БОБИ 129
Пилотус мегӯяд: «ана он мард!»
МАТТО 27:15–17, 20–30 МАРҚӮС 15:6–19 ЛУҚО 23:18–25 ЮҲАННО 18:39–19:5
ПИЛОТУС ИСОРО ОЗОД КАРДАНӢ МЕШАВАД
ЯҲУДИЁН БАРРАБОСРО ИНТИХОБ МЕКУНАНД
ИСОРО МАСХАРА МЕКУНАНД ВА ПАСТ МЕЗАНАНД
Пилотус ба мардуме, ки қасди куштани Исоро доранд, дар бораи Исо чунин гуфт: «Ман ӯро... тафтиш кардам ва аз он айбҳое, ки ба гардани ӯ гузоштед, чизе наёфтам. Ҳиродус низ дар ӯ айбе наёфт» (Луқо 23:14, 15). Акнун бошад, Пилотус мехоҳад усули дигареро кор фармуда ҷони Исоро халос кунад. Ӯ ба мардум мегӯяд: «Шумо одат доред, ки дар Иди раҳоӣ бандиеро бароятон озод кунам. Пас, оё мехоҳед, ки барои шумо Подшоҳи яҳудиёнро озод кунам?» (Юҳанно 18:39).
Пилотус медонад, ки як роҳзани исёнкору авбоше бо номи Бараббос дар зиндон аст. Барои ҳамин ӯ аз мардум мепурсад: «Киро мехоҳед, ки барои шумо озод кунам: Бараббосро ё Исоеро, ки Масеҳ меноманд?» Ба иғвои коҳинони калон дода шуда мардум мегӯянд, ки Бараббосро озод кунанд, на Исоро. Пилотус боз мепурсад: «Кадомеро аз ин ду нафар бароятон озод кунам?» Мардум дод зада мегӯяд: «Бараббосро» (Матто 27:17, 21).
Пилотус ҳайрону зор мепурсад: «Пас, бо Исое, ки ӯро Масеҳ меноманд, чӣ кор кунам?» Онҳо фарёд зада мегӯянд: «Ба қатл расон ӯро!» (Матто 27:22). Ин мардуми бешарму ҳаё марги марди бегуноҳеро талаб доранд. Пилотус ба ҳайрат омада мепурсад: «Барои чӣ? Ин одам чӣ бадӣ кардааст? Ман дар ӯ ҳеҷ айби сазовори марг наёфтам, барои ҳамин пас аз ҷазо додан ӯро озод мекунам» (Луқо 23:22).
Ба кӯшишҳои Пилотус нигоҳ накарда, мардуми бахашмомада боз ҳам баландтар доду фиғон мебардоранд: «Ба қатл расон ӯро!» (Матто 27:23). Сарварони дин мардумро чунон ба шӯр овардаанд, ки онҳо ташнаи хунанд! Онҳо на марги ягон ҷинояткор ё одамкушеро мехоҳанд, балки марги шахси бегуноҳеро; касеро, ки вақти ба Ерусалим даромаданаш чун подшоҳ қабул карданд. Мо аниқ намедонем, ки оё шогирдони Исо ҳузур доранд ё не. Агар бошанд ҳам, хапу дам нишастаанд.
Пилотус мебинад, ки кӯшишҳои вай беҳудаанд ва доду фиғони мардум бас нашуда истодааст. Барои ҳамин ӯ каме об мегирад ва дар пеши чашми мардум дастонашро мешӯяд. Баъд ӯ ба мардум рӯ оварда мегӯяд: «Ба рехта шудани хуни ин мард ман айбдор нестам. Ба ин шумо ҷавобгаред». Ҳатто ин суханон ба дили онҳо асар намекунад. Онҳо дар ҷавоб мегӯянд: «Бигзор хуни ӯ бар гардани мо ва фарзандони мо бошад» (Матто 27:24, 25).
Пилотуси ҳоким медонад, ки Исоро озод кардан кори дуруст аст, лекин ӯ ба талаби мардум тан медиҳад. Маълум мешавад, ки беш аз ҳама ӯ мехоҳад ба мардум писанд ояд. Пилотус Бараббосро озод мекунад. Исоро бошад, сарбозон бурда, либосҳояшро мекашанд ва қамчинкорӣ мекунанд.
Баъд аз он ки Исоро мурданивор қамчинкорӣ мекунанд, ӯро ба қасри ҳоким мебаранд. Тамоми дастаи сарбозон ҷамъ шуда ба сари ӯ борони мазоҳу масхараро мерезанд. Онҳо аз хорҳо тоҷ сохта, онро ба сари ӯ пахш мекунанд. Сарбозон ба дасти рости Исо чӯби сахтеро, ки аз қамиш аст, дода, ба ӯ либоси арғувонии шоҳона мепӯшонанд. Баъд онҳо ӯро масхара карда мегӯянд: «Салом, эй Подшоҳи яҳудиён!» (Матто 27:28, 29). Беш аз ин, сарбозон ба рӯйи Исо туф мекунанду торсакӣ мезананд. Баъд онҳо чӯбро аз дасташ гирифта, ба сараш задан мегиранд, дар сурате, ки «тоҷ»-е ки бар ӯ ниҳода буданд, ба сараш боз ҳам чуқуртар медарояд.
Мардонагии Исо ва иродаи қавии ӯ Пилотусро ба ҳайрат меорад. Ӯ бори дигар кӯшиш мекунад, ки худро аз ҷавобгарии куштани Исо озод кунад. Ӯ ба мардум муроҷиат карда мегӯяд: «Ӯро пеши шумо мебарорам, то бидонед, ки дар ӯ ҳеҷ айбе наёфтам». Шояд, ҳоким фикр мекунад, ки аз дидани Исои кӯфтаву захмдор ва тани хуншори ӯ дили сангини яҳудиён об мешавад. Пилотус ба Исо ишора мекунад ва ба мардуми бераҳм мегӯяд: «Ана он мард!» (Юҳанно 19:4, 5).
Тани Исо аз захмҳои бешумор дард мекунад, лекин ӯ мардонавор ва бо сари баланд ин душвориҳоро паси сар мекунад. Ҳатто Пилотус инро пай мебарад ва, аз афташ, бо ин суханонаш ӯ эҳтиром ва дилсӯзии худро баён мекунад.