-
Аз «намунаи маърифат ва ростӣ» таълим гиредБурҷи дидбонӣ — 2012 | январ 15
-
-
Аз «намунаи маърифат ва ростӣ» таълим гиред
«[Ту] дар шариат намунаи маърифат ва ростиро дорӣ» (РУМ. 2:20).
-
-
Аз «намунаи маърифат ва ростӣ» таълим гиредБурҷи дидбонӣ — 2012 | январ 15
-
-
1. Чаро фаҳмидани аҳамияти Қонуни Мусо бароямон муҳим аст?
СУХАНОНИ аз рӯи илҳоми Худо навишташудаи Павлуси ҳавворӣ бисёр ҷонибҳои Қонуни Мусоро ба мо ошкор менамоянд. Масалан, дар нома ба Ибриён вай мефаҳмонад, ки чӣ тавр Исо чун «Саркоҳини раҳим ва амин» тавонист як бор ба таври ҳамешагӣ қурбоние оварад. Онҳое, ки ба ин қурбонӣ имон меоранд, наҷоти абадӣ ёфта метавонанд (Ибр. 2:17; 9:11, 12). Павлус шарҳ дод, ки хаймаи муқаддас фақат «сояи чизҳои осмонӣ» буд ва Исо нисбат ба он аҳде, ки миёнараваш Мусо буд, Миёнарави «аҳди беҳтаре» гашт (Ибр. 7:22; 8:1–5). Барои масеҳиёни рӯзҳои Павлус чунин шарҳу эзоҳи Қонун хеле муфид буданд ва барои мо низ онҳо фоиданоканд. Онҳо ба мо кӯмак мекунанд, то арзиши чизҳоеро, ки Худо бароямон фароҳам овардааст, бештар дарк намоем.
2. Барои чӣ масеҳиёни яҳудӣ нисбат ба ғайрияҳудиён дар бораи Худо ва принсипҳояш зиёдтар медонистанд?
2 Вақте ки Павлус ба ҷамъомади шаҳри Рум нома навишт, вай баъзе шарҳҳояшро ба масеҳиёни яҳудӣ, ки Қонуни Мусоро таълим гирифта буданд, равона кард. Ӯ гуфт, ки онҳо аз сабаби бо Қонуни Худо шинос буданашон, аллакай дар бораи Яҳува ва принсипҳои одилонаи Ӯ «намунаи маърифат ва ростиро» медонанд. Масеҳиёни яҳудӣ он «намунаи... ростиро» мефаҳмиданд ва онро эҳтиром мекарданд, аз ин рӯ онҳо метавонистанд мисли яҳудиёни содиқи пешин шахсони бо Қонуни Яҳува шинос набударо таълим диҳанд ва роҳнамоӣ кунанд. (Румиён 2:17–20-ро бихонед.)
ҚУРБОНИҲОЕ, КИ СОЯИ ҚУРБОНИИ ИСО БУДАНД
3. Дида баромадани қурбониҳое, ки яҳудиёни қадим меоварданд, ба мо чӣ фоида меорад?
3 Ҳақиқатҳои асосии Қонуни Мусо, ки Павлус чун «намунаи... ростӣ» тасвир кард, ба мо барои фаҳмидани ниятҳои Яҳува кӯмак мекунанд. Дарсҳое, ки Яҳува ба халқаш тавассути Қонун медод, то ҳол аҳамияти муҳим доранд. Пас, биёед як ҷониби он Қонунро дида бароем: чӣ тавр қурбониҳои гуногун яҳудиёни фурӯтанро сӯи Масеҳ роҳнамоӣ мекарданд ва ба онҳо барои фаҳмидани талаботҳои Худо ёрдам медоданд? Талаботҳои асосии Яҳува нисбати хизматгоронаш ҳеҷ гоҳ дигар намешаванд. Барои ҳамин, ҳамчунин дида мебароем, ки чӣ тавр қонунҳои Худо оиди қурбониҳо ва ҳадияҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки сифати хизмати муқаддаси худро тафтиш кунем (Мал. 3:6).
-