БОБИ 6
Истефанус «аз некуӣ ва қуввати Худо пур буд»
Дар пеши Шӯрои олии яҳудиён далерона шоҳидӣ додани Истефанус ибратомӯз аст
Бар Корнома 6:8–8:3 асос ёфтааст
1–3. а) Истефанус бо кадом вазъияти душвор рӯ ба рӯ шуд ва оё ӯ ба тарс дода шуд? б) Мо кадом саволҳоро дида мебароем?
ИСТЕФАНУС дар додгоҳ, дар толори боҳашамате, истодааст, ки, аз афташ, дар наздикии ибодатгоҳи Ерусалим қарор дошт. Нишастгоҳи ин толор ба шакли нимдоира буд ва дар он 71 нафар менишастанд. Ин мардон Шӯрои олии яҳудиёнро ташкил медиҳанд ва онҳо ҷамъ омадаанд, то ки Истефанусро ҳукм кунанд. Аъзои ин Шӯро мардони соҳибқудрату обрӯманд мебошанд ва бисёре аз онҳо назарашон ин шогирди Исоро намегирад. Шахсе, ки ин Шӯроро ҷамъ овард, саркоҳин Қаёфо буд. Ӯ якчанд моҳ пеш, вақте Исои Масеҳро ба марг маҳкум карданд, раиси ин Шӯро буд. Оё Истефанус дар тарсу ларз аст?
2 Не, Истефанус орому осуда аст ва ин аз назари аҳли додгоҳ пинҳон намемонад, зеро як чизи ғайриодие рӯй медиҳад — рӯйи Истефанус дар пеши чашми ҳама дигаргун мешавад. Доварон ба ӯ нигоҳ карда, пай мебаранд, ки «рӯйи ӯ мисли рӯйи фаришта аст» (Кор. 6:15). Ба кадом маъно рӯйи Истефанус мисли рӯйи фаришта мегардад? Азбаски фариштагон паёму хабари Яҳува — Худои Тавоноро, мерасонанд, аз душманон наметарсанд ва ҳама вақт орому хотирҷамъ мемонанд. Дар бораи Истефанус низ ҳамин тавр гуфтан мумкин аст. Чаро ӯ ин қадар орому осудаҳол аст?
3 Ҷавоби ин савол барои мо, хизматгорони имрӯзаи Худо, басо ибратомӯз аст. Биёед фаҳмем, ки аз чӣ сабаб Истефанус ба чунин ҳолати душвор рӯ ба рӯ шуд. Чӣ тавр ӯ то ин дам эътиқодашро муҳофизат мекард? Мо аз ӯ чӣ ибрат мегирем?
Онҳо мардумро «шӯр андохтанд» (Корнома 6:8–15)
4, 5. а) Барои чӣ Истефанусро дар ҷамоат қадр мекарданд? б) Чаро гуфта шудааст, ки Истефанус «аз некуӣ ва қуввати Худо пур буд»?
4 Чи хеле ки аз боби гузашта фаҳмидем, Истефанус дар ҷамоати навбунёди масеҳӣ қадри баланд дошт. Ӯ дар байни ҳафт марди фурӯтане буд, ки аз таҳти дил расулонро дастгирӣ менамуданд. Вақте ки дар бораи чӣ гуна атоҳо доштани Истефанус мефаҳмем, хоксориву фурӯтании ӯро бештар пай мебарем. Дар Корнома 6:8 мехонем, ки ӯ мисли баъзе расулон «муъҷизаҳои бузург ва аломатҳо ба амал меовард». Боз дар ин оят гуфта шудааст, ки Истефанус «аз некуӣ ва қуввати Худо пур буд». Ин чӣ маъно дорад?
5 Истефанус, ки «аз некуӣ» пур буд, аз афташ, меҳрубону ҳалим буд, барои ҳамин одамон ба вай майл мекарданд. Тарзи сухангӯйии ӯ шунавандагонашро бовар мебахшид, ки ӯ аз самими дил гап мезанад ва ҳақиқатҳое, ки мегӯяд, пурарзишанд. Истефанус инчунин аз «қуввати Худо пур буд», чунки рӯҳи Худо ба вай таъсир мекард. Бешубҳа, Истефануси хоксору итоаткор мегузошт, ки рӯҳи муқаддас роҳнамоияш кунад. Ӯ аз атову қобилияташ намеболид, баръакс, тамоми ҷалолро ба Яҳува медод ва дар фикри шунавандагонаш буд. Аз ин рӯ ҳайратовар нест, ки душманонаш Истефанусро рақиби хавфнок меҳисобиданд.
6–8. а) Мухолифони Истефанус ӯро ба кадом ду чиз айбдор карданд ва чаро? б) Чаро намунаи Истефанус барои хизматгорони имрӯзаи Худо муфид аст?
6 Баъзе одамон зидди Истефанус баромада бо ӯ «баҳсу мунозира карданд, аммо ба хиради ӯ ва рӯҳи муқаддасе, ки бо он сухан мегуфт, муқобилат карда натавонистанд»a. Онҳо ба хашм омада «пинҳонӣ одамонро розӣ карданд», ки ин масеҳии бегуноҳро айбдор кунанд. Ҳамчунин онҳо «мардум, пирон ва шариатдононро шӯр андохтанд» ва Истефанусро бо зӯрӣ дастгир намуда, назди Шӯрои олии яҳудиён бурданд (Кор. 6:9–12). Ин мухолифон Истефанусро ба ду чиз айбдор карда гуфтанд, ки ӯ дар ҳаққи Худо ва Мӯсо куфр мегӯяд.
7 Туҳматгарони бераҳму бешарм гуфтанд, ки Истефанус «бар зидди ибодатгоҳ»-и Ерусалим, макони муқаддас, гап зада дар ҳаққи Худо куфр гуфт (Кор. 6:13). Онҳо инчунин даъво доштанд, ки ӯ суннатшиканӣ карда, зидди Шариати Мӯсо баромад ва ҳамин тавр дар ҳаққи Мӯсо куфр гуфт. Ин даъвои хеле ҷиддӣ буд, чунки он вақтҳо ибодатгоҳ, ҳар як ҷузъиёти Шариати Мӯсо ва урфу одатҳои даҳонӣ, ки ба Шариат илова шуда буданд, барои яҳудиён аҳамияти беандоза доштанд. Чунин айбдорсозӣ маънои онро дошт, ки Истефанус одами хатарнок буда, сазовори марг аст.
8 Афсӯс ки, диндорон бисёр вақт бо чунин роҳҳо хизматгорони Худоро озору азият медиҳанд. Дар замони мо ҳам диндороне, ки ба халқи Худо душмананд, ҳукуматдоронро иғво меандозанд, ки ба Шоҳидони Яҳува ҷабру зулм кунанд. Вақте мо бо дурӯғу туҳмат рӯ ба рӯ мешавем, бояд чӣ гуна рафтор кунем? Дар ин бобат мо аз намунаи Истефанус бисёр чизро меомӯзем.
Шаҳодати далерона дар бораи «Худои пурҷалол» (Корнома 7:1–53)
9, 10. Мунаққидон дар бораи суханронии Истефанус чӣ гуфтаанд? Истефанусро ба чӣ айбдор карда буданд?
9 Чи хеле дар аввали боб ёдрас шуд, вақте Истефанус айбҷӯёнро гӯш мекард, рӯйи ӯ ором, мисли фаришта, буд. Он вақт саркоҳин Қаёфо ба ӯ нигариста пурсид: «Оё ин гапҳо ростанд?» (Кор. 7:1). Акнун навбати гап задани Истефанус омад ва суханронии ӯ таъсирбахшу далерона буд.
10 Баъзе мунаққидон ба суханронии Истефанус эрод гирифта мегӯянд, ки нутқаш дурудароз буд, лекин ба туҳмати душманонаш ҷавоб надод. Вале дар асл Истефанус ба мо намуна гузошт, ки чӣ хел хушхабарро ҳимоя кунем (1 Пет. 3:15). Чи хеле фаҳмидем, Истефанусро ба он айбдор карданд, ки ӯ бар зидди ибодатгоҳ гап зада, дар ҳаққи Худо куфр гуфт, инчунин бар зидди Шариат баромада, ба Мӯсо беҳурматӣ кард. Истефанус дар ҷавоб се давраи таърихи Исроилро қайд намуда, ба баъзе ҷиҳатҳо диққати махсус дод. Биёед ин се давраи таърихро як ба як дида бароем.
11, 12. а) Чӣ тавр Истефанус намунаи Иброҳимро моҳирона истифода бурд? б) Барои чӣ Истефанус дар суханронияш Юсуфро ёдовар шуд?
11 Давраи саравлодон (Кор. 7:1–16). Истефанус суханронияшро аз Иброҳим оғоз кард, зеро ӯ барои яҳудиён симои барҷастаи имондорӣ буд. Ӯ мавзуи умумӣ ва ҳамзамон муҳиме ёфта, қайд кард, ки «Худои пурҷалол», Яҳува, бори аввал ба Иброҳим дар Байнаннаҳрайн гап зад (Кор. 7:2). Иброҳим дар замини ваъдашуда ғарибу мусофир буд. Дар замони ӯ на ибодатгоҳ буду на Шариати Мӯсо. Аз намунаи Иброҳим маълум аст, ки барои ба Худо вафодор будан ибодатгоҳу Шариат на ҳама вақт ҳатмиянд.
12 Одамоне, ки Истефанусро гӯш мекарданд, ба Юсуф низ, ки аз насли Иброҳим буд, эҳтироми зиёд доштанд. Барои ҳамин Истефанус ба онҳо хотиррасон кард, ки Юсуфи росткорро бародарони худаш, падарони қабилаи Исроил, азият доданд ва ба ғуломӣ фурӯхтанд. Лекин Худо ба воситаи ӯ халқи Исроилро аз гуруснагӣ наҷот дод. Истефанус, бешубҳа, пай мебурд, ки байни Юсуф ва Исои Масеҳ монандие ҳаст. Лекин ӯ дар ин бора гап накушод, то ин ки шунавандагон суханашро набурида гӯш кунанд.
13. Чӣ тавр Истефанус дар бораи Мӯсо нақл карда ба айбҷӯёнаш ҷавоб гардонд ва кадом фикри асосиро ба онҳо расонданӣ буд?
13 Давраи Мӯсо (Кор. 7:17–43). Дар бораи Мӯсо бисёр сухан гуфтани Истефанус дурандешона буд, чунки аксари аъзои Шӯрои олӣ саддуқиён буданд ва онҳо танҳо Навиштаҳои Мӯсоро тан мегирифтанд. Бо ин суханонаш Истефанус эҳтиромашро ба Мӯсо ва Шариат нишон дода, ба онҳое, ки ӯро дар куфргӯйии Мӯсо айбдор мекарданд, ҷавоби обдор медиҳад (Кор. 7:38). Инчунин Истефанус қайд мекунад, ки Мӯсоро низ одамоне, ки ӯ наҷот додан мехост, рад карда буданд. Онҳо дар 40-солагиаш аз ӯ рӯ тофтанд ва баъдтар дар давоми зиёда аз 40 сол чандин маротиба ба ӯ зид баромадандb. Ҳамин тавр Истефанус гаштаву баргашта ба шунавандагонаш фикри асосиро гӯшрас менамуд: халқи Худо роҳбаронеро, ки аз тарафи Яҳува интихоб мешуданд, борҳо рад кардааст.
14. Истефанус дар суханронии худ ба воситаи намунаи Мӯсо кадом фикрҳоро қайд кард?
14 Истефанус ёдовар шуд, ки Мӯсо пешгӯйӣ карда буд, ки аз Исроил пайғамбаре мисли ӯ мебарояд. Ӯ кист ва ӯро чӣ хел қабул мекунанд? Истефанус ба ин саволҳо дар охири суханронияш ҷавоб дод. Ӯ боз як фикри муҳимро қайд кард: Мӯсо фаҳмид, ки ҳар ҷойи замин мисли ҷое, ки хорбутта даргирифта буду Яҳува бо ӯ гап зад, муқаддас буда метавонад. Пас, оё Яҳуваро танҳо дар ибодатгоҳи Ерусалим ё ягон бинои дигар парастидан мумкин аст?
15, 16. а) Чаро Истефанус дар бораи хаймаи муқаддас гап зад? б) Чӣ тавр Истефанус аз ибодатгоҳи Сулаймон ёдовар шуда фикрашро тасдиқ кард?
15 Хаймаи муқаддас ва ибодатгоҳ (Кор. 7:44–50). Истефанус ба доварон хотиррасон кард, ки асрҳо пеш то сохта шудани ибодатгоҳи Ерусалим Худо ба Мӯсо фармуда буд, ки хаймаи муқаддасе созад. Он барои парастиши Худо истифода мешуд ва онро аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯчондан мумкин буд. Касе аз шунавандагон ҷуръат намекард, бигӯяд, ки ибодатгоҳ аз хаймаи муқаддас беҳтар аст. Охир, худи Мӯсо дар хайма Худоро ибодат мекард.
16 Вақте Сулаймон дар Ерусалим ибодатгоҳ сохт, ӯ аз Худо илҳом ёфта дар дуо фикри муҳимеро қайд намуд. Истефанус ин фикрро чунин баён кард: «Худои Таоло дар хонаҳое, ки дасти одам сохтааст, зиндагӣ намекунад» (Кор. 7:48; 2 Воқ. 6:18). Яҳува барои амалӣ гардондани нияташ метавонад ибодатгоҳро истифода барад, лекин ӯ бе ибодатгоҳ ҳам инро карда метавонад. Пас, парастандагони ӯ набояд фикр кунанд, ки танҳо дар ибодатгоҳ, дар биное, ки бо дасти одам сохта шудааст, Худоро парастида метавонанд. Истефанус ин фикрашро хулоса карда, бо суханони китоби Ишаъё қувват бахшид: «Осмон тахти ман ва замин қадамгоҳи ман аст. Пас, шумо барои ман чӣ гуна хонае месозед? — мегӯяд Яҳува. — Ё дар куҷо бароям макони осоише муҳайё менамоед? Оё ҳамаи ин чизҳоро дасти ман насохтааст?» (Кор. 7:49, 50; Иш. 66:1, 2).
17. Чӣ тавр Истефанус дар суханронияш а) ба нодуруст будани рӯҳияи шунавандагонаш ишора кард ва б) ба айбҷӯёнаш ҷавоб дод?
17 Аз суханронии Истефанус маълум мешавад, ки ӯ рӯҳияи нодуруст доштани айбҷӯёнашро моҳирона ошкор кард. Ӯ инчунин нишон дод, ки Яҳува побанди расму оин нест ва барои иҷрои нияташ роҳҳои навро ба кор бурда метавонад. Шунавандагони Истефанус ибодатгоҳи бошукӯҳи Ерусалим ва расму оинеро, ки одамон ба Шариати Мӯсо илова карда буданд, дӯст медоштанд. Лекин онҳо дарк намекарданд, ки Яҳува бо кадом мақсад Шариатро доду ибодатгоҳро бунёд кард. Дар суханронии Истефанус инчунин саволи муҳиме бардошта шуд: магар шахс ба Яҳува итоат карда ба Шариат ва ибодатгоҳ эҳтироми бештар намегузорад? Суханони Истефанус, дар ҳақиқат, ӯро ба таври олиҷаноб сафед мекарданд, чунки ӯ аз таҳти дил ба Яҳува итоат мекард.
18. Аз кадом ҷиҳат мо ба Истефанус пайравӣ карда метавонем?
18 Мо аз суханронии Истефанус чӣ меомӯзем? Ӯ Навиштаҳоро хеле хуб медонист. Мо низ, агар хоҳем, ки «каломи ростиро дуруст таълим» диҳем, бояд Навиштаҳоро хуб омӯзем (2 Тим. 2:15). Инчунин мо аз Истефанус меҳрубониву хушмуомилагиро ёд гирифта метавонем. Шунавандагони ӯ муносибати душманона доштанд, лекин ӯ кӯшиш кард, ки бо онҳо забон ёфта, дар мавзуъҳое суҳбат кунад, ки барояшон муҳим буданд. Ӯ ҳамчунин ба онҳо бо эҳтиром муносибат кард, масалан, ба калонсолон «падарон» гуфта муроҷиат намуд (Кор. 7:2). Мо низ бояд ҳақиқати Каломи Худоро «бо мулоимӣ ва эҳтироми зиёд» гап занем (1 Пет. 3:15).
19. Чӣ тавр Истефанус нотарсона хабари доварии Яҳуваро ба Шӯрои олӣ гуфт?
19 Лекин мо ба хотири одамонро хафа накардан аз паҳн кардани ҳақиқати Каломи Худо даст намекашем ва «дили одамонро меёбем» гуфта, хабари довариҳои Яҳуваро тағйир намедиҳем. Истефанус дар ин бобат ба мо намунаи хуб гузошт. Ӯ пай бурд, ки тамоми далелҳое, ки ба Шӯрои олӣ пешкаш кард, ба ин доварони мағруру дилсанг заррае таъсир накард. Барои ҳамин ӯ бо ёрии рӯҳи Худо дар анҷоми суханронияш нотарсона гуфт, ки онҳо мисли падаронашон, ки Юсуф, Мӯсо ва дигар пайғамбаронро рад карда буданд, амал намуданд (Кор. 7:51–53). Ин доварони Шӯрои олӣ Масеҳро, ки омаданашро Мӯсо ва дигар пайғамбарон пешгӯйӣ карда буданд, куштанд. Ҳамин тавр онҳо мувофиқи Шариати Мӯсо ҷинояти азиме содир карданд!
«Исо, Ҳазратам, ҳаётамро ба дасти ту месупорам» (Корнома 7:54–8:3)
20, 21. Суханони Истефанус ба Шӯрои олӣ чӣ тавр таъсир карданд ва чӣ хел Яҳува ба ӯ қувват бахшид?
20 Доварон ҳақ будани суханони Истефанусро инкор карда натавонистанд, аз ин рӯ чунон ба ғазаб омаданд, ки дигар худро ба даст гирифта натавонистанд ва ба Истефанус нигоҳ карда дандонҳояшонро ғиҷиррос занонданд. Ин марди боимон, эҳтимол, хуб мефаҳмид, ки ба ӯ раҳм намекунанд, чуноне ки ба Сарвараш Исо раҳм накарданд.
21 Ба Истефанус далерӣ лозим буд, то чизеро, ки ӯро дар пеш буд, паси сар кунад ва, бешубҳа, рӯъёе, ки Яҳува аз марҳамат ба ӯ нишон дод, ӯро қувват бахшид. Истефанус ҷалоли Худо ва Исоро дид, ки аз тарафи рости Худо меистод. Вақте ӯ рӯъёи дидаашро тасвир кард, доварон гӯшҳои худро бо дастонашон маҳкам карданд. Барои чӣ? Чунки чанде пеш Исо ба ҳамин доварон гуфта буд, ки ба наздикӣ аз тарафи рости Падараш меистад (Марқ. 14:62). Рӯъёи Истефанус ҳақ будани ин суханони Исоро тасдиқ кард. Ногуфта намонад, ки ин доварони Шӯрои олӣ ба Масеҳ, фиристодаи Худо, бевафоӣ карда, ӯро ба қатл расонда буданд. Акнун бошад, онҳо ҳамакаса ба Истефанус ҳамла оварданд, то ӯро сангсор карда кушандc.
22, 23. Марги Истефанус ба марги Сарвараш чӣ монандӣ дошт ва чӣ тавр масеҳиён имрӯз мисли Истефанус ба Яҳува таваккал карда метавонанд?
22 Истефанус пеш аз ҷон доданаш мисли Сарвари худ орому осуда буду пурра ба Яҳува такя мекард ва қотилони худро бахшида буд. Вақте ӯ гуфт, ки «Исо, Ҳазратам, ҳаётамро ба дасти ту месупорам», эҳтимол, ҳанӯз ҳам дар рӯъё Исоро дар назди Яҳува медид. Бешубҳа, Истефанус суханони қувватбахши Исоро дар ёд дошт, ки гуфта буд: «Ман растохез ва зиндагӣ ҳастам» (Юҳ. 11:25). Дар охир Истефанус бо овози баланд ба Худо чунин дуо гуфт: «Яҳува, онҳоро барои ин гуноҳашон ҷазо надеҳ». Баъди ин суханон ӯ ба хоби марг рафт (Кор. 7:59, 60).
23 Истефанус дар байни шогирдони Масеҳ якумин шахсе буд, ки шаҳид шуд. (Нигаред ба чорчӯбаи «Оё Истефанус “шаҳид” буд?».) Мутаассифона, Истефанус ягона шаҳиди роҳи ҳақиқат нест. То рӯзҳои мо баъзе ходимони вафодори Яҳува аз дасти диндорони ашаддӣ, ҳукуматдорони бераҳм ва дигар мухолифон кушта шуданд. Лекин мо мисли Истефанус ба Яҳува таваккал мекунем. Исо айни замон Подшоҳ аст ва Яҳува ба ӯ қудрати нотакрор додааст, барои ҳамин ягон чӣ ба ӯ халал намерасонад, ки пайравони бовафояшро зинда кунад (Юҳ. 5:28, 29).
24. Чӣ тавр Шоул ба кушта шудани Истефанус шарик гашт ва марги ин марди бовафо ба дигарон чӣ таъсир гузошт?
24 Вақти куштори Истефанус Шоул ном ҷавонмарде ҳузур дошт. Ӯ тарафдори кушта шудани Истефанус буд ва ҳатто либоси шахсонеро, ки санг мепартофтанд, посбонӣ мекард. Дере нагузашта ӯ сардори онҳое шуд, ки шогирдони Исоро бераҳмона азият медоданд. Лекин марги Истефанус ба ҳаёти дигарон таъсири хуб гузошт. Намунаи ӯ дигар масеҳиёнро қувват мебахшид, ки то дами марг ба Яҳува содиқ монанд. Илова бар ин, Шоул, ки баъдтар бо номи Павлус машҳур гашт, пушаймон шуд, ки дар қатли Истефанус иштирок кард (Кор. 22:20). Ӯ иқрор шуд, ки «куфргӯ, озордеҳ ва берӯй буд» (1 Тим. 1:13). Маълум аст, ки Павлус Истефанус ва суханони таъсирнокеро, ки ӯ он рӯз гуфт, дар хотир дошт, зеро дар баъзе суханрониву номаҳои Павлус мавзуъҳое оварда шудаанд, ки Истефанус дар нутқаш гуфта буд (Кор. 7:48; 17:24; Ибр. 9:24). Бо гузашти вақт Павлус ба ин марди диловар, ки «аз некуӣ ва қуввати Худо пур буд», пурра пайравӣ кард. Биёед мо низ азм намуда ба имону далерии Истефанус пайравӣ намоем.
a Баъзеи ин мухолифон «аз ибодатхонаи Озодшудагон буданд». Шояд, замоне румиён онҳоро асир карда буданду баъдтар озод намуданд ё онҳо ғуломони озодшудае буданд, ки дини яҳудиро қабул карданд. Онҳо мисли Шоули тарсусӣ аз Қилиқия буданд. Аз ин порчаи Корнома маълум нест, ки, вақте сокинони Қилиқия бо Истефанус баҳс карданд, Шоул дар қатори онҳо буд ё не.
b Суханронии Истефанус маълумотеро дар бар дорад, ки дигар дар ягон ҷойи Китоби Муқаддас вонамехӯрад. Масалан, дар бораи он ки Мӯсо хиради Мисрро омӯхта буд, дар кадом синну сол аз он ҷо гурехт ва чанд вақт дар Мидён зиндагӣ кард.
d Калимаи арабии «шаҳид» ба мисли калимаи юнонии «мартис» дар аввал маънои «шоҳид»-ро доштаасту баъдтар маънои дигар низ пайдо кардааст.