Бигзор ореи шумо оре бошад
«Сухани шумо: “оре, оре” ва “не, не” бошад» (МАТ. 5:37).
ОЁ ШУМО ҶАВОБ ДОДА МЕТАВОНЕД?
Исо дар бораи қасамёдкунӣ чӣ гуфт?
Чаро Исо дар вафо кардан ба ваъдаҳояш бароямон намунаи беҳтарин аст?
Дар кадом соҳаҳои ҳаёт ореи мо бояд оре бошад?
1. Исо дар бораи қасамёдкунӣ чӣ гуфт ва чаро?
ОДАТАН ба масеҳиёни ҳақиқӣ лозим нест, ки қасам хӯранд. Зеро онҳо ба суханони зерини Исо итоат мекунанд: «Сухани шумо: “оре, оре”... бошад». Ӯ гуфтанӣ буд, ки шахс бояд ба ваъдаи худ вафо кунад. Пеш аз додани ин амр Исо гуфт: «Ҳаргиз қасам ёд накун». Бо ин суханон ӯ одамонеро, ки одати дар сӯҳбатҳои ҳаррӯзаашон қасам хӯрданро доштанду ҳатто нияти иҷро кардани онро надоштанд, маҳкум намуд. Агар шахс бо қасам чизеро ваъда диҳаду лекин ҳеҷ гоҳ онро иҷро накунад, ин аз чӣ шаҳодат медиҳад? Аз чунин рафтор маълум мегардад, ки дар асл ба вай бовар кардан мумкин нест ва аз ин сабаб ӯ зери таъсири «иблис» қарор дорад. (Матто 5:33–37-ро бихонед.)
2. Фаҳмонед, ки чаро қасам хӯрдан на ҳамеша нодуруст аст.
2 Оё суханони Исо маънои онро доштанд, ки қасамхӯрӣ ҳамавақт нодуруст аст? Ин суханони Исо чӣ маъно доштанд? Чӣ тавре ки мо аз мақолаи гузашта фаҳмидем, Яҳува ва ходими одили Ӯ, Иброҳим, дар вазъиятҳои ҷиддӣ ваъдаҳояшонро бо қасам тасдиқ мекарданд. Ҳамчунин, Қонуни Худо барои ҳал кардани ягон нофаҳмиҳо қасам ёд карданро талаб мекард (Хур. 22:10, 11; Ад. 5:21, 22). Мисли ин, шояд ба масеҳӣ лозим ояд, ки ҳангоми дар суд шаҳодат додан қасам ёд кунад, ки сухани рост мегӯяд. Ё шояд танҳо дар баъзе мавридҳо масеҳӣ қасам хӯрданро лозим донад, то дигаронро аз пок будани ният ё ростии суханонаш дилпур кунад. Бояд қайд намуд, ки вақте саркоҳин аз Исо талаб кард, ки қасам хӯрад, ӯ инро эътироз накард ва ба суди олии яҳудиён ростқавлона ҷавоб дод (Мат. 26:63, 64). Дар асл ба Исо ба ягон кас қасам хӯрдан лозим набуд. Бо вуҷуди ин, барои тасдиқ кардани он ки суханонаш ҳаққанд, ӯ чунин мегуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям» (Юҳ. 1:51; 13:16, 20, 21, 38). Биёед дида мебароем, ки мо ҳамчунин аз намунаи Исо, Павлус ва дигар шахсоне, ки ореи онҳо оре буд, чӣ омӯхта метавонем.
ИСО — НАМУНАИ БЕҲТАРИН
3. Исо ба Худо чӣ ваъда дод ва Падари осмониаш дар ҷавоб чӣ кор кард?
3 «Инак, меоям... то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам» (Ибр. 10:7). Бо ин суханон Исо ваъда дод, ки ҳама пешгӯиҳои ба Насли ваъдашуда дахлдоштаро иҷро мекунад ва ҳатто мегузорад, ки Шайтон пошнаи ӯро кӯбад (Ҳас. 3:15). Ҳеҷ вақт ягон шахси дигар ба иҷро кардани чунин масъулияти ҷиддӣ таъин нашуда буд. Яҳува аз осмон эътимоди пурраашро ба Писари худ баён намуд, ҳарчанд аз Исо хоҳиш накарда буд, ки ӯ барои иҷро кардани ваъдааш қасам ёд кунад (Луқ. 3:21, 22).
4. Исо барои исбот кардани он ки ореаш оре аст, чӣ кор карданӣ буд?
4 Исо ҳамеша он чизеро, ки мавъиза мекард, дар ҳаёташ ба кор мебурд ва бо ин мегузошт, ки ореаш оре бошад. Исо ба ҳеҷ чиз роҳ намедод, то диққаташро аз супорише, ки Падар ба ӯ дода буд, парешон созад. Ӯ мавъизаи хушхабари Салтанатро давом медод ва аз ҳамаи онҳое, ки Худо ба ӯ ҷалб менамуд, шогирд тайёр мекард (Юҳ. 6:44). Китоби Муқаддас бо суханони зерин тасдиқ мекунад, ки Исо ба ваъдаҳояш вафо мекард: «Ҳамаи ваъдаҳои Худо дар Ӯ [Исо] “оре” буд» (2 Қӯр. 1:20). Дар ҳақиқат, Исо дар мавриди иҷро кардани ваъдаҳои ба Падар додааш намунаи беҳтарин аст. Ҳоло мо намунаи шахсеро дида мебароем, ки ба Исо ба таври беҳтарин пайравӣ мекард.
ПАВЛУС — ШАХСИ БА ҚАВЛАШ ВАФОДОР
5. Павлуси ҳавворӣ барои мо чӣ намуна гузоштааст?
5 «Сарварам! Чӣ кунам?» (Аъм. 22:10, ТДН). Ин суханонро Павлус, ки он вақт чун Шоул шинос буд, дар ҷавоби амри Исои пурҷалол, ки дар рӯъё ба ӯ зоҳир шуда буд, гуфт. Исо мехост, ки Шоулро аз таъқиб кардани масеҳиён боздорад. Дар натиҷаи ин вохӯрӣ Шоул бо фурӯтанӣ аз корҳои кардааш тавба кард, таъмид гирифт ва супориши махсусеро, ки Исо ба ӯ дод, қабул намуд. Ӯ бояд ба халқҳо дар бораи Исо мавъиза мекард. Аз он вақт сар карда Павлус Исоро «Сарвар»–и худ меномид ва ба ӯ итоат мекард (Аъм. 22:6–16; 2 Қӯр. 4:5; 2 Тим. 4:8). Павлус аз ҷумлаи шахсоне набуд, ки Исо нисбати онҳо суханони зеринро гуфта буд: «“Сарварам! Сарварам!” мегӯед, вале он чиро ки Ман мегӯям, ба ҷо намеоваред» (Луқ. 6:46, ТДН). Бале, Исо аз ҳамаи онҳое, ки ӯро Сарвари худ меҳисобанд, интизор аст, ки мисли Павлус ба қавли худ вафо кунанд.
6, 7. а) Чаро Павлус сафарашро ба Қӯринтус ба қафо партофт ва барои чӣ аз тарафи танқидкунандагон зери шубҳа гузоштани эътимоднокии ӯ нодуруст буд? б) Муносибати мо ба касоне, ки сарвариро дар ҷамъомад ба ӯҳда мегиранд, бояд чӣ гуна бошад?
6 Павлус бо ҷидду ҷаҳд хабари Салтанатро дар тамоми Осиёи Хурд ва Аврупо паҳн карда ҷамъомадҳои зиёд ташкил мекард ва ба онҳо ташриф меовард. Баъзан ба ӯ лозим меомад, ки қасам ёд кунад, то ҳақ будани баъзе аз суханони навиштаашро исбот созад (Ғал. 1:20). Масалан, вақте ки баъзе қӯринтиён Павлусро дар дурӯғгӯӣ айбдор карданд, ӯ дар ҷавоб навишт: «Худо амин аст, ки сухани мо ба шумо гоҳ “оре”, гоҳ “не” набуд» (2 Қӯр. 1:18). Дар вақти навиштани ин суханҳо Павлус шаҳри Эфсӯсро тарк кард ва баъди ба Мақдуния даромадан ба Қӯринтус рафтанӣ буд. Дар аввал бошад, ӯ мақсад дошт, ки пеш аз ба Мақдуния рафтанаш ба Қӯринтус ташриф орад (2 Қӯр. 1:15, 16). Лекин, чӣ тавре ки имрӯз ба нозирони сайёр лозим меояд, ки баъзан нақшаи сафари худро дигар кунанд, ба ӯ низ лозим омад, ки ба хати сафараш дигаргунӣ дарорад. Чунин дигаргуниҳо на аз сабабҳои беасос ё хоҳишҳои худхоҳона ба миён меоянд, балки аз сабабҳои ногаҳонии хеле ҷиддӣ. Павлус бошад, аз он сабаб сафарашро ба Қӯринтус ба ақиб партофт, ки ин бар манфиати худи ҷамъомад хизмат мекард. Чӣ тавр?
7 Чанде пас аз он ки Павлус бори аввал хати сафарашро ба нақша гирифт, ба ӯ хабар омад, ки дар ҷамъомади шаҳри Қӯринтус душвориҳо сар задаанд. Дар байни бародарон ягонагӣ набуд ва онҳо ба бадахлоқии ҷинсии як аъзои ҷамъомад беэътиноӣ мекарданд (1 Қӯр. 1:11; 5:1). Барои ислоҳ кардани вазъият Павлус дар номаи аввалаш ба аъзоёни ҷамъомад маслиҳати хеле ҷиддӣ дод. Сипас, ба ҷои он ки аз Эфсӯс рост ба Қӯринтус равад, Павлус қарор кард, ки ба бародарони худ вақт диҳад, то он маслиҳаташро ба кор баранд. Дар ин сурат, ташрифи ӯ ба он ҷо боз ҳам рӯҳбаландкунанда буда метавонист. Дар номаи дуюмаш Павлус навишт, ки маҳз аз ин сабаб ӯ нақшаҳояшро дигаргун карда буд. Ӯ гуфт: «Ман Худоро ба шоҳидӣ бар ҷони худ даъват менамоям, ки шуморо амон дода, то ҳол ба Қӯринтӯс наомадаам» (2 Қӯр. 1:23). Бигзор мо ҳеҷ гоҳ ба танқидкунандагони Павлус монанд набошем, ба ҷои ин биёед ба шахсоне, ки дар байни мо сарвариро ба ӯҳда доранд, эҳтироми чуқур зоҳир кунем. Павлус ҳамеша ба ваъдаҳояш вафо мекард. Ба мо низ лозим аст, ки ба намунаи ӯ пайравӣ намоем, чӣ тавре ки ӯ ба Масеҳ пайравӣ мекард (1 Қӯр. 11:1; Ибр. 13:7).
ШАХСОНИ ДИГАРЕ, КИ НАМУНАИ ХУБ ГУЗОШТАНД
8. Ривқо ба мо чӣ намунае гузошт?
8 «Меравам» (Ҳас. 24:58). Бо ин сухани оддӣ Ривқо ба модар ва бародараш, ки хоҳиши ӯро дар тарк кардани хона ҳурмат карданд, ҷавоб гардонд ва 800 км роҳро бо шахси бегона тай намуд, то зани Исҳоқ шавад. (Ҳас. 24:50–58). Ореи Ривқо ҳамеша оре буд ва ӯ барои Исҳоқ зани хуб ва барои Худо ходими содиқ буд. Тамоми ҳаёти боқимондааш ӯ дар Замини ваъдашуда чун мусофир дар хаймаҳо мезист. Худо барои садоқатмандиаш ба Ривқо мукофот дод ва аз насли ӯ Насли ваъдашуда, Исои Масеҳ ба дунё омад (Ибр. 11:9, 13).
9. Чӣ тавр Рут гузошт, ки неи ӯ не бошад?
9 «Бо ту назди қавми ту хоҳем баргашт» (Рут 1:10). Ин суханонро бевазанони мӯобӣ Рут ва Орфо ба хушдомани худ, Ноомӣ, гуфтанд, ки ӯ аз Мӯоб ба Байт–Лаҳм баргашта истода буд. Оқибат, Орфо аз сабаби исрори Ноомӣ ба ватани худ баргашт. Лекин, неи Рут дар ҳақиқат не буд. (Рут 1:16, 17–ро бихонед.) Ӯ аҳли хонаводааш ва дини бардурӯғи Мӯобро ба таври абадӣ тарк карда ба Ноомӣ содиқ монд ва бо ӯ бирафт. Рут то охири умр ба Яҳува садоқатмандӣ нишон дод ва барои ин ба ӯ мушарраф гашт, ки дар қатори яке аз панҷ заноне бошад, ки Матто онҳоро дар насабномаи Исо зикр карда буд (Мат. 1:1, 3, 5, 6, 16).
10. Чаро Ишаъё барои мо намунаи хуб аст?
10 «Инак ман ҳозирам, маро бифирист» (Иш. 6:8). Пеш аз гуфтани ин суханон Ишаъё рӯъёи аҷоибе дид, ки дар он Яҳува дар тахти худ бар маъбади Исроил нишаста буд. Вақте ки Ишаъё ба он рӯъёи олиҷаноб бодиққат нигоҳ мекард, ӯ суханони Яҳуваро шунид, ки мегуфт: «Ман киро бифиристам? Ва кист, ки барои Мо биравад?». Бо ин суханон Яҳува касеро даъват мекард, то намояндаи Ӯ шуда хабарҳояшро ба халқи якраваш бирасонад. Ишаъё дар ҷавоби суханони Яҳува чунин гуфт: «Инак ман ҳозирам, маро бифирист» ва ӯ гуфтаашро иҷро карда нишон дод, ки ореи ӯ дар ҳақиқат оре аст. Дар тӯли зиёда аз 46 сол Ишаъё содиқона чун пайғамбар хизмат карда хабари ҷиддиро оиди ҷазо эълон мекард. Ӯ ҳамзамон ба халқ ваъдаи олиҷаноберо дар бораи барқароршавии ибодати пок мерасонд.
11. а) Чаро муҳим аст, ки ореи мо оре бошад? б) Кадом шахсон дар мавриди ваъдахилофӣ бароямон намунаҳои огоҳкунандаанд?
11 Чаро Яҳува роҳбарӣ кард, ки ин мисолҳо дар Каломаш навишта шаванд? Ва то чӣ андоза муҳим аст, ки мо гузорем, то ореи мо оре бошад? Китоби Муқаддас ба таври равшан огоҳ мекунад, ки шахсони «аҳдшикан» дар қатори онҳое мебошанд, ки «сазовори марганд» (Рум. 1:31, 32). Фиръавни Миср, подшоҳи Яҳудо — Сидқиёҳу, Ҳанониё ва Сафира барои мо намунаҳои огоҳкунандаанд, зеро онҳо нагузоштанд, ки ореашон оре бошад ва оқибати бади инро чашиданд (Хур. 9:27, 28, 34, 35; Ҳиз. 17:13–15, 19, 20; Аъм. 5:1–10).
12. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ореамон оре бошад?
12 Азбаски мо дар «айёми охир» зиндагӣ дорем, моро одамони бевафое, ки «намуди зоҳирии диндориро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд», иҳота менамоянд (2 Тим. 3:1–5). Чӣ қадаре, ки аз дастамон меояд, мо бояд аз муошират бо чунин шахсон канорагирӣ намоем. Беш аз ин, мо бояд мунтазам бо шахсоне ҷамъ оем, ки ҳамеша мекӯшанд, то ореашон оре бошад (Ибр. 10:24, 25).
ОРЕИ МУҲИМТАРИНИ ШУМО
13. Ореи муҳимтарине, ки пайравони Исо мегӯянд, кадом аст?
13 Ваъдаи муҳимтарине, ки шахс дода метавонад — ин ба Худо бахшидани ҳаёти худ аст. Аз шахсоне, ки мехоҳанд пайрави Исо гарданд, дар се мавриди махсус пурсида мешавад, ки оё онҳо дар ҳақиқат чизҳои аз шогирдони ӯ дарталаббударо иҷро кардан мехоҳанд (Мат. 16:24). Вақте ки ду пири ҷамъомад бо шахсе, ки воизи таъмиднаёфта шудан мехоҳад, саволу ҷавоб мекунанд, онҳо аз ӯ мепурсанд: «Оё шумо дар ҳақиқат мехоҳед яке аз Шоҳидони Яҳува бошед?» Баъдтар, вақте ки шахс аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ мекунад ва барои таъмидгирӣ хоҳиш пайдо мекунад пирон бо ӯ вомехӯранд ва саволи зеринро медиҳанд: «Оё шумо дар дуои шахсӣ худро ба Яҳува бахшидаед?» Ва дар мавриди охирин, рӯзи таъмидгирӣ аз ҳар як шахси таъмидгиранда пурсида мешавад: «Оё аз гуноҳҳои худ дар асоси фидияи Исои Масеҳ тавба карда, ҳаёти худро ба Яҳува барои иҷроиши иродаи Ӯ бахшидаед?» Пас, таъмидгирандагон дар пеши шоҳидон оре, яъне ҳа мегӯянд ва ба Яҳува ваъда медиҳанд, ки ҳамеша ба Ӯ хизмат хоҳанд кард.
14. Чӣ тавр мо бояд худро вақт аз вақт тафтиш кунем?
14 Хоҳ шумо нав таъмид ёфта бошед, хоҳ тӯли даҳсолаҳо ба Худо хизмат карда истодаед, ба шумо лозим аст, ки вақт аз вақт худро тафтиш кунед ва оиди чунин саволҳо мулоҳиза ронед: «Оё ман мисли Исо ба ореи муҳимтаринам то ҳол вафо карда истодаам? Оё ман то ҳол ба Исо итоат карда кори мавъиза ва шогирдсозиро дар ҷои аввали ҳаётам гузошта истодаам?» (2 Қӯринтиён 13:5–ро бихонед.)
15. Дар кадом соҳаҳои ҳаёт муҳим аст, ки ореи мо оре бошад?
15 Ба ваъдаи худ оиди ба Худо бахшида шуданамон вафо кардан ҳамчунин маънои онро дорад, ки мо бояд дар дигар мавридҳои муҳим низ вафодор бошем. Масалан: оё шумо оиладоред? Агар ҳа, пас ба он қасами махсусе, ки шумо барои дӯст доштан ва меҳру навозиш нишон додан ба ҳамсаратон дода будед, вафо кунед. Оё шумо ягон шартномаи корӣ бастаед ё барои дар ташкилоти Яҳува ба ӯҳда гирифтани масъулият ё иштирок дар ягон намуди хизмат варақа пур кардаед? Пас, супоришҳои ба ӯҳда гирифтаатонро иҷро намоед ва ба ваъдаҳои додаатон вафо кунед. Оё шуморо ягон шахси камбизоат ба меҳмонӣ таклиф кард ва шумо ваъда додед, ки меоед? Пас, ба қавли додаатон вафо кунед, ҳатто агар шахси дигар ба шумо таклифи беҳтареро пешниҳод кунад ҳам. Оё шумо дар мавъизаи хона ба хона ба ягон кас ваъда додаед, ки барои ба ӯ кӯмаки рӯҳонӣ расонидан боз меоед? Пас, бигзор ореи шумо дар ҳақиқат оре бошад ва Яҳува хизмати шуморо баракат хоҳад дод. (Луқо 16:10–ро бихонед.)
АЗ ХИЗМАТИ САРКОҲИН ВА ПОДШОҲАМОН МАНФИАТ МЕГИРЕМ
16. Агар мо ба қавламон вафо накунем, ба мо чӣ кор кардан лозим аст?
16 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки чун одамони нокомил «ҳамаи мо бисёр пешпо мехӯрем», хусусан дар мавриди истифодабарии забон (Яъқ. 3:2). Агар мо дарк кунем, ки ба ваъдаи додаамон вафо накардем, он гоҳ чӣ кор кунем? Ба туфайли Қонуни ба исроилиён додашуда ба шахсе, ки «бо даҳонаш... бемулоҳиза қасам хӯрдааст», ба даст овардани бахшиши Худо имконпазир мегашт (Ибд. 5:4–7, 11). Мисли ин, масеҳиёне, ки ба чунин хатогӣ роҳ медиҳанд, бахшиши Худоро ба даст оварда метавонанд. Агар мо дар чунин гуноҳ ба Яҳува иқрор шавем, Ӯ тавассути хизмати саркоҳинамон, Исои Масеҳ, ба мо раҳмдилӣ зоҳир мекунад ва гуноҳамонро мебахшад (1 Юҳ. 2:1, 2). Лекин барои нигоҳ доштани илтифоти Яҳува мо бояд бо рафторамон нишон диҳем, ки аз таҳти дил пушаймонем ва дигар чунин гуноҳро содир накунем. Мо бояд тамоми кӯшишҳоямонро ба харҷ диҳем, то зарари бо суханҳои бемулоҳиза расонидаамонро бартараф созем (Мас. 6:2, 3). Албатта, беҳтар аст, ки пеш аз додани ваъдаҳое, ки мо иҷро карда наметавонем, хуб фикр кунем. (Воиз 5:2–ро бихонед.)
17, 18. Ҳамаи онҳоеро, ки бо ҷидду ҷаҳд мекӯшанд, то ореашон оре бошад, чӣ ояндаи олиҷанобе интизор аст?
17 Чӣ ояндаи олиҷанобе интизор аст ҳамаи ходимони Яҳуваро, ки сахт мекӯшанд, то ореашон оре бошад! Барои 144 000 нафар тадҳиншудагон ин маънои онро дорад, ки онҳо дар осмон ҳаёти бефано ё беохирро соҳиб хоҳанд шуд ва ҳамроҳи Исо «ҳазор сол салтанат хоҳанд ронд» (Ваҳй 20:6). Миллионҳо нафарони дигарро ҳаёт дар Биҳишти рӯи замин интизор аст. Он вақт Масеҳ — подшоҳи Салтанати Худо ба онҳо кӯмак менамояд, ки саломатӣ ва ақли комилро ба даст оранд (Ваҳй 21:3–5).
18 Дар охири Ҳукмронии ҳазорсолаи Исо одамон ба озмоиши охирин рӯ ба рӯ мешаванд.Танҳо барои онҳое, ки дар ин озмоиш содиқ мемонанд, ҳаёт дар Биҳишт имконпазир мегардад ва он вақт ин одамон дигар барои ба гуфтаҳои якдигар шубҳа кардан сабаб нахоҳанд дошт (Ваҳй 20:7–10). Ҳар як оре оре хоҳад буд, ва ҳар як не — не. Ҳар як инсон ба Падари пурмуҳаббати осмониамон — Яҳува, ки «Худои ростӣ» аст — ба таври комил пайравӣ хоҳад кард (Заб. 30:6).
[Тасвир дар саҳифаи 28]
Аз вақти таъмидгирӣ то дами марг Исо ба ваъдаҳои ба Падар додааш вафо кард
[Тасвир дар саҳифаи 30]
Оё шумо мувофиқи ореи муҳимтаринатон амал карда истодаед?