-
Чӣ гуна худро аз ҷаҳон ҷудо нигоҳ дорем«Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред»
-
-
3. a) Вақте ки Исо дар замин зиндагӣ мекард, муносибати ӯ ба сиёсат чӣ гуна буд? б) Чаро гуфтан мумкин аст, ки пайравони тадҳиншудаи Исо чун сафирон хизмат мекунанд? (Фикрҳои дар эзоҳ бударо қайд кунед.)
3 Исо ҳангоми дар замин зиндагӣ карданаш ба сиёсат дахолат намекард. Ӯ тамоми қувваташро ба мавъиза оиди Салтанати Худо — ҳокимияти ояндаи осмонӣ, ки ӯ бояд Подшоҳи он мешуд, бахшида буд (Дониёл 7:13, 14; Луқо 4:43; 17:20, 21). Аз ин рӯ, Исо ҳангоми дар назди ҳокими Рум Понтиюс Пилотус буданаш, тавонист чунин гӯяд: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест» (Юҳанно 18:36). Пайравони содиқи Исо ба намунаи ӯ пайравӣ мекунанд. Онҳо ба ӯ ва ба Салтанаташ содиқиро нигоҳ дошта, оиди ин Салтанат ба ҷаҳон мавъиза мекунанд (Матто 24:14). «Мо элчиён [сафирон]-и Масеҳ ҳастем,...— навишт Павлуси расул.— Мо аз тарафи Масеҳ илтимос мекунем: бо Худо мусолиҳа намоед» (2 Қӯринтиён 5:20)a.
4. Чӣ тавр ҳамаи масеҳиёни ҳақиқӣ садоқати худро ба Салтанати Худо нишон медиҳанд? (Ба замимаи «Масеҳиёни асри як мавқие бетарафиро нигоҳ медоштанд» нигаред.)
4 Азбаски сафирон давлатҳои хориҷӣ ё сарварони онро намояндагӣ мекунанд, онҳо ба корҳои дохилии он мамлакате, ки ба он ҷо фиристода шудаанд, дахолат намекунанд ва бетарафиро нигоҳ медоранд. Вале сафирон манфиатҳои ҳокимияти мамалакатҳоеро, ки намояндагӣ мекунанд, ҳимоя менамоянд. Дар бораи тадҳиншудагон низ, ки пайравони Исо мебошанд ва шаҳрвандии онҳо дар осмон аст, чунин гуфтан мумкин аст (Филиппиён 3:20). Дар ҳақиқат, ба туфайли мавъизаи боғайрат оиди Салтанат, онҳо ба миллионҳо «гӯсфандони дигар»-и Масеҳ барои оштӣ шудан бо Худо кӯмак расонданд (Юҳанно 10:16; Матто 25:31–40). «Гӯсфандони дигар» бародарони тадҳиншудаи Масеҳро дастгирӣ карда, чун фиристодагони ӯ хизмат мекунанд. Ин ду гурӯҳ, ки дар як рама мебошанд, манфиати Салтанати Масеҳоиро муҳофизат мекунанд ва дар корҳои сиёсии ин ҷаҳон бетарафии ҷиддиро нигоҳ медоранд. (Ишаъё 2:2–4-ро хонед.)
-
-
Чӣ гуна худро аз ҷаҳон ҷудо нигоҳ дорем«Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред»
-
-
a Аз замони Пантикости соли 33 эраи мо сар карда, Масеҳ чун Подшоҳ бар ҷамъомади пайравони тадҳиншудаи заминӣ хизмат мекард (Қӯлассиён 1:13). Соли 1914 Масеҳ бар «Салтанати ҷаҳон» қудрати подшоҳиро қабул кард. Аз ин рӯ, масеҳиёни тадҳиншуда имрӯз чун сафирони Салтанати Масеҳоӣ хизмат мекунанд (Ваҳй 11:15).
-