Бо рӯҳи пурҳарорат ҷидду ҷаҳд намоед
«Ҷидду ҷаҳдро суст накунед; рӯҳи пурҳарорат дошта бошед; Худовандро бандагӣ намоед» (РУМ. 12:11).
1. Чаро исроилиён ба сифати қурбонӣ ҳайвонҳо ва чизҳои дигарро меоварданд?
ЯҲУВА қурбониҳоеро, ки ходимонаш аз рӯи муҳаббат ва итоаткорӣ меоранд, қадр мекунад. Дар замонҳои қадим Ӯ ба сифати қурбонӣ ҳайвонҳои гуногун ва чизҳои дигарро қабул мекард. Мувофиқи Қонуни Мусо ин қурбониҳоро исроилиён барои бахшида шудани гуноҳҳояшон ва зоҳир кардани миннатдорӣ меоварданд. Яҳува аз масеҳиён овардани чунин қурбониҳои расмию моддиро талаб намекунад. Лекин дар боби 12–уми нома ба Румиён Павлуси расул нишон медиҳад, ки аз мо ҳам овардани қурбониҳо талаб карда мешавад. Чӣ гуна қурбониҳо? Биёед инро дида бароем.
Қурбонии зинда
2. Чун масеҳиён мо чӣ гуна ҳаёт ба сар мебарем ва ин чӣ маъно дорад?
2 (Румиён 12:1, 2–ро бихонед.) Дар аввали номааш Павлус ба таври равшан нишон дод, ки масеҳиёни тадҳиншуда ҳам яҳудӣ ва ҳам ғайрияҳудӣ назди Худо дар асоси имон одил эълон карда мешуданд, на дар асоси аъмол (Рум. 1:16; 3:20–24). Дар боби 12–ум Павлус мефаҳмонад, ки масеҳиён бояд миннатдории худро бо бурдани ҳаёти фидокорона нишон диҳанд. Барои ин, мо бояд ақли худро «таҷдид» намоем, яъне тарзи фикррониамонро тағйир диҳем. Аз сабаби нокомилии баирсбурдаамон мо мутеи «қонуни гуноҳ ва мамот» ҳастем (Рум. 8:2). Аз ин рӯ, мо бояд майлу хоҳишҳои худро комилан тағйир дода, хиради худро «дар Рӯҳ тоза» намоем (Эфс. 4:23). Чунин тағйироти куллӣ фақат ба туфайли кӯмаки Худо ва рӯҳулқудси Ӯ имконпазир аст. Ҳамчунин аз тарафи мо кӯшишҳои ҷиддӣ талаб карда мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки мо ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, то «худро ба ин дунё ҳамшакл» насозем ва нагузорем, ки ахлоқи фосид, тарзи фикрронии нодурусту вайрон ва вақтхушиҳои ношоями ба он хос ба мо таъсир намоянд (Эфс. 2:1–3).
3. Барои чӣ мо бо фаъолияти масеҳӣ машғул мешавем?
3 Павлус ҳамчунин моро даъват менамояд, ки ақли худро ба кор барем ва «дарк» кунем, ки «иродаи нек, писандида ва комили Худо» аз чӣ иборат аст. Барои чӣ мо ҳар рӯз Китоби Муқаддас мехонем, оиди чизҳои хондаамон мулоҳиза мекунем, дуо мегӯем, ба вохӯриҳои масеҳӣ ташриф меорем ва дар мавъизаи хушхабари Салтанат иштирок менамоем? Оё барои он ки пирони ҷамъомад моро ба ин корҳо ташвиқ мекунанд? Албатта, мо ба пирон барои ёдраскуниҳои муфид миннатдорем. Лекин сабаби бо фаъолияти масеҳӣ машғул шуданамон ин аст, ки моро рӯҳулқудси Худо бармеангезад, то ба Яҳува муҳаббати самимӣ зоҳир намоем. Беш аз ин, ҳар яки мо дарк намудем, ки иштирок дар чунин корҳо — иродаи Худо барои мо аст (Зак. 4:6; Эфс. 5:10). Чун масеҳиёни ҳақиқӣ зиндагӣ карда, мо ба Худо писанд омада метавонем. Донистани ин ба мо хурсандӣ ва қаноатмандии бисёр меорад.
Атоҳои гуногун
4, 5. Пирони масеҳӣ атоҳои худро бояд чӣ тавр истифода баранд?
4 (Румиён 12:6–8, 11-ро бихонед.) Павлус фаҳмонд, ки мо «ба ҳасби файзе ки ба мо дода шудааст, атоҳои гуногун дорем». Баъзе аз ин атоҳо, масалан таълимдиҳӣ ва сарварӣ, хусусан ба пирони масеҳӣ, ки барои бо «ҷидду ҷаҳд» иҷро кардани масъулиятҳояшон даъват карда мешаванд, муҳиманд.
5 Мувофиқи суханони Павлус чунин ҷидду ҷаҳд бояд дар тарзи таълимдиҳиву «хизмат»–и нозирон зоҳир гардад. Контексти суханони Павлус нишон медиҳанд, ки ин ҷо сухан оиди хизмат дар дохили ҷамъомад, яъне «як бадан» меравад (Рум. 12:4, 5). Ин хизмат ба машғулияте, ки дар Аъмол 6:4 қайд мешавад, монанд аст. Он ҷо расулон мегӯянд: «Мо бо дуо ва бо таълими каломи Худо машғул хоҳем шуд». «Хизмат»–и пирони масеҳӣ чиро дар бар мегирад? Онҳо атоҳои худро барои рӯҳбаланд кардан ва тақвият додани аъзоёни ҷамъомад истифода мебаранд. Пирон бояд ба ҷамъомад дар асоси Калом дастуру роҳнамоӣ пешкаш кунанд. Онҳо ин корро бо гузаронидани омӯзиши шахсӣ ва таҳқиқот, таълимдиҳӣ ва фаъолияти шубонӣ карда метавонанд. Вақте ки пирон ҳамаи инро мекунанд, гуфтан мумкин аст, ки онҳо хидмати худро ба таври дуруст ва бо ҷидду ҷаҳд ба ҷо меоранд. Нозирон бояд боинсофона атоҳои худро истифода бурда, нисбати рамаи Худо «бо меҳрубонӣ» ғамхорӣ намоянд (Рум. 12:7, 8; 1 Пет. 5:1–3).
6. Чӣ тавр мо мувофиқи маслиҳати дар Румиён 12:11 навишташуда, ки он ояти асосии ин мақола аст, амал карда метавонем?
6 Суханонашро давом дода, Павлус қайд мекунад: «Ҷидду ҷаҳдро суст накунед; рӯҳи пурҳарорат дошта бошед; Худовандро бандагӣ намоед». Агар пай барем, ки дар хидмат суст шуда истодаем, мо бояд ба одати гузаронидани омӯзиши шахсиамон аҳамият диҳем ва боз ҳам бештар дар дуо аз Яҳува рӯҳулқудс пурсем, ки он барои бартараф кардани ҳар гуна сардиву сустӣ кӯмак менамояд ва ҷидду ҷаҳди моро зиёд мегардонад (Луқ. 11:9, 13; Ваҳй 2:4; 3:14, 15, 19). Рӯҳулқудс масеҳиёни асри якро бармеангехт, ки дар бораи «кибриёи Худо» мавъиза кунанд (Аъм. 2:4, 11). Мисли ин, рӯҳулқудс метавонад моро барангезад, ки дар хидмат бо «рӯҳи пурҳарорат» ҷидду ҷаҳд намоем.
Фурӯтанӣ ва хоксорӣ
7. Чаро мо бояд бо хоксориву фурӯтанӣ хидмат намоем?
7 (Румиён 12:3, 16–ро бихонед.) Атоҳое, ки мо дорем, ба мо «ба ҳасби файз»–и Яҳува дода шудаанд. Дар номаи дигар Павлус навиштааст: «Лаёқати мо аз Худост» (2 Қӯр. 3:5). Аз ин рӯ, мо набояд худситоӣ кунем. Мо бояд бо фурӯтанӣ эътироф кунем, ки ҳар гуна муваффақиятҳоро дар хидмат ба туфайли баракати Худо ба даст меорем, на ба туфайли қобилияту лаёқати худ (1 Қӯр. 3:6, 7). Ин бо суханони зерини Павлус ҳамоҳанг аст: «Ба ҳар яке аз шумо мегӯям: дар ҳаққи худатон бештар аз он чи шоён аст, фикр накунед». Албатта барои ҳар яки мо худро эҳтиром кардан ва аз хидмат ба Салтанат хурсандиву қаноатмандӣ ёфтан муҳим аст. Вале хоксорӣ, яъне эътироф намудани маҳдудиятҳои худ ба мо кӯмак менамояд, ки худписанду худбовар нашавем. Баръакс, мо дар бораи худ «хоксорона» фикр кардан мехоҳем.
8. Чӣ кор кунем, то дар назари худ «доно» нагардем?
8 Бо муваффақиятҳои худ лоф задан нишонаи беақлӣ аст, зеро онҳо ба туфайли «Худои сабзонанда» имконпазир гаштаанд (1 Қӯр. 3:7). Павлус мегӯяд, ки Худо ба ҳар аъзои ҷамъомад ба ин ё он андоза имон додааст. Ба ҷои он ки худро аз дигарон боло гирем, мо бояд муваффақиятҳоеро, ки онҳо ба андозаи имони худ ба даст меоранд, эътироф намоем. Павлус илова мекунад: «Бо якдигар ҳамфикр бошед [«Дар бораи дигарон ҳамон тавр фикр кунед, ки дар ҳаққи худатон мекунед», ТДН] (Рум. 12:16). Дар номаи дигараш расул ба масеҳиён мегӯяд, ки «аз рӯи рақобат ё шӯҳратпарастӣ ҳеҷ коре накунед, балки бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ авло донед» (Фил. 2:3). Барои эътироф намудани он ки ҳар бародар ё хоҳар аз ин ё он ҷиҳат аз мо авлотаранд, фурӯтании ҳақиқӣ ва кӯшишҳои самимӣ лозиманд. Фурӯтанӣ кӯмак мекунад, ки дар назари худ «доно» набошем. Ҳарчанд баъзеҳо дар намудҳои махсуси хидмат диққати бештар эҳсос мекунанд, ҳамаи мо аз иҷрои корҳои оддие, ки аксаран аз чашми дигарон пӯшида мемонанд, хурсандии зиёд эҳсос мекунем (1 Пет. 5:5).
Ягонагӣ дар ҷамъомад
9. Чаро Павлус масеҳиёни бо рӯҳ тавлидёфтаро ба узвҳои бадан ташбеҳ дод?
9 (Румиён 12:4, 5, 9, 10–ро бихонед.) Павлус масеҳиёни тадҳиншударо ба узвҳои бадан, ки онҳо дар ягонагӣ зери роҳбарии «Сар» ё Сарвари худ, Масеҳ хидмат мекунанд, ташбеҳ медиҳад (Қӯл. 1:18). Чӣ тавре ки бадан аз узвҳои зиёд иборат асту онҳо вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд, масеҳиёни бо рӯҳ тавлидёфта гарчанде бисёранд, «як баданро дар Масеҳ ташкил» медиҳанд. Инро Павлус ба масеҳиён хотиррасон кард. Ҳамчунин ӯ ба масеҳиёни тадҳиншудаи шаҳри Эфсӯс маслиҳати ба ин монанде дод: «Дар муҳаббат ростиро баён намуда, мо дар ҳар чиз ба Он ки Сар аст, яъне ба Масеҳ нумӯ ёбем. Аз Ӯ тамоми Бадан, ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тақвияткунанда мустаҳкам ва пайваст шуда, бо амали ҳар андоми ҷудогона ба андозаи хоси он, афзоиш меёбад, то ки худро дар муҳаббат бино кунад» (Эфс. 4:15, 16).
10. «Гӯсфандони дигар» бояд чиро эътироф намоянд?
10 Ҳарчанд «гӯсфандони дигар» узви «бадани» Масеҳ нестанд, онҳо аз ин мисол чизҳои зиёдро ёд гирифта метавонанд (Юҳ. 10:16). Павлус қайд мекунад, ки Яҳува «ҳама чизро зери пойҳои Ӯ [Масеҳ] тобеъ намуд, ва Ӯро чун сари ҳама чиз» таъин кард (Эфс. 1:22). Имрӯз, гӯсфандони дигар қисми «ҳама чиз»–е мебошанд, ки Яҳува бар онҳо Писарашро сарвар таъин намудааст. Онҳо ҳамчунин қисми «дороӣ»–е ҳастанд, ки Масеҳ ба «ғуломи мӯътамад ва доно» додааст (Мат. 24:45–47). Аз ин рӯ, касоне, ки умеди заминӣ доранд, бояд Масеҳро чун Сарвари худ эътироф намоянд, ба ғуломи мӯътамад ва доно, Ҳайати Роҳбарикунандаи он ва мардоне, ки дар ҷамъомад чун нозирон таъин шудаанд, итоат кунанд (Ибр. 13:7, 17). Ин ба ягонагии ҷамъомади масеҳӣ мусоидат менамояд.
11. Ягонагии мо дар чӣ асос меёбад ва Павлус боз чӣ гуна маслиҳатҳо дод?
11 Чунин ягонагӣ дар муҳаббат, ки «пайванди комили ягонагӣ аст», асос меёбад (Қӯл. 3:14, ТДН). Дар боби 12–уми Румиён Павлус инро таъкид карда гуфт, ки муҳаббати мо бояд «бе риёкорӣ бошад» ва мо бояд «якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст» дорем. Ин ба он мусоидат мекунад, ки мо якдигарро эҳтиром намоем. Расул мегӯяд: «Ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед». Албатта, муҳаббат маънои аз ҳад зиёд ҳассосу ҳамеша навозишкор буданро надорад. Агар лозим шавад, мо иродаи қавӣ зоҳир менамоем ва барои нигоҳ доштани покӣ дар ҷамъомад ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем. Павлус ҳангоми оиди муҳаббат маслиҳат доданаш илова намуд: «Аз бадӣ нафрат кунед, ба некӣ бичаспед».
Меҳмоннавозӣ
12. Дар меҳмоннавозӣ мо аз масеҳиёни Мақдуния чӣ меомӯзем?
12 (Румиён 12:13–ро бихонед.) Муҳаббат ба бародарон моро бармеангезад, ки «дар рафъи эҳтиёҷоти муқаддасон иштирок» намоем ва барои ин ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем. Ҳатто агар камбағал бошем ҳам, мо саховатманд буда метавонем. Павлус дар бораи масеҳиёни Мақдуния навишт: «Дар миёни имтиҳони бузурги андӯҳҳо фаровонии шодии онҳо ва бенавоии сахти онҳо дар ҳиммати баландашон пурра зоҳир шуд; зеро ман шоҳиди онам, ки онҳо алоқадри қувваташон ва берун аз қувваташон сахӣ буданд: онҳо бо камоли исрор аз мо илтимос карданд, ки дар кори хайр ба мадади муқаддасон [–и Яҳудия] шарики мо бошанд» (2 Қӯр. 8:2–4). Ба камбағалиашон нигоҳ накарда, масеҳиёни Мақдуния хеле саховатманд буданд. Онҳо имконияти ба бародарони эҳтиёҷманди Яҳудия кӯмак карданро имтиёз меҳисобиданд.
13. Меҳмоннавоз будан чӣ маъно дорад?
13 Ибораи юноние, ки «дар меҳмоннавозӣ бикӯшед» тарҷума шудааст, маънои ташаббускор буданро дорад. Дар як тарҷумаи Китоби Муқаддас ин ибора чунин садо медиҳад: «Барои меҳмоннавозӣ имкониятҳо биҷӯед» («The New Jerusalem Bible»). Гоҳ–гоҳ мо метавонем дигаронро ба меҳмонӣ даъват намуда, ин ё он таомро пешкаш кунем ва агар мо ин корро аз муҳаббат кунем, он шоёни таҳсин аст. Лекин бо дигар роҳҳо ҳам меҳмоннавозӣ зоҳир кардан мумкин аст. Масалан, агар шароит ва саломатиамон имконият надиҳанд, ки ба дигарон ин ё он таомро пешкаш намоем, мо метавонем онҳоро ба як пиёла чой ё қаҳва таклиф карда, меҳмондорӣ кунем.
14. а) Калимаи юноние, ки «меҳмоннавозӣ» тарҷума шудааст, аз кадом калимаҳо иборат аст? б) Дар хидмат чӣ тавр мо ба хориҷиён ғамхорӣ зоҳир карда метавонем?
14 Меҳмоннавозӣ нишон медиҳад, ки мо ба дигарон чӣ гуна муносибат мекунем. Калимаи юноние, ки «меҳмоннавозӣ» тарҷума шудааст, аз ду калима иборат аст: «муҳаббат» ва «ношинос». Ба ношиносон ё хориҷиён мо чӣ гуна муносибат мекунем? Баъзе масеҳиён забонҳои дигарро меомӯзанд, то хушхабарро ба хориҷиёне, ки дар маҳалли ҷамъомадашон зиндагӣ менамоянд, мавъиза кунанд. Ин масеҳиёнро дар ҳақиқат меҳмоннавоз номидан мумкин аст. Албатта, аксарияти мо имконияти аз худ кардани забонҳои дигарро надорем. Ба ҳар ҳол, ҳамаи мо ба хориҷиён кӯмак карда метавонем, агар аз брошураи «Хушхабар барои ҳама халқҳо» (рус.) истифода барем; дар он брошура пайғоми Салтанат ба бисёр забонҳо оварда шудааст. Оё ба шумо муяссар гаштааст, ки ин брошураро дар хидмат самаранок истифода баред?
Ба ғаму шодии дигарон шарик бошед
15. Чӣ тавр Исо «бо шодикунандагон шодӣ» ва «бо гирякунандагон гиря» мекард?
15 (Румиён 12:15–ро бихонед.) Бо ин маслиҳаташ Павлус гуфтанӣ буд, ки ба ғаму шодии дигарон шарик бошед. Мо бояд фаҳмидани эҳсосоти дигарон ва ҳатто ба ғаму шодии онҳо шарик шуданро ёд гирем. Агар мо рӯҳи пурҳарорат дошта бошем, дигарон эҳсос хоҳанд кард, ки мо бо онҳо шодӣ мекунем ё ғам мехӯрем. Вақте ки 70 шогирди Масеҳ хурсандона аз мавъиза баргаштанд ва дар бораи натиҷаҳои хуби бадастовардаашон нақл карданд, Исо «аз Рӯҳулқудс ба ваҷд омад» (Луқ. 10:17–21). Ӯ ба шодии онҳо ҳамроҳ шуд. Дар мавриди дигар, Исо ҳамроҳи дӯстонаш, ки аз марги Лаъзор мегиристанд, «гиря кард» (Юҳ. 11:32–35).
16. Чӣ тавр мо ҳамдардӣ зоҳир карда метавонем ва ин хусусан ба кӣ муҳим аст?
16 Мо дар зоҳир намудани эҳсосот ба намунаи Исо пайравӣ кардан мехоҳем. Вақте ки ҳамимононамон хурсандӣ мекунанд, нишон медиҳем, ки мо ҳам самимона хурсандем. Ҳамчунин мо бояд ба ғаму андӯҳи бародарону хоҳарон ҳамдард бошем. Агар мо барои бо ҳамдардӣ гӯш кардани ҳамимоне, ки рӯҳану равонан азоб мекашад, вақт ҷудо кунем, ин одатан дарди ӯро хеле сабук мегардонад. Баъзан шунидани чизе ба дили мо чунон таъсир мекунад, ки аз ҳамдардии самимӣ чашмони мо аз ашк пур мешаванд (1 Пет. 1:22). Маслиҳати Павлус оиди зоҳир намудани ҳамдардӣ хусусан ба пирон муҳим аст.
17. Мо аз боби 12–уми нома ба Румиён чӣ омӯхтем ва дар мақолаи навбатӣ чӣ муҳокима хоҳад шуд?
17 Оятҳое, ки мо аз боби 12–уми нома ба Румиён муҳокима намудем, дар худ маслиҳатҳое доранд, ки онҳоро масеҳиён дар ҳаёти шахсии худ ва дар муносибат бо ҳамимонон ба кор бурда метавонанд. Дар мақолаи навбатӣ оятҳои боқимондаи ин боб муҳокима хоҳанд шуд. Дар мақола сухан оиди он меравад, ки мо бояд чӣ гуна ба одамони ба ҷамъомад тааллуқнадошта, аз он ҷумла ба мухолифону таъқибкунандагон муносибат кунем.
Саволҳо барои такрор
• Чӣ тавр нишон диҳем, ки мо «рӯҳи пурҳарорат» дорем?
• Чаро мо бояд ба Худо бо фурӯтаниву хоксорӣ хизмат кунем?
• Чӣ гуна мо ба ғаму шодии ҳамимонон шарик шуда метавонем?