БОБИ 133
Исоро мегӯронанд
МАТТО 27:57–28:2 МАРҚӮС 15:42–16:4 ЛУҚО 23:50–24:3 ЮҲАННО 19:31–20:1
БАДАНИ ИСОРО АЗ СУТУН МЕГИРАНД
ТАНИ ИСОРО БАРОИ ГӮРОНИДАН ТАЙЁР МЕКУНАНД
ЗАНОН ҚАБРРО ХОЛӢ МЕЁБАНД
Ҳоло рӯзи ҷумъа, 14-уми нисон, аст ва бегоҳ наздик шуда истодааст. Ҳангоми ғуруби офтоб рӯзи шанбе, 15-уми нисон, сар мешавад. Исо аллакай мурдааст, лекин ду ғоратгар, ки ҳамроҳи ӯ буданд, ҳанӯз зиндаанд. Худо дар Шариати худ ба халқаш чунин амр дода буд: «Набояд ҷасади мурда[ро]... шабона бар дор бимонӣ, балки ҳатман варо дар ҳамон рӯз дафн намо» (Такрори Шариат 21:22, 23).
Ғайр аз ин, рӯзи ҷумъа рӯзи тайёрӣ ном дорад. Дар ин рӯз мардум хӯрок тайёр мекунанд ва дигар корҳои муҳимашонро то пагоҳ ҷо ба ҷо мекунанд, чунки рӯзи шанбе кор кардан мумкин нест. Баъд аз ғуруби офтоб, 15-уми нисон, «шанбеи бузург» сар мешавад (Юҳанно 19:31). Ин чӣ маъно дорад? Понздаҳуми нисон рӯзи якуми иди Фатир мебошад, ки он ҳафт рӯз давом мекунад. Рӯзи якуми ин ид ба кадом рӯзи ҳафта ки наафтад, он рӯзи шанбе ҳисоб меёбад (Ибодат 23:5, 6). Аммо имсол он рӯз бе ин ҳам ба рӯзи шанбе рост меояд. Азбаски ду рӯзи шанбе болоиҳам омадаанд, ин рӯзро шанбеи бузург меноманд.
Аз ин сабаб яҳудиён назди Пилотус омада, аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки марги Исо ва ду ғоратгарро тезонад. Чӣ тавр? Агар пойҳояшонро шикананд, онҳо дигар наметавонанд бо пойҳои худ баданашонро боло бардоранд. Ин ба онҳо халал мерасонад, ки дуруст нафас кашанд ва ҳамин тавр онҳо тезтар мемуранд. Сарбозон омада, пойи ду роҳзанро мешикананд, аммо, вақте назди Исо меоянд, мебинанд, ки аллакай мурдааст. Барои ҳамин онҳо ба Исо даст намерасонанд. Ҳамин тавр суханони Забур 33:21 иҷро мешаванд: «Ҳамаи устухонҳои ӯро нигоҳ медорад; ҳеҷ яке аз онҳо шикаста нахоҳад шуд».
Барои боварӣ ҳосил кардан ба он ки Исо дар ҳақиқат мурдааст, яке аз сарбозон ба паҳлӯи Исо, ба тарафи дилаш, найза мезанад. «Ҳамон дам аз бадани ӯ хун ва об ҷорӣ» мешавад (Юҳанно 19:34). Чи хеле ки дар Юҳанно 19:37 навишта шудааст, ин пешгӯйии дигари Китоби Муқаддасро иҷро месозад: «Онҳо ба касе, ки ӯро найза заданд, нигоҳ хоҳанд кард» (Закарё 12:10).
Ҳангоми қатли Исо Юсуф ном «марди бое» аз шаҳри Аромот ҳузур дошт. Ӯ марди обрӯманд ва аъзои Суди олии яҳудиён аст (Матто 27:57). Ин «марди нек ва росткор» қарори Суди олии яҳудиёнро оиди қатли Исо дастгирӣ накарда буд. Юсуф «омадани Подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид» ва «шогирди Исо буду вале аз тарси яҳудиён инро пинҳон мекард» (Луқо 23:50; Марқӯс 15:43; Юҳанно 19:38). Ӯ ҷуръат карда назди Пилотус меояд ва аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ҷасади Исоро гирад. Пилотус мирисадро назди худ мехонад ва аниқ мекунад, ки Исо аллакай мурдааст. Баъд аз ин ӯ ба Юсуф иҷозат медиҳад, ки ҷасади Исоро гирад.
Юсуф катони тозаву аълосифате мехарад ва ҷасади Исоро аз сутун гирифта, онро ба катон барои гӯронидан мепечонад. Ниқӯдимус, ки «бори аввал ба назди Исо шабона омада буд», ба Юсуф ёрӣ медиҳад (Юҳанно 19:39). Ӯ омехтаи гаронбаҳои мурр ва удро меорад, ки вазнаш тахминан сӣ кило мебошад. Онҳо мувофиқи маросими гӯронидани яҳудиён ҷасади Исоро бо катоне, ки ин алафҳои хушбӯйро дорад, мепечонанд.
Дар қарибиҳои он ҷо, дар кӯҳ, як қабре канда шуда буд, ки то он дам ҳеҷ касро дар он нагузошта буданд. Соҳиби он Юсуф мебошад. Исоро оварда, дар он ҷо мегӯронанд ва санги калонеро бар даҳани он мегузоранд. Онҳо ин корро бошитоб мекунанд, чунки бегоҳӣ рӯзи шанбе сар мешавад. Эҳтимол, Марями Маҷдалия ва Марями модари Яъқуби Майдаяк ҳамроҳи дигарон бадани Исоро барои гӯронидан тайёр мекунанд. Ҳозир онҳо ба хона мешитобанд, то «алафҳои хушбӯй ва равғанҳои атрафшон тайёр» кунанд ва баъди шанбе онҳоро ба ҷасади Исо моланд (Луқо 23:56).
Пагоҳи ҳамон рӯз, яъне рӯзи шанбе, коҳинони калон ва фарисиён назди Пилотус омада мегӯянд: «Ба ёди мо омад, ки он фиребгар ҳанӯз дар вақти зинда буданаш чунин мегуфт: “Баъди се рӯз зинда мешавам”. Барои ҳамин фармон деҳ, ки қабрро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, то ки шогирдонаш ӯро дуздида, баъд ба халқ нагӯянд: “Ӯ аз мурдагон зинда шуд!” Он гоҳ фиреби охирин аз фиреби аввалин бадтар хоҳад буд». Пилотус ҷавоб медиҳад: «Ана, дастаи сарбозонро гиреду қабрро, чи тавре мехоҳед, посбонӣ кунед» (Матто 27:63–65).
Рӯзи якшанбе, саҳари барвақт Марями Маҷдалия, Марями модари Яъқуб ва дигар занон бо худ алафҳои хушбӯй ва равғани атрафшон мегиранд ва ба назди қабри Исо равона мешаванд. Дар роҳ онҳо ба якдигар мегӯянд: «Кӣ барои мо сангро аз даромадгоҳи қабр меғелонда бошад?» (Марқӯс 16:3). Лекин онҳо намедонанд, ки то ин дам заминҷунбӣ ба амал омадааст ва фариштаи Худо сангро як тараф ғелондааст. Посбонон аз он ҷо гурехтаанду қабр бошад, холист!