БОБИ 91
Лаъзор зинда мешавад
ЗИНДАШАВИИ ЛАЪЗОР
АЪЗОЁНИ СУДИ ОЛӢ ИСОРО КУШТАН МЕХОҲАНД
Баъди он ки Исо дар наздикии Байт-Ҳинӣ бо Мартою Марям вомехӯрад, ӯ ба сари қабри Лаъзор меравад. Қабри Лаъзор дар ғорест, ки даҳонаш бо санг пӯшида шудааст. Исо мегӯяд: «Сангро як тараф кунед». Марто намефаҳмад, ки Исо чӣ кор карданист, барои ҳамин хавотир шуда мегӯяд: «Ҳазрат, шояд ҷасад бадбӯй шуда бошад, зеро аллакай чор рӯз гузаштааст». Исо бошад, ба ӯ чунин мегӯяд: «Магар ба ту нагуфтам: агар бовар кунӣ, ҷалоли Худоро мебинӣ?» (Юҳанно 11:39, 40).
Сангро аз даҳони ғор дур мекунанд. Баъд Исо чашмонашро сӯйи осмон мебардорад ва дуо мегӯяд: «Эй Падар, Туро шукр мегӯям, ки маро шунидӣ. Медонам, ки Ту ҳама вақт маро мешунавӣ, вале инро ба хотири мардуми дар ин ҷо ҷамъомада гуфтам, то онҳо бовар кунанд, ки Ту маро фиристодаӣ». Дуои Исо ба мардум нишон медиҳад, ки коре, ки ӯ ҳозир мекунад, бо қудрати Худо карда мешавад. Баъд Исо бо овози баланд мегӯяд: «Лаъзор, баро!» Лаъзор мебарояд. Дасту пойҳои ӯ кафанпеч ва рӯяш бо рӯймоле пӯшида аст. Исо мегӯяд: «Дасту пойи ӯро кушоед ва гузоред, ки роҳ равад» (Юҳанно 11:41–44).
Бисёре аз яҳудиён, ки барои дилбардории Маряму Марто омада буданд, ин мӯъҷизаро мебинанд ва ба Исо имон меоранд. Лекин баъзеҳо пеши фарисиён мераванд ва дар ин бора нақл мекунанд. Он гоҳ фарисиён ва коҳинони калон Суди олии яҳудиёнро ҷамъ меоранд. Саркоҳин Қаёфо аъзои ин суд аст. Баъзе аз ҷамъомадагон мегӯянд: «Чӣ кор кунем? Охир, ин шахс мӯъҷизаҳои зиёде нишон медиҳад. Агар ӯро ба ҳоли худ гузорем, ҳама ба ӯ имон меоранд ва румиён омада, ҳам ин ҷой ва ҳам халқи моро соҳиб мешаванд» (Юҳанно 11:47, 48). Фарисиёну коҳинон аз даҳони шоҳидон шуниданд, ки Исо «мӯъҷизаҳои зиёде нишон медиҳад». Лекин онҳо аз он ки Худо ба воситаи Исо ин корҳоро мекунад, хурсанд нестанд. Онҳо фақат дар бораи мансабу мартаба ва обрӯю эътибори худашон фикр мекунанд.
Зинда шудани Лаъзор барои саддуқиён, ки ба эҳёшавӣ бовар надоранд, шикасти бузург аст. Саркоҳин Қаёфо, ки худ саддуқӣ аст, чунин мегӯяд: «Шумо ҳеҷ чизро намефаҳмед. Магар аён нест, ки агар як нафар барои халқ бимирад, барои шумо беҳтар аст, назар ба он ки тамоми халқ нобуд шавад» (Юҳанно 11:49, 50; Аъмол 5:17; 23:8).
Қаёфо саркоҳин аст, барои ҳамин ӯ аз пеши худ неву зери роҳбарии Худо ин суханонро мегӯяд. Ӯ гуфтан мехоҳад, ки Исо бояд кушта шавад, то дигар мардумро аз пайи худ набарад ва обрӯву эътибори сарварони динро дар чашми онҳо кам нагардонад. Лекин ӯ худаш нафаҳмида дар бораи марги Исо як чизи муҳимро пешгӯйӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки марги Исо на танҳо барои яҳудиён, балки барои «фарзандони Худо, ки парокандаанд», қурбонии фидия мешавад, яъне онҳоро аз ғуломии гуноҳу марг озод мекунад (Юҳанно 11:51, 52).
Қаёфо Суди олиро иғво меандозад ва онҳо нақшаи куштани Исоро мекашанд. Оё Ниқӯдимус — яке аз аъзоёни Суди олии яҳудиён, ки бо Исо муносибати нағз дошт, ӯро аз нақшаи душманонаш хабардор месозад? Мо инро аниқ намедонем. Ба ҳар ҳол Исо дарҳол Ерусалимро тарк мекунад, то пеш аз мӯҳлати муайянкардаи Худо кушта нашавад.