МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 39
Оё номи шумо дар «китоби ҳаёт» навишта шудааст?
«Пеши ӯ дар бораи касоне, ки аз Яҳува метарсанд... китоби ёддоште навишта мешуд» (МАЛ. 3:16).
СУРУДИ 17 Ба пеш, Шоҳидон!
ПЕШГУФТОРa
1. Мувофиқи Малокӣ 3:16 Яҳува чӣ гуна китоб навишта истодааст ва он аз чӣ иборат мебошад?
ҲАЗОРСОЛАҲО боз Яҳува китоби махсусе менависад, ки дар он рӯйхати номи одамон омадааст. Аввалин шоҳиди бовафое, ки номаш дар ин рӯйхат навишта шудааст, Ҳобил мебошадb (Луқ. 11:50, 51). Асрҳо инҷониб Яҳува ба ин китоби худ номи дигаронро низ илова мекунад. Имрӯз дар он номи миллионҳо одамон навишта шудааст. Дар Навиштаҳо ин китоб «китоби ёддошт», «китоби ҳаёт» ва «дастхати ҳаёт» номида мешавад. Дар ин мақола мо онро «китоби ҳаёт» ном мебарем (Малокӣ 3:16-ро хонед; Ошкор. 3:5; 17:8).
2. Дар китоби ҳаёт номи киҳо навишта шудааст ва мо чӣ кор карда метавонем, то номи мо низ дар он навишта шавад?
2 Дар ин китоби махсус номи онҳое навишта шудааст, ки бо тарс Яҳуваро ибодат мекунанд ва номашро азиз медонанд. Ин гурӯҳи одамон ниҳоят соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мешаванд. Мо низ, агар дар асоси қурбонии Масеҳ бо Худо муносибати наздик инкишоф диҳем, номамон дар китоби мазкур навишта мешавад (Юҳ. 3:16, 36). Ҳар яки мо, хоҳ умедамон заминӣ бошад, хоҳ осмонӣ, мехоҳем, ки номамон дар ин китоб навишта шавад.
3, 4. а) Агар айни ҳол номамон дар китоби ҳаёт навишта шуда бошад, оё ин маънои онро дорад, ки мо ҷовидона зиндагӣ мекунем? Фаҳмонед. б) Дар мақолаи мазкур ва навбатӣ чӣ муҳокима мешавад?
3 Пас, оё гуфтан мумкин аст, ки онҳое, ки номашон дар ин китоб навишта шудааст, сад фоиз соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мегарданд? Барои ёфтани ҷавоби ин савол ба суханони Яҳува рӯ меорем, ки ба Мӯсо гуфта буд. Яҳува дар 2 Мӯсо 32:33 чунин гуфтааст: «Ман номи он касеро кӯр мекунам, ки бар зидди ман гуноҳ карда бошад». Аз ин бармеояд, ки номи онҳое, ки дар китоби ҳаёт навишта шудааст, кӯр шуда метавонад. Ба маъное Яҳува ин номҳоро дар китобаш бо қалам менависад (Ошкор. 3:5). Барои ҳамин мо бояд аз таҳти дил кӯшиш кунем, ки номамон дар он нигоҳ дошта шавад, то даме, ки Яҳува онро бо ранг менависад.
4 Лекин дар ин хусус саволҳо ба миён меояд. Масалан, Китоби Муқаддас дар бораи онҳое, ки номашон дар китоби ҳаёт навишта шудааст ва онҳое, ки номашон дар он нест, чӣ мегӯяд? Кай шахсоне, ки номашон дар ин китоб ҳаст, соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мешаванд? Дар бораи онҳое, ки Яҳуваро нашинохта вафот кардаанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Оё номи онҳо низ дар ин китоб навишта мешавад? Ба ин саволҳо дар мақолаи мазкур ва навбатӣ ҷавоб дода мешавад.
ДАР КИТОБИ ҲАЁТ НОМИ КИҲО НАВИШТА ШУДААСТ?
5, 6. а) Мувофиқи Филиппиён 4:3 дар китоби ҳаёт номи киҳо навишта шудааст? б) Кай номи онҳо дар ин китоб бо ранг навишта мешавад?
5 Дар ин китоби рамзӣ номи киҳо навишта шудааст? Барои ёфтани ҷавоб мо панҷ гурӯҳи одамонро дида мебароем, ки номи баъзеашон дар он ҳасту номи дигарашон не.
6 Хуб, гурӯҳи якум аз онҳое иборат аст, ки бо Исо дар осмон ҳукумронӣ мекунанд. Оё айни ҳол номи аъзои ин гурӯҳ дар китоби ҳаёт навишта шудааст? Бале! Мувофиқи гуфтаҳои Павлуси расул ба ҷамоати Филиппӣ, номи тадҳиншудагон, ки барои бо Исо дар осмон ҳукмронӣ кардан даъват шудаанд, дар «китоби ҳаёт» навишта шудааст. (Филиппиён 4:3-ро хонед.) Вале барои он, ки номи онҳо дар китоб нигоҳ дошта шавад, тадҳиншудагон бояд то охири умрашон содиқ монанд. Ҳамин тавр, вақте онҳо пеш аз маргашон ё ҳангоми сар задани мусибати бузург муҳри охиринашонро мегиранд, номи онҳо дар «китоби ҳаёт» бо ранг навишта мешавад (Ошкор. 7:3).
7. Мувофиқи Ошкорсозӣ 7:16, 17 кай номи мардуми сершумор аз миёни гӯсфандони дигар дар китоби ҳаёт ба таври доимӣ навишта мешавад?
7 Ба гурӯҳи дуюм мардуми сершумор аз гӯсфандони дигар дохил мешаванд. Магар номи онҳо айни ҳол дар китоби ҳаёт навишта шудааст? Бале! Оё номашон баъд аз Ҳармаҷиддӯн низ дар он боқӣ мемонад? Албатта! (Ошкор. 7:14). Исо гуфт, ки ин гурӯҳи одамон «ҳаёти ҷовидонӣ меёбанд» (Мат. 25:46). Вале бояд гуфт, ки онҳое, ки баъд аз Ҳармаҷиддӯн зинда мемонанд, дарҳол соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ намешаванд. Номи онҳо дар китоби ҳаёт то ҳол бо қалам навишта мешавад. Дар давоми Подшоҳии ҳазорсола Исо онҳоро «сӯйи чашмаҳои оби ҳаёт роҳнамоӣ хоҳад намуд». Номи онҳое, ки аз рӯйи дастуроти Масеҳ зиндагӣ карда ба Яҳува вафодор мемонанд, дар «китоби ҳаёт» ниҳоят бо ранг, яъне ба таври доимӣ, зикр хоҳад шуд. (Ошкорсозӣ 7:16, 17-ро хонед.)
8. Номи киҳо дар китоби ҳаёт навишта нашудааст ва бо онҳо чӣ мешавад?
8 Гурӯҳи сеюм аз бузоне иборат аст, ки дар Ҳармаҷиддӯн нест мешаванд. Номи онҳо дар китоби ҳаёт нест. Исо гуфт, ки «ин одамон абадан несту нобуд мешаванд» (Мат. 25:46). Зери илҳоми Худо Павлуси расул низ қайд кардааст, ки «ин шахсон ба нобудии абадӣ маҳкум» мешаванд (2 Тас. 1:9; 2 Пет. 2:9). Дар бораи онҳое низ чунин гуфтан мумкин аст, ки дидаву дониста тӯли солҳо зидди рӯҳи Худо гуноҳ мекунанд; онҳоро низ ҳаёти абадӣ неву нестшавии абадӣ дар пеш аст. Ин гурӯҳи одамон дар оянда аниқ зинда намешаванд (Мат. 12:32; Марқ. 3:28, 29; Ибр. 6:4–6). Акнун биёед дар бораи ду гурӯҳи одамоне, ки дар рӯйи замин эҳё мегарданд, хубтар фаҳмем.
ОНҲОЕ, КИ ЗИНДА МЕШАВАНД
9. Мувофиқи Корнома 24:15 кадом ду гурӯҳи одамон дар рӯйи замин зинда мешаванд ва байни онҳо чӣ фарқе аст?
9 Китоби Муқаддас дар бораи ду гурӯҳи одамоне мегӯяд, ки эҳё мешаванд ва дар рӯйи замин то абад зиндагӣ карда метавонанд,— ин «росткорон» ва «бадкорон» мебошанд. (Корнома 24:15-ро хонед.) «Росткорон» онҳоеанд, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон ба Яҳува содиқона хизмат мекарданд. «Бадкорон» бошанд, онҳоеанд, ки ба Яҳува хизмат намекарданд. Аксар вақт рафтори онҳо аз чорчӯбаи одамгарӣ берун буд. Пас, агар ҳам росткорон ва ҳам бадкорон зинда шаванд, саволе ба миён меояд: «Магар номи онҳо дар китоби ҳаёт навишта шудааст?» Барои ёфтани ҷавоб биёед дар бораи ин ду гурӯҳи одамон бештар маълумот гирем.
10. Чаро «росткорон» эҳё мешаванд ва баъзеашон чӣ гуна имконияти пуршараф хоҳанд дошт? (Ҳамчунин ба мақолаи «Саволҳои хонандагон»-и ҳамин маҷалла нигаред, ки оид ба зиндашавӣ дар замин мебошад.)
10 «Росткорон» гурӯҳи чорумро ташкил медиҳанд. Пеш аз вафот карданашон номи онҳо дар китоби ҳаёт навишта шуда буд. Вале оё баъди марги онҳо номашон аз ин китоб кӯр карда шуд? Не, зеро онҳо дар хотири Яҳува ҳоло ҳам зиндаанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Яҳува «Худои зиндагон аст, зеро барои ӯ ҳамаи онҳо зиндаанд» (Луқ. 20:38). Аз ин бармеояд, ки, вақте росткорон дар замин эҳё мешаванд, номашон дар китоби ҳаёт ёфт мешавад,— ҳарчанд дар аввал он «бо қалам» навишта мешавад (Луқ. 14:14). Шакке нест, ки баъзеи эҳёшудагон дар оянда «дар тамоми замин мир таъйин» мешаванд (Заб. 45:16).
11. Пеш аз он ки номашон дар китоби ҳаёт навишта шавад, «бадкорон» бояд чиро аз худ кунанд?
11 Ба гурӯҳи панҷум «бадкорон» дохил мешаванд. Эҳтимол, аз сабаби он ки пеш аз маргашон бадкорон бо талаботи Яҳува шинос набуданд, корҳои дуруст намекарданд. Барои ҳамин номашон дар китоби ҳаёт навишта нашуд. Вале Яҳува онҳоро зинда карда, имконият медиҳад, ки номашон дар китоби ҳаёт навишта шавад. Он вақт ба «бадкорон» кумак кардан лозим меояд. Дар ҳаёти пешинаи худ баъзеи онҳо ба корҳои даҳшатовар ва паст даст мезаданд. Бинобар ин онҳоро таълим додан даркор мешавад, ки аз рӯйи меъёрҳои одилонаи Яҳува зиндагӣ кунанд. Барои ин Подшоҳии Худо барномаи бузурги таълимиеро ташкил мекунад, ки дар таърихи инсоният набудааст.
12. а) Бадкоронро кӣ таълим медиҳад? б) Бо онҳое, ки чизҳои таълимгирифтаашонро ба кор намебаранд, чӣ мешавад?
12 Бадкоронро кӣ таълим медиҳад? Мардуми сершумор ва росткорони зиндашуда. Барои он ки номи бадкорон дар китоби ҳаёт навишта шавад, онҳо бояд ба Яҳува наздик шуда, худро ба ӯ бахшанд. Исо ва онҳое, ки бо ӯ доварӣ хоҳанд кард, бодиққат мушоҳида мекунанд, ки бадкорон ба ин кумак чӣ тавр муносибат менамоянд (Ошкор. 20:4). Касе, ки онро рад мекунад, ҳатто агар садсола бошад, нест хоҳад шуд (Иш. 65:20). Яҳува ва Исо дили одамонро мебинанд, барои ҳамин намегузоранд, ки касе дар дунёи нав вайронкорӣ кунад (Иш. 11:9; 60:18; 65:25; Юҳ. 2:25).
ЗИНДАШАВӢ БАРОИ ҲАЁТ ВА ДОВАРӢ
13, 14. а) Пеш мо суханони Исоро, ки дар Юҳанно 5:29 оварда шудаанд, чӣ хел мефаҳмидем? б) Дар ин оят ба кадом суханони Исо диққат доданамон лозим?
13 Исо инчунин дар бораи онҳое гуфт, ки дар рӯйи замин эҳё мешаванд. Масалан, ӯ қайд кард: «Соате мерасад, ки ҳамаи онҳое, ки дар қабранд, овози ӯро мешунаванд ва берун меоянд: ҳар кӣ корҳои нек мекард, барои ҳаёт зинда мешавад, вале ҳар кӣ корҳои бад мекард — барои доварӣ шудан» (Юҳ. 5:28, 29). Исо чӣ гуфтанӣ буд?
14 Пеш мо фикр мекардем, ки Исо дар бораи амалҳое гап мезанад, ки одамон баъд аз зинда шуданашон мекунанд, яъне баъзеҳо эҳё шуда «корҳои нек» мекунанду дигарон бошанд, «корҳои бад». Лекин аҳмият диҳед, Исо намегӯяд, ки онҳое, ки зинда мешаванд, корҳои хуб мекунанд ё корҳои бад мекунанд. Ӯ феъли замони гузаштаро истифода мебарад. Исо мегӯяд, ки онҳое, ки «корҳои нек мекард» ва онҳое, ки «корҳои бад мекард». Аз ин бармеояд, ки ин амалҳоро одамон пеш аз мурданашон карда буданд. Ба чунин хулоса омадан аз рӯйи мантиқ аст, ҳамин хел не? Охир, ба ҳеҷ кас иҷозат дода намешавад, ки дар дунёи нав корҳои бад кунад. Одамони бад корҳои бадашонро пеш аз мурданашон мекарданд. Пас, суханони Исо дар бораи зиндашавӣ «барои ҳаёт» ва зиндашавӣ «барои доварӣ» чӣ маъно дорад?
15. Кӣ «барои ҳаёт зинда мешавад» ва чаро?
15 Росткороне, ки пеш аз маргашон корҳои нек мекарданд, «барои ҳаёт зинда» мешаванд, зеро номашон аллакай дар китоби ҳаёт навишта шудааст. Ин маънои онро дорад, ки гуфтаҳои Юҳанно 5:29 дар бораи зиндашавии онҳое, ки «корҳои нек» мекарданд, инчунин ба зиндашавии росткороне ишора мекунад, ки дар бораашон дар Корнома 24:15 гуфта шудааст. Ин фаҳмишамон ба гуфтаҳои Румиён 6:7 рост меояд, ки чунинанд: «Охир, касе, ки мурдааст, аз гуноҳҳояш озод аст». Яъне гуноҳи ин росткорон ҳангоми вафот карданашон пок мешавад. Вале корҳои содиқонаи онҳо нигоҳ дошта мешавад (Ибр. 6:10). Бояд гуфт, ки баъд аз зинда шудан ба росткорон лозим меояд, ки минбаъд низ вафодор монанд, то ки номашон аз китоби ҳаёт кӯр карда нашавад.
16. «Барои доварӣ» зинда шудан чӣ маъно дорад?
16 Бо онҳое, ки «корҳои бад» мекарданд, чӣ мешавад? Ҳарчанд баъди марг гуноҳҳои «бадкорон» низ пок мешавад, ҳангоми зинда буданашон онҳо ба Яҳува хизмат намекарданд. Барои ҳамин номи бадкорон дар китоби ҳаёт нест. Аммо ҷолиб аст, ки зинда шудани онҳое, ки корҳои бад мекарданд, мисли зинда шудани росткорон мебошад, ки дар борааш дар Корнома 24:15 гуфта шудааст. Аммо бадкорон «барои доварӣ» эҳё мешавандc. Бадкорон ба маъное доварӣ мешаванд, ки Исо онҳоро месанҷад (Луқ. 22:30). Бале, барои фаҳмидани он, ки номи онҳо дар китоби ҳаёт навишта мешавад ё не, вақт лозим мешавад. Танҳо агар онҳо аз корҳои баде, ки пеш мекарданд, даст кашанд ва худро ба Яҳува бахшанд, номашон дар китоби ҳаёт навишта хоҳад шуд.
17, 18. Ба онҳое, ки дар рӯйи замин зинда мешаванд, чӣ кор кардан лозим меояд ва дар Ошкорсозӣ 20:12, 13 «корҳояшон» гуфта, чӣ дар назар дошта шудааст?
17 Хоҳ пеш росткор буданд, хоҳ бадкор ба зиндашудагон лозим мешавад, ки аз рӯйи қонуни дастхатҳои нав зиндагӣ кунанд, ки тӯли ҳазорсола кушода мешаванд. Юҳаннои расул дар ин бора чунин рӯъё дид: «Ман дидам, ки мурдагон, ҳам хурдону ҳам бузургон, дар пеши тахт истодаанд ва дастхатҳо кушода шуданд. Ҳамчунин дастхати дигаре кушода шуд, ки дастхати ҳаёт буд. Мурдагон аз рӯйи он чӣ дар он дастхатҳо навишта шудааст, аз рӯйи корҳояшон, доварӣ шуданд» (Ошкор. 20:12, 13).
18 Хуб, дар асоси кадом «корҳояшон» зиндашудагон доварӣ хоҳанд шуд? Оё дар асоси корҳое, ки пеш аз марг мекарданд? Не! Мо қайд кардем, ки ҳангоми мурдан онҳо аз гуноҳҳояшон озод мешаванд. Пас, «корҳояшон» ба корҳои ҳаёти пешинаи онҳо ишора намекунад. Дар ин ҷо корҳое дар назар дошта шудаанд, ки эҳёшудагон баъд аз таълим гирифтанашон дар дунёи нав мекунанд. Бояд гуфт, ки ҳатто чунин вафопешагон, ба монанди Нӯҳ, Самуил, Довуд ва Дониёл он вақт бояд дар бораи Исои Масеҳ дониш гирифта, ба қурбонии ӯ имон зоҳир кунанд. Агар ба онҳо имон зоҳир кардан даркор шавад, пас, бадкорон истисно нестанд.
19. Бо онҳое, ки аз ин имконияти олиҷаноб истифода намебаранд, чӣ мешавад?
19 Бо онҳое, ки аз ин имконияти олиҷаноб истифода намебаранд, чӣ мешавад? Дар Ошкорсозӣ 20:15 чунин гуфта шудааст: «Касе, ки номаш дар китоби ҳаёт навишта нашудааст, ба кӯли оташ партофта шуд». Бале, онҳо пурра несту нобуд мегарданд. Барои ҳамин навишта шудан ва нигоҳ доштани номамон дар китоби ҳаёт ниҳоят муҳим аст.
20. Дар давраи Ҳукмронии ҳазорсола кадом кори бузург ташкил карда мешавад? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)
20 Давраи Подшоҳии ҳазорсолаи Худо дар ҳақиқат ҳаяҷоновар мешавад! Дар замин барномаи бузурги таълимӣ ташкил хоҳад шуд. Инчунин ба рафтори росткорон ва бадкорон баҳо дода мешавад (Иш. 26:9; Кор. 17:31). Вале ин барномаи таълимӣ чӣ хел мегузарад? Ҷавоби саволи мазкурро аз мақолаи навбатӣ меёбем.
СУРУДИ 12 Худо ҳаёти ҷовидониро ваъда медиҳад
a Дар ин мақола фаҳмиши нав дар хусуси суханони Исо муҳокима мешавад, ки дар Юҳанно 5:28, 29 оварда шудаанд. Ӯ дар бораи ду гурӯҳи одамон гуфта буд, ки яке, «барои ҳаёт зинда мешавад» ва дигаре «барои доварӣ шудан». Мо мефаҳмем, ки ин ду зиндашавӣ ба чӣ ишора мекунад ва киҳоро дар бар мегирад.
b Навишта шудани ин китоб «аз бунёди олам» оғоз ёфт, яъне аз вақти фарзанддор шудани Одаму Ҳавво. Насли онҳо имконият дорад, ки аз гуноҳ озод шавад (Мат. 25:34; Ошкор. 17:8). Аз ин рӯ Ҳобили росткор, аз афташ, аввалин одамест, ки номаш дар китоби ҳаёт навишта шуда буд.
c Пеш мо мегуфтем, ки калимаи «доварӣ» дар ин ҷо ба маънои ҳукм ё ҳукми ҷазо баровардан омадааст. Албатта, калимаи «доварӣ» чунин маъно дошта метавонад. Вале, агар мазмуни матнро ба назар гирем, аз афташ Исо калимаи «доварӣ»-ро ба маънои васеътар истифода бурд. Ӯ санҷидан ва баҳо додан, ё чи хеле дар як луғати юнонӣ гуфта шудааст, «ба рафтори кас ҳаматарафа баҳо додан»-ро дар назар дошт.