ДАРСИ 15
Исои Масеҳ кист?
Ҳазрати Исо яке аз машҳуртарин инсонҳои рӯйи замин аст. Валекин бисёр одамон ғайр аз номи ӯ дар борааш чизе намедонанд. Дигарон бошанд, дар бораи кӣ будани Исо ақидаҳои гуногун доранд. Биёед фаҳмем, ки дар Китоби Муқаддас дар бораи Исои Масеҳ чӣ гуфта шудааст.
1. Исои Масеҳ кист?
Исо фариштаи соҳибқудратест, ки дар осмон аст. Худо ӯро пеш аз тамоми мавҷудоти дигар офаридааст. Бинобар ин дар Каломи Худо Исо «аввалин офарида» номида шудааст (Қӯлассиён 1:15). Инчунин дар Навиштаҳо гуфта мешавад, ки Исо «Писари ягоназоди» Худо мебошад, чунки ӯро худи Яҳува офаридааст (Юҳанно 3:16). Исо дастёри Падари осмонияш Яҳува буда, дар офариниши тамоми чизҳои дигар иштирок мекард. (Панднома 8:30-ро хонед.) Ӯ то ҳол бо Яҳува муносибати наздик дорад. Исо вафодорона ба сифати сухангӯйи Худо хизмат карда, хабару дастуроти илоҳиро ба одамон мерасонад. Барои ҳамин ӯ дар Китоби Муқаддас «Калом» номида шудааст (Юҳанно 1:14).
2. Чаро Исо ба замин омад?
Тақрибан 2000 сол пеш Яҳува муъҷизавор бо рӯҳи муқаддасаш ҳаёти Исоро аз осмон ба шиками Марям ном ҷавондухтар гузаронд. Ҳамин тавр Исо дар замин таваллуд шуд. (Луқо 1:34, 35-ро хонед.) Исо омад, то Масеҳи ваъдашуда гардад ва одамизодро наҷот диҳадa. Ҳамаи пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас дар бораи Масеҳ дар ҳаёти Исо иҷро шуданд, то одамон фаҳманд, ки ӯ «Масеҳ, Писари Худои зинда» аст (Матто 16:16).
3. Исо ҳоло дар куҷост?
Баъди он ки ҳаёти заминии Исо ба охир расид, Худо ӯро аз нав чун фаришта зинда кард. Ҳамин тавр Исо боз ба осмон баргашт ва «Худо ба ӯ мавқеи баланд дод» (Филиппиён 2:9). Айни ҳол Исо соҳиби мартабаи баланд аст ва танҳо Яҳува аз ӯ болотар мебошад.
БЕШТАР ФАҲМЕД
Дар бораи Исо бештар маълумот гиред ва фаҳмед, ки чаро дар бораи ӯ дониш гирифтан хеле муҳим аст.
4. Исо Худои Тавоно нест
Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки, ҳарчанд Исо дар осмон офаридаи пурқудрат аст, ӯ дар итоати Падари осмонияш, Яҳува Худо, мебошад. Мо инро аз куҷо медонем? ВИДЕОРО тамошо кунед ва фаҳмед, ки мувофиқи Китоби Муқаддас Исо дар осмон кадом мавқеъро ишғол мекунад.
Оятҳои поён нишон медиҳанд, ки Яҳува ва Исо мавқеи гуногун доранд. Оятҳоро хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Луқо 1:30–32-ро хонед.
Фаришта дар бораи Исо ва Яҳува — «Худои Таоло», чӣ гуфт?
Матто 3:16, 17-ро хонед.
Ҳангоми таъмиди Исо аз осмон чӣ гуна суханон садо доданд?
Ба фикратон, ин овози кӣ буд?
Юҳанно 14:28-ро хонед.
Кӣ калонтар ва соҳиби ҳокимияти бештар аст: падар ё писар?
Вақте Исо Яҳуваро Падар номид, чиро дар назар дошт?
Юҳанно 12:49-ро хонед.
Оё Исо гуфта буд, ки ӯву Падараш як шахсиятанд? Шумо чӣ фикр доред?
5. Масеҳ будани Исо исбот гашт
Дар Китоби Муқаддас бисёр пешгӯйиҳо оварда шудаанд, то бо ёрии онҳо одамон Масеҳ, яъне касеро, ки Худо барои наҷоти одамизод интихоб карда буд, шинохта тавонанд. ВИДЕОРО тамошо кунед ва бо баъзе пешгӯйиҳое, ки баъди ба замин омадани Исо иҷро шуданд, шинос шавед.
Пешгӯйиҳои зеринро хонед, сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед:
Мико 5:2-ро хонед ва фаҳмед, ки Масеҳ бояд дар куҷо ба дунё меомадb.
Оё ин пешгӯйӣ ҳангоми таваллуд шудани Исо иҷро шуд? (Матто 2:1)
Забур 34:20 ва Закарё 12:10-ро хонед ва фаҳмед, ки дар бораи марги Масеҳ кадом ҷузъиёт пешгӯйӣ шуда буд.
Оё ин пешгӯйиҳо иҷро шуданд? (Юҳанно 19:33–37)
Ба фикратон, оё Исо метавонист тавре кунад, ки ин пешгӯйиҳо иҷро шаванд?
Шумо аз ин дар бораи Исо чӣ мефаҳмед?
6. Дар бораи Исо дониш гирифтан ба мо манфиат меорад
Мувофиқи Каломи Худо хеле муҳим аст, ки дар бораи Исо ва мавқеи ӯ донем. Юҳанно 14:6 ва 17:3-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чаро дар бораи Исо дониш гирифтан хеле муҳим аст?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Шоҳидони Яҳува мегӯянд, ки Исо Писари Худо аст. Лекин Худо писар дошта наметавонад».
Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Исо фариштаи пурқудрат аст. Ӯ Масеҳи ваъдашуда ва Писари Худо мебошад.
Такрор
Чаро Исо «нахустзодаи тамоми офаридаҳо» номида шудааст?
Исо пеш аз ба замин омадан чӣ кор мекард?
Чӣ нишон медиҳад, ки Исо Масеҳ аст?
ДИДА БАРОЕД
Дар бораи Масеҳ будани Исо далелҳои бештарро дида бароед.
«Оё пешгӯйиҳо исбот мекунанд, ки ҳазрати Исо Масеҳи ваъдашуда аст?» (Мақола аз сомона)
Фаҳмед, ки чаро дар Китоби Муқаддас Исо Писари Худо номида шудааст.
«Ба кадом маъно Исои Масеҳ Писари Худо номида шудааст?» (Мақола аз сомона)
Дида бароед, ки чаро таълимоти сегона бар Китоби Муқаддас асос намеёбад.
«Оё Исоро Худо донистан дуруст аст?» («Бурҷи дидбонӣ», 1 апрели с. 2009)
Хонед, ки, вақте як зан аз Китоби Муқаддас дар бораи Исо ҳақиқатро фаҳмид, чӣ тавр ҳаёташ тағйир ёфт.
«Зани яҳудие нақл мекунад, ки чаро эътиқодашро дигар кард» («Бедор шавед!», майи с. 2013)
a Дар дарсҳои 26 ва 27 фаҳмонда мешавад, ки барои чӣ одамизод ба наҷот ниёз дорад ва чӣ тавр Исо одамонро наҷот медиҳад.