ГАНҶҲОИ КАЛОМ ХУДО | 2 ҚӮРИНТИЁН 4–6
«Мо рӯҳафтода намешавем»
Тасаввур кунед, ки ду оила дар хонаи якхела, ки кӯҳнаву фарсуда аст, зиндагӣ мекунанд. Як оила аз ин вазъият рӯҳафтода асту дигар бошад, хурсанд. Чаро? Чунки оилаи дуюм ба наздикӣ ба хонаи наву зебо мекӯчад.
Ҳарчанд «тамоми офаридаҳо то имрӯз дар якҷоягӣ оҳу нола мекунанд ва азоб мекашанд» умеде, ки мо чун хизматгорони Худо дорем, моро дастгирӣ мекунад (Рм 8:22). Мо медонем, ки душвориҳои ҳозира, новобаста ба он ки даҳсолаҳо боз моро азоб медиҳанд, дар муқоиса бо ҳаёти ҷовидона дар дунёи нави Худо «кӯтоҳмуддат ва сабуканд». Ба баракатҳои оянда назар дӯхтан ба мо ёрӣ медиҳад, ки хурсанд бошем ва рӯҳафтода нашавем.