БОБИ 136
Дар соҳили баҳри Ҷалил
ИСО ДАР БАҲРИ ҶАЛИЛ БО ШОГИРДОН ВОМЕХӮРАД
ПЕТРУС ВА ДИГАРОН БОЯД ГӮСФАНДОНРО ҒИЗО ДИҲАНД
Пеш аз марги худ, ҳангоми шоми охирин бо шогирдонаш, Исо ба онҳо чунин гуфта буд: «Баъди он ки зинда мешавам, пешопеши шумо ба Ҷалил меравам» (Матто 26:32; 28:7, 10). Ҳоло бисёр пайравонаш ба он ҷо рафта истодаанд, лекин онҳо намедонанд, ки дар Ҷалил чӣ кор мекунанд.
Вақти дар Ҷалил буданаш Петрус ба шаш расули дигар мегӯяд: «Ман ба моҳигирӣ меравам». Ҳамаи онҳо дар ҷавоб мегӯянд: «Мо низ бо ту меравем» (Юҳанно 21:3). Онҳо тамоми шаб ба баҳр тӯр меандозанд, лекин ягон моҳӣ сайд намекунанд. Қариби саҳар Исо дар соҳили баҳр меистад, вале шогирдонаш ӯро намешиносанд. Он гоҳ Исо фарёд зада аз онҳо мепурсад: «Эй фарзандон, оё чизе барои хӯрдан доред?» «Не»,— ҷавоб медиҳанд онҳо. Ӯ мегӯяд: «Тӯрро аз тарафи рости қаиқ ба об партоед ва моҳӣ хоҳед дошт» (Юҳанно 21:5, 6). Онҳо аз рӯйи гуфти Исо мекунанд ва чунон моҳии бисёре меқапанд, ки тӯрро бароварда наметавонанд.
«Ин Ҳазрат аст!» — мегӯяд Юҳанно ба Петрус (Юҳанно 21:7). Петрус, ки ҳангоми моҳигирӣ либосашро кашида буд, дарҳол онро ба тани нимбараҳнааш мепӯшад ва худро ба баҳр партофта, қариб навад метр то соҳил шино мекунад. Онҳое, ки дар қаиқ буданд, тӯри пур аз моҳиро кашида, аз пайи ӯ меоянд.
Онҳо ба соҳил расида, «оташи бо лахчаҳо афрӯхташударо» мебинанд, ки дар рӯйи он моҳӣ гузошта шуда, дар паҳлӯяш нон аст. Исо ба онҳо мегӯяд: «Аз моҳие, ки сайд кардед, якчандто биёред». Петрус тӯрро, ки яксаду панҷоҳу се моҳии калон дорад, ба соҳил мекашад. Исо мегӯяд: «Биёед ва наҳорӣ кунед». Лекин касе аз шогирдон ҷуръат намекунад, ки аз ӯ пурсад: «Ту кистӣ?», зеро онҳо мефаҳманд, ки ин Исо аст (Юҳанно 21:9–12). Ин бори сеюм аст, ки ӯ ба гурӯҳи шогирдон зоҳир мешавад.
Исо ба ҳар як шогирдаш каме нон ва моҳӣ медиҳад. Баъд аз Петрус мепурсад: «Эй Шимъӯн, писари Юҳанно, оё маро аз моҳиҳо дида бештар дӯст медорӣ?» Оё, дар ҳақиқат, ба Петрус кори супурдаи Исо аз касби моҳигирӣ бештар маъқул аст? Ин аз ҷавоби вай маълум мешавад: «Бале, Ҳазрат, ту медонӣ, ки бароям азиз ҳастӣ». Он гоҳ Исо ба ӯ мегӯяд: «Барраҳои маро бичарон» (Юҳанно 21:15).
Исо боз мепурсад: «Эй Шимъӯн, писари Юҳанно, оё маро дӯст медорӣ?» Шояд, Петрус ҳайрон мешавад, ки чаро Исо ба ӯ ҳамон як саволро медиҳад. Ӯ бе дудилагӣ ҷавоб медиҳад: «Бале, Ҳазрат, ту медонӣ, ки бароям азиз ҳастӣ». Исо боз ҳамон гапашро такрор мекунад: «Барраҳои маро чӯпонӣ кун» (Юҳанно 21:16).
Исо бори сеюм мепурсад: «Эй Шимъӯн, писари Юҳанно, оё маро дӯст медорӣ?» Петрус, мумкин, фикр мекунад, ки Исо аз вафодор будани ӯ шубҳа мекунад. Ӯ бо самимият ҷавоб медиҳад: «Эй Ҳазрат, ҳама чиз ба ту маълум аст ва ту медонӣ, ки бароям азиз ҳастӣ». Исо бори дигар мегӯяд, ки аз Петрус чиро интизор аст: «Барраҳои маро бичарон» (Юҳанно 21:17). Бале, онҳое, ки дар ҷамъомад роҳбариро ба ӯҳда мегиранд, бояд ба рамаи Худо хизмат кунанд.
Исоро бо сабаби иҷро кардани супорише, ки Худо ба ӯ дода буд, дастгир карда, ба қатл расонданд. Акнун ӯ маълум мекунад, ки Петрусро низ ҳамин чиз интизор аст. Ӯ ба шогирдаш мегӯяд: «Вақте ҷавонтар будӣ, худат либосатро пӯшида, ба куҷое хоҳӣ, мерафтӣ, аммо, вақте пир мешавӣ, дастонатро дароз мекунӣ ва дигаре туро либос пӯшонда, ба ҷое мебарад, ки ту намехоҳӣ». Исо илова мекунад: «Минбаъд низ маро пайравӣ кун» (Юҳанно 21:18, 19).
Петрус ба Юҳаннои расул нигоҳ карда мепурсад: «Ҳазрат, бо ӯ чӣ мешавад?» Дар ҳақиқат, ояндаи шогирди дӯстдоштаи Исо чӣ гуна бошад? Исо ҷавоб медиҳад: «Агар хости ман ҳамин бошад, ки то омаданам, вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад?» (Юҳанно 21:21–23). Петрус бояд минбаъд низ Исоро пайравӣ кунад ва ғам нахӯрад, ки дигарон чӣ кор мекунанд. Ба ҳар ҳол Исо ба он ишора кард, ки Юҳанно назар ба дигар расулон умри дарозтар мебинад ва ба ӯ рӯъёи дар қудрати подшоҳӣ омадани Исо дода мешавад.
Албатта, боз бисёр чизҳои дигаре ҳастанд, ки Исо карда буд ва, агар ҳамаи онҳоро нависанд, дар дастхатҳои зиёде намеғунҷанд.