БОБИ 19
«Гап задан гир ва хомӯш набош»
Павлус кор карда худашро таъмин мекард, вале хизмати Яҳува дар ҷойи аввали ҳаёташ буд
Бар Корнома 18:1–22 асос ёфтааст
1–3. Барои чӣ Павлуси расул ба Қӯринт меояд ва бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ мешавад?
ҲОЛО нимаи дуюми соли 50-уми милодӣ аст. Павлуси расул дар шаҳри Қӯринт, ки шаҳри бойи тиҷоратӣ аст, қарор дорад. Аҳолии ин шаҳр хеле калон аст, дар ин ҷо юнониҳо, румиҳо ва яҳудиён зиндагӣ мекунандa. Павлус ин ҷо барои харидуфурӯш ё кор кофтан наомадааст. Ӯ ба ин ҷо бо як мақсади арзанда — барои дар бораи Подшоҳии Худо ба одамон шаҳодат додан, омадааст. Дар ин ҷойи бегона ба ӯ лозим аст, ки сарпаноҳе ёбад ва кор карда худашро таъмин намояду ба дигарон бор нашавад. Ӯ намехоҳад, ки аз ҳисоби таълим додани Каломи Худо зиндагӣ кунад.
2 Павлус ҳунари хаймадӯзӣ дошт. Ин кор осон набошад ҳам, ӯ тайёр буд, ки бо дастонаш меҳнат карда худро таъмин кунад. Оё ӯ дар ин шаҳри серодам кор меёфта бошад? Оё барои зистан ҷойи мувофиқ меёбад? Павлус дар бораи ин чизҳо фикр кунад ҳам, чизи асосӣ — хизматашро, сарфи назар намекард.
3 Павлус муддате дар Қӯринт мемонад ва дар ин шаҳр хизматаш пурсамар мегардад. Мо аз хизмати Павлус дар Қӯринт чӣ меомӯзем ва чӣ ба мо кумак мекунад, ки дар минтақаи худ дар бораи Подшоҳии Худо як ба як шаҳодат диҳем?
«Касбу ҳунари ӯ... хаймадӯзӣ буд» (Корнома 18:1–4)
4, 5. а) Павлус дар Қӯринт дар куҷо меистод ва чӣ тавр худро таъмин мекард? б) Павлус ҳунари хаймадӯзиро чӣ хел ёд гирифта буд?
4 Каме пас аз омадан ба Қӯринт Павлус ҳамсарони меҳмондӯстеро, ки яҳудӣ буданд, вомехӯрад. Номи ин ҳамсарон Акило ва Прискило (ё Приска) буд. Онҳо ба шаҳри Қӯринт кӯчида буданд, чунки мувофиқи фармони император Клавдиюс «яҳудиён бояд аз Рум мерафтанд» (Кор. 18:1, 2). Акило ва Прискило Павлусро дар хонаи худ нағз пазируфтанд ва ӯро даъват карданд, ки ҳамроҳ хаймадӯзӣ кунанд. Мо дар ин бора мехонем: «Азбаски касбу ҳунари ӯ [Павлус] ҳам хаймадӯзӣ буд, дар хонаи онҳо истода, ҳамроҳашон кор мекард» (Кор. 18:3). Ҳангоми дар Қӯринт хизмат карданаш Павлус дар хонаи ин ҳамсарони меҳрубону меҳмондӯст меистад. Дар ин муддат Павлус якчанд номаеро менависад, ки баъдтар қисми Китоби Муқаддас мегардандb.
5 Павлус, ки «аз худи Ҷамлиил сабақ гирифта» буд, чӣ хел хаймадӯз шуд? (Кор. 22:3). Чунин ба назар мерасад, ки дар асри як яҳудиён фарзандонашонро соҳиби маълумот кунанд ҳам, ор намекарданд, ки ба онҳо боз ягон ҳунари косибиро ёд диҳанд. Павлус, аз афташ, ҳунари хаймадӯзиро ҳангоми ба камол расиданаш омӯхта буд. Зодгоҳи ӯ — Тарсуси Қилиқия, бо матои қилиқӣ, ки аз он хайма медӯхтанд, машҳур буд. Кори хаймадӯзон чиро дар бар мегирифт? Баъзеи ин косибон матои хаймаро мебофтанд, баъзеи дигар бошанд, ин матои дуруштро пора карда аз он хайма медӯхтанд. Шубҳае нест, ки ин кор ранҷу заҳмати зиёд металабид.
6, 7. а) Павлус ба хаймадӯзӣ чӣ хел муносибат мекард ва дар бораи Акилою Прискило чӣ гуфтан мумкин аст? б) Чӣ хел имрӯз масеҳиён ба намунаи ин воизони боғайрат пайравӣ мекунанд?
6 Хаймадӯзӣ дар ҳаёти Павлус кори аз ҳама асосӣ набуд. Вай бо ин кор танҳо ба он хотир машғул мешуд, ки худашро таъмин намуда ба одамон хушхабарро «бепул» расонад (2 Қӯр. 11:7). Дар бораи Акилою Прискило чӣ гуфтан мумкин аст? Барои онҳо ҳам хаймадӯзӣ кори аз ҳама муҳим набуд. Соли 52-юми милодӣ, вақте Павлус аз Қӯринт рафт, ҳамроҳи ӯ Акилою Прискило низ ба Эфсӯс роҳсипор шуданд. Дар шаҳри Эфсӯс дар хонаи онҳо ҷамъомади маҳаллӣ мегузашт (1 Қӯр. 16:19). Баъдтар онҳо ба Рум баргаштанд ва пас аз муддате боз ба Эфсӯс кӯчиданд. Барои ин ҳамсарони боғайрат кори Подшоҳӣ дар ҷойи якум буд. Инчунин онҳо қувваташонро дареғ надошта ба дигарон хизмат мекарданд, барои ҳамин «тамоми бародарони ғайрияҳудӣ» аз онҳо миннатдор буданд (Рум. 16:3–5; 2 Тим. 4:19).
7 Имрӯз низ бисёр бародару хоҳарон ба намунаи Павлус ва Акилою Прискило пайравӣ мекунанд. Онҳо бисёр меҳнат мекунанд, то ки ба дигарон бор нашаванд (1 Тас. 2:9). Бисёр пешравон барои бештар хизмат намудан ҳафтаи пурра кор намекунанд ё ки кори мавсимиро ба дӯш мегиранд. Ин амали онҳо шоёни таърифу таҳсин мебошад. Мисли Акилою Прискило дари хонаи бисёр ходимони меҳмондӯсти Яҳува барои нозирони ноҳиявӣ кушода аст. Онҳое, ки «меҳмоннавозиро пеша» мекунанд, медонанд, ки он чӣ қадар қуввату тароват мебахшад (Рум. 12:13).
«Қӯринтиёни зиёде... имон оварданд» (Корнома 18:5–8)
8, 9. Вақте Павлус дид, ки яҳудиён муқобиланд, чӣ кор кард ва баъд дар куҷо хизматашро давом дод?
8 Павлус асосан барои он кор мекард, ки хизмат карда тавонад (2 Қӯр. 11:9). Аз ин рӯ, вақте бародару хоҳарони Мақдуния бо дасти Силою Тимотиюс туҳфаҳои зиёд фиристоданд, ӯ дарҳол «пурра бо паҳн кардани калом машғул шуд» (Кор. 18:5). Вале аз боиси боғайратона хизмат кардани ӯ яҳудиён зиддият нишон доданд. Вақте Павлус дид, ки яҳудиён хабари наҷотбахшро дар бораи Исои Масеҳ қабул накарданд, бо виҷдони пок либосашро афшонду ба онҳо чунин гуфт: «Ман аз хуни шумо пок ҳастам. Хунатон бар гардани худатон бошад. Акнун ба назди халқҳои дигар меравам» (Кор. 18:6; Ҳиз. 3:18, 19).
9 Павлус ба халқҳои дигар дар куҷо мавъиза мекунад? Марди қӯринтӣ Титиюс Юстус, ки дар паҳлуи ибодатхона мезист, Павлусро ба хонааш пазируфт. Ин мард, аз афташ, дини яҳудиро қабул карда буд. Акнун Павлус дар ибодатхона неву дар хонаи Юстус мавъиза мекунад (Кор. 18:7). Павлус дар Қӯринт мисли пештара дар хонаи Акило ва Прискило меистод, хонаи Юстус бошад, ҷойи асосии хизматаш буд.
10. Кадом воқеа нишон медиҳад, ки Павлус танҳо ба дигар халқҳо мавъиза намекард?
10 Павлус гуфт, ки ба назди халқҳои дигар меравад — оё ин маънои онро дошт, ки ӯ аз яҳудиён ва шахсоне, ки дини яҳудиро қабул карда буданд, пурра умедашро канд? Не, албатта. Агар воқеаҳои китоби Корнома мувофиқи услуби Луқо асосан аз рӯйи тартиби рӯй доданашон навишта шуда бошанд, пас, баъзе яҳудиён баъд аз он ки Павлус либосашро афшонда, ибодатхонаро тарк кард, пайрави Масеҳ шуданд. Масалан, «нозири он ибодатхона, ки Криспус ном дошт, бо тамоми хонаводааш ба Ҳазратамон имон овард». Ғайр аз ин, ба назар мерасад, ки баъзе касоне, ки дини яҳудиро қабул карда буданду ба ибодатхона мерафтанд, ба Криспус ҳамроҳ шуданд. Дар ин бора мехонем: «Қӯринтиёни зиёде, ки хушхабарро шуниданд, имон оварданд ва таъмид гирифтанд» (Кор. 18:8). Вохӯриҳои ин ҷамоати нави Қӯринт дар хонаи Титиюс Юстус мегузашт ва Павлус барои афзудани ин ҷамоат бисёр меҳнат мекард. Ин нишон медиҳад, ки Павлуси расул ба дигаргуниҳо тез мутобиқ мешуд ва ба ҳар шахсе, ки ба шунидани хушхабар моил буд, мавъиза мекард.
11. Чӣ хел мо ба Павлус пайравӣ карда ба одамони диндор мавъиза мекунем?
11 Имрӯз дар бисёр мамлакатҳо динҳои гуногуне ҳастанд, ки ба ҳаёти пайравонашон солҳои сол таъсир мерасонанд. Одатан касоне, ки худро диндору худотарс меҳисобанд, чун яҳудиёни асри яки Қӯринт асосан ба риояи расму оини динашон дода шудаанд. Барои ҳамин мо мисли Павлус саъю кӯшиш мекунем, ки ба чунин одамон, дар бораи Худо чӣ гуна донише надошта бошанд, Каломи Худоро фаҳмонем. Ҳатто вақте ки диндорон ба мо муқобилат мекунанд ё роҳбарони динашон моро озору азият медиҳанд, мо ноумед намешавем. Мо медонем, ки дар байни онҳое, ки «дар роҳи Худо ғайрат доранд, лекин на аз рӯйи дониши дақиқ», бисёр одамони самимӣ ҳастанд ва мо бояд онҳоро ҷустуҷӯ кунем (Рум. 10:2).
«Дар ин шаҳр одамони зиёде ҳастанд, ки ба ман имон меоранд» (Корнома 18:9–17)
12. Чӣ хел Исо дар рӯъё Павлусро қувват бахшид?
12 Ҳатто агар Павлус дудила шуда бошад, ки дар Қӯринт хизматашро давом диҳад ё не, баъди суханоне, ки Исо ҳамон шаб дар рӯъё гуфт, шубҳаҳояш бартараф шуданд. Исо ба ӯ гуфт: «Натарс, гап задан гир ва хомӯш набош, зеро ман бо ту ҳастам. Ҳеҷ кас ба ту ҳамла карда, осебе намерасонад, чунки дар ин шаҳр одамони зиёде ҳастанд, ки ба ман имон меоранд» (Кор. 18:9, 10). Ин суханон, албатта, Павлусро рӯҳбаланд карданд, охир, худи ҳазрати Исо ӯро бовар бахшид, ки аз душманонаш ҳимоя мекунад ва одамони зиёдеро ба ҷамоат меорад. Павлус пас аз суханони Исоро шунидан чӣ кор кард? Мо мехонем: «Павлус як солу шаш моҳ дар он ҷо монда, каломи Худоро таълим медод» (Кор. 18:11).
13. Вақте Павлус ба курсии доварӣ наздик мешуд, ӯ, эҳтимол, дар бораи чӣ фикр мекард, вале чӣ ӯро бовар мебахшид, ки мисли Истефанус кушта намешавад?
13 Баъд аз он ки Павлус дар Қӯринт қариб як сол зиндагӣ кард, воқеае рӯй дод, ки боварии ӯро ба дастгирии ҳазрати Исо бештар кард. Чунин шуд, ки «ҳамаи яҳудиён як шуда ба Павлус ҳамла оварданд ва ӯро назди курсии доварӣ бурданд» (Кор. 18:12). Ба ақидаи баъзеҳо, курсии доварӣ минбари баланде буд, ки аз мармари кабуду сафед сохта шуда буду кандакории зиёд дошт. Он минбар, эҳтимол, дар наздикии миёнаҷойи бозори Қӯринт буд. Майдоне, ки дар рӯ ба рӯйи минбар буд, одамони зиёдро ғунҷонда метавонист. Дар асоси бозёфтҳои бостоншиносон тахмин кардан мумкин аст, ки курсии доварӣ аз ибодатхонаи яҳудиён ва аз хонаи Юстус ду-се қадам дуртар ҷойгир буд. Вақте Павлус ба курсии доварӣ наздик мешуд, шояд, ба хотир меовард, ки чӣ хел Истефанусро як вақтҳо яҳудиён сангсор карданд. Истефанус якумин пайрави Масеҳ буд, ки аз сабаби дар бораи Исо шаҳодат доданаш кушта шуд. Павлус, ки пеш Шоул номида мешуд, «аз кушта шудани Истефанус розӣ буд» (Кор. 8:1). Оё Павлусро низ мекушта бошанд? Не, охир, Исо ба ӯ чунин ваъда дода буд: «Ҳеҷ кас ба ту... осебе намерасонад» (Кор. 18:10).
14, 15. а) Яҳудиён ба гардани Павлус кадом айбро бор карданд ва барои чӣ Ғолиюн мурофиаи судиро маҳкам кард? б) Бо Сӯстинус чӣ рӯй дод ва барои чӣ баъзеҳо фикр мекунанд, ки ӯ масеҳӣ шуд?
14 Вақте Павлусро назди курсии доварӣ оварданд, чӣ рӯй дод? Он вақт Ғолиюн ном волии Охоия доварӣ мекард, ки бародари калонии файласуфи Рум Сенека буд. Яҳудиён нисбати Павлус чунин арзу даъво карданд: «Ин одам мардумро аз роҳ зада мегӯяд, ки Худоро тавре ибодат кунанд, ки ба шариат зид аст» (Кор. 18:13). Онҳо Павлусро дар он айбдор медонистанд, ки баъзе яҳудиёнро масеҳӣ кардааст. Лекин Ғолиюн фаҳмид, ки Павлус «ягон қонуншиканӣ ё ҷинояти вазнине» содир накардааст (Кор. 18:14). Ғолиюни волӣ намехост, ки ба баҳсу мунозираи яҳудиён дахолат кунад. Павлус ҳанӯз барои ҳимояи худ сухане нагуфта, Ғолиюн мурофиаи судиро маҳкам кард. Аз ин мухолифони Павлус ба хашм омада ғазаби худро ба сари Сӯстинус, ки, шояд, ба ҷойи Криспус нозири ибодатхона шуда буд, фурӯ рехтанд. Онҳо Сӯстинусро қапида, «дар рӯ ба рӯйи курсии доварӣ задан» гирифтанд (Кор. 18:17).
15 Чаро, вақте мардум Сӯстинусро заданд, Ғолиюн кордор нашуд? Шояд, Ғолиюн фикр кард, ки иғвогари он издиҳом Сӯстинус мебошад, барои ҳамин дуруст аст, ки ӯ адабашро гирад. Чизе набошад, аз афташ, он моҷаро натиҷаи хуб овард. Павлус пас аз чандин сол дар якум номааш ба ҷамоати Қӯринт Сӯстинус гуфтанӣ бародарро ном мебарад (1 Қӯр. 1:1, 2). Оё ин ҳамон Сӯстинусе буд, ки дар Қӯринт латукӯбаш карданд? Агар ин хел бошад, шояд, он воқеаи ногувору ғамангез сабаб шуд, ки Сӯстинус масеҳӣ шавад.
16. Чӣ тавр «гап задан гир ва хомӯш набош, зеро ман бо ту ҳастам» гуфтани Исо ба мо қувват мебахшад?
16 Чи хеле ки пештар хондем, баъд аз он ки яҳудиён хабари Павлусро рад намуданд, ҳазрати Исо ӯро бо чунин суханон рӯҳбаланд кард: «Натарс, гап задан гир ва хомӯш набош, зеро ман бо ту ҳастам» (Кор. 18:9, 10). Хуб мебуд, ки ин суханонро мо ҳам дар ёд дорем, хусусан, вақте ки ба хабари мо гӯш намедиҳанд. Мо бояд ҳеҷ вақт фаромӯш накунем, ки Яҳува дили одамонро мебинад ва онҳоро ба худ ҷалб месозад (1 Подш. 16:7; Юҳ. 6:44). Донистани ин ба мо қувват мебахшад, ки хизматамонро давом диҳем. Боиси хурсандист, ки ҳар сол садҳо ҳазор нафар, яъне ҳар рӯз чандсад кас таъмид мегирад. Исо ба онҳое, ки ба амри ӯ гӯш дода «аз байни тамоми халқҳо... шогирд тайёр» мекунанд, чунин ваъда медиҳад: «Ман ҳамеша то охирзамон бо шумо ҳастам» (Мат. 28:19, 20).
«Агар Яҳува хоҳад» (Корнома 18:18–22)
17, 18. Вақте ки Павлус ба Эфсӯс мерафт, эҳтимол, дар бораи чӣ фикр мекард?
17 Пас аз он воқеа ҷамоати навбунёди Қӯринт нафас рост кард. Мо намедонем, ки ин натиҷаи қарори Ғолиюн буд ё не, аммо, чизе набошад, «Павлус рӯзҳои зиёд дар он ҷо истод». Баъдтар, баҳори соли 52-юми милодӣ, ӯ бо бародарони Қӯринт хайрухуш карда, ба Сурия равона шуд. Барои ин ӯ аввал ба бандари Канхария, ки тахминан 11 километр дуртар аз шарқи Қӯринт ҷойгир буд, сафар кард. Пеш аз он ки аз Канхария равад, Павлус «мӯйи сарашро паст кард, зеро назр карда буд»c (Кор. 18:18). Баъдан ӯ Акилову Прискилоро бо худ гирифт ва аз баҳри Эгей гузашта, ба Осиёи Хурд, ба Эфсӯс, рафт.
18 Вақте ки Павлус аз Канхария мерафт, ӯ, шояд, дар бораи воқеаҳое, ки бо ӯ дар Қӯринт рӯй доданд, фикр мекард. Ӯ бисёр хотираҳои хуб дошт, ки сабаби хурсандии ӯ буданд. Ҳаждаҳ моҳе, ки ӯ дар он ҷо хизмат кард, пурсамар буд. Аввалин ҷамоате, ки дар Қӯринт таъсис ёфт, дар хонаи Юстус мегузашт. Дар байни онҳое, ки ба ҳазрати Исо имон оварданд, Юстус, Криспус, аҳли хонаводаи ӯ ва бисёр касони дигар буданд. Ин шахсон барои Павлус хеле азиз буданд, чунки бо ёрдами ӯ онҳо пайрави Масеҳ шуданд. Баъдтар ӯ ба ин бародару хоҳарон нома навишта онҳоро ба «тавсиянома»-е монанд кард, ки дар лавҳи дилаш навишта шудааст. Мо ҳам нисбати онҳое, ки ба воситаи мо ҳақиқатро қабул мекунанд, чунин ҳиссиёт дорем. Ин бародару хоҳаронро, ки «тавсиянома»-ҳои зинда мебошанд, дида мо хурсанд мешавем (2 Қӯр. 3:1–3).
19, 20. Вақте Павлус ба Эфсӯс меояд, дарҳол чӣ кор мекунад ва чӣ хел мо дар хизмат ба намунаи ӯ пайравӣ карда метавонем?
19 Вақте ки Павлус ба Эфсӯс расид, дарҳол аз паси хизмат шуд. Ӯ «ба ибодатхона даромад ва бо яҳудиён гуфтугӯ кард» (Кор. 18:19). Ин карат Павлус дар Эфсӯс камтар истод. Ҳарчанд «аз ӯ хоҳиш карданд, ки дар он ҷо бисёртар монад, ӯ розӣ нашуд». Дар вақти хайрухуш ӯ ба бародару хоҳарони Эфсӯс гуфт: «Агар Яҳува хоҳад, боз назди шумо меоям» (Кор. 18:20, 21). Бешубҳа, Павлус дарк мекард, ки ҳоло дар Эфсӯс кор бисёр аст. Ӯ ният дошт, ки ба Эфсӯс баргардад, лекин ин масъаларо ба Яҳува ҳавола кард. Чӣ намунаи ибратомӯз барои мо! Ба мо ҳам лозим аст, ки барои бештар хизмат кардан нақшаҳо кашем. Вале, чӣ нақшае надошта бошем, бояд бовар ҳосил кунем, ки аз рӯйи хосту роҳнамоии Яҳува амал карда истодаем (Яъқ. 4:15).
20 Павлус Акилову Прискилоро дар Эфсӯс монда, бо киштӣ роҳи Қайсарияро пеш мегирад. Аз афташ, «ӯ роҳашро давом дода» ба Ерусалим ба хабаргирии ҷамоат меояд (Кор. 18:22). Баъдан ӯ ба Антиохияи Сурия, ки аз он ҷо сафарашро оғоз карда буд, бармегардад. Ҳамин тавр сафари дуюми миссионерии Павлус бомуваффақият ба анҷом мерасад. Аз боби навбатӣ мефаҳмем, ки ҳангоми сафари охирини ӯ чӣ рӯй дод.
a Нигаред ба чорчӯбаи «Қӯринт — хӯҷаини ду баҳр».
b Нигаред ба чорчӯбаи «Номаҳои қувватбахшу рӯҳбардор».
c Нигаред ба чорчӯбаи «Назри Павлус».