Мувофиқи дуои Исо амал кунед
«Эй Падар! ... Писари Худро ҷалол деҳ, то ки Писарат низ Туро ҷалол диҳад» (ЮҲ. 17:1).
1, 2. Фаҳмонед, ки Исо соли 33-юми эраи мо, баъди бо ҳаввориёнаш қайд кардани иди Фисҳ чӣ кор кард.
ТАСАВВУР КУНЕД: Соли 33-юми эраи мо, бевақтии шоми 14 нисон. Исо ва шогирдонаш навакак иди Фисҳро қайд намуданд. Ин ид ба онҳо хотиррасон мекард, ки чӣ тавр Худо падарони онҳоро аз ғуломии Миср озод карда буд. Аммо шогирдони содиқи Исоро наҷоти аз он ҳам бузургтаре интизор аст! Рӯзи дигар Исо аз тарафи душманонаш кушта мешавад. Вале ин амали нафратангези онҳо ба баракат табдил меёбад. Дар асоси хуни рехтаи Исо инсоният аз гуноҳ ва марг халос мешавад (Ибр. 9:12–14).
2 Барои он ки мо ин атои пурмуҳаббати Худоро аз хотир набарорем, Исо маросими наверо ҷорӣ кард, ки минбаъд ҳар сол бояд ба ҷои Фисҳ ҷашн гирифта мешуд. Исо нони бехамиртурушро пора кард ва ба 11 ҳаввориёни содиқаш дароз карда гуфт: «Ин Бадани Ман аст, ки барои шумо таслим карда мешавад; инро барои хотираи Ман ба ҷо оваред». Ӯ ҳамчунин косаи шароби сурхро ба онҳо дароз карда, гуфт: «Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман, ки барои шумо рехта мешавад» (Луқ. 22:19, 20).
3. а) Баъди марги Исо чӣ дигаргунии калоне рӯй дод? б) Ҳангоми дида баромадани дуои Исо, мо бояд оиди кадом саволҳо мулоҳиза ронем?
3 Аҳди Қонун, яъне аҳде, ки Худо бо исроилиён баста буд, ба наздикӣ бояд бекор мешуд. Онро бояд аҳди наве, ки байни Яҳува ва пайравони тадҳиншудаи Исо баста мешуд, иваз мекард. Исо дар бораи беҳбудии пайравонаш бисёр ташвиш мекашид. Ӯ намехост, ки онҳо мисли халқи Исроил бошанд, зеро байни исроилиён дар ибодати Яҳува ягонагӣ набуд ва ин номи муқаддаси Яҳуваро доғдор мекард (Юҳ. 7:45–49; Аъм. 23:6–9). Исо мехост, ки пайравони ӯ бо ҳам муттаҳид бошанд, то ки дар ягонагӣ амал карда, ба номи Худо ҷалол оранд. Пас, Исо чӣ кор кард? Ӯ дар ин бора дар дуои самимӣ аз Падараш кӯмак пурсид. Бо мазмуну суханҳои ин дуо шинос шудан дар ҳақиқат имконияти олиҷаноб аст. (Ба расми аввали мақола нигаред.) Дуои мазкур дар оятҳои Юҳанно 17:1–26 навишта шудааст. Дар вақти дида баромадани ин дуо, биёед оиди саволҳои зерин мулоҳиза кунем: «Оё Худо ба дуои Исо ҷавоб дод? Оё ман мувофиқи ин дуо амал мекунам?»
БАРОИ ИСО ЧӢ АЗ ҲАМА МУҲИМ БУД
4, 5. а) Аз саршавии дуои Исо мо чӣ меомӯзем? б) Яҳува ба хоҳиши шахсии Исо чӣ гуна ҷавоб дод?
4 Исо ҳамон шаб то бевақтӣ бо шогирдонаш сӯҳбат карда, ба онҳо дониши пурарзиши илоҳиро таълим дод. Сипас, ӯ чашмони худро сӯи осмон боло карда, дуо гуфт: «Эй Падар! Соат расидааст: Писари Худро ҷалол деҳ, то ки Писарат низ Туро ҷалол диҳад. Зеро ки Ӯро бар тамоми башар қудрат додаӣ, то ки ба ҳар кӣ Ту ба Ӯ бахшидаӣ, ҳаёти ҷовидонӣ бидиҳад... Ман Туро дар рӯи замин ҷалол додам ва кореро, ки ба Ман супурда будӣ, то бикунам, ба анҷом расондам; ва акнун Ту, эй Падар, Маро назди Худ ҷалол деҳ ба ҳамон ҷалоле ки пеш аз ҳастии олам назди Ту доштам» (Юҳ. 17:1–5).
5 Аҳамият диҳед, ки дар сарсухани дуояш Исо пеш аз ҳама ба чӣ диққат дод. Барои ӯ чизи аз ҳама муҳим ҷалол ёфтани номи Падараш буд. Исо дуои намунавии худро низ бо суханони ба ин монанд сар карда буд: «Исми Ту муқаддас бод» (Луқ. 11:2). Дуюм, Исо дар бораи ниёзҳои шогирдонаш дуо гуфт. Ӯ аз Падараш хоҳиш кард, то ки тавонад ба шогирдонаш «ҳаёти ҷовидонӣ бидиҳад». Дар охир, Исо шахсан дар бораи худаш дуо карда гуфт: «Эй Падар, Маро назди Худ ҷалол деҳ ба ҳамон ҷалоле ки пеш аз ҳастии олам назди Ту доштам». Яҳува дуои писарашро шунид ва ба ӯ аз чизи хостааш мукофоти бештаре дод. Худо ба ӯ исме дод, ки аз исми ҳамаи фариштагон «аълотар» аст (Ибр. 1:4).
ШИНОХТАНИ ХУДОИ ЯГОНАИ ҲАҚИҚӢ
6. Барои гирифтани ҳаёти ҷовидонӣ ҳаввориён бояд чӣ кор мекарданд ва мо аз куҷо медонем, ки онҳо то охир он тавр амал менамуданд?
6 Исо дар дуояш инчунин дар бораи он қайд намуд, ки мо чун одамони нокомил барои ба даст овардани ҳаёти ҷовидона бояд чӣ кор кунем (Юҳанно 17:3-ро бихонед.) Ӯ гуфт, ки мо бояд Худо ва Масеҳро бишносем. Мо инро чӣ тавр карда метавонем? Якум, мо бояд ба воситаи хондан ва шунидани Каломи Худо ва адабиётҳои рӯҳонӣ, дар бораи Яҳува ва Писари Ӯ ҳар чӣ бештар дониш гирем. Дуюм, мо бояд дониши гирифтаамонро бо хурсандӣ дар ҳаёт ба кор барем. Аз дуои Исо мо мефаҳмем, ки ҳаввориёнаш аллакай аз рӯи ин ду чиз амал мекарданд. Ӯ гуфт: «Каломеро, ки ба Ман додӣ, ба онҳо супурдам, ва онҳо қабул карданд» (Юҳ. 17:8). Аммо барои ҳаёти ҷовидониро соҳиб шудан ба онҳо лозим буд, ки доимо оиди суханони Худо мулоҳиза ронанд ва ин суханонро дар ҳаёти ҳаррӯзаашон ба кор баранд. Оё ҳаввориёни содиқ то охири ҳаёти заминиашон ин тавр амал мекарданд? Албатта. Зеро мо аз Китоби Муқаддас медонем, ки номи ҳар яки онҳо дар 12 санги таҳкурсии Ерусалими осмонӣ навишта шудааст (Ваҳй 21:14).
7. Шинохтани Худо чӣ маъно дорад ва чаро ин хеле муҳим аст?
7 Агар мо абадан зиндагӣ кардан хоҳем, бояд шинохтани Худоро давом диҳем. Ин чӣ маъно дорад? Калимаи юноние, ки дар ояти Юҳанно 17:3 «бишносанд» тарҷума шудааст, инчунин ба маънои «давом додани шинохтан» омада метавонад. Аз ин бармеояд, ки шинохтани Худо протсесси доимӣ аст. Аммо шинохтани Худо нафақат фаҳмидани хусусиятҳо ва ниятҳои Ӯро дар бар мегирад. Мо бояд Яҳуваро самимона дӯст дорем ва бо Ӯ муносибатҳои наздик дошта бошем. Ва мо бояд ба бародарону хоҳаронамон муҳаббат зоҳир кунем. Китоби Муқаддас мефаҳмонад: «Касе ки дӯст намедорад, вай Худоро нашинохтааст» (1 Юҳ. 4:8). Шинохтани Худо инчунин ба Ӯ итоаткор буданро дар бар мегирад. (1 Юҳанно 2:3–5-ро бихонед.) Яҳуваро шинохтан барои мо шарафи бузург аст! Вале чи хеле ки Яҳудои Исқарют ин муносибати қимматбаҳоро аз даст дод, мо ҳам онро гум карда метавонем. Пас, биёед, барои нигоҳ доштани ин муносибат аз таҳти дил кӯшиш кунем. Он гоҳ Яҳува ба мо атои олиҷаноби ҳаёти ҷовидонаро тӯҳфа хоҳад кард (Мат. 24:13).
ҶАЛОЛ ДОДАНИ ИСМИ ХУДО
8, 9. Дар давоми хизмати заминии Исо, чӣ барои ӯ аз ҳама муҳим буд ва аз кадом таълимот Исо нафрат дошт?
8 Дуои дар боби 17-уми китоби Юҳанно омадаи Исоро хонда, мо равшан мефаҳмем, ки Исо на танҳо ба ҳаввориёни худ, балки ба шогирдони ояндааш низ муҳаббати калон дошт (Юҳ. 17:20). Ҳамзамон мо бояд донем, ки чизи аз ҳама муҳим барои Исо наҷот ёфтани мо набуд. Дар давоми тамоми хизмати заминиаш, чизи муҳимтарин барои ӯ ҷалол додани номи Падараш буд. Масалан, вақте ки Исо бори аввал ба куништи шаҳри Носира омада, оиди супориши гирифтааш эълон кард, ӯ порчаеро аз пешгӯии Ишаъё хонда дод: «Рӯҳи Худованд [«Яҳува», ТДН] бар Ман аст; зеро ки Ӯ Маро тадҳин намудааст, то ки ба мискинон башорат диҳам». Бешубҳа, Исо ҳангоми онро хондан номи Худоро равшан ва бурро талаффуз кард (Луқ. 4:16–21).
9 Хеле пеш аз ба замин омадани Исо сарварони дини яҳудӣ ба одамон таълим дода буданд, ки номи Худоро истифода набаранд. Тасаввур кунед, ки Исо аз ин таълимот чӣ қадар нафрат дошт. Ӯ ба мухолифони худ гуфт: «Ман ба исми Падари Худ омадаам, ва Маро қабул намекунед, ва агар дигаре ба исми худаш биёяд, вайро қабул хоҳед кард» (Юҳ. 5:43). Сипас, чанд рӯз пеш аз маргаш Исо дар дуо бори дигар изҳор кард, ки чӣ барояш аз ҳама муҳим аст: «Эй Падар! Исми Худро ҷалол деҳ» (Юҳ. 12:28). Ва инчунин дар дуое, ки мо муҳокима карда истодаем, равшан дида мешавад, ки чизи муҳимтарин дар ҳаёти Исо ҷалол додани номи Падараш буд.
10, 11. а) Чӣ тавр Исо номи Падари худро ба дигарон шиносонид? б) Чаро имрӯз шогирдони Исо номи Яҳуваро ба одамон мешиносонанд?
10 Исо дар дуо гуфт: «Исми Туро ба одамоне ки аз ҷаҳон ба Ман ато кардӣ, шиносондам; онҳо аз они Ту буданд, ва Ту онҳоро ба Ман ато кардӣ, ва онҳо каломи Туро риоят кардаанд. Ман дигар дар ҷаҳон нестам, лекин онҳо дар ҷаҳон ҳастанд ва Ман назди Ту меоям. Эй Падари Муқаддас! Инҳоро, ки ба Ман додаӣ, ба исми Худ нигоҳ дор, то ки як бошанд, чунон ки Мо ҳастем» (Юҳ. 17:6, 11).
11 Бо номи Падар шиносондани шогирдон на танҳо ба забон овардани он номро дар бар мегирифт. Исо инчунин ба онҳо ёрӣ дод, ки чӣ гуна шахсият будани Яҳуваро фаҳманд. Ӯ ба онҳо таълим медод, ки Яҳува чӣ гуна хусусиятҳои олиҷаноб дорад ва чӣ тавр бо мо меҳрубонона муносибат мекунад (Хур. 34:5–7). Исо ҳоло дар осмон Подшоҳ аст ва ба шогирдонаш кӯмак карда истодааст, то номи Яҳуваро ба тамоми рӯи замин шиносонанд. Бо кадом мақсад? Бо мақсади он ки то омадани анҷоми ин тартибот шумораи ҳарчи бештари одамон дар бораи Яҳува фаҳманд ва хизматгори Ӯ шаванд. Ва ҳангоми омадани он вақт ӯ шоҳидони содиқи худро наҷот хоҳад дод ва ҳар кас номи бузурги Яҳуваро хоҳад донист! (Ҳиз. 36:23).
ТО КИ «ҶАҲОН ИМОН ОВАРАД»
12. Барои он ки мо дар иҷро кардани кори наҷотбахш муваффақият ба даст орем, кадом се чиз муҳим аст?
12 Исо ба шогирдонаш амр дод, ки кореро, ки ӯ сар карда буд, ба анҷом расонанд. Ӯ дар дуояш гуфт: «Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодӣ, Ман низ онҳоро ба ҷаҳон фиристодам». Вале Исо медонист, ки барои иҷро кардани он кор онҳо ба кӯмак ниёз доранд. Ҳангоми дар замин будан Исо кӯшиши зиёд ба харҷ медод, то ба шогирдонаш барои бар сустиҳояшон ғолиб омадан кӯмак кунад. Ва дар дуояш ӯ аз Яҳува пурсид, ки ба шогирдонаш барои кардани се чизи муҳим кӯмак расонад. Якум, ӯ дуо гуфт, ки шогирдонаш қисми ин ҷаҳони нопоки Шайтон набошанд. Дуюм, вай дар бораи он дуо гуфт, ки шогирдонаш ба Каломи Худо итоат кунанд ва худро пок нигоҳ доранд. Сеюм, Исо гаштаву баргашта аз Худо илтиҷо кард, ки дар байни шогирдонаш ягонагӣ бошад, чуноне ки байни ӯ ва Падараш ягонагӣ ҳаст. Ҳар яки мо бояд аз худ бипурсем: «Оё ман се чизеро, ки Исо дар дуояш номбар кард, иҷро карда истодаам?» Исо боварӣ дошт, ки агар шогирдонаш ин корҳоро кунанд, бисёр одамон хабари онҳоро қабул хоҳанд кард. (Юҳанно 17:15–21-ро бихонед.)
13. Чӣ тавр Яҳува дар асри як ба дуои Исо ҷавоб дод?
13 Ба дуои Исо ҷавоб додани Яҳуваро мо ҳангоми хондани китоби Аъмоли ҳаввориён, ки баъди чор Инҷил меояд, дида метавонем. Фикр кунед, ки дар асри як, байни масеҳиёне, ки аз яҳудию ғайрияҳудӣ, бою камбағал, ғулом ва ғуломдор иборат буданд, чӣ гуна ҷудоие ҷой дошта метавонист. Лекин ба ин нигоҳ накарда, ҳамаи онҳо чунон бо ҳам муттаҳид буданд, ки Павлуси ҳавворӣ онҳоро ба узвҳои гуногуни бадани инсон, ки сарашон Исо мебошад, монанд кард (Эфс. 4:15, 16). Ягонагии онҳо дар ҷаҳони ноаҳли Шайтон дар ҳақиқат мӯъҷиза буд! Барои ин ягонагӣ, тамоми ҳамду сано бояд ба Яҳува равона карда шавад, зеро ки он танҳо ба туфайли рӯҳулқудси пурқудрати Ӯ имконпазир гашт (1 Қӯр. 3:5–7).
14. Чӣ тавр Яҳува дар замони мо ба дуои Исо ҷавоб дод?
14 Лекин афсӯс, ки баъди марги ҳаввориён, ин ягонагӣ вайрон шуд. Чӣ тавре ки пешгӯӣ шуда буд, осияти бузурге сар зад. Ба ҷамъомад таълимотҳои бардурӯғ дохил шуданд ва дар натиҷа ягонагӣ барҳам хӯрда, сектаҳои алоҳидаи ҷаҳони масеҳӣ пайдо шуданд (Аъм. 20:29, 30). Вале соли 1919, Исо пайравони тадҳиншудаашро аз асирии дини дурӯғ озод кард ва дар муҳаббат онҳоро ба ҳам муттаҳид сохт (Қӯл. 3:14). Дар натиҷаи кори мавъизаи онҳо, ки дар ягонагӣ ба амал оварда мешуд, чӣ ба даст омад? Ҳоло зиёда аз ҳафт миллион «гӯсфандони дигар», ки «аз ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо» мебошанд, бо тадҳиншудагон як рамаро ташкил дода, ба Яҳува дар ягонагӣ ибодат карда истодаанд (Юҳ. 10:16; Ваҳй 7:9). Ин ҷавоби олиҷаноби Яҳува ба дуои Исо аст, зеро ӯ дар ҳаққи шогирдонаш аз Падараш пурсида буд: «Онҳо дар ягонагӣ комил бошанд, ва ҷаҳон бидонад, ки Ту [Яҳува] Маро фиристодӣ ва онҳоро дӯст доштӣ, чунон ки Маро дӯст доштӣ» (Юҳ. 17:23).
АНҶОМИ ЗЕБОИ ДУОИ ИСО
15. Исо баҳри шогирдони тадҳиншудааш чиро хоҳиш кард?
15 Дар шоми 14 нисон, Исо бо ҳаввориёнаш оиди якҷоя дар Салтанаташ ҳукмронӣ кардан аҳд баста, ба онҳо «ҷалол» бахшид, яъне онҳоро сарафроз кард (Луқ. 22:28–30; Юҳ. 17:22). Ва Исо дар ҳаққи ҳамаи онҳое, ки пайравони тадҳиншудаи ӯ мешуданд, дар дуо чунин хоҳиш кард: «Эй Падар! Мехоҳам онҳое ки ба Ман додаӣ, дар он ҷое ки мебошам, бо Ман бошанд, то ҷалоли Маро, ки ба Ман додаӣ, бубинанд, чунки Маро пеш аз таъсиси ҷаҳон дӯст доштӣ» (Юҳ. 17:24). Гӯсфандони дигар барои мукофоте, ки тадҳиншудагон мегиранд, ҳасад намебаранд, балки аз он хурсанданд. Ин ҳам далели он аст, ки байни тамоми масеҳиёни ҳақиқӣ имрӯз ягонагӣ ҳукмфармо аст.
16, 17. а) Дар охири дуояш Исо оиди давом додани кадом кор дуо гуфт? б) Мо бояд ба чӣ кӯшиш кунем?
16 Зери таъсири сарварони динӣ аксарияти одамони ҷаҳон инкор мекунанд, ки Яҳува имрӯз халқи муттаҳиде дорад, ки дар ҳақиқат Ӯро мешиносанд. Дар рӯзҳои Исо низ роҳбарони динӣ ба халқ дурӯғро таълим медоданд. Барои ҳамин, Исо дуои худро бо чунин суханони зебо ба анҷом расонд: «Эй Падари Одил! Ҷаҳон Туро нашинохт; лекин Ман Туро шинохтам ва инҳо донистанд, ки Ту Маро фиристодӣ; Ва Ман ба онҳо исми Туро шиносондам ва боз ҳам хоҳам шиносонид, то он муҳаббате ки Ту ба Ман дорӣ, дар онҳо бошад ва Ман низ дар онҳо бошам» (Юҳ. 17:25, 26).
17 Кӣ метавонад инкор кунад, ки Исо мувофиқи дуояш амал мекунад? Чун Сарвари ҷамъомад, ӯ ба мо кӯмак карданро давом медиҳад, то ки мо ба дигарон номи Падарашро шиносонем ва онҳоро аз ниятҳои Ӯ бохабар созем. Биёед ба дастуроти Исо итоат кунем, боғайратона мавъиза намоем ва шогирд тайёр созем (Мат. 28:19, 20; Аъм. 10:42). Ҳамчунин, биёед барои чун халқи Худо муттаҳид мондан кӯшиш ба харҷ диҳем. Бо ин мо мувофиқи дуои Исо амал карда, номи Яҳуваро ҷалол хоҳем дод ва абадан хушбахт хоҳем буд.