ДАРСИ 30
Наздиконе, ки аз даст додаем, зинда мешаванд!
Марг талх аст ва ба кас дарду ғам меорад. Барои ҳамин дар Китоби Муқаддас он душман номида шудааст (1 Қӯринтиён 15:26). Аз дарси 27 шумо фаҳмидед, ки Яҳува ин душманро нест мекунад. Вале бо онҳое, ки аллакай мурдаанд, чӣ мешавад? Аз ин дарс шумо дар бораи боз як ваъдаи олиҷаноби Яҳува мефаҳмед. Ӯ миллиардҳо одамонро зинда карда, ба онҳо ҳаёти ҷовидонаро ато мекунад. Оё ин имконпазир аст? Ин одамон дар осмон зинда мешаванд ё дар замин?
1. Яҳува барои наздиконамон, ки аз дунё гузаштаанд, чӣ кор карданӣ аст?
Яҳува мехоҳад одамонеро, ки дар қайди ҳаёт нестанд, зинда кунад. Айюб ном марди худотарсе боварии комил дошт, ки баъди маргаш Худо ӯро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Ӯ зинда шуданашро дар назар дошта, ба Худо гуфт: «Он гоҳ ту маро даъват мекунӣ ва ман [аз гӯр] ба ту ҷавоб медиҳам». (Айюб 14:13–15-ро хонед.)
2. Мо аз куҷо медонем, ки зинда шудани мурдагон имконпазир аст?
Вақте Исо дар замин буд, Худо ба ӯ қудрат дод, ки одамонро зинда кунад. Исо бо ин қудрати худодод духтараки 12-сола ва писари бевазанеро зинда кард (Марқус 5:41, 42; Луқо 7:12–15). Баъдтар дӯсти наздики Исо — Лаъзор, вафот кард. Ҳарчанд аз марги Лаъзор чор рӯз гузашта буд, Исо ӯро зинда кард. Исо пас аз дуо гуфтан сӯйи қабри Лаъзор фарёд заду гуфт: «Лаъзор, баро!», ва «мурда... берун омад», яъне зинда шуд (Юҳанно 11:43, 44). Бешубҳа, хурсандии дӯстону наздикони Лаъзор ҳадду канор надошт.
3. Барои мурдагон чӣ умеде ҳаст?
Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки мурдагон «дар оянда зинда мешаванд» (Корнома 24:15). Касоне, ки Исо зиндаашон карда буд, на дар осмон, балки дар замин зинда шуданд (Юҳанно 3:13). Онҳо шод буданд, ки дубора дар рӯйи замин ба ҳаёт баргаштанд. Ба ин монанд, Исо ба наздикӣ миллиардҳо одамонро зинда мекунад, то дар биҳишти рӯйи замин ҷовидона умр ба сар баранд. Исо гуфта буд, ки «ҳамаи онҳое, ки дар қабранд», зинда мешаванд. Ҳатто онҳое, ки аз ёди одамон рафтаанд, дар ёди Худо ҳастанд ва ӯ ҳатман ба онҳо умри дубора мебахшад (Юҳанно 5:28, 29).
БЕШТАР ФАҲМЕД
Далелҳоеро дида бароед, ки зинда шудани мурдагонро исбот мекунанд. Фаҳмед, ки чӣ тавр ин умед тасаллои дилатон шуда метавонад.
4. Исо нишон дод, ки қудрати зинда карданро дорад
Бештар фаҳмед, ки Исо барои дӯсташ Лаъзор чӣ кор кард. Юҳанно 11:14, 38–44-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Мо аз куҷо медонем, ки Лаъзор ҳақиқатан мурда буд? (Нигаред ба ояти 39.)
Ба фикратон, агар Лаъзор баъди марг ба ҷаннат мерафт, ҳоҷат буд, ки Исо ӯро дар замин зинда кунад?
5. Одамони бисёр зинда мешаванд
Забур 37:29-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Миллиардҳо одамоне, ки зинда мешаванд, дар куҷо зиндагӣ мекунанд?
Исо, ғайр аз парастандагони Яҳува, боз бисёр одамонро зинда мекунад. Корнома 24:15-ро хонед, сипас саволро дида бароед.
Шумо зинда шудани киро интизоред?
Чи хеле падар фарзандашро аз хоб бедор мекунад, ҳамин тавр Исо мурдагонро ба осонӣ зинда карда метавонад
6. Зиндашавӣ ба шумо тасаллӣ ва умед мебахшад
Воқеаи зинда шудани духтари Ёир ба мотамзадагони зиёде қувват ва оромӣ бахшид. Ин воқеаро аз Луқо 8:40–42, 49–56 хонед.
Пеш аз зинда кардани духтарак Исо ба Ёир гуфт: «Ғам нахӯр, фақат имон дошта бош». (Нигаред ба ояти 50.) Чӣ тавр умед ба зиндашавӣ дар вазъиятҳои зерин ба шумо кумак мекунад:
вақте шахси наздикатонро аз даст медиҳед?
вақте ҳаёти шумо дар хатар аст?
ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Чӣ тавр умед ба зинда шудани Фелисити ба волидонаш қувват ва оромӣ бахшид?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Боварам намеояд, ки одам аз нав дар рӯйи замин зинда мешавад».
Оё шумо бовар доред, ки одамон зинда мешаванд?
Бо кадом оят нишон дода метавонед, ки одамон дар оянда зинда мешаванд?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Худо дар Каломаш ваъда медиҳад, ки миллиардҳо одамон зинда мешаванд. Ӯ мехоҳад, ки онҳо боз дар рӯйи замин зиндагӣ кунанд, барои ҳамин ба Исо қудрат додааст, ки одамонро зинда кунад.
Такрор
Аз кадом сабаб Яҳува ва Исо мурдагонро зинда мекунанд?
Миллиардҳо одамоне, ки зинда мешаванд, дар куҷо зиндагӣ мекунанд: дар осмон ё дар замин? Фаҳмонед.
Чӣ шуморо бовар мебахшад, ки азизоне, ки аз даст додаед, зинда мешаванд?
ДИДА БАРОЕД
Фаҳмед, ки дар вақти мотам чӣ ба шумо қуввати дил шуда метавонад.
Оё маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ба мотамзадагон кумак карда метавонанд?
Чӣ тавр ба кӯдаке, ки одами наздикаш мурдааст, ёрӣ додан мумкин аст?
Оё ягон кас дар осмон зинда мешавад? Кадом одамон зинда намешаванд?
«Китоби Муқаддас дар бораи зиндашавӣ чӣ мегӯяд?» (Мақола аз сомона)