-
Ҳар чизеро, ки зидди дониши Худо аст, рад кунедБурҷи дидбонӣ (нашри омӯзишӣ) 2019 | июн
-
-
1. Павлус ба масеҳиёни тадҳиншуда чӣ гуна огоҳии ҷиддӣ дод?
«ДИГАР худро ба одамони ин ҷаҳон ҳамшакл насозед, балки ақли худро нав карда, дигаргун шавед» (Рум. 12:2). Павлус ин суханонро ба масеҳиёни асри як навишт. Он мардону занон ҳаёташонро ба Худо бахшида бо рӯҳи муқаддас тадҳин ёфта буданд. Пас, чаро Павлус ба онҳо рӯирост чунин маслиҳати ҷиддӣ дод? (Рум. 1:7).
2, 3. Чӣ тавр Шайтон мекӯшад, ки моро аз Яҳува дур созад? Вале чӣ хел мо фикру андешаҳои нодурустро решакан карда метавонем?
2 Павлус хавотир буд, зеро баъзе масеҳиён аз афташ ба андешарониҳои нодуруст ва таъсири фалсафаи ҷаҳони Шайтон дода шуда буданд (Эфс. 4:17–19). Ин бо ҳамаи мо низ рӯй дода метавонад. Шайтон, ки худои ин ҷаҳон аст, бо тамоми қувваташ мекӯшад, моро аз Яҳува дур созад. Ӯ барои ин ҳиллаву найрангҳои гуногунро ба кор мебарад. Масалан, агар ӯ дар мо майли машҳур ва номдор шуданро пай барад, вай онро чун дом ба нишон мегирад. Барои вайрон кардани тарзи фикррониамон вай ҳатто воқеаҳои ҳаёти гузаштаи мо, маданият ва донишу саводамонро бар зидди мо истифода мебарад.
-
-
Ҳар чизеро, ки зидди дониши Худо аст, рад кунедБурҷи дидбонӣ (нашри омӯзишӣ) 2019 | июн
-
-
«АҚЛИ ХУДРО НАВ» СОЗЕД
4. Бисёр Шоҳидони Яҳува баъд аз фаҳмидани ҳақиқат чӣ кор карданд?
4 Вақте шумо бори аввал ҳақиқати Каломи Худоро фаҳмидед, шояд дарк намудед, ки барои хизматгори Яҳува шудан, бояд ба ҳаётатон баъзе дигаргуниҳо дароред. Ба бисёре аз мо лозим буд, ки аз кору рафтори бад даст кашем (1 Қӯр. 6:9–11). Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, ки барои ислоҳ шудан ба мо кӯмак кард.
5. Мувофиқи Румиён 12:2 мо бояд кадом ду қадамро гузорем?
5 Вале мо набояд фикр кунем, ки аллакай ҳаматарафа ислоҳ шудаем. Ҳатто агар гуноҳҳои ҷиддии пештараамонро бас карда бошем ҳам, мо бояд эҳтиёт шавем, то ба васваса дода шуда аз нав ба он корҳо барнагардем. Барои ин бояд чӣ кор кунем? Павлус гуфт: «Дигар худро ба одамони ин ҷаҳон ҳамшакл насозед, балки ақли худро нав карда, дигаргун шавед» (Рум. 12:2). Аз рӯйи гуфти ӯ гузоштани ду қадам дар талаб аст. Якум, мо набояд гузорем, ки ин ҷаҳон фикрронии моро шакл диҳад. Ва дуюм, мо бояд «ақли худро нав карда» одами дигар шавем.
6. Аз суханони Исо, ки дар Матто 12:43–45 оварда шудаанд, мо чӣ меомӯзем?
6 Ба «одамони ин ҷаҳон ҳамшакл» набудан, маънои онро надорад, ки мо танҳо зоҳиран аз онҳо фарқ кунем. Мо бояд аз ҳама ҷиҳат дигар шавем. (Ба чорчӯбаи «Дигаргуншавӣ дар сурат ё дар сират?» нигаред.) Ба мо лозим аст, ки ақли худро пурра нав созем, яъне рӯҳия, ҳиссиёт ва майлу хоҳишҳоямонро дигар кунем. Пас ҳар яки мо метавонем ба худ чунин савол диҳем: «Оё барои Шоҳиди Яҳува шудан ман танҳо рӯякӣ дигар шудаам ё ботинамро низ тағйир додаам?» Зеро ботинан нав шудан хеле муҳим аст. Исои Масеҳ дар Матто 12:43–45 чӣ кор карданамонро гуфтааст. (Оятҳоро хонед.) Аз ин суханон мо як чизи муҳимро меомӯзем: Танҳо аз худ дур кардани фикрҳои нодуруст кифоя нест, мо бояд ҷойи онҳоро бо фикрҳои ба Худо писанд пур кунем.
-