-
Чаро дунё пур аз бадӣ ва ранҷу азоб аст?То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
ДАРСИ 26
Чаро дунё пур аз бадӣ ва ранҷу азоб аст?
Бисёр одамон ҳангоми сар задани ягон нохушӣ чунин савол медиҳанд: «Чаро бо ман чунин шуд?» Хушбахтона, Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоби аниқу равшан медиҳад.
1. Чӣ тавр Шайтон сабабгори пайдо шудани бадӣ гашт?
Шайтон зидди Худо баромад, зеро хост, ки бар дигарон ҳукмрон бошад. Ӯ одамони аввалин, Одаму Ҳавворо, шарики исёни худ гардонд. Барои ин ӯ Ҳавворо фиреб дод (1 Мӯсо 3:1–5). Баъди гапҳои дурӯғи Шайтон Ҳавво дудила шуда, фикр кард, ки Яҳува аз ӯ чизи хуберо пинҳон мекунад. Маънои гапи Шайтон ин буд, ки, агар одамон ба Худо итоат накунанд, хушбахттар мешаванд. Ӯ Ҳавворо дилпур кард, ки, агар одамизод аз амри Худо сар печад, намемирад. Ҳамин тавр дурӯғи аввалин ба дунё омад. Барои ин кораш Шайтон дар Китоби Муқаддас «дурӯғгӯй ва падари дурӯғ» номида шудааст (Юҳанно 8:44).
2. Одаму Ҳавво чиро интихоб карданд?
Яҳува барои Одаму Ҳавво тамоми шароитро муҳайё карда буд. Ӯ гуфта буд, ки онҳо меваи ҳамаи дарахтони боғро хӯрда метавонанд, фақат ба меваи як дарахт даст нарасонанд (1 Мӯсо 2:15–17). Вале онҳо ба гапи Худо гӯш накарда, меваи он дарахтро хӯрданд. Дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки Ҳавво «меваи онро канд ва хӯрд», баъдтар Одам низ онро хӯрд (1 Мӯсо 3:6). Ҳамин тавр, ҳар дуи онҳо ба Худо беитоатӣ карданд. Бояд гуфт, ки Одаму Ҳавво комил буданд, аз ин рӯ ба онҳо дуруст рафтор кардан хос буд. Сад афсӯс ки, онҳо дидаю дониста гапи Худоро гӯш накарданд ва нишон доданд, ки намехоҳанд Яҳува роҳбарашон бошад. Ин қарор ба сари онҳо балоҳои зиёд овард (1 Мӯсо 3:16–19).
3. Беитоатии Одаму Ҳавво ба мо чӣ таъсир расонд?
Одаму Ҳавво баъди гуноҳ карданашон нокомил шуданд ва нокомилии онҳо ба наслашон низ гузашт. Дар Каломи Худо дар бораи Одам гуфта шудааст: «Ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон даромад ва ба воситаи гуноҳ марг омад. Ҳамин тавр марг ба тамоми одамон гузашт» (Румиён 5:12).
Чизҳои бисёр ба мо дарду азоб оварда метавонанд. Масалан, баъзан мо аз сабаби қарорҳои нодурусти худ ё дигарон азоб мекашем. Инчунин баъзан одам метавонад, аз сабаби он ки дар вақти номусоид дар ҷойи номуносиб аст, ба фалокат дучор шавад. (Пандгӯ 9:11-ро хонед.)
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки барои чӣ Худоро сабабгори бадӣ ва ранҷу азоби одамон донистан хатост. Инчунин фаҳмед, ки ӯ ҳангоми азоб кашиданамон чӣ ҳис мекунад.
4. Сабабгори ранҷу азоби мо
Бисёр одамон бовар доранд, ки дунё дар дасти Худост. Оё ин рост аст? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан ВИДЕОРО тамошо кунед.
Яъқуб 1:13 ва 1 Юҳанно 5:19-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Оё ба дарду азоби мо Худо сабабгор аст?
5. Оқибати ҳукмронии Шайтон
1 Мӯсо 3:1–6-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Шайтон кадом гапи дурӯғро гуфт? (Нигаред ба оятҳои 4 ва 5.)
Шайтон бо кадом суханон гуфтанӣ буд, ки Худо чизи хуберо аз одамон пинҳон мекунад?
Ба гуфти Шайтон, одамон бе роҳбарии Худо хушбахт шуда метавонанд. Оё ин рост аст?
Пандгӯ 8:9-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Ин ҷаҳон бе роҳбарии Яҳува ба чӣ ҳолат расид?
А. Одаму Ҳавво комил буданд ва дар биҳишт зиндагӣ мекарданд. Лекин онҳо Шайтонро гӯш карда, зидди Яҳува баромаданд
Б. Баъд аз исёни онҳо одамон гирифтори гуноҳ, ранҷу азоб ва марг гаштанд
В. Яҳува ба гуноҳ, азоб ва марг хотима мебахшад. Одамон аз нав комил шуда, дар биҳишти рӯйи замин зиндагӣ хоҳанд кард
6. Яҳува ба ранҷу азоби мо бепарво нест
Оё Худо парвои дарду ғами моро дорад? Аҳамият диҳед, ки шоҳ Довуд ва Петруси расул чӣ навишта буданд. Забур 31:7 ва 1 Петрус 5:7-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Аз донистани он ки Яҳува аз дарду азоби мо бохабар аст ва дилаш ба мо месӯзад, шумо чӣ ҳис мекунед?
7. Худо ба ранҷу азоби одамизод хотима мебахшад
Ишаъё 65:17 ва Ошкорсозӣ 21:3, 4-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чаро донистани он ки Яҳува душвориҳои одамизодро ҳал мекунад ва оқибати корҳои бадро бартараф месозад, ба кас оромӣ мебахшад?
Оё шумо медонистед?
Шайтон дурӯғи аввалинро ба забон оварда, Яҳуваро туҳмат кард. Ӯ Яҳуваро Ҳокими бераҳму ноинсоф бароварда, номашро доғдор сохт. Вақте Яҳува ба наздикӣ одамизодро аз ғаму ғурбат халос мекунад, номашро аз ин доғ пок месозад, яъне ӯ исбот мекунад, ки Ҳокими беҳтарин аст. Аз нав соҳиби номи нек ва обрӯйи баланд гаштани Яҳува масъалаи муҳимтарин аст (Матто 6:9, 10).
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Худо ба сари одамон бадбахтӣ оварда, онҳоро месанҷад».
Шумо чӣ фикр доред?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Ба ҳамаи бадиҳои рӯйи замин асосан Шайтон ва Одаму Ҳавво айбдоранд. Яҳува ба дарду ғами одамон бепарво нест ва ба наздикӣ тамоми азобро аз байн мебарад.
Такрор
Шайтон ба Ҳавво чӣ гапи дурӯғ зад?
Беитоатии Одаму Ҳавво ба мо чӣ зарар овард?
Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува ба ранҷу азоби мо бепарво нест?
ДИДА БАРОЕД
Фаҳмед, ки мувофиқи Китоби Муқаддас «гуноҳ» чист.
Дар бораи масъалае, ки Шайтон дар боғи Адан бардошт, бештар хонед.
«Чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад?» («Бурҷи дидбонӣ», 1 январи с. 2014)
Ба саволҳо дар бораи ранҷу азоб ҷавоби тасаллибахш ёбед.
«Чаро Худо роҳ дод, ки яҳудиён дар Ҳолокост аз як сар кушта шаванд?» (Мақола аз сомона)
Бинед, ки марде, ки аз хурдӣ ғаму азоб дида буд, дар ин бора чӣ фаҳмид.
-
-
Чӣ тавр марги Исо моро наҷот медиҳад?То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
Аз пушти беитоатии Одаму Ҳавво мо гунаҳкор шудем, барои ҳамин имрӯз азоб мекашему мемиремa. Вале мо ноилоҷ нестем. Яҳува чора андешид, то моро ба воситаи Писараш, Исои Масеҳ, аз чанголи гуноҳу марг халос кунад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Исо ҳаёташро қурбон карда, барои гуноҳи инсони аввалин товон дод. Ӯ бо баҳои ҷони худ одамизодро аз банди гуноҳу марг озод кард. (Матто 20:28-ро хонед.) Исо метавонист дар рӯйи замин ҷовидона зиндагӣ кунад, вале аз ин имконият даст кашид, то одамон баракатҳоеро, ки Одаму Ҳавво аз даст доданд, соҳиб шаванд. Исо товон дода, инчунин нишон дод, ки то чӣ андоза ӯву Яҳува моро дӯст медоранд. Ин дарс миннатдории шуморо барои марги Исо бештар мегардонад.
1. Мо имрӯз аз қурбонии Исо чӣ фоида мегирем?
Мо ки гунаҳкорем, Яҳуваро бисёр хафа мекунем. Вале, агар аз таҳти дил пушаймон шавем ва ба воситаи Исои Масеҳ аз Худо бахшиш пурсему кӯшиш кунем, ки хатоямонро такрор накунем, бо Яҳува дӯст мешавем (1 Юҳанно 2:1). Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Масеҳ як бор ва барои ҳамеша барои гуноҳҳои мо мурд, росткор ҷони худро барои бадкорон фидо кард, то шуморо сӯйи Худо роҳнамоӣ кунад» (1 Петрус 3:18).
2. Мо дар оянда аз қурбонии Исо чӣ манфиат мегирем?
Яҳува Исоро барои он фиристод, ки ҳаёти комилашро қурбон кунад, «то ҳар кӣ ба ӯ [Исо] имон дошта бошад, нобуд нашавад, балки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гардад» (Юҳанно 3:16). Қурбонии Исо аст, ки Яҳува ба наздикӣ натиҷаи беитоатии Одамро бартараф мекунад. Агар мо ба ин қурбонӣ имон дошта бошем, дар биҳишти рӯйи замин то абад зиндагӣ карда метавонем (Ишаъё 65:21–23).
БЕШТАР ФАҲМЕД
Дар бораи он ки чаро Исо ҳаёташро қурбон кард ва шумо аз ин чӣ манфиат мегиред, бисёртар дониш гиред.
3. Қурбонии Исо моро аз банди гуноҳ ва марг халос мекунад
ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба савол ҷавоб диҳед.
Ба Худо беитоатӣ карда, Одам чиро аз даст дод?
Румиён 5:12-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Гуноҳи Одам ба ҳаёти шумо чӣ хел таъсир кард?
Юҳанно 3:16-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Чаро Яҳува Писарашро ба замин фиристод?
А. Одам шахси комиле буд, ки гапи Худоро гӯш накарда, одамизодро ба гуноҳу марг гирифтор кард
Б. Исо шахси комиле буд, ки ба гапи Худо гӯш дода, ба одамизод комилӣ ва ҳаёти абадӣ меорад
4. Қурбонии Исо ба тамоми инсоният манфиат меорад
ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволро дида бароед.
Чӣ тавр марги як кас ба тамоми одамизод манфиат оварда метавонад?
1 Тимотиюс 2:5, 6-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Одам комил буд, вале зидди Худо баромада, ба одамизод гуноҳ ва маргро мерос монд. Чӣ тавр Исо, ки мисли Одам комил буд, барои гуноҳи ӯ «товони мувофиқ дод»?
5. Қурбонии Исо ҳадияи Яҳува барои шумост
Дӯстони Яҳува қурбонии Исоро ҳадия меҳисобанд. Ғалотиён 2:20-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чӣ тавр Павлуси расул нишон дод, ки қурбонии Масеҳ ҳадия барои ӯст?
Баъди гуноҳи Одам ӯву наслаш ба марг маҳкум шуданд. Вале Яҳува Писарашро ба марг супурд, то шумо ҷовидона зиста тавонед.
Ҳангоми хондани оятҳои зерин тасаввур кунед, ки дарду азоби Исоро дида, Яҳува чӣ ҳис кард. Юҳанно 19:1–7, 16–18-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Вақте фаҳмидед, ки Яҳува ва Исо бароятон чӣ кор карданд, ин ба шумо чӣ хел таъсир кард?
БАЪЗЕҲО МЕПУРСАНД: «Чӣ тавр қурбонии як кас ҳамаро аз марг наҷот дода метавонад?»
Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Яҳува дар асоси қурбонии Исо гуноҳҳои моро мебахшад ва сӯйи ҳаёти ҷовидонӣ роҳ мекушояд.
Такрор
Чаро Исо мурд?
Чаро ҳаёти комили Исо «товони мувофиқ» буд?
Шумо аз қурбонии Исо чӣ манфиат мегиред?
ДИДА БАРОЕД
Фаҳмед, ки чаро қурбонии Исо «товон» номида шудааст.
«Чӣ тавр Исо ҷонашро қурбон карда, барои бисёриҳо товон дод?» (Мақола аз сомона)
Фаҳмед, ки барои наҷот ёфтан мо бояд чӣ кор кунем.
Оё Худо гуноҳҳои ҷиддиро мебахшад?
«Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед» («Бурҷи дидбонӣ», 1 майи с. 2013)
Бинед, ки чӣ тавр қурбонии ҳазрати Исо ба марде кумак кард, ки одами дигар шавад.
a Гуноҳ на танҳо кори бад кардан аст, балки ҳамчунин майли нодурустест, ки мо аз Одаму Ҳавво мерос гирифтаем.
-