-
«Аз хурсандӣ ва рӯҳи муқаддас пур мешуданд»Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
-
-
1, 2. Сафари Барнаббо ва Шоул бо чӣ фарқ мекард ва чӣ тавр ин кори онҳо ба иҷро шудани суханони Корнома 1:8 мусоидат кард?
ИН РӮЗ барои ҷамоати Антиохия рӯзи хурсандибахш аст. Аз байни пайғамбарон ва муаллимони он ҷо Барнаббо ва Шоул бо рӯҳи муқаддас интихоб шуданд, то ба ҷойҳои дурдаст хушхабарро расонандa (Кор. 13:1, 2). Албатта, пештар ҳам мардони кордон ба дигар ҷойҳо фиристода мешуданд, аммо онҳо ба ҷойҳое сафар мекарданд, ки аллакай масеҳият реша давонда буд (Кор. 8:14; 11:22). Ин дафъа бошад, Барнаббою Шоул ва Юҳаннои Марқус, ки дастёрашон буд, ба ҷойҳое фиристода шуданд, ки аксари мардум хушхабарро нашунида буд.
2 Тахминан 14 сол пеш аз ин воқеа Исо ба пайравонаш чунин гуфта буд: «Дар Ерусалим, дар саросари Яҳудияву Сомария ва то гӯшаю канори замин дар бораи ман шаҳодат медиҳед» (Кор. 1:8). Вақте Барнаббо ва Шоул миссионер таъйин шуданд, ин ба иҷро шудани суханони Исо такони нав шудb.
-
-
«Аз хурсандӣ ва рӯҳи муқаддас пур мешуданд»Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
-
-
4. а) Барнаббо ва Шоул чӣ хел интихоб шуданд ва бародарон ба ин чӣ гуна муносибат карданд? б) Чӣ тавр мо онҳоеро, ки дар ҷамоат ба коре таъйин мешаванд, дастгирӣ карда метавонем?
4 Барои чӣ Худо бо воситаи рӯҳи муқаддасаш фармуд, ки маҳз Барнаббо ва Шоулро «барои иҷрои коре» ҷудо кунанд? (Кор. 13:2). Дар Китоби Муқаддас дар ин бора чизе гуфта нашудааст. Ҳаминаш ба мо маълум аст, ки ин мардон ба воситаи рӯҳи муқаддас интихоб шуда буданд. Инчунин дар ҳеҷ куҷо навишта нашудааст, ки пайғамбарон ва муаллимони Антиохия ба ин қарор зид баромаданд. Баръакс, онҳо ин мардонро пурра дастгирӣ карданд. Танҳо тасаввур кунед, вақте бародарон бе ягон рашку ҳасад «пас аз рӯза доштан ва дуо гуфтан... бар Барнаббову Шоул даст гузоштанд ва онҳоро гусел карданд», онҳо чӣ ҳис карданд (Кор. 13:3). Мо низ бояд шахсонеро, ки дар ҷамоат ба коре таъйин шудаанд, дастгирӣ кунем, аз ҷумла онҳоеро, ки роҳбариро бар уҳда доранд. Биёед ҳаргиз нагузорем, ки нисбати чунин шахсон дар диламон рашку ҳасад парвариш ёбад, балки «онҳоро барои меҳнаташон қадрдонӣ кунему аз таҳти дил дӯст дорем» (1 Тас. 5:13).
-