Оё шумо аввалин шуда ба ҳамимонон эҳтиром зоҳир мекунед?
«Дар муҳаббати бародарӣ ба ҳамдигар дилбастагии самимӣ дошта бошед. Аввалин шуда ба якдигар эҳтиром зоҳир кунед» (РУМ. 12:10, ТДН).
1, 2. а) Дар Нома ба румиён Павлус ба мо чӣ гуна насиҳат дод? б) Мо кадом саволҳоро дида мебароем?
ДАР Нома ба румиён Павлуси расул қайд мекунад, ки ба мо чун ба масеҳиён муҳим аст, ки дар ҷамъомад муҳаббат зоҳир намоем. Ӯ хотиррасон мекунад, ки муҳаббати мо бояд «бе риёкорӣ» бошад. Ҳамчунин Павлус дар бораи «муҳаббати бародарӣ» зикр менамояд ва таъкид мекунад, ки чунин муҳаббатро бо «дилбастагии самимӣ» зоҳир кардан лозим аст (Рум. 12:9, 10а).
2 Албатта, муҳаббати бародарӣ — ин на танҳо эҳсосоти самимӣ нисбати дигарон аст. Чунин эҳсосотро мо бояд дар амал нишон диҳем. Охир то муҳаббатамонро бо ин ё он роҳ зоҳир накунем, ҳеҷ кас дар бораи он намефаҳмад. Аз ин рӯ, Павлус илова менамояд: «Аввалин шуда ба якдигар эҳтиром зоҳир кунед» (Рум. 12:10б, ТДН). Эҳтиром кардани дигарон чиро дар бар мегирад? Чаро аввалин шуда мо бояд ба ҳамимонон эҳтиром зоҳир кунем? Мо инро чӣ тавр карда метавонем?
Эҳтиром кардани дигарон чиро дар бар мегирад?
3. Ба забонҳое, ки Китоби Муқаддас навишта шудааст, калимаи «эҳтиром» чӣ маъно дорад?
3 Калимаи асосие, ки аз забони ибронӣ чун «эҳтиром» тарҷума шудааст, аслан маънои «вазнинӣ»-ро дорад. Шахсеро, ки эҳтиром менамоянд, ба ӯ чун ба шахси бонуфуз ё муҳим муносибат мекунанд. Айнан ҳамин калимаи ибронӣ дар Китоби Муқаддас аксаран чун «ҷалол» тарҷума шудааст ва нишон медиҳад, ки шахсеро, ки эҳтиром мекунанд, шахси олиқадр аст (Ҳас. 45:13). Ва калимаи юноние, ки дар Китоби Муқаддас чун «эҳтиром» тарҷума шудааст, маънои гиромиқадр, арҷманд ва гаронбаҳоро дорад (Луқ. 14:10). Дар ҳақиқат, онҳоеро ки мо эҳтиром мекунем, бароямон азизу гиромиянд.
4, 5. Эҳтиром кардани дигарон чиро дар бар мегирад? Бо мисол фаҳмонед.
4 Эҳтиром кардани дигарон чиро дар бар мегирад? Эҳтиром аз он сар мешавад, ки мо дар бораи дигарон чӣ фикр дорем. Фикру назари шумо дар бораи дигарон ба муносибататон бо онҳо таъсир мерасонад. Дигар хел карда гӯем, аввал мо бояд ба бародарон назари эҳтиромона дошта бошем ва танҳо он вақт мо метавонем ба онҳо эҳтиромона муносибат кунем.
5 Агар масеҳӣ дар дил нисбати ҳамимонон эҳтиром надошта бошад, оё ӯ метавонад ба онҳо эҳтироми ҳақиқӣ зоҳир намояд? (3 Юҳ. 9, 10). Растанӣ танҳо ҳамон вақт сабзида, муддати зиёд нашъунамо меёбад, агар дар хоки нағз шинонда шуда бошад. Ба ҳамин монанд, эҳтиром ҳамон вақт ҳақиқӣ ва пойдор буда метавонад, агар он аз таҳти дил бошад. Агар мо дар диламон нисбати дигарон эҳтиром надошта бошем, он гоҳ эҳтироми мо чун растании дар хоки бад шинондашуда дер ё зуд пажмурда мешавад. Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки чаро Павлус пеш аз ба эҳтиром даъват карданаш равшан қайд намуд: «Муҳаббати шумо бигзор бе риёкорӣ бошад». (Рум. 12:9; 1 Петрус 1:22–ро бихонед.)
Онҳоеро ки «ба сурати Худо офарида шудаанд», эҳтиром кунед
6, 7. Чаро мо бояд дигаронро эҳтиром кунем?
6 Азбаски эҳтироми самимӣ — калиди муносибати эҳтиромона аст, ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки аз кадом сабабҳо Навиштаҳо моро ба ҳурмат кардани ҳамаи ҳамимонон бармеангезанд. Биёед дутои он сабабҳоро дида бароем.
7 Бархилофи дигар офаридаҳои рӯи замин одамон «ба сурати Худо офарида» шудаанд (Яъқ. 3:9). Барои ҳамин, мо чунин хусусиятҳои Худо: муҳаббат, хирад ва адолатро доро ҳастем. Аҳамият диҳед, ки боз чиро Офаридгорамон ба мо ато кардааст. Забурнавис мегӯяд: «Худовандо ... Ту шукӯҳи Худро бар осмон паҳн кардаӣ! ... [Инсонро] аз фариштагон фақат андак кам кардаӣ; ва тоҷи ҷалол ва шавкат [«эҳтиром», Тарҷумаи тафсирии форсӣ] бар сари ӯ гузоштаӣ» (Заб. 8:2, 5, 6; 103:1)a. Худо инсониятро ба андозаи муайян ҷалолу эҳтиром бахшидааст. Бинобар ин, вақте ки мо шахси дигарро эҳтиром менамоем, дар асл мо Сарчашмаи иззату эътибори инсонӣ — Яҳуваро — эҳтиром мекунем. Пас, агар мо барои эҳтиром кардани ҳамаи одамон сабаби асоснок дошта бошем, то чӣ андоза бештар мо бояд ҳамимононамонро эҳтиром кунем (Юҳ. 3:16; Ғал. 6:10).
Мо аъзоёни як оилаем
8, 9. Барои эҳтиром кардани ҳамимонон Павлус кадом сабабро қайд мекунад?
8 Сабаби дигареро, ки чаро мо бояд якдигарро эҳтиром кунем, Павлус қайд мекунад. Пеш аз он ки оиди эҳтиром насиҳат диҳад, ӯ гуфт: «Дар муҳаббати бародарӣ ба ҳамдигар дилбастагии самимӣ дошта бошед». Ибораи юноние, ки чун «дилбастагии самимӣ» тарҷума шудааст, ба пайванди мустаҳками оилавӣ ишора мекунад, ки дар ин оила аъзоёнаш якдигарро дӯст медоранд ва дастгирӣ менамоянд. Бо истифодаи ин ибора Павлус қайд мекунад, ки муносибатҳои аъзоёни ҷамъомад бояд чун муносибати аъзоёни оилаи аҳлу тифоқ мустаҳкам ва самимӣ бошанд (Рум. 12:5). Ҳамчунин дар хотир бояд дошт, ки Павлус он суханонро ба масеҳиёни тадҳиншуда, ки ҳамаашон аз тарафи як Падар, Яҳува, ба писархондӣ қабул шуда буданд, навишта буд. Аз ин рӯ, ба маъное онҳо як оила буданд. Пас, масеҳиёни тадҳиншудаи рӯзҳои Павлус барои эҳтироми якдигар дар ҳақиқат сабаби асоснок доштанд. Айнан ҳаминро дар бораи масеҳиёни тадҳиншудаи имрӯза низ гуфтан мумкин аст.
9 Дар бораи «гӯсфандони дигар» чӣ гуфтан мумкин аст? (Юҳ. 10:16). Ҳарчанд онҳоро ҳоло Худо ба фарзандӣ қабул накардааст, онҳо барҳақ якдигарро бародару хоҳар номида метавонанд, чунки як оилаи умумиҷаҳонии масеҳиро ташкил медиҳанд (1 Пет. 2:17; 5:9). Ва агар «гӯсфандони дигар» пурра дарк намоянд, ки чаро якдигарро «бародар» ё «хоҳар» меноманд, пас, онҳо низ сабаби асоснок пайдо мекунанд, ки ба ҳамимонон эҳтироми самимӣ зоҳир намоянд. (1 Петрус 3:8–ро бихонед.)
Чаро зоҳир кардани эҳтиром ин қадар муҳим аст?
10, 11. Чаро эҳтиром кардани ҳамимонон ин қадар муҳим аст?
10 Чаро зоҳир кардани эҳтиром ин қадар муҳим аст? Зеро бо эҳтиром кардани бародарону хоҳарон, мо ба беҳбудиву ягонагии тамоми ҷамъомад бештар мусоидат карда метавонем.
11 Албатта, мо дарк мекунем, ки муносибатҳои наздик бо Яҳува ва дастгирии рӯҳулқудси Ӯ барои мо, масеҳиёни ҳақиқӣ, манбаи бузурги қувват мебошанд (Заб. 35:8; Юҳ. 14:26). Ҳамзамон, вақте ки ҳамимонон моро қадр менамоянд ва бо сухан ё рафтори худ нисбати мо эҳтиром зоҳир мекунанд, мо аз ин рӯҳбаланд мегардем (Мас. 25:11). Ин ба мо қувваи иловагӣ мебахшад, то ки минбаъд низ бо хурсандиву иродаи қавӣ бо роҳе, ки сӯи ҳаёт мебарад, равона бошем. Бешубҳа, чунин ҳиссиёт ба шумо низ шинос аст.
12. Чӣ тавр ҳар яки мо дар ҷамъомад ба фазои гарму пурмуҳаббат мусоидат карда метавонад?
12 Инак, Яҳува медонад, ки мо табиатан ба эҳтиром ниёз дорем ва барои ҳамин тавассути Каломаш моро бармеангезад, ки «аввалин шуда ба якдигар эҳтиром зоҳир» кунем. (Рум. 12:10, ТДН; Матто 7:12–ро бихонед.) Ҳамаи масеҳиёне, ки ин маслиҳати кӯҳнанашавандаро қабул мекунанд, ба фазои гарму пурмуҳаббати бародарияти масеҳӣ мусоидат менамоянд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки лаҳзае истода, аз худ бипурсем: «Кай бори охир ман бо гуфтор ё рафторам нисбати бародар ё хоҳари масеҳӣ эҳтироми самимӣ зоҳир намуда будам?» (Рум. 13:8).
Супориши махсус барои ҳамаи мо
13. а) Кӣ бояд аввалин шуда эҳтиром зоҳир кунад? б) Суханони Павлус аз Румиён 1:7 ба чӣ ишора мекунанд?
13 Кӣ бояд аввалин шуда эҳтиром зоҳир намояд? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки пирони масеҳӣ дар ҷамъомад «намунаи ибрат» мебошанд (1 Пет. 5:3). Пирон дар ҳақиқат аз бисёр ҷиҳат ба аъзоёни ҷамъомад намунаи ибрат мегузоранд. Аз ин рӯ, онҳо чун шубонони рама бояд аввалин шуда ба ҳамимонон, аз он ҷумла ба пирони дигар эҳтиром зоҳир кунанд. Масалан, вақте ки пирон ҷамъ шуда, ниёзҳои рӯҳонии ҷамъомадро муҳокима менамоянд, онҳо якдигарро бодиққат гӯш карда, нисбати ҳамдигар эҳтиром зоҳир мекунанд. Ҳамчунин, онҳо эҳтироми худро бо он нишон медиҳанд, ки ҳангоми қабули қарор фикру мулоҳизаи ҳамаи пиронро ба назар мегиранд (Аъм. 15:6–15). Дар хотир бояд дошт, ки номаи ба румиён навиштаи Павлус на танҳо ба пирон, балки ба ҳамаи аъзоёни ҷамъомад дахл дошт (Рум. 1:7). Пас, насиҳати Павлус оиди аввалин шуда эҳтиром зоҳир кардан имрӯз ба ҳамаи мо дахл дорад.
14. а) Бо мисол нишон диҳед, ки эҳтиром зоҳир кардан аз аввалин шуда эҳтиром зоҳир кардан чӣ фарқияте дорад? б) Кадом саволҳоро мо метавонем ба худ диҳем?
14 Боз ба як ҷиҳати маслиҳати Павлус диққат диҳед. Ӯ ҳамимонони румиро на фақат ба зоҳир кардани эҳтиром даъват намуд, балки онҳоро барангехт, ки аввалин шуда ба якдигар эҳтиром зоҳир кунанд. Фарқи инҳо дар чист? Мисоле меорем: Оё муаллим гурӯҳи шогирдони босаводро бармеангезад, ки хонданро ёд гиранд? Не. Чунки онҳо аллакай хонда метавонанд. Ба ҷои ин, муаллим ба шогирдон кӯмак мекунад, ки хонишашонро беҳтар гардонанд. Ба ҳамин монанд, муҳаббат ба якдигар, ки моро ба эҳтиромкунӣ бармеангезад, аллакай нишонаи фарқкунандаи масеҳиёни ҳақиқӣ аст (Юҳ. 13:35). Лекин, тавре ки шогирдони босавод қобилияти хонданашонро беҳтар карда метавонанд, мо низ вақте ки аввалин шуда эҳтиром зоҳир мекунем, ба таври беҳтар муҳаббат зоҳир карда метавонем (1 Тас. 4:9, 10). Ин супориши махсус ба ҳамаи мо дода шудааст. Мо метавонем аз худ бипурсем: оё ман дар ҷамъомад аввалин шуда ба дигарон эҳтиром зоҳир мекунам?
«Ба бенаво» эҳтиром зоҳир кунед
15, 16. а) Ҳангоми зоҳир кардани эҳтиром киро мо бояд фаромӯш накунем ва чаро? б) Аз чӣ маълум мешавад, ки мо нисбати ҳамаи бародарону хоҳарон эҳтироми самимӣ дорем?
15 Вақте ки мо ба дигарон эҳтиром зоҳир мекунем, кадом аъзоёни ҷамъомадро бояд фаромӯш насозем? Каломи Худо мегӯяд: «Касе ки ба бенаво марҳамат кунад, ба Худованд қарз медиҳад, ва Ӯ мукофоти некии варо ба вай адо мекунад» (Мас. 19:17). Вақте ки аввалин шуда ба дигарон эҳтиром зоҳир карданӣ мешавем, чӣ тавр мо принсипи дар ин оят овардашударо ба кор бурда метавонем?
16 Шояд шумо розиед, ки аксари одамон ба шахсоне ки нисбати онҳо мавқеи баландтар доранд, эҳтиром зоҳир мекунанд, вале касонеро ки аз худашон пасттар меҳисобанд, кам ҳурмат мекунанд ё тамоман эҳтиром намекунанд. Лекин, Яҳува ин тавр муносибат намекунад. Ӯ мегӯяд: «Ман эҳтиромкунандагони Худро эҳтиром хоҳам кард» (1 Подш. 2:30; Заб. 112:5–7). Яҳува ҳамаи онҳоеро, ки ба Ӯ хизмат мекунанд ва Ӯро эҳтиром менамоянд, ҳурмат мекунад. Ӯ ба «бенаво» беэътиноӣ намекунад. (Ишаъё 57:15–ро бихонед; 2 Вақ. 16:9.) Албатта, мо ба Яҳува пайравӣ кардан мехоҳем. Аз ин рӯ, барои фаҳмидани он ки эҳтироми мо нисбати дигарон то чӣ андоза самимӣ аст, хуб мебуд ки аз худ пурсем: «Ман нисбати онҳое ки дар ҷамъомад мавқеи намоён ё масъулро ишғол намекунанд, чӣ гуна муносибат мекунам?» (Юҳ. 13:14, 15). Ҷавоби ин савол равшан нишон медиҳад, ки эҳтироми мо нисбати дигарон то чӣ андоза самимӣ аст. (Филиппиён 2:3, 4–ро бихонед.)
Вақти худро барои дигарон сарф кардан нишонаи эҳтиром аст
17. Чӣ тавр мо аввалин шуда ба дигарон эҳтиром зоҳир карда метавонем ва чаро ин тавр гуфтан мумкин аст?
17 Чӣ тавр мо ба ҳамаи аъзоёни ҷамъомад аввалин шуда эҳтиром зоҳир карда метавонем? — Агар барои онҳо вақти худро сарф кунем. Чаро ин тавр гуфтан мумкин аст? Зеро мо чун хизматгорони Худо серкор мебошем ва дар ҷамъомад бисёр супоришҳои муҳимро иҷро мекунем, ки ба онҳо вақти зиёд сарф мешавад. Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки мо вақтро хеле гаронбаҳо мешуморем. Мо мефаҳмем, ки набояд аз бародарону хоҳарон талаб кунем, ки барои мо вақти зиёд сарф кунанд. Ҳамзамон, вақте ки дигарон мефаҳманд, ки набояд аз мо вақти аз ҳад зиёд талаб кунанд, мо инро қадр мекунем.
18. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки барои ба ҳамимонон вақт ҷудо кардан тайёрем?
18 Бо вуҷуди ин, мо (хусусан онҳое, ки дар ҷамъомад чун чӯпонон хизмат мекунем) мефаҳмем, ки агар кори худро бо омодагӣ як сӯ гузошта, ба ҳамимонон вақт сарф кунем, мо нисбати онҳо эҳтиром зоҳир менамоем. Чӣ тавр? Вақте ки кори худро як сӯ гузошта, барои бародарамон миқдори муайяни вақт сарф мекунем, мо гӯё ба вай мегӯем: «Ту бароям чунон азиз ҳастӣ, ки ман назар ба кори кардаистодаам, барои ту вақт сарф карданро муҳимтар меҳисобам» (Марқ. 6:30–34). Ва баръакс, агар кори худро бо дили нохоҳам гузошта, вақтро барои бародарамон сарф намоем, ӯ метавонад фикр кунад, ки мо вайро қадр намекунем. Албатта, корҳое ҳастанд, ки бояд фавран иҷро карда шаванд. Вале он ки мо барои ҳамимонон вақтамонро чӣ тавр сарф мекунем — бо омодагӣ ё бо дили нохоҳам — равшан нишон медиҳад, ки то чӣ андоза мо онҳоро эҳтиром мекунем (1 Қӯр. 10:24).
Барои аввалин шуда эҳтиром зоҳир кардан, ҳамеша тайёр бошед
19. Ғайр аз сарф кардани вақти худ, мо боз бо кадом роҳ ба ҳамимонон эҳтиром зоҳир карда метавонем?
19 Мо ба ҳамимонон боз бо дигар роҳҳои муҳим эҳтиром зоҳир карда метавонем. Масалан, ҳангоми ба онҳо вақт ҷудо кардан, мо ҳамчунин бояд онҳоро бодиққат гӯш кунем. Ва аз ин ҷиҳат низ Яҳува ба мо намунаи ибрат нишон медиҳад. Довуди забурнавис мегӯяд: «Чашмони Худованд бар одилон аст, ва гӯшҳои Ӯ сӯи истиғосаи онҳо» (Заб. 33:16). Мо мехоҳем ба Яҳува пайравӣ кунем ва гӯшу чашм, яъне тамоми диққатамонро ба ҳамимонон равона созем — хусусан ба онҳое ки аз мо кӯмак мепурсанд. Бо ин роҳ мо ба онҳо эҳтиром зоҳир мекунем.
20. Дар бобати эҳтиром мо чиро дар ёд доштан мехоҳем?
20 Баъди муҳокимаи ин мақола, мо хуб дар ёд доштан мехоҳем, ки бояд ба ҳамимонон эҳтироми самимӣ дошта бошем. Ҳамчунин, мо имконият меҷӯем, ки ба ҳама, аз он ҷумла ба «бенавоён» аввалин шуда, эҳтиром зоҳир кунем. Бо гузоштани чунин қадамҳо, мо пайванди муҳаббати бародарӣ ва ягонагии ҷамъомадро мустаҳкам мегардонем. Пас, биёед, минбаъд низ якдигарро на танҳо эҳтиром кунем, балки аввалин шуда ин қадамро гузорем. Оё шумо ба ин тайёред?
[Эзоҳ]
a Суханони Довуд аз боби 8-уми китоби Забур ҳамчунин пешгӯӣ мебошанд ва ба инсони комил Исои Масеҳ ишора мекунанд (Ибр. 2:6–9).
Оё дар ёд доред?
• Эҳтиром кардани дигарон чиро дар бар мегирад?
• Барои эҳтиром кардани ҳамимонон мо чӣ сабабҳо дорем?
• Чаро ҳурмату эҳтиром кардани якдигар ин қадар муҳим аст?
• Бо кадом роҳҳо мо ба ҳамимонон эҳтиром зоҳир карда метавонем?