-
Чӣ қадар чуқур аст хиради Худо!Бурҷи дидбонӣ — 2011 | май 15
-
-
17. Ба кадом маъно коре, ки Яҳува кард, «бар хилофи табиат» буд?
17 Яҳува коре кард, ки бисёриҳо тамоман интизор набуданд. Павлус инро чун чизе, ки «бар хилофи табиат» буд, тасвир мекунад (Рум. 11:24). Ба кадом маъно? Он ки шохаҳои дарахти ёбоӣ ба дарахти «хуб» пайванд шуданд, ба назар ғайриоддӣ, ҳатто ғайритабиӣ метофт, вале баъзе деҳқонон дар асри як маҳз ҳамин тавр мекардандb. Ба ҳамин монанд, Яҳува низ кори ғайриоддиеро иҷро кард. Аз нуқтаи назари яҳудиён, дигар миллатҳо қобилият надоштанд, ки меваи ба Худо писанд оранд. Аммо Яҳува маҳз ин одамонро қисми «халқе» кард, ки меваи Салтанатро меоранд (Мат. 21:43). Аз соли 36–и эраи мо, аз тадҳиншавии Корнилюс —аввалин масеҳии ғайрияҳудӣ — сар карда, барои ғайрияҳудиёни хатнанашуда имконият пайдо шуд, ки ба дарахти зайтуни рамзӣ пайванд карда шаванд (Аъм. 10:44–48)c.
18. Баъди соли 36 эраи мо низ яҳудиёни табиӣ чӣ имконият доштанд?
18 Оё ин маънои онро дошт, ки баъди соли 36 эраи мо яҳудиёни табиӣ дигар имконияти қисми насли Иброҳим шуданро надоштанд? Не. Павлус мефаҳмонад: «Онҳо [яҳудиёни табиӣ] низ, агар дар беимонӣ намонанд, пайванд хоҳанд шуд, зеро Худо қодир аст, ки онҳоро боз пайванд кунад. Зеро, агар ту аз зайтуни табиатан ёбоӣ бурида шуда, бар хилофи табиат ба зайтуни хуб пайванд шуда бошӣ, пас алалхусус инҳо, ки шохаҳои табиӣ ҳастанд, ба зайтуни худ пайванд хоҳанд шуд» (Рум. 11:23, 24).
-
-
Чӣ қадар чуқур аст хиради Худо!Бурҷи дидбонӣ — 2011 | май 15
-
-
Оё дар хотир доред?
-