Худо муҳаббати худро ба мо исбот мекунад
«Файз... ба воситаи адолат барои ҳаёти ҷовидонӣ... ҳукмрон [хоҳад шуд]» (РУМ. 5:21).
1, 2. Кадом ду ато бо ҳам муқоиса карда мешаванд ва кадоме аз онҳо пурарзиштаранд?
ЯК ПРОФЕССОРИ Донишгоҳи шаҳри Мелбурни Австралия чунин гуфт, ки қонуни империяи Рум ин атоест, ки барои пешравии ҷамъият арзиши давомнок дорад. Лекин Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки Худо ба мо атои аз он хеле пурарзиш ва пурмуҳаббатеро додааст. Ин чист? Ин воситаест, ки мо тавассути он метавонем илтифоти Худоро соҳиб шавем, дар назари Ӯ одил ҳисоб гардем ва умеди наҷот ва ҳаёти ҷовидониро дошта бошем.
2 Ба маъное, тарзе ки Худо ин аторо фароҳам сохт, бо қонуни Ӯ алоқаманд буд. Инро Павлуси ҳавворӣ дар боби 5–уми китоби Румиён мефаҳмонад. Лекин, ин ба китоби душворфаҳми ҳуқуқшиносӣ монанд нест. Баръакс, он бо чунин суханони боварибахш ва шавқовар сар мешавад: «Мо ба туфайли имон одил эълон шудаем, [пас] биёед тавассути Сарвари мо, Исои Масеҳ, аз сулҳ бо Худо баҳраманд бошем» (Рум. 5:1, ТДН). Касоне, ки атои Худоро гирифтаанд, дар навбати худ барангехта мешаванд, ки Ӯро дӯст доранд. Яке аз чунин шахсон Павлус буд. Ӯ навишт: «Муҳаббати Худо дар дилҳои мо ба воситаи Рӯҳулқудс... ҷорӣ шудааст» (Рум. 5:5).
3. Кадом саволҳо ба миён меоянд?
3 Лекин, чаро ин атои пурмуҳаббат лозим буд? Чӣ тавр Худо меъёрҳои адолатро вайрон накарда ин аторо пешкаш карда метавонист, то ки он бар манфиати ҳамаи одамон хизмат кунад? Ва одамон бояд чӣ кор кунанд, то лоиқи ин ато гарданд? Биёед ба ин саволҳо ҷавобҳои қаноатбахш ёбем ва бубинем, ки чӣ тавр онҳо муҳаббати Худоро нишон медиҳанд.
Муҳаббати Худо ва гуноҳ
4, 5. а) Бо кадом роҳи беҳамто Яҳува муҳаббаташро зоҳир кард? б) Барои фаҳмидани Румиён 5:12 чиро бояд донем?
4 Яҳува аз муҳаббати бузург Писари ягоназодашро барои кӯмаки инсоният фиристод. Павлус инро бо чунин суханон ифода мекунад: «Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд» (Рум. 5:8). Дар бораи ибораи «ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем», фикр кунед. Ҳама бояд донанд, ки чӣ тавр инсоният гунаҳкор шуд.
5 Павлус шарҳи ин масъаларо бо суханони зерин сар мекунад: «Ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд» (Рум. 5:12). Мо инро фаҳмида метавонем, зеро Худо дар Каломаш дар бораи чӣ тавр оғоз ёфтани ҳаёти инсоният маълумот додааст. Яҳува ду инсон, Одаму Ҳавворо офарид. Офаридгор комил аст ва инсонҳои нахустин, аҷдодони мо низ комил буданд. Худо ба онҳо фақат як дастуроти маҳдудкунанда дод ва ба онҳо гуфт, ки беитоатӣ ба ин қонун ба марг оварда мерасонад (Ҳас. 2:17). Лекин, онҳо фосид шуда амри оқилонаи Худоро вайрон карданд ва ҳамин тавр Қонунгузор ва Ҳоким будани Ӯро рад намуданд (Такр. Ш. 32:4, 5).
6. а) Аз сабаби кадом вазъият насли Одам мемурданд ва оё Шариати Мусо ин вазъиятро тағйир дод? б) Бо мисоли бемории гемофилия чиро нишон додан мумкин аст?
6 Танҳо баъд аз он ки Одам гунаҳкор гашт вай соҳиби фарзандон шуд ва гуноҳ ва оқибати онро ба ҳамаи фарзандонаш гузаронд. Албатта онҳо мисли Одам қонуни Худоро нашикаста буданд, барои ҳамин онҳо барои айнан ҳамон гуноҳ айбдор набуданд, ҳамчунин ба онҳо ҳоло ягон маҷмӯи қонунҳо дода нашуда буд (Ҳас. 2:17). Лекин, ба ҳар ҳол насли Одам гуноҳро мерос гирифтанд. Гуноҳу марг то вақти дода шудани Қонуни Мусо аллакай бар одамизод ҳукмронӣ мекард. Қонун бошад, равшан нишон дод, ки онҳо гунаҳкоранд. (Румиён 5:13, 14–ро бихонед.) Гуноҳи меросгирифтаро бо бемориҳо ё нуқсонҳои ирсӣ монанд кардан мумкин аст. Масалан, гемофилия аз ҷумлаи чунин бемориҳо аст. Дар натиҷаи бемории гемофилия ҳатто аз ҷароҳати на он қадар калон хун беист ҷорӣ шуда, дар натиҷа одам метавонад бимирад. Шумо шояд хонда бошед, ки Алексей, писари шоҳи Русия, Николайи II бемории гемофилияро мерос гирифта буд. Дуруст аст, ки ҳатто дар чунин оилаҳо баъзе фарзандон гирифтори ин беморӣ нестанд, вале ба ҳар ҳол дар даруни ҳуҷайраҳои онҳо ин беморӣ метавонад вуҷуд дошта бошад ва ба фарзандони онҳо чун мерос гузарад. Лекин дар мавриди гуноҳ ин тавр нест. Нуқсони гуноҳи Одам ба ҳама таъсир кардааст. Ҳама ба он гирифторанд. Оқибати он ҳамеша марговар аст. Ва он ба ҳамаи фарзандон ба мерос мегузарад. Оё аз чунин ҳолати ғамовар роҳи халосӣ ҳаст?
Худо ба воситаи Исои Масеҳ чиро фароҳам овард
7, 8. Чӣ тавр натиҷаи рафтори ду марди комил аз ҳамдигар тамоман фарқ мекард?
7 Аз муҳаббат, Яҳува ба инсоният имконият фароҳам сохт, ки аз гуноҳи меросгирифтааш наҷот ёбад. Павлус фаҳмонд, ки ин ба туфайли дигар марди комил, яъне гӯё Одами дуюм, имконпазир гашт (1 Қӯр. 15:45). Вале рафтори ду марди комил — Одам ва Исо тамоман натиҷаҳои гуногун овард. Чӣ тавр? (Румиён 5:15, 16–ро бихонед.)
8 «Бахшоиши [атои] файз на ончунон аст, ки гуноҳ бошад»,— навишт Павлус. Ин ҷо оиди гуноҳи Одам гуфта мешавад. Вай аз рӯи адолат маҳкум гашт — ӯ мурд. Вале, на танҳо ӯ бояд мемурд. Мо мехонем: «Ба воситаи гуноҳи як кас ҳамаи одамон маҳкум шуданд». Ин ҳукм ба тамоми насли нокомили ӯ, аз он ҷумла мо, дода шуд. Ба ҳар ҳол, моро донистани он ки рафтори инсони комили дигар, Исо, натиҷаи тамоман баръакс оварда метавонист, тасаллӣ мебахшад. Чӣ натиҷа? Инро мо аз суханони зерини Павлус мебинем: «Ҳар гуна одамон барои ҳаёт одил эълон мешаванд» (Рум. 5:18, ТДН).
9. Дар Румиён 5:18 гуфта мешавад, ки Худо одамонро одил эълон мекунад. Ин чӣ маъно дорад?
9 Калимае, ки аз юнонӣ «одил эълон мешаванд» тарҷума шудааст, чӣ маъно дорад? Як тарҷумони Китоби Муқаддас навишт, ки ин ибора бо фаҳмиши соҳаи ҳуқуқшиносӣ алоқаманд аст. Ин ҷо дигаршавии вазъияти гунаҳкоронаи инсон не, балки дар назди Худо дигар шудани мавқеи ӯ дар назар дошта шудааст. Мувофиқи шарҳи ин тарҷумон, агар ба таври рамзӣ гӯем, Худо чун судяе баромад мекунад, ки бар манфиати шахсе, ки гӯё дар ноодилӣ айбдор шудааст, қарор мебарорад. Худо ӯро сафед мекунад.
10. Исо чӣ кор кард, то барои одил эълон кардани инсоният асос пайдо шавад?
10 Дар асоси чӣ Довари одили тамоми замин шахси ноодилро сафед карда метавонист? (Ҳас. 18:25). Яҳува аз муҳаббат қадами муҳими аввалинро гузошт ва Писари ягоназодашро ба замин фиристод. Исо нигоҳ накарда ба васвасаҳо, мазоҳу масхараҳои зиёд ва таҳқиру дашном иродаи Падарашро ба таври комил иҷро кард. Вай то дами дар сутуни шиканҷа мурдан беайбиашро нигоҳ дошт (Ибр. 2:10). Бо қурбон кардани ҳаёти комили инсониаш, Исо фидияе пешкаш кард, ки он насли Одамро аз гуноҳ ва марг раҳо карда метавонист (Мат. 20:28; Рум. 5:6–8).
11. Ба кадом маъно фидия «мувофиқ» номида шудааст?
11 Дар дигар ҷо Павлус инро «фидияи мувофиқ» номид (1 Тим. 2:6, ТДН). Мувофиқ гуфта ӯ чиро дар назар дошт? Одам ба миллиардҳо нафар насли худ нокомилӣ ва маргро мерос дод. Ва Исо чун инсони комил метавонист падари миллиардҳо насли комили худ шавадa. Барои ҳамин, фаҳмиши мо чунин буд, ки ҳаёти Исо бо якҷоягии насли комиле, ки ӯ ба дунё оварда метавонист, ба арзиши фидияе, ки барои баргардонидани чизи аз даст додаи Одам ва насли нокомили ӯ лозим буд, баробар буд. Лекин, Китоби Муқаддас намегӯяд, ки ягон насле, ки Исо метавонист ба дунё оварад, қисми фидияро ташкил медод. Оятҳои Румиён 5:15–19 қайд мекунанд, ки марги танҳо «як одам» раҳоиро имконпазир сохт. Бале, ҳаёти комили Исо ба ҳаёти комили Одам мувофиқ буд. Ҳамин тавр, диққати мо танҳо ба худи Исои Масеҳ равона мешавад ва ин дуруст аст. «Адолати як кас» — итоаткорӣ ва беайбии то дами марг нигоҳ доштаи Исо ба одамони тамоми халқу миллатҳо имконият дод, ки атои файзи Худо ва ҳаётро ба даст оранд (2 Қӯр. 5:14, 15; 1 Пет. 3:18). Чӣ тавр Худо гуноҳкоронро сафед мекунад?
Дар асоси фидия сафед мешаванд
12, 13. Чаро онҳое, ки одил эълон карда мешаванд, ба меҳрубонӣ ва муҳаббати Худо мӯҳтоҷанд?
12 Дар осмон Яҳува Худо қурбонии фидияеро, ки Писараш пешкаш кард, қабул намуд (Ибр. 9:24; 10:10, 12). Лекин, нигоҳ накарда ба ин дар замин шогирдони Исо, аз он ҷумла ҳаввориёни содиқ нокомил монданд. Ҳарчанд онҳо мекӯшиданд, ки аз корҳои нодуруст дурӣ ҷӯянд, ин ба онҳо на ҳамеша муяссар мегашт. Барои чӣ? Барои он ки онҳо гуноҳро мерос гирифта буданд (Рум. 7:18–20). Вале Худо ин вазъиятро ҳал карда метавонист ва Ӯ инро кард. Ӯ тайёр буд, ки «фидияи мувофиқ»–ро бар манфиати ходимони заминиаш истифода барад.
13 Оё Худо фидияро барои он ба манфиати ҳаввориён ва шахсони дигар истифода бурд, ки онҳо корҳои хуб мекарданд? Не, Худо аз меҳрубонӣ ва муҳаббати бузургаш арзиши фидияро нисбати онҳо ба кор бурд. Ӯ ҳаввориён ва дигаронро аз маҳкумият раҳо кард ва ба онҳо чун ба шахсоне нигарист, ки аз айби меросгирифтаашон озод шудаанд. Павлус инро чунин фаҳмонд: «Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост» (Эфс. 2:8).
14, 15. Онҳоеро, ки аз тарафи Худо одил эълон шуда буданд, чӣ мукофот интизор буд, вале онҳо бояд чиро давом медоданд?
14 Фикр кунед, ки аз тарафи Худои Қодир бахшида шудани гуноҳи меросгирифтаи инсон ва корҳои нодурусти ӯ дар ҳақиқат, чӣ атои бузург аст! Шумо ҳисоб ҳам карда наметавонистед, ки одамон пеш аз масеҳӣ шуданашон чӣ қадар гуноҳ содир кардаанд, лекин дар асоси фидия Худо метавонад онҳоро бахшад. Павлус навишт, ки ато — ин аз гуноҳҳои зиёд одил эълон шудан аст (Рум. 5:16). Ҳаввориён ва дигар одамони ин атои пурмуҳаббатро гирифта, яъне одил эълоншуда бояд ба Худои ҳақиқӣ бо имон ибодат карданро давом медоданд. Чӣ гуна мукофот онҳоро интизор буд? Онҳое ки «файзи фаровон» ва атои одилиро қабул мекунанд, «дар ҳаёт ба воситаи Исои Масеҳи ягона ҳукмрон хоҳанд шуд». Бале, агар гуноҳ ба марг оварад, атои одилӣ натиҷаи тамоман дигар дорад. Он ҳаёт мебахшад. (Рум. 5:17; Луқо 22:28–30-ро бихонед.)
15 Онҳое, ки он аторо гирифта одил эълон мегарданд, писарони рӯҳонии Худо мешаванд. Чун ҳаммеросони Масеҳ, онҳо имконият доранд, ки ба ҳаёти осмонӣ эҳё шуда, чун писарони рӯҳонии Худо бо Подшоҳ, Исои Масеҳ, ҳукмронӣ кунанд. (Румиён 8:15–17, 23-ро бихонед.)
Муҳаббати Худо ба дигарон зоҳир мешавад
16. Онҳое, ки умеди заминӣ доранд, аллакай ҳозир чӣ гуна аторо соҳиб шуда метавонанд?
16 На ҳамаи онҳое, ки имон зоҳир мекунанд ва ба Худо чун масеҳиёни содиқ хизмат мекунанд, интизоранд, ки дар осмон ҳамроҳи Масеҳ «ҳукмрон хоҳанд шуд». Бисёриҳо ҳамон умеди бар Китоби Муқаддас асосёфтаро доранд, ки хизматгорони то замони Масеҳ доштанд. Онҳо умед доранд, ки дар биҳишти заминӣ абадӣ зиндагӣ кунанд. Оё онҳо аллакай ҳозир метавонанд атои пурмуҳаббати Худоро ба даст оварда, ҳамин тавр одил ҳисоб гарданд? Мувофиқи суханони ба румиён навиштаи Павлус албатта, метавонанд.
17, 18. а) Барои имонаш Худо ба Иброҳим чӣ гуна назар кард? б) Дар асоси чӣ Яҳува метавонист Иброҳимро одил ҳисобад?
17 Павлус намунаи олиҷаноби Иброҳимро муҳокима кард. Иброҳим марди имон буд, ки пеш аз ба Исроил додани маҷмӯи қонун ва чандин вақт пеш аз он ки Масеҳ ба ҳаёти осмонӣ роҳ кушод, зиндагӣ кардааст (Ибр. 10:19, 20). Мо дар бораи ӯ мехонем: «Ба Иброҳим, ё ба наслаш, ваъдаи он ки ӯ вориси ҷаҳон хоҳад буд, ба воситаи шариат не, балки ба воситаи адолати имон [«одилӣ аз имон», ТДН] ато шудааст» (Рум. 4:13; Яъқ. 2:23, 24). Аз ин бармеояд, ки Худо Иброҳими содиқро одил ҳисоб кард. (Румиён 4:20–22-ро бихонед.)
18 Ин албатта чунин маъно надорад, ки Иброҳим дар давоми даҳсолаҳои хизматаш бегуноҳ буд. Не, ӯ ба ин маъно одил набуд (Рум. 3:10, 23). Аммо аз рӯи хиради бепоёни худ Яҳува имони олиҷаноб ва корҳои дар асоси имон кардаи Иброҳимро ба назар гирифт. Хусусан Иброҳим ба «насл»–и ваъдашуда, ки аз авлодаш бояд мебаромад, имон зоҳир кард. Маълум гашт, ки он Насл Масеҳ аст (Ҳас. 15:6; 22:15–18). Пас, дар асоси «кафорате ки дар Исои Масеҳ аст», Худо чун Довар метавонад гуноҳҳои дар гузашта содиркардаро бахшад. Ҳамин тавр, барои Иброҳим ва дигар одамони содиқи пеш аз замони Масеҳ барои эҳё шудан имконият вуҷуд дорад (Румиён 3:24, 25–ро бихонед; Заб. 31:1, 2).
Шумо ҳатто имрӯз метавонед одил ҳисоб гардед
19. Чаро назари Худо ба Иброҳим имрӯз бояд бисёриҳоро рӯҳбаланд кунад?
19 Он ки Худои муҳаббат Иброҳимро одил шуморид бояд масеҳиёни ҳақиқии имрӯзаро рӯҳбаланд кунад. Яҳува ӯро на ба он маъно одил эълон кард, ки ӯ чун «ҳамирсони Масеҳ» бо рӯҳулқудс тадҳин шудааст. Он гурӯҳи тадҳиншудагон, ки шумораашон маҳдуд аст, «ба муқаддасӣ даъват шуда»–анд ва чун «фарзандони Худо» қабул гаштаанд (Рум. 1:7; 8:14, 17, 33). Вале Иброҳим бошад, «дӯсти Худо» гашт — ва ӯ пеш аз оварда шудани фидия зиндагӣ мекард (Яъқ. 2:23; Иш. 41:8). Пас, дар бораи масеҳиёни ҳақиқие, ки барои дар Биҳишти барқароршуда зистан умед доранд, чӣ гуфтан мумкин аст?
20. Худо аз онҳое, ки имрӯз мисли Иброҳим одил ҳисоб меёбанд, чӣ интизор аст?
20 Онҳо атои одилиро на ба он маъно қабул кардаанд, ки ба ҳаёти осмонӣ «ба воситаи кафорате, ки дар Исои Масеҳ аст» умед дошта бошанд (Рум. 3:24; 5:15, 17). Ба ҳар ҳол, онҳо ба Худо ва ба фидияи пешкашкардаи Ӯ имони чуқур зоҳир мекунанд ва имонашонро бо корҳои некашон нишон медиҳанд. Яке аз чунин корҳо мавъиза кардани Салтанати Худо ва таълим додани «тариқати Исои Масеҳ» аст (Аъм. 28:31). Ҳамин тавр, Яҳува метавонад чун дар мавриди Иброҳим онҳоро шахсони одил ҳисобад. Атои чунин шахсон, яъне дӯстӣ бо Худо аз атои тадҳиншудагон фарқ мекунад. Ба ҳар ҳол, ин дар ҳақиқат ато аст, ки онҳо онро бо миннатдории зиёд қабул мекунанд.
21. Ба туфайли муҳаббати Яҳува ва адолати Ӯ чӣ имконпазир мегардад?
21 Ҳокимони одамӣ бисёр чизҳоро ваъда медиҳанд, вале умеди ҷовидона зистани шумо аз онҳо вобаста нест. Имконияти ҷовидона зистан нияти бохирадонаи Ҳокими Даҳрро инъикос мекунад. Яҳува барои амалӣ гардонидани нияташ қадамҳои лозима гузоштааст. Ин қадамҳо бо адолати ҳақиқӣ мувофиқ буданд. Беш аз ин, онҳо муҳаббати бузурги Худоро инъикос кардаанд. Павлус дар ҳақиқат гуфта метавонист: «Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд» (Рум. 5:8).
[Эзоҳ]
a Масалан, ақидаи он ки фидия ҳамчунин насли Исоро дар бар мегирад, дар китоби «Назари амиқ ба Навиштаҳо» (англ.), ҷилди 2, саҳифаи 736, сархатҳои 4, 5 ва «Бурҷи дидбонӣ» аз марти соли 2000 (рус.), саҳифаи 4, сархати 4 оварда шуда буд.
Оё шумо дар хотир доред?
• Насли Одам чиро мерос гирифтанд ва бо кадом натиҷа?
• Чӣ тавр фидияи мувофиқ пардохта шуд ва ба кадом маъно он мувофиқ буд?
• Ба онҳое, ки Яҳува одил меҳисобад, кадом баракатҳо дастрасанд?
[Tасвир дар саҳифаи 21]
Марди комил — Одам гуноҳ кард, вале марди комил — Исо «фидияи мувофиқ»–ро пешкаш намуд
[Tасвир дар саҳифаи 23]
Ин дар ҳақиқат хушхабар аст, ки мо метавонем ба воситаи Исо одил эълон шавем!