Шахси рӯҳонӣ будан чӣ маъно дорад?
«Бигзор ба туфайли Худо... ҳамаи шумо тарзи фикрронии Исои Масеҳро дошта бошед» (РУМ. 15:5).
1, 2. а) Бисёриҳо дар бораи шахси рӯҳонӣ будан чӣ ақида доранд? б) Дар ин мақола мо кадом се саволи муҳимро дида мебароем?
ХОҲАРЕ аз Канада мегӯяд: «Шахси рӯҳонӣ будан маро хушбахттар гардонд ва ба ман кӯмак кард, ки ба озмоишҳои ҳаррӯза тоб орам». Бародаре аз Бразилия бошад, қайд мекунад: «Ману занам кӯшиш мекунем, ки тарзи фикрронии рӯҳонӣ дошта бошем. Барои ҳамин 23 сол аст, ки мо аз ҳаёти оилавиамон хурсандии зиёд мегирем». Бародаре аз Филиппин мегӯяд, ки тарзи фикрронии рӯҳонӣ доштан ба дили ӯ оромӣ мебахшад ва кӯмак мекунад, ки бо бародарону хоҳарони маданияташон гуногун хуб муносибат кунад.
2 Аз ин суханон маълум мегардад, ки шахси рӯҳонӣ будан ҳаёти моро аз бисёр ҷиҳат беҳтар мегардонад. Барои ҳамин мо метавонем аз худ пурсем: «Чӣ хел ман метавонам аз ҷиҳати рӯҳонӣ беҳтар шавам ва аз баракатҳое, ки дар боло номбар шуданд, баҳравар гардам?» Лекин пеш аз ба ин савол ҷавоб додан мо бояд фаҳмем, ки Китоби Муқаддас дар бораи шахси рӯҳонӣ ё тарзи фикрронии рӯҳонӣ чӣ мегӯяд. Дар ин мақола мо ба се савол ҷавоб меёбем: 1) Шахси рӯҳонӣ будан чӣ маъно дорад? 2) Кадом мисолҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ беҳтар шавем? 3) Вақте мо кӯшиш мекунем, ки ба тарзи «фикрронии Масеҳ» пайравӣ кунем, ин ба мо чӣ манфиат меорад?
ШАХСИ РӮҲОНӢ БУДАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
3. Китоби Муқаддас фарқи байни одами рӯҳонӣ ва одами ҷисмониро чӣ тавр мефаҳмонад?
3 Барои фаҳмидани он ки шахси рӯҳонӣ кист, биёед суханони Павлуси расулро дида бароем. Ӯ фарқияти байни «одами рӯҳонӣ» ва «одами ҷисмонӣ»-ро мефаҳмонад. (1 Қӯринтиён 2:14–16-ро хонед.) Онҳо чӣ фарқ доранд? Павлус «одами ҷисмонӣ»-ро чунин тасвир мекунад, ки ӯ «он чиро, ки аз рӯҳи Худост, қабул намекунад, зеро ин чизҳо дар назари ӯ беақлианд, ва ӯ онҳоро фаҳмида наметавонад». Аз тарафи дигар «одами рӯҳонӣ» гуфта, ӯ шахсеро дар назар дорад, ки «ба ҳама чиз дуруст баҳо медиҳад» ва «фикрронии Масеҳро» дорад. Павлус моро водор месозад, ки шахсони рӯҳонӣ бошем. Боз аз кадом ҷиҳат одами рӯҳонӣ аз одами ҷисмонӣ фарқ мекунад?
4, 5. Одами ҷисмониро аз рӯйи кадом хусусиятҳо шинохтан мумкин аст?
4 Биёед аввал дида бароем, ки шахси ҷисмонӣ чӣ гуна рӯҳия дорад. Дар дунё рӯҳияе ҳукмфармост, ки одамонро фақат ба иҷрои хоҳишҳои ҷисм тела медиҳад. Павлус онро чун «рӯҳе, ки ҳоло дар шахсони беитоат амал мекунад», тасвир кардааст (Эфс. 2:2). Ин рӯҳия одамонро водор месозад, то ки фикр накарда аз қафои аксарият раванд. Диққати онҳо пурра ба хоҳишҳои ҷисм равона шудааст. Барои ҳамин аксарияти чунин шахсон танҳо он чиро ки худашон дуруст меҳисобанд, ҳамонро мекунанд ва ҳатто кӯшиш намекунанд, ки мувофиқи меъёрҳои Худо зиндагӣ кунанд. Одами ҷисмонӣ аз ҳад зиёд дар бораи чизҳои моддӣ фикр мекунад. Ӯ пул, обрӯю эътибор ва ҳуқуқҳои худро аз ҳама чиз муҳим меҳисобад.
5 Боз чӣ гуна шахсро одами ҷисмонӣ гуфтан мумкин аст? Одами ҷисмонӣ одатан ба корҳое дода мешавад, ки Китоби Муқаддас онҳоро «корҳои ҷисм» меномад (Ғал. 5:19–21). Павлус дар номаи якум ба қӯринтиён якчанд хусусиятҳои одами ҷисмониро номбар кард. Онҳо дар байни аъзоёни ҷамъомад ҷудоӣ меандозанд, дар зиддиятҳо ягон тарафро дастгирӣ мекунанд, принсипи сарвариро эҳтиром накарда, дигаронро ба беитоатӣ бармеангезанд, якдигарро ба суд медиҳанд ва аз ҳад зиёд дар бораи хӯрдану нӯшидан фикр мекунанд. Онҳо ҳангоми бо васваса дучор шудан ба осонӣ ба он дода мешаванд (Мас. 7:21, 22). Яҳудо дар бораи шахсони ҷисмонӣ гуфт, ки онҳо ҳатто «рӯҳи Худоро» аз даст дода метавонанд (Яҳд. 18, 19).
6. Шахси рӯҳонӣ чӣ гуна хусусиятҳо дорад?
6 Пас, одами рӯҳонӣ будан чӣ маъно дорад? Чунин одам баръакси шахси ҷисмонӣ дар бораи муносибаташ бо Худо ҷиддӣ фикр мекунад. Одамони рӯҳонӣ сахт ҳаракат мекунанд, ки «ба Худо пайравӣ» кунанд (Эфс. 5:1). Яъне онҳо кӯшиш мекунанд, то ба фикрронии Яҳува тақлид кунанд ва ба ҳама чиз аз нуқтаи назари Ӯ нигоҳ кунанд. Барои онҳо Худо дар ҳақиқат воқеӣ аст. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар ҳама ҷонибҳои ҳаёти худ мувофиқи меъёрҳои Яҳува амал кунанд (Заб. 118:33; 142:10). Одами рӯҳонӣ диққаташро ба «корҳои ҷисм» неву ба зоҳир кардани хислатҳои «самари рӯҳ» равона мекунад (Ғал. 5:22, 23). Барои хубтар фаҳмидани он ки «одами рӯҳонӣ» будан чӣ маъно дорад, оиди мисоли зерин фикр кунед. Агар шахс дар корҳои тиҷорат ё бизнес моҳир бошад, ӯро соҳибкор ё бизнесмен меноманд. Ба ин монанд, онҳоеро, ки диққаташон ба чизҳои рӯҳонӣ равона шудааст, одами рӯҳонӣ гуфтан мумкин аст.
7. Китоби Муқаддас дар бораи одамони рӯҳонӣ чӣ мегӯяд?
7 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки одами рӯҳонӣ будан чӣ манфиат меорад. Масалан, дар Матто 5:3 гуфта шудааст: «Хушбахтанд онҳое, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд, зеро Подшоҳии осмон аз они онҳост». Румиён 8:6 нишон медиҳад, ки аз одами рӯҳонӣ будан ё набудани мо ҳаётамон вобаста аст. Он ҷо гуфта мешавад: «Оқибати фикрҳои ҷисмонӣ марг аст, оқибати фикрҳои рӯҳонӣ бошад, ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ». Агар мо диққатамонро ба чизҳои рӯҳонӣ равона созем, имрӯз бо Худо муносибати наздик пайдо мекунем, дар диламон оромӣ ҳис мекунем ва дар оянда ҷовидона зиндагӣ карда метавонем.
8. Чаро барои одами рӯҳонӣ шудан ва минбаъд муҳофизат кардани тарзи фикррониамон мо бояд сахт кӯшиш кунем?
8 Лекин мо дар муҳити хеле хатарнок зиндагӣ дорем, зеро аксари одамон дар пайи қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисмонӣ ҳастанд. Барои ҳамин мо бояд сахт кӯшиш кунем, то одами рӯҳонӣ шавем ва фикррониамонро аз таъсироти бад муҳофизат кунем. Агар мо ақлу дили худро бо фикрҳои Яҳува пур накунем, пас, «ҳавои» чиркини ин ҷаҳон онро бо фикру хоҳишҳои нодуруст пур мекунад. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки аз ин хатар худро муҳофизат кунем? Ва чӣ тавр мо аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ карда метавонем?
МИСОЛҲО БАРОИ ИБРАТ
9. а) Барои одами рӯҳан баркамол шудан чӣ ба мо кӯмак мекунад? б) Намунаи кадом шахсони рӯҳониро мо дида мебароем?
9 Вақте ки кӯдакон рафтори хуби волидонро мушоҳида карда, ба онҳо пайравӣ мекунанд, онҳо шахсони хуб ба воя мерасанд. Ба ин монанд, вақте ки мо шахсони рӯҳан баркамолро мушоҳида карда ба онҳо пайравӣ мекунем, мо низ аз ҷиҳати рӯҳонӣ пеш меравем. Ва баръакс, одамони ҷисмонӣ барои мо намунаи огоҳкунандаанд (1 Қӯр. 3:1–4). Дар Китоби Муқаддас мисоли ҳар ду гурӯҳи одамон оварда шудааст. Вале мо мехоҳем, ки одамони рӯҳан баркамол шавем. Пас, биёед мисоли якчанд шахсонеро, ки барои мо намунаи хубанд, дида бароем. Ин намунаи Яъқуб, Марям ва Исо мебошад.
10. Чӣ тавр Яъқуб нишон дод, ки ӯ шахси рӯҳонӣ буд?
10 Биёед дар аввал мисоли Яъқубро дида бароем. Ҳаёти ӯ низ мисли ҳаёти аксарияти мо осон набуд. Масалан, бародари вай Эсов, ки одами ҷисмонӣ буд, ӯро куштан мехост. Бар замми ин, падарарӯси Яъқуб марди фиребгаре буд ва доимо ӯро бар фоидаи худ истифода мебурд. Аммо нигоҳ накарда ба он ки одамони гирду атрофаш шахсони «ҷисмонӣ» буданд, Яъқуб шахси рӯҳонӣ буд ва ба ваъдае, ки Яҳува ба Иброҳим дода буд, имони қавӣ дошт. Ӯ медонист, ки оилааш дар иҷрошавии нияти Яҳува нақши муҳим мебозад, барои ҳамин дар бораи он ба хубӣ ғамхорӣ мекард (Ҳас. 28:10–15). Суханон ва рафтори Яъқуб нишон медиҳанд, ки ӯ ҳамеша меъёрҳои Худо ва нияти Ӯро дар ёд дошт. Масалан, вақте Яъқуб фикр кард, ки Эсов ӯро кушта метавонад, вай ба Худо чунин дуо гуфт: «Маро аз дасти бародарам, аз дасти Эсов наҷот деҳ; зеро... Ту гуфтаӣ: “Ман ба ту эҳсон кунам, ва насли туро мисли реги дарё гардонам, ки аз бисёрӣ онро натавон шумурд”» (Ҳас. 32:6–12). Маълум аст, ки Яъқуб ба ваъдаҳое, ки Яҳува ба ӯ ва аҷдодонаш дода буд, сахт боварӣ дошт ва мехост мувофиқи иродаи Худо амал кунад.
11. Чӣ нишон медиҳад, ки Марям одами рӯҳонӣ буд?
11 Акнун мисоли Марямро дида мебароем. Чаро Яҳува маҳз Марямро интихоб кард, ки модари Исо шавад? Чунки ӯ шахси рӯҳонӣ буд. Мо инро аз куҷо медонем? Инро дуои зебои Марям, ки дар он ӯ Яҳуваро ҳамду сано гуфт, нишон медиҳад. Он суханонро ӯ ҳангоми ба хонаи хешони худ Закарё ва Элисобаъ омаданаш ба забон овард. (Луқо 1:46–55-ро хонед.) Аз ин дуо маълум мегардад, ки Марям ба Каломи Худо муҳаббати самимӣ дошт ва Навиштаҳои иброниро хеле хуб медонист (Ҳас. 30:13; 1 Подш. 2:1–10; Мал. 3:12). Ҷолиби диққат аст, ки ҳарчанд Марям ва Юсуф бо ҳам нав оиладор шуда буданд, вале то таваллуд ёфтани Исо аз алоқаи ҷинсӣ худдорӣ мекарданд. Ин ба мо дар бораи онҳо чиро нишон медиҳад? Аз ин бармеояд, ки диққати ҳардуи онҳо бештар ба иродаи Яҳува равона буд, на ба хоҳишҳои худ (Мат. 1:25). Дар давоми ба воя расондани Исо бошад, Марям ба воқеаҳое, ки дар ҳаёти писараш рӯй медоданд ва суханони хирадмандонае, ки вай мегуфт, бодиққат аҳамият медод. Беш аз ин, Марям «ҳамаи ин суханонро дар дили худ нигоҳ медошт» (Луқ. 2:51). Бешубҳа, ӯ мехост, ки иродаи Яҳува нисбат ба Масеҳ амалӣ гардад. Мисоли Марям ба мо кӯмак мекунад, то ки мо низ монанди ӯ хости Худоро дар ҳаётамон дар ҷойи аввал гузорем.
12. а) Аз кадом ҷиҳат Исо ба Падараш монанд буд? б) Чӣ тавр мо ба Исо пайравӣ карда метавонем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
12 Лекин ба фикри шумо, аз ҳамаи одамоне, ки дар рӯйи замин зиндагӣ карда буданд, кӣ чун шахси рӯҳонӣ намунаи беҳтарин аст? Албатта ин Исо мебошад. Дар давоми ҳаёт ва хизматаш ӯ нишон дод, ки хислатҳои Падараш, Яҳуваро, зоҳир кардан мехоҳад. Ӯ ба тарзи фикрронӣ, ҳиссиёт ва амалҳои Яҳува комилан пайравӣ карда мувофиқи меъёрҳо ва иродаи Худо зиндагӣ мекард (Юҳ. 8:29; 14:9; 15:10). Масалан, чи хеле ки Яҳува ба халқаш дилсӯз буд, Исо ҳам ба одамон бо раҳму шафқат муносибат мекард. Инро ҳангоми муқоисаи оятҳои Ишаъё ва Инҷили Марқӯс равшан дидан мумкин аст. (Ишаъё 63:9 ва Марқӯс 6:34-ро хонед.) Оё мо низ монанди Исо ҳамеша тайёрем, ки ба одамони ба кӯмак мӯҳтоҷ дилсӯзӣ кунем? Инчунин Исо худро пурра ба кори мавъиза ва таълим додани хушхабар бахшида буд (Луқ. 4:43). Чунин ҳиссиёт ва рафтор нишонаи шахси рӯҳонӣ мебошад.
13, 14. а) Аз ходимони имрӯзаи Худо, ки чун шахсони рӯҳонӣ намунаи ибратанд, мо чиро омӯхта метавонем? б) Мисол оред.
13 Ғайр аз мисолҳои дар боло овардашуда, имрӯз низ мисоли бисёр бародарону хоҳарон ба мо намунаи ибрат мебошанд. Онҳо ба хислатҳо ва тарзи фикрронии Исо пайравӣ карда аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ карданд. Шояд шумо аҳамият додаед, ки онҳо дар кори мавъиза боғайратанд, нисбати дигарон меҳмоннавозу дилсӯзанд ва боз бисёр хислатҳои хуби дигар доранд. Лекин онҳо низ мисли мо нокомиланд ва барои инкишоф додани хислатҳои хуб бо сустиҳои худ мубориза мебаранд. Хоҳаре бо номи Рейчел, ки дар Бразилия зиндагӣ мекунад, мегӯяд: «Ба ман аз рӯйи мӯди охирон либос пӯшидан хеле маъқул буд. Барои ҳамин ман ягон либоси хоксорона надоштам. Вале фаҳмидани ҳақиқат маро водор кард, ки барои шахси рӯҳонӣ шудан бисёр кӯшиш кунам. Ҳаётамро тағйир додан осон набуд, лекин баъди он ман худро хушбахттар ҳис мекунам ва ҳаётам маънои ҳақиқӣ пайдо кардааст».
14 Хоҳаре аз Филиппин бо номи Райлен, дар ҳаёт мушкилии дигар дошт. Ӯ тамоми диққаташро ба гирифтани маълумоти олӣ ва кори сердаромад равона карда буд, то ки дар оянда зиндагии хуб дошта бошад. Ӯ мегӯяд: «Мақсадҳои рӯҳониам оҳиста-оҳиста бароям аҳамияташонро гум карданд. Лекин бо гузашти вақт ман ҳис кардам, ки дар ҳаётам чизе намерасад». Ӯ дарк кард, ки чизи аз кораш муҳимтареро аз даст дода истодааст. Бинобар ин ӯ диққаташро аз нав ба хизмати Яҳува равона кард. Аз он вақт инҷониб, Райлен ба ваъдаи дар Матто 6:33, 34 додаи Яҳува боварӣ дорад. Ӯ мегӯяд: «Ман аниқ медонам, ки Яҳува дар бораи ман ғамхорӣ мекунад». Ин хоҳар чун шахси рӯҳонӣ намунаи хуб аст! Шояд дар ҷамъомади шумо низ чунин бародарону хоҳарон ҳастанд. Намунаи онҳо моро бармеангезад, ки имонамонро инкишоф диҳем ва пайравони ҳақиқии Масеҳ бошем (1 Қӯр. 11:1; 2 Тас. 3:7).
ТАРЗИ «ФИКРРОНИИ МАСЕҲРО» ДОШТА БОШЕД
15, 16. а) Барои ба Масеҳ монанд шудан чӣ кор кардан лозим аст? б) Чӣ кор кунем, то тарзи фикрронии Масеҳ ба мо таъсир кунад?
15 Чӣ тавр ҳар яки мо ба Исо пайравӣ карда метавонем? Дар 1 Қӯринтиён 2:16 маслиҳат дода шудааст, ки «фикрронии Масеҳро» дошта бошем. Инчунин, дар Румиён 15:5 мо мехонем, ки бояд «тарзи фикрронии Исои Масеҳро дошта» бошем. Барои ин, аввал мо бояд хуб донем, ки тарзи фикрронии Исо чӣ хел буд ва ӯ чӣ гуна рафтор мекард. Сипас ба мо лозим аст, ки айнан ба ӯ пайравӣ кунем. Исо аз дигар чизҳо дида, бештар дар бораи муносибати худ бо Яҳува фикр мекард. Пас, агар мо ба Исо монанд шавем, муносибатамон бо Яҳува торафт наздиктар мегардад. Барои ҳамин то чӣ андоза муҳим аст, ки тарзи фикрронии Исоро ёд гирем.
16 Чӣ тавр мо тарзи фикрронии Исоро ёд гирифта метавонем? Шогирдони Исо мӯъҷизаҳои ӯро медиданд, мавъиза ва нутқҳои ӯро мешуниданд, муносибаташро бо ҳар гуна одамон мушоҳида мекарданд ва медиданд, ки чӣ хел ӯ принсипҳои Китоби Муқаддасро дар ҳаёт ба кор мебарад. Онҳо гуфтанд: «Мо шоҳиди ҳамаи корҳое ҳастем, ки ӯ... карда буд» (Аъм. 10:39). Мо бошем имрӯз Исоро дида наметавонем. Лекин Яҳува аз муҳаббат ғамхорӣ кард, ки мо имрӯз аз Инҷил дар бораи шахсияти Исо хонем ва корҳои ӯро ба таври зинда тасаввур кунем. Вақте ки мо Инҷили Матто, Марқӯс, Луқо ва Юҳанноро хонда оиди онҳо мулоҳиза меронем, тарзи фикрронии Масеҳ ба фикрронии мо таъсир мерасонад. Ҳамин тавр мо метавонем «аз пайи ӯ равона» шавем ва «тарзи фикрронии ӯро аз худ» кунем (1 Пет. 2:21; 4:1).
17. Мисли Исо фикр кардан ба мо чӣ манфиат меорад?
17 Агар мо тарзи фикрронии Исоро ёд гирем, ин ба мо чӣ манфиат меорад? Мисол, вақте ки мо ягон хӯроки серғизо мехӯрем, тани мо қувват мегирад. Ба ин монанд, вақте ки ақлу дили худро бо тарзи фикрронии Исо ғизо медиҳем, мо аз ҷиҳати рӯҳонӣ бақувват мешавем. Оҳиста-оҳиста мо фаҳмиш пайдо мекунем, ки агар Исо ба ҷойи мо мебуд, чӣ гуна рафтор мекард. Ин ба мо барои қабул кардани қарорҳое кӯмак мекунад, ки аз онҳо виҷдонамон пок монад ва Худо аз мо розӣ бошад. Барои ба даст овардани ин баракатҳо, мо бояд «хислатҳои Ҳазратамон Исои Масеҳро дар бар» кунем (Рум. 13:14).
18. Аз муҳокимаи ин мақола шумо дар бораи шахси рӯҳонӣ чӣ фаҳмидед?
18 Инак, аз ин мақола мо фаҳмидем, ки шахси рӯҳонӣ будан чӣ маъно дорад. Инчунин мо дидем, ки аз мисоли дигар одамони рӯҳан баркамол чӣ дарс гирифта метавонем. Ба мо маълум шуд, ки чӣ тавр тарзи «фикрронии Масеҳ» ба мо кӯмак мекунад, то аз ҷиҳати рӯҳонӣ беҳтар шавем. Лекин баъзе саволҳои дигаре, ки бо ин мавзӯъ алоқаманданд, боқӣ мемонанд. Масалан, чӣ хел мо ба ҳолати рӯҳонии худ баҳо дода метавонем? Барои рӯҳан баркамол шудан боз чӣ кор кардан лозим аст? Ва чӣ тавр шахси рӯҳонӣ будан ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо таъсир мерасонад? Мақолаи навбатӣ ба ин саволҳо ҷавоб медиҳад.