Саволҳои хонандагон
Оё хислатҳои «самари рӯҳ» танҳо онҳое мебошанд, ки дар Ғалотиён 5:22, 23 оварда шудаанд?
Дар он оятҳо нӯҳ хислат номбар шудаанд. «Самари рӯҳ бошад, ин аст: муҳаббат, хурсандӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, некӯӣ, имон, ҳалимӣ ва худдорӣ». Вале мо бо ёрдами рӯҳи муқаддаси Худо на танҳо ин нӯҳ хислатро инкишоф дода метавонем.
Аҳамият диҳед, ки Павлус дар оятҳои болотар чӣ гуфт: «Корҳои ҷисм... инҳоянд: бадахлоқии ҷинсӣ, нопокӣ, беҳаёгӣ, бутпарастӣ, сеҳру ҷоду, душманӣ, ҷанҷол, рашк, қаҳру ғазаб, баҳсу мунозираҳо, ҷудоиҳо, пайравӣ ба таълимоти инсонӣ, ҳасад, бадмастӣ, айшу нӯш ва монанди инҳо» (Ғал. 5:19–21). Павлус рӯйхати корҳои ҷисмро бо ибораи «монанди инҳо» тамом кард, яъне онҳо ҳамчунин чизҳои дигарро, ки баъзеашон дар Қӯлассиён 3:5 оварда шудаанд, дар бар мегиранд. Ба ин монанд, баъди номбар кардани нӯҳ хислати хуб ӯ қайд кард: «Бар зидди ҳамаи инҳо қонуне нест». Ибораи «ҳамаи инҳо» метавонад ҳамчунин маънои «чизҳои ба ин монанд»-ро дошта бошад. Маълум, ки Павлус ҳамаи хислатҳои хуберо, ки мо бо ёрдами рӯҳи Худо инкишоф дода метавонем, номбар накард.
Ин чиз хубтар фаҳмо мешавад, агар мо самари рӯҳро бо самари нуре, ки оидаш Павлус ба ҷамъомади Эфсӯс навишт, муқоиса кунем. Ӯ гуфт: «Самари нур аз ҳар гуна некӯӣ, росткорӣ ва рафтори дуруст иборат аст» (Эфс. 5:8, 9). Бале, «некӯӣ» чун «росткорӣ ва рафтори дуруст» қисми «самари нур» аст, вале он ҳамчунин хислати «самари рӯҳ» ба ҳисоб меравад.
Мисли ин Павлус Тимотиюсро насиҳат кард, ки «дар пайи росткорӣ, худотарсӣ, имон, муҳаббат, истодагарӣ ва ҳалимӣ» бошад (1 Тим. 6:11). Ин ҷо ӯ шаш хислатро номбар кард, ки ҳамагӣ сетояш (имон, муҳаббат ва ҳалимӣ) чун хислатҳои «самари рӯҳ» хотиррасон шудаанд. Вале ба Тимотиюс инчунин лозим буд, ки росткорӣ, худотарсӣ ва истодагариро инкишоф диҳад. Албатта, ӯ инро бе ёрдами рӯҳи муқаддас карда наметавонист (Бо Қӯлассиён 3:12 ва 2 Петрус 1:5–7 муқоиса кунед).
Хулоса, дар Ғалотиён 5:22, 23 шумораи пурраи хислатҳои ба масеҳиён лозима оварда нашудааст. Рӯҳи Худо барои инкишоф додани он нӯҳ хислати самари рӯҳ ба мо кӯмак карда метавонад. Вале барои масеҳии баркамол шудан мо бояд аз ин ҳам бештар хислатҳои хубро инкишоф диҳем ва «шахсияти навро» дар бар кунем, ки «он мувофиқи хости Худо дар росткорӣ ва садоқатмандии ҳақиқӣ офарида шудааст» (Эфс. 4:24).