БОБИ 13
«Бо онҳо баҳсу мунозираҳои зиёд карданд»
Ҳайати роҳбарикунанда масъалаи хатнаро дида мебарояд
Бар Корнома 15:1–12 асос ёфтааст
1–3. а) Чӣ ягонагии ҷамоати масеҳиёнро дар асри як зери хатар гузошт? б) Аз дида баромадани ин воқеа мо чӣ фоида мегирем?
ПАВЛУСУ Барнаббо аз сафари якуми миссионерияшон ба Антиохияи Сурия баргаштанд. Дили онҳо пур аз шодист, чунки Яҳува «ба дигар халқҳо барои имон овардан роҳ кушод» (Кор. 14:26, 27). Дар худи Антиохия ҳам хабарҳои нағз кам набуд, зеро аз байни халқҳои дигар «бисёр одамон» ба ҷамоати масеҳиёни ин шаҳр ҳамроҳ шуданд (Кор. 11:20–26).
2 Дере нагузашта ин хабарҳои шодибахш то Яҳудия расиданд. Вале ба ҷойи шоду хурсанд шудан дар он ҷо баҳси калоне ба миён омад: баҳс дар бораи хатна. Бародарони он ҷо дар андеша буданд, ки яҳудиёну ғайрияҳудиёни ҳамимон бояд бо ҳам чӣ гуна муносибат кунанд ва ба масеҳиёне, ки аз халқҳои дигар буданд, Шариати Мӯсоро ба ҷо овардан зарур аст ё не. Гуногунфикрӣ ва баҳсҳои тезутунд дар бораи хатна метавонист дар ҷамоати масеҳӣ ҷудоӣ андозад. Ин масъалаи баҳснок чӣ тавр ҳал мешуда бошад?
3 Мо аз ин воқеа, ки дар Корнома навишта шудааст, якчанд дарси пурқимат омӯхта метавонем. Ин ба мо кумак мекунад, ки ҳангоми сар задани масъалаҳои баҳснок бохирадона амал намоем.
«Агар... хатна накунед» (Корнома 15:1)
4. Баъзе масеҳиён кадом ақидаҳои нодурустро паҳн мекарданд ва вобаста ба ин кадом саволҳо ба миён меоянд?
4 Луқо нақли он воқеаро бо чунин суханон сар мекунад: «Баъзе касон аз Яҳудия [ба Антиохия] омада, бародаронро чунин таълим медоданд: “Агар аз рӯйи қонуни Мӯсо хатна накунед, наҷот намеёбед”» (Кор. 15:1). Маълум нест, ки ин тарғибгарони хатна пеш аз масеҳӣ шудан фарисӣ буданд ё не. Ба ҳар ҳол, чунин метобад, ки ба онҳо ақидаҳои фарисиёни қоидапараст таъсир карда буд. Ҳамчунин он масеҳиён, эҳтимол, худро намояндаи расулону пирон гирифта ба дигарон дастур доданд (Кор. 15:23, 24). Чаро онҳо ин қадар тарафдори хатна буданд? Магар онҳо дар ёд надоштанд, ки тахминан 13 сол пеш Петруси расул бо амри Яҳува ғайрияҳудиёни бехатнаро ба ҷамоати масеҳӣ қабул карда буд?a (Кор. 10:24–29, 44–48).
5, 6. а) Барои чӣ баъзе масеҳиёни яҳудӣ мехостанд, ки масеҳиёни ғайрияҳудӣ хатна кунанд? б) Оё аҳди хатна қисми аҳд бо Иброҳим буд? Фаҳмонед. (Ба поварақ нигаред.)
5 Пофишории он яҳудиён дар масъалаи хатна якчанд сабаб дошта метавонист. Як сабаб ин буд, ки хатна кардани мардон амри худи Яҳува буд ва нишон медод, ки онҳо халқи интихобшудаи ӯ мебошанд. Аввалин бор хатнаро Иброҳиму хонаводааш карда буданд. Ин амр пеш аз аҳди Шариат ҷорӣ шуд, баъдтар бошад, қисми он аҳд гаштb (3 Мӯсо 12:2, 3). Вақте ки риояи Шариати Мӯсо ҳатмӣ буд, бегонагон, то хатна накунанд, дар баъзе чорабиниҳои халқи Худо иштирок карда наметавонистанд, масалан, ба онҳо иҷозат дода намешуд, ки аз хӯроки Иди Раҳоӣ бихӯранд (2 Мӯсо 12:43, 44, 48, 49). Фаҳмост, ки чаро дар назари яҳудиён каси бехатна нопок буду лоиқи парастиши Худо дониста намешуд (Иш. 52:1).
6 Ба масеҳиёни яҳудӣ осон набуд, ки фикру ақидаашонро дигар карда, талаботи нави Худоро қабул кунанд. Барои ин ба онҳо имон, итоаткорӣ ва хоксорӣ лозим буд. Акнун ки аҳди нав ҷойи аҳди Шариатро гирифт, яҳудиён аз вақти зода шуданашон дигар халқи Худо ҳисоб намеёфтанд — аз ин пас онҳо бояд ба Масеҳ имон меоварданд. Ба масеҳиёни яҳудие, ки дар Яҳудия ва дигар ҷойҳо мезистанд, дилу гурдаи бақувват даркор буд, то Масеҳро пайравӣ намоянд ва Яҳуваро якҷоя бо масеҳиёни ғайрияҳудии бехатна парастиш кунанд (Ирм. 31:31–33; Луқ. 22:20).
7. Масеҳиёне, ки аз Яҳудия ба Антиохия омаданд, чиро дарк накарда буданд?
7 Баъзе талаботи Худо дигар шавад ҳам, назари ӯ ба чизҳои асосӣ дигар намешавад. Барои ҳамин мағзу моҳияти Шариати Мӯсо дар аҳди нав низ ҷой дода шуд (Мат. 22:36–40). Масалан, пас аз якчанд сол Павлуси расул амри хатна карданро бо аҳди нав пайваста, чунин гуфт: «Яҳудӣ онест, ки дар ботин чунин аст, ва хатнаи ӯ дар дил ба воситаи рӯҳ аст, на ба воситаи шариати навишта» (Рум. 2:29; 5 Мӯсо 10:16). Вале масеҳиёне, ки аз Яҳудия ба Антиохия омаданд, назари Худоро аз худ накарда буданд. Дили онҳо пур буд, ки Худо ҳеҷ гоҳ хатнаро бекор намекунад. Оё ин масеҳиён фикру ақидаашонро дигар карданд?
«Баҳсу мунозираҳои зиёд карданд» (Корнома 15:2)
8. Чаро пирони Антиохия барои ҳалли масъалаи хатна ба ҳайати роҳбарикунандаи асри як муроҷиат карданд?
8 Луқо нақлро давом дода менависад: «Баъд аз он ки Павлусу Барнаббо бо онҳо [касоне, ки аз Яҳудия омада буданд] баҳсу мунозираҳои зиёд карданд, қарор доданд, ки Павлус, Барнаббо ва баъзеи дигаронро барои ҳалли ин масъала назди расулону пирон ба Ерусалим бифиристанд»c (Кор. 15:2). Дар он «баҳсу мунозира» ягон ҷониб паст намеомад, зеро ҳар ду тараф ба ақидаи худ устувор буд. Вақте бародарони ҷамоати Антиохия фаҳмиданд, ки ба хомӯш кардани баҳс зӯрашон намерасад, ба хотири оромиву ягонагии ҷамоат чораи бохирадонае андешиданд. Онҳо бо ин масъалаи пурмоҷаро ба расулону пирони Ерусалим, ки ҳайати роҳбарикунандаи онвақта буданд, муроҷиат карданд. Мо аз ин рафтори оқилонаи пирони Антиохия чӣ меомӯзем?
9, 10. Мо аз бародарони Антиохия ва Павлусу Барнаббо чӣ ибрат мегирем?
9 Як дарси пурарзише, ки мо аз бародарони Антиохия мегирем, ин аст, ки аз ташкилоти Яҳува дилпур бошем. Онҳо медонистанд, ки ҳайати роҳбарикунанда танҳо аз масеҳиёни яҳудӣ иборат аст. Бо вуҷуди ин шубҳа надоштанд, ки ин ҳайат масъалаи хатнаро аз рӯйи Навиштаҳо ҳаллу фасл мекунад. Он бародарон ба Яҳува такя мекарданд ва медонистанд, ки ӯ бо рӯҳи муқаддасаш ва Сарвари ҷамоат — Исои Масеҳ, ба ин масъала равшанӣ меандозад (Мат. 28:18, 20; Эфс. 1:22, 23). Имрӯз низ, вақте масъалаҳои баҳснок сар мезананд, биёед ба намунаи бародарони Антиохия пайравӣ намоем, яъне ба ташкилоти Худо ва Ҳайати роҳбарикунандаи ҳозира пурра бовар дошта бошем.
10 Ин воқеа ҳамчунин хоксору пуртоқат будани Павлусу Барнабборо аён месозад. Ҳарчанд ин бародарон ном ба ном бо рӯҳи муқаддас таъйин шуданд, то ба халқҳои дигар хушхабарро расонанд, онҳо сарвариро ба даст гирифта, масъалаи хатнаро дарҳол дар худи Антиохия ҳал накарданд (Кор. 13:2, 3). Беш аз ин, баъдтар Павлус дар ин бора чунин навишт: «Ман ба он ҷо [Ерусалим] равона шудам, зеро ба ман ошкор шуд, ки бояд ба он ҷо равам» (Ғал. 2:2). Аз ин суханон маълум аст, ки Яҳува бо рӯҳи муқаддасаш ӯро роҳнамоӣ мекард. Дар замони мо ҳам пирон мисли Павлусу Барнаббо мехоҳанд хоксору пурсабр бошанд. Масалан, вақте дар ҷамоат ягон масъалаи ҷудоиовар ба миён меояд, онҳо худбоварона амал намекунанд, балки аз Навиштаҳо ва дастуру нишондоди ғуломи боваринок роҳнамоии Худоро меҷӯянд (Флп. 2:2, 3).
11, 12. Чаро муҳим аст, ки Яҳуваро интизор шавем?
11 Баъзан, вақте масъалаи баҳсноке пайдо мешавад, ба мо лозим меояд, ки роҳнамоии Яҳуваро интизор шавем. Бародарони ҳамзамони Павлус низ тахминан 13 сол интизор шуданд, то Яҳува ошкор кунад, ки масеҳиёни халқҳои бегона хатна кунанд ё не. Ҳарчанд Корнилюси бехатна аллакай соли 36-уми милодӣ бо рӯҳи муқаддас тадҳин шуда буд, масъалаи хатна танҳо соли 49-уми милодӣ бардошта шуд, то ҳайати роҳбарикунанда онро баррасӣ намуда, қароре барорад. Чаро Яҳува дида баромадани ин масъаларо 13 сол қафо партофт? Шояд ки, Яҳува инро ба хотири яҳудиёни самимӣ кард. Ӯ аз онҳо талаб накард, ки дарҳол назарашонро ба масъалаи хатна дигар кунанд, балки вақти кофӣ дод. Парвардигори ғамхор медонист, ки ин амр барои онҳо азиз буд, зеро аҳди хатна бо бобои имондорашон Иброҳим баста шуда буду 1900 сол амал кард. Дар ҳақиқат, хатна барои онҳо масъалаи андак-мандак набуд! (Юҳ. 16:12).
12 Чӣ хурсандибахш аст, ки Худои пурсабру меҳрубонамон моро падарвор таълиму тарбия медиҳад! Шубҳае нест, ки тарбияи Яҳува ҳамеша меваи хуб меорад ва ҳамеша ба фоидаи мост (Иш. 48:17, 18; 64:8). Аз ин рӯ биёед ҳаргиз роҳ надиҳем, ки ғурурамон боло гираду мо ақидаҳои худро пеш барем. Инчунин мо ба дигаргуниҳое, ки дар созмони Яҳува мешаванд, набояд бо назари танқид нигарем ё аз фаҳмиши нави баъзе ҷойҳои Навиштаҳо норозӣ бошем (Пандгӯ 7:8). Агар шумо ҳатто бӯйи чунин худбовариро дар худ пай баред, ба Яҳува дуо гуфта, дар бораи дарсҳои то ҳол пурарзишу ибратомӯзи Корнома, боби 15, андеша ронедd.
13. Чӣ тавр мо дар хизмат ба пурсабрии Яҳува пайравӣ карда метавонем?
13 Кадом вақт мо низ бояд пурсабру батоқат бошем? Масалан, вақте ки бо ягон кас Китоби Муқаддасро меомӯзем, вале ӯ даррав дигар намешавад. Шояд, ӯ ба таълимоти нодуруст сахт бовар дорад ё ба урфу одатҳои нораво часпидааст ва яку якбора аз онҳо дил канда наметавонад. Дар ин ҳол хуб мебуд, ки ба онҳо вақти кофӣ диҳем ва гузорем, ки рӯҳи муқаддаси Худо онҳоро ба қабул кардани чизҳои нав моил созад (1 Қӯр. 3:6, 7). Инчунин дар ин бора пайваста дуо гуфтанро фаромӯш накунед. Бовар дошта бошед, ки Худои дилогоҳ дар вақту соаташ ба шумо — омӯзгори Каломаш, роҳ нишон медиҳад (1 Юҳ. 5:14).
Онҳо воқеаҳои хурсандиоварро «батафсил нақл карданд» (Корнома 15:3–5)
14, 15. Ҷамоати Антиохия Павлусу Барнаббо ва ҳамсафаронашро чӣ тавр қадрдонӣ намуданд ва чӣ хел ин бародарон раҳораҳ дигар ҳамимононашонро дастгирӣ карданд?
14 Нақли Луқо чунин давом меёбад: «Баъд аз он ки аҳли ҷамоат онҳоро гусел кард, онҳо роҳи худро давом доданд ва ҳангоми аз Финиқияву Сомария гузаштан ба бародарони он ҷойҳо дар бораи имон овардани ғайрияҳудиён батафсил нақл карданд. Инро шунида ҳамаи онҳо беҳад шод гаштанд» (Кор. 15:3). Аҳамият диҳед, ки ҷамоати Антиохия Павлус, Барнаббо ва ҳамсафаронашонро «гусел кард». Ин тавр карда онҳо ба ин сафаракиён роҳи сафеду баракати Худоро хостанд. Аз ин маълум аст, ки аҳли он ҷамоат ин бародаронро хеле дӯст медошт ва онҳоро қадр мекард. Чӣ намунаи ибратомӯзе! Дар ҷамоати шумо низ ҳамимононатон, «махсусан онҳое, ки дар сухангӯйӣ ва таълим бисёр меҳнат мекунанд», яъне пирон, сазовори эҳтирому қадрдонии шумоянд (1 Тим. 5:17).
15 Павлусу ҳамроҳонаш сафарро давом доданд ва раҳ ба раҳ дар Финиқияву Сомария бародару хоҳаронро дилшод мекарданд. Онҳо дар бораи хизматашон «батафсил» нақл карда мегуфтанд, ки чӣ тавр одамоне, ки аз халқҳои бегонаанд, ба Худои ҳақиқӣ рӯ оварданд. Бешубҳа, ин хабарҳои раҳовард барои ҳамимононашон пурарзишу қувватбахш буданд, зеро баъзеи онҳо, шояд, масеҳиёни яҳудӣ буданду баъд аз кушта шудани Истефанус гуреза шуданд. Дар замони мо ҳам чунин хабарҳои шодиовар, ки хусусан дар вақти тангӣ марҳами дил мешаванд, кам нестанд. Масалан, мо аз ҳисобот дар бораи хизмат мефаҳмем, ки чӣ қадар одамон роҳи Яҳуваро пеш гирифтанд. Ин хабарҳои нав ба нав ва саргузашти шавқовари ҳамимонамонро дар вохӯриҳо, анҷуманҳо, ҳангоми хониши адабиётамон ва аз сомонаи jw.org фаҳмидан мумкин аст. Оё шумо аз ин гуна паёму воқеаҳо сари вақт хабардор мешавед?
16. Аз чӣ маълум мегардад, ки масъалаи хатна ҳалталаб буд?
16 Оқибат сафари дурударози бародарон ба охир расид. Онҳо аз Антиохия ба самти ҷануб қариб 550 километрро тай карданд ва, «вақте ба Ерусалим расиданд, аҳли ҷамоат ва расулону пирон он бародаронро гарму ҷӯшон пешвоз гирифтанд ва онҳо корҳои зиёдеро, ки Худо ба воситаашон ба амал оварда буд, нақл карданд» (Кор. 15:4). Вале «баъзе шогирдоне, ки пештар аъзои мазҳаби фарисиён буданд, аз ҷой хеста, гуфтанд: “Ғайрияҳудиён бояд хатна шаванд ва ба онҳо бояд бифармоем, ки Тавроти Мӯсоро риоя кунанд”» (Кор. 15:5). Бешакку шубҳа, баҳс дар атрофи хатна кардан ё накардани масеҳиёни ғайрияҳудӣ диққатталаб буду бояд яктарафа мешуд.
«Расулон ва пирон ҷамъ омаданд» (Корнома 15:6–12)
17. Кӣ ба ҳайати роҳбарикунандаи асри як дохил мешуд ва чаро «пирон» низ аъзои он ҳайат буданд?
17 Дар Панднома 13:10 гуфта шудааст: «Хирад бо маслиҳатшунавон аст». Барои ҳамин аз рӯйи хирад буд, ки «расулон ва пирон ҷамъ омаданд, то [масъалаи хатнаро]... дида бароянд» (Кор. 15:6). «Расулон ва пирон», мисли Ҳайати роҳбарикунандаи имрӯза, ҷамъ шуда, ба фоидаи тамоми ҷамоати масеҳиён қарор мебароварданд. Чаро дар он ҳайат на фақат расулон, балки «пирон» низ буданд? Сабаб дар он буд, ки Яъқуби расулро ба қатл расонда буданд, Петрус ҳам якчанд вақт пеш муддате дар ҳабс буд. Кӣ медонист, ки ба сари дигар расулон чӣ меояд? Эҳтимоли зиёд аст, ки пирон барои рӯзи мабодо дар он ҳайат буданд. Ин бародарони тадҳиншудаи кордон метавонистанд дар набудани расулон ба ҷамоат ғамхорӣ намоянду корро пеш баранд.
18, 19. Петрус ба шунавандагонаш чӣ гуфт ва онҳо бояд чӣ хулоса мебароварданд?
18 «Баъд аз гуфтушуниди дурудароз Петрус аз ҷой хеста, ба онҳо гуфт: “Эй бародарон, шумо хуб медонед, ки аз рӯзҳои аввал Худо маро аз миёни шумо интихоб кард, то халқҳои дигар ба воситаи ман хушхабарро шунаванд ва имон оранд. Худо, ки донандаи дилҳост, ба онҳо низ чун ба мо рӯҳи муқаддас ато карда шаҳодат дод, ки аз онҳо розӣ аст. Худо байни мову онҳо ҳеҷ фарқе нагузоштааст, балки дили онҳоро бо имон пок кардааст”» (Кор. 15:7–9). Мувофиқи як маълумотнома, калимаи юноние, ки дар ояти 7 «гуфтушуниди дурудароз» тарҷума шудааст, ҳамчунин маънои пурсишу ҷусторро дорад, яъне он бародарон саволҳо дода, масъаларо аз ҳар тараф омӯхтанд. Хулоса кардан мумкин аст, ки бародарон дар он маҷлиси рӯҳонӣ фикру ақидаи гуногуни худро кушоду ошкоро баён мекарданд.
19 Суханони таъсирбахши Петрус ба аҳли маҷлис воқеаи масеҳӣ шудани Корнилюсу хонаводаашро хотиррасон кард. Петрус бо чашми сараш дида буд, ки чӣ тавр дар соли 36-уми милодӣ Худо ғайрияҳудиёни бехатнаро бо рӯҳи муқаддасаш тадҳин кард. Агар худи Яҳува миёни яҳудиву ғайрияҳудӣ, яъне хатнадорону бехатнагон, фарқ нагузорад, пас, одамон ба ин чӣ ҳақ доранд? Ғайр аз ин, дилу дини худоҷӯёнро имон ба Исои Масеҳ пок месозад, на иҷрои Шариати Мӯсо (Ғал. 2:16).
20. Чаро гуфтан мумкин аст, ки тарафдорони хатна Худоро меозмуданд?
20 Петрус чизҳои дидаву шунидаи илоҳияшро хулоса карда мегӯяд: «Пас, чаро шумо ҳоло Худоро озмуда, ба гардани шогирдон юғеро мегузоред, ки на бобоёнамон бардошта тавонистанду на мо? Вале мо бовар дорем, ки ба воситаи лутфу марҳамати Ҳазратамон Исо наҷот меёбем, ва шогирдони ғайрияҳудӣ низ ба ин бовар доранд» (Кор. 15:10, 11). Ӯ гуфт, ки тарафдорони хатна Худоро меозмоянд, ё сабру тоқати ӯро месанҷанд. Онҳо мехостанд бар гардани халқҳои бегона қонуну қоидаеро бор кунанд, ки худашон нуқта ба нуқта ба ҷо оварда наметавонистанд ва барои ҳамин ба марг маҳкум мегаштанд (Ғал. 3:10). Ба ҷойи баҳсу пофишорӣ кардан он бародарони яҳудӣ бояд Худоро ҳазор бор шукр мегуфтанд, ки ба онҳо ба воситаи Масеҳ лутфу марҳамат кард.
21. Барнаббою Павлус дар маҷлис чӣ гуфтанд?
21 Пас аз гуфтаҳои Петрус «тамоми ҳозирон хомӯш гаштанд». Эҳтимол, шунавандагон аз суханони нишонраси ӯ ба фикру андеша фурӯ рафтанд. Баъд сухан ба Барнаббову Павлус расид. Бародарон ба гузориши онҳо «дар бораи аломату муъҷизаҳои бисёре, ки Худо ба воситаи онҳо дар байни халқҳои дигар ба амал оварда буд, гӯш доданд» (Кор. 15:12). Пас аз ҳамаи ин гуфтугузор расулону пирон метавонистанд далелҳоро баркашида дар бобати хатна қарори пухтае бароранд, ки бо назари Худо рост меомад.
22–24. а) Чӣ тавр имрӯз Ҳайати роҳбарикунанда ба «расулон ва пирон» пайравӣ мекунад? б) Пирони ҷамоат ба дастуроти созмони Худо бояд чӣ гуна муносибат кунанд?
22 Дар замони мо ҳам Ҳайати роҳбарикунанда дар маҷлисҳояшон аз Яҳува рӯҳи муқаддас мепурсанд ва аз Каломаш роҳнамоӣ меҷӯянд (Заб. 119:105; Мат. 7:7–11). Ҳар як узви ин ҳайат бо мавзуе, ки баррасӣ мегардад, пешакӣ шинос шуда, бо дуо дар сари он андеша меронад (Пнм. 15:28). Ҳангоми вохӯрӣ онҳо андешаву хулосаҳояшонро бемалол баён карда, зуд-зуд ба Китоби Муқаддас рӯ меоранд.
23 Пирони ҷамоат низ ҳангоми ба миён омадани масъалаи муҳим мисли он бародарони тадҳиншуда рафтор мекунанд. Агар масъала ҳал нашуда монад, ҳайати пирон ба филиали маҳаллӣ ё намояндагони он, масалан, ба нозирони ноҳиявӣ, муроҷиат менамояд. Бародарони филиал бошанд, дар вақти зарурат доир ба он масъалаи баҳснок ё норавшан ба Ҳайати роҳбарикунанда нома навишта метавонанд.
24 Яҳува касонеро, ки аз рӯйи дастуру нишондоди созмонаш амал мекунанд, баракат медиҳад. Вақте бародарон илова бар итоаткорӣ пурсаброна ва бо хоксорӣ рафтор мекунанд, нуран алонур мешавад — ҷамоатҳо аз осоиштагии фаровон, шукуфоӣ ва ягонагии беназир баҳравар мегарданд. Дар ин бора аз боби оянда бештар мефаҳмем.
a Нигаред ба чорчӯбаи «Таълимоти бародарони бардурӯғ».
b Аҳди хатна қисми аҳд бо Иброҳим набуд. Аҳд бо Иброҳим, ки то ҳол давом меёбад, соли 1943-юми то милод ба амал сар кард. Он вақт Иброҳим, ки Абром номида мешуд, аз дарёи Фурот гузашта, сӯйи Канъон раҳсипор гашт. Иброҳим он гоҳ 75-сола буд. Аҳди хатна бошад, баъдтар, соли 1919-уми то милод, баста шуд ва Иброҳим он вақт 99-сола буд (1 Мӯсо 12:1–8; 17:1, 9–14; Ғал. 3:17).
c Яке аз бародароне, ки ба Ерусалим фиристода шуд, Титус буд. Ӯ масеҳии юноние буд, ки баъдтар ҳамсафари бовафои Павлус гашт ва хату хабарҳои ӯро ба ҷамоатҳо мерасонд (Ғал. 2:1; Тит. 1:4). Ин бародар, ки дар ҷамоат обрӯю эътибор дошт, бехатна бошад ҳам, бо рӯҳи муқаддас тадҳин шуда буд (Ғал. 2:3).
d Нигаред ба чорчӯбаи «Таълимоти Шоҳидони Яҳува дар асоси Китоби Муқаддас аст».