Барои баракатҳои Яҳува талош кунед!
«Бо Худо ва бо одамон гӯштин гирифтӣ [«мубориза бурдӣ», ТДН], ва ғолиб шудӣ» (ҲАС. 32:28).
1, 2. Ходимони Яҳува бояд бо чӣ мубориза баранд?
ҲАМА ходимони содиқи Худо аз замонҳои Ҳобил то рӯзҳои мо барои имонашон мубориза мебаранд. Павлуси ҳавворӣ ба масеҳиёни ибрӣ гуфт, ки онҳо «бори гарони уқубатҳоро» бардоштанд, зеро кӯшиш мекарданд, ки ба Яҳува писанд оянд ва баракатҳои Ӯро соҳиб шаванд (Ибр. 10:32–34). Павлус талоши ходимони Худоро бо ҷидду ҷаҳди паҳлавононе, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ дар Юнон иштирок мекарданд, ба мисли давидан, гӯштингирӣ ва муштзанӣ муқоиса кард (Ибр. 12:1, 4). Имрӯз мо дар талоши зиндагӣ мебошем ва бо душманоне рӯ ба рӯ мешавем, ки ҳушамонро парешон карда, ба кори нодуруст тела медиҳанд ва моро рӯҳафтода намуда мехоҳанд, ки хурсандиамонро гум кунем ва аз баракатҳои оянда маҳрум шавем.
2 Пеш аз ҳама мо бо Шайтон ва дунёи вай мубориза мебарем (Эфс. 6:12). Хеле муҳим аст, ки ба таъсири ин дунё, яъне ба таълимот, фалсафа ва одатҳои нопок ба мисли бадахлоқӣ, сигоркашиву арақхӯрӣ ва нашъамандӣ дода нашавем. Ҳамчунин мо бояд бо сустиҳои худ ва рӯҳафтодагӣ мубориза барем (2 Қӯр. 10:3–6; Қӯл. 3:5–9).
3. Барои бо душман мубориза бурдан Яҳува моро чӣ тавр таълим медиҳад?
3 Оё чунин рақибони пурзӯрро ғалаба кардан имконпазир аст? Бале, лекин бе мубориза намешавад. Павлус худро бо муштзан муқоиса карда гуфт: «Ман медавам на он тавре ки бар абас бошад, ва мушт мезанам на он тавре ки фақат барои задани ҳаво бошад» (1 Қӯр. 9:26). Чи хеле ки муштзан бо рақибаш мубориза мебарад, мо бояд бо душманони худ мубориза барем. Дар ин мубориза мо танҳо нестем, Яҳува моро таълим медиҳад ва кӯмак мерасонад. Ӯ ба воситаи Китоби Муқаддас, адабиёт, ҷамъомад ва анҷуманҳо ба мо дастуроти наҷотбахш медиҳад. Оё шумо ин дастуротро ба кор мебаред? Агар шумо таълими Яҳуваро ба кор набаред, пас дар мубориза бо душман пурра муқобилат карда наметавонед. Ва гӯё ба муштзане монанд мешавед, ки ба «ҳаво» мушт мезанад.
4. Чӣ тавр мо ба бадӣ ғолиб омада метавонем?
4 Душманон дар он вақте ки мо интизор нестем, ҳамла мекунанд ва ҳангоме ки нотавонем, зарба мезананд. Барои ҳамин мо бояд ҳамеша ҳушёру бедор монем. Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад: «Ба бадӣ мағлуб нашав, балки бадиро бо некӣ мағлуб кун» (Рум. 12:21). Ибораи «ба бадӣ мағлуб нашав» нишон медиҳад, ки мо бар бадӣ ғалаба карда метавонем, ба шарте ки доимо бо он мубориза барем. Баръакси ин, агар мо ҳушёриро аз даст дода мубориза бурданро бас кунем, пас Шайтон, дунёи шарир ва ҷисми нокомиламон бар мо ғолиб меоянд. Ҳеҷ гоҳ нагузоред, ки Шайтон шуморо тарсонда дар мубориза дастҳоятонро суст гардонад! (1 Пет. 5:9).
5. а) Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, то минбаъд низ барои ба даст овардани баракатҳои Яҳува талош кунем? б) Мо кадом намунаҳои Китоби Муқаддасро дида мебароем?
5 Барои дар мубориза муваффақ гаштан мо бояд мақсади муборизаро фаромӯш накунем. Зеро мехоҳем, ки ба Худо писанд омада баракатҳои Ӯро соҳиб шавем. Дар Ибриён 11:6 чунин гуфта шудааст: «Ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод». «Толибони» Худо будан маънои онро дорад, ки агар мо ба Яҳува маъқул шудан хоҳем, бояд сахт кӯшиш кунем (Аъм. 15:17). Дар Китоби Муқаддас оиди намунаҳои мардону заноне навишта шудааст, ки барои ба даст овардани баракатҳои Худо ҷидду ҷаҳд мекарданд. Яъқуб, Роҳел, Юсуф ва Павлус бо вазъиятҳое рӯ ба рӯ шуданд, ки аз ҷиҳати эмотсионаливу ҷисмонӣ одамро нотавон мекард. Лекин онҳо исбот карданд, ки устуворӣ баракатҳои зиёд меорад. Биёед, ҳоло намунаи олиҷаноби ин чор нафарро дида бароем ва фаҳмем, ки чӣ тавр ба онҳо пайравӣ карда метавонем.
УСТУВОРӢ БАРАКАТ МЕОРАД
6. Чӣ ба Яъқуб кӯмак кард, ки устувор монад ва ӯ соҳиби кадом баракатҳо шуд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
6 Яъқуб-пайғамбар Яҳуваро дӯст медошт, чизҳои рӯҳониро қадр мекард ва пурра боварӣ дошт, ки Яҳува ба ваъдааш вафо карда насли ӯро баракат медиҳад. Барои ҳамин ӯ мубориза бурд ва устувор монд (Ҳас. 28:3, 4). Масалан, вақте ки ӯ қариб садсола буд, бо тамоми қувваташ ҳар кори аз дасташ меомадаро кард, то баракати Яҳуваро соҳиб гардад; вай ҳатто бо фариштае, ки ҷисми одамӣ гирифта буд, гӯштин гирифт. (Ҳастӣ 32:24–28-ро хонед.) Оё барои бо фариштаи пурзӯр мубориза бурдан зӯри Яъқуб мерасид? Албатта, не! Лекин Яъқуб устувор буд ва исбот кард, ки вай барои соҳиби баракат шудан ҷидду ҷаҳд мекунад! Яҳува ӯро баракат дод ва номашро Исроил монд, ки маънояш «Муборизабаранда бо Худо» ва ё «Устуворона мубориза бурдан бо Худо» мебошад. Яъқуб розигиву баракати Яҳуваро ба даст овард, ки мо низ дар талоши онем.
7. а) Роҳел бо кадом душворӣ рӯ ба рӯ шуд? б) Ӯ чӣ кор кард ва соҳиби кадом баракат гашт?
7 Зани Яъқуб, Роҳел иҷрошавии ваъдаеро, ки Худо ба шавҳараш дода буд, бесаброна интизорӣ мекашид. Лекин душворие буд, ки ба назар ҳалнашаванда метофт. Ӯ бефарзанд буд. Дар он замонҳо бефарзандӣ бадбахтӣ ба ҳисоб мерафт. Чӣ тавр Роҳел барои мубориза бурдан бо ин вазъият, ки рӯҳафтода месохту аз вай вобаста набуд, қувват пайдо кард? Ӯ ҳеҷ вақт ноумед намешуд. Ба ҷои ин вай муборизаро давом дода гаштаву баргашта дуо мегуфт. Яҳува зорию таваллои Роҳелро шунид ва дар натиҷа ӯро баракат дода ба вай фарзанд ато кард. Аз ин рӯ Роҳел шодӣ карда чунин гуфт: «Бо хоҳари худ гӯштин гирифтам [«мубориза бурдам», ТДН], ва ғолиб омадам» (Ҳас. 30:8, 20–24).
8. Юсуф кадом душвориҳоро аз сар гузаронд ва дар чӣ намуна гузошт?
8 Устувории Яъқубу Роҳел, бешубҳа, ба писарашон Юсуф таъсири калон расонд ва ин ҳангоми бо озмоиши имон рӯ ба рӯ шуданаш маълум шуд. Вақте Юсуф 17-сола буд, ҳаёташ тамоман тағйир ёфт. Бародаронаш аз рашку ҳасад ӯро ба ғуломӣ фурӯхтанд. Баъдтар бошад, ӯро дар Миср ноҳақ ба зиндон партофтанд (Ҳас. 37:23–28; 39:7–9, 20, 21). Юсуф аз ин вазъиятҳо рӯҳафтода нашуд; вай дар дилаш барои қасос гирифтан кина нагирифт. Баръакс, ӯ ақлу дилашро ба муносибаташ бо Яҳува равона мекард (Ибд. 19:18; Рум. 12:17–21). Намунаи Юсуф ба мо кӯмак карда метавонад. Масалан, ҳатто агар давраҳои кӯдакии мо душвор гузашта бошад ҳам ва ё агар вазъиятҳои ҳозира ҳалнашаванда тобанд, ба мо лозим аст, ки устуворона мубориза бурданро давом диҳем. Мо боварӣ дошта метавонем, ки агар мо чунин кунем, Яҳува моро, албатта, баракат медиҳад. (Ҳастӣ 39:21–23-ро хонед.)
9. Чӣ тавр мо ба Яъқуб, Роҳел ва Юсуф пайравӣ карда метавонем?
9 Дар бораи вазъияте фикр кунед, ки ҳоло аз сар гузаронда истодаед ва бароятон эҳтимол он озмоиш аст. Шояд он беадолатӣ, бадгумонӣ ё масхара бошад. Ё эҳтимол касе шуморо аз рашку ҳасад бардурӯғ айбдор мекунад. Ба ҷои дар ин вазъият мағлуб шудан дар ёд доред, ки Яъқуб, Роҳел ва Юсуф бо хурсандӣ ба Яҳува хизмат карда чиро ба даст оварданд. Худо онҳоро қавӣ гардонда баракат дод, чунки онҳо чизҳои рӯҳониро қадр мекарданд. Онҳо муборизаро давом медоданд ва мувофиқи дуоҳояшон рафтор мекарданд. Мо дар анҷоми ин дунёи Шайтон зиндагӣ дорем, аз ин рӯ барои зинда нигоҳ доштани умедамон сабаби ҷиддӣ дорем. Оё шумо бо тамоми қувват барои ба Яҳува писанд омадан мубориза мебаред?
БО ОМОДАГӢ БАРОИ БАРАКАТ МУБОРИЗА БАРЕД
10, 11. а) Чаро ба мо лозим меояд, ки барои баракати Яҳува мубориза барем? б) Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки интихоби дуруст кунем?
10 Ҳангоми мубориза барои баракати Яҳува мо бо кадом вазъиятҳо рӯ ба рӯ шуда метавонем? Як вазъияте, ки бисёриҳо бо он дучор шуданд, ин мубориза бар сустиҳои ҷисм мебошад. Дигарон бошанд бо саломатии бад, ҳиссиёти танҳоӣ ё барои нигоҳ доштани назари дуруст ба хизмат боқатъият мубориза мебаранд. Ё барои баъзеҳо бахшидани шахсе ки нисбаташон нодуруст амал кардааст, душвор аст. Новобаста аз он ки чанд сол боз ходими Яҳува ҳастем, ҳамаи мо бояд бо чизҳое мубориза барем, ки барои ба Яҳува хизмат кардан халал мерасонад. Ва Яҳува ҳатман моро барои ин баракат медиҳад.
11 Дар ҳақиқат масеҳӣ будан ва интихоби дуруст кардан хеле душвор аст, махсусан вақте мо бо хоҳишҳои нодуруст мубориза мебарем (Ирм. 17:9). Агар шумо инро дар худ пай баред, пас дар дуо аз Яҳува рӯҳулқудс пурсед. Дуо ва рӯҳи муқаддас ба шумо қувват мебахшад, то бо роҳи дуруст равона шуда баракати Яҳуваро соҳиб гардед. Мувофиқи дуоҳоятон амал кунед. Ҳар рӯз кӯшиш намоед, ки ягон порчаи Китоби Муқаддасро хонед ва мунтазам барои омӯзиши шахсӣ ва ибодати оилавӣ вақт ҷудо кунед. (Забур 118:32-ро хонед.)
12, 13. Чӣ ба ду Шоҳиди Яҳува ёрдам кард, ки хоҳишҳои нодурусташонро идора кунанд?
12 Каломи Худо, рӯҳи муқаддас ва адабиётҳоямон ба бисёр бародарону хоҳарон ёрдам карданд, ки бар хоҳишҳои нодуруст ғолиб оянд. Масалан, ҷавоне аз маҷаллаи «Бедор шавед!» (рус.), аз 8 декабри соли 2003 мақолаи «Чӣ тавр бо хоҳишҳои нодуруст мубориза барем?»-ро хонд. Пас аз хондани мақола ӯ ба чунин хулоса омад: «Ман барои идора кардани фикрҳои нодуруст мубориза мебарам. Вақте ман аз ин мақола фаҳмидам, ки бо хоҳишҳои нодуруст мубориза бурдан барои бисёриҳо душвор будааст, худро қисми бародарият ҳис кардам ва фаҳмидам, ки танҳо нестам». Ин ҷавон ҳамчунин аз мақолаи «Оё Худо тарзи ҳаёти ғайритабииро меписандад?», ки дар маҷаллаи «Бедор шавед!» (рус.), аз 8 октябри соли 2003 чоп шуда буд, манфиат гирифт. Дар ин мақола вай аҳамият дод, ки барои баъзе ходимони Худо ин мубориза чун «неше дар ҷисм» аст (2 Қӯр. 12:7). Ба ҳар ҳол вақте онҳо муборизаро давом дода дуруст рафтор карданд, ин ёрдам дод, ки он бародару хоҳарон нисбати оянда назари мусбӣ дошта бошанд. Он ҷавон илова кард: «Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки ҳар рӯз ба Худо содиқ монда метавонам. Ман миннатдорам, ки Яҳува ба воситаи ташкилоташ ба мо кӯмак мерасонад, то дар ин дунёи шарир ҳар рӯзро паси сар кунем».
13 Биёед ҳамчунин намунаи хоҳареро аз Иёлоти Муттаҳида дида бароем. Ӯ менависад: «Ман аз шумо миннатдорам, ки ғизои рӯҳонии даркориро саривақт медиҳед. Одатан ҳис мекунам, ки ин мақолаҳо шахсан барои ман навишта шудаанд. Ман чанд сол боз бо хоҳиши сахте нисбати чизе, ки Яҳува аз он нафрат дорад, мубориза мебарам. Баъзан ман мехоҳам, ки таслим шуда муборизаро бас кунам. Ман медонам, ки Яҳува раҳмдилу бахшанда аст, лекин азбаски чунин хоҳиши нодуруст дорам ва дар дил аз он нафрат намекунам, ҳис мекунам, ки сазовори кӯмаки Яҳува нестам. Ин муборизаи бардавом ҳаёти маро душвор кард... Баъди хондани мақолаи “Оё дили шумо барои шинохтани Яҳува омода аст?”, ки дар “Бурҷи дидбонӣ” аз 15 марти соли 2013 чоп шудааст, ман фаҳмидам, ки Яҳува ба ман кӯмак кардан мехоҳад».
14. а) Павлус ба чӣ пурра боварӣ дошт? б) Чӣ тавр мо дар мубориза бо сустиҳоямон ғолиб омада метавонем?
14 Румиён 7:21–25-ро хонед. Павлус аз ҳаёти худаш медонист, ки то чӣ андоза муқобили хоҳишҳо ва сустиҳои ҷисми нокомил мубориза бурдан душвор аст. Вале ба ҳар ҳол ӯ пурра боварӣ дошт, ки агар дар дуо ба Яҳува такя кунад ва ба қурбонии Исо имон дошта бошад, ӯ дар ин мубориза ғолиб омада метавонад. Лекин дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё мо дар мубориза бо сустиҳоямон ғолиб омада метавонем? Албатта, агар ба намунаи Павлус пайравӣ намуда, пурра ба Яҳува такя кунем ва ба фидя имон дошта бошем.
15. Барои содиқ мондан ва озмоишҳоро аз сар гузаронидан чӣ ба мо кӯмак карда метавонад?
15 Баъзан Худо мегузорад, то мо нишон диҳем, ки то чӣ андоза оиди ягон масъала хавотирем. Масалан, агар мо ё ягон аъзои оилаамон бо касалии ҷиддӣ ё бо беадолатӣ рӯ ба рӯ шавем, пас ба ин чӣ тавр муносибат мекунем? Агар мо пурра ба Яҳува боварӣ дошта бошем, дар ин вақт аз Ӯ хоҳиш мекунем, ки барои минбаъд содиқ мондану аз даст надодани хурсандӣ ва саломатии рӯҳонӣ моро қувват бахшад (Флп. 4:13). Таҷрибаи бисёриҳо чӣ дар рӯзҳои Павлус ва чӣ дар рӯзҳои мо исбот мекунанд, ки дуо барои гирифтани қуввати нав ва инкишоф додани боварӣ ба мо кӯмак мерасонад, то ки минбаъд низ дар озмоишҳо пуртоқат бошем.
БАРОИ ГИРИФТАНИ БАРАКАТИ ЯҲУВА МИНБАЪД НИЗ ТАЛОШ КУНЕД
16, 17. Шумо ба чӣ азми қавӣ доред?
16 Вақте Шайтон мебинад, ки шумо дар мубориза дастонатонро суст карда таслим шудед, ӯ аз ин беҳад хурсанд мешавад. Барои ҳамин кӯшиш кунед, ки «чизи хубро нигоҳ доред» (1 Тас. 5:21). Боварии комил дошта бошед, ки шумо дар мубориза бо Шайтон, дунёи шарир ва майлу хоҳишҳои гунаҳкорона ғолиб омада метавонед. Барои ин шумо бояд боварӣ дошта бошед, ки Худо ба шумо қувват дода метавонад (2 Қӯр. 4:7–9; Ғал. 6:9).
17 Бо тамоми қувват муборизаро давом диҳед. Минбаъд низ барои баракат талош кунед ва устувор бошед! Сад фоиз боварӣ дошта бошед, ки Яҳува «баракати аз ҳад зиёде бар шумо фурӯ» мерезад (Мал. 3:10).