷо наорам, ба ман бовар накунед. Вале, агар ба ҷо орам, ба ман бовар накунед ҳам, ақаллан ба корҳоям бовар кунед, то бифаҳмед ва бештар боварӣ пайдо кунед, ки Падар бо ман ва ман бо Падар дар ягонагӣ ҳастем» (Юҳанно 10:37, 38).
Баъд яҳудиён бори дигар мехоҳанд, ки Исоро дастгир кунанд, лекин ӯ аз дасти онҳо раҳо шуда, аз Ерусалим меравад. Ӯ ба тарафи дигари Урдун, ба ҷое, ки Яҳё чор сол пеш аз ин таъмид медод, равона мешавад. Аз афташ, ин маҳал дар наздикии соҳили ҷанубии баҳри Ҷалил воқеъ аст.
Мардуми бисёре назди Исо меоянд ва мегӯянд: «Яҳё ягон мӯъҷизае нишон надодааст, аммо ҳар чизе, ки ӯ дар бораи ин шахс гуфта буд, рост аст» (Юҳанно 10:41). Дар натиҷа, бисёри яҳудиён ба Исо имон меоранд.