Шумо чӣ гуна рӯҳия зоҳир мекунед?
«Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бод» (ФИЛЕМ. 24).
ОЁ ШУМО ҶАВОБ ДОДА МЕТАВОНЕД?
Чаро мо мехоҳем, ки ба рӯҳияи худ аҳамият диҳем?
Аз кадом рӯҳия мо дурӣ ҷустан мехоҳем ва чӣ тавр мо инро карда метавонем?
Барои дар ҷамъомад зоҳир кардани рӯҳияи ободкунанда мо чӣ кор карда метавонем?
1. Ҳангоми навиштани нома ба ҷамъомадҳо Павлус ба чӣ умед доштанашро қайд мекард?
ДАР номаҳои худ ба масеҳиёни асри як Павлус маротибаҳои зиёд умеди худро ба он иброз намуд, ки Худо ва Масеҳ аз рӯҳияи доштаи ҷамъомадҳо розӣ мебошанд. Масалан, ба Ғалотиён ӯ чунин навишта буд: «Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бод, эй бародарон, омин» (Ғал. 6:18). Ибораи «рӯҳи шумо», ки Павлус зикр кард, чӣ маъно дошт?
2, 3. а) Ҳангоми истифода бурдани калимаи «рӯҳ» Павлус баъзан ба чӣ ишора мекард? б) Мо оиди рӯҳияи худ чӣ гуна саволҳоро дода метавонем?
2 Дар ин матн истифода бурдани калимаи «рӯҳ» ё рӯҳия ба қуввае ишора мекунад, ки моро водор менамояд, то ба тарзи муайян сухан ронем ё рафтор кунем. Масалан, шахс метавонад тарзи фикрроние дошта бошад, ки ӯро ба меҳрубон, ғамхор, ҳалим, саховатманд ё бахшанда будан бармеангезад. Китоби Муқаддас касонеро, ки «рӯҳи ҳалиму сокит» доранд, таҳсин мекунад (1 Пет. 3:4). Шахси дигар шояд аз боиси тарзи фикррониаш суханҳои нешдор мегӯяд, доимо дар фикри пулу мол мешавад, аз дигарон зуд меранҷад ё ин ки аз ҳеҷ кас вобаста будан намехоҳад. Беш аз ин, шахсоне ҳастанд, ки рӯҳияи нопокӣ, беитоатӣ ё ҳатто рӯҳияи исёнгарӣ зоҳир мекунанд.
3 Ҳамин тавр, вақте ки Павлус чунин суханонро ба мисли «Худованд бо рӯҳи ту бод» мегуфт, ӯ бародаронашро бармеангехт, ки ба Масеҳ пайравӣ кунанд ва рӯҳия ё тарзи фикррониеро зоҳир кунанд, ки ба Худо писанд аст. (2 Тим. 4:22; Қӯлассиён 3:9–12-ро бихонед.) Ба ҳар яки мо хуб мебуд, ки аз худ бипурсем: «Ман чӣ гуна рӯҳия зоҳир мекунам? Чӣ тавр ман метавонам, рӯҳияамро беҳтар кунам, то он ба Худо писанд ояд? Чӣ тавр ман метавонам ба рӯҳияи мусбии тамоми ҷамъомад мусоидат намоям?» Масалан, дар киштзори офтобпараст, зебогии тамоми гулзор аз ҳар як гул вобаста аст. Оё мо мисли ҳар як гули офтобпараст дар зебогии тамоми ҷамъомад саҳми худро мегузорем? Албатта ҳар яки мо бояд барои ин кӯшишу ғайрат намоем. Биёед ҳоло дида бароем, ки барои доштани рӯҳияе, ки ба Худо писанд аст мо чӣ кор карда метавонем.
АЗ РӮҲИЯИ ИН ҶАҲОН ДУРӢ ҶӮЕД
4. «Рӯҳи ин ҷаҳон» чист?
4 Навиштаҳо ба мо мегӯянд: «Мо на рӯҳи ин ҷаҳонро, балки Рӯҳеро қабул кардаем, ки аз Худост» (1 Қӯр. 2:12). «Рӯҳи ин ҷаҳон» чист? Ин ҳамон рӯҳест, ки дар борааш дар Эфсӯсиён 2:2 гуфта шудааст: «Шумо мувофиқи давраи ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони исён амал мекунад, зиндагӣ мекардед». «Ҳаво»–е, ки Павлус зикр кард, ин рӯҳи ҷаҳон ё тарзи фикрронии одамони ин ҷаҳон мебошад ва он чун ҳавои аслӣ моро иҳота мекунад. Масалан, имрӯз бисёр одамон рӯҳия ё тарзи фикрронии зеринро доранд: «Ман худам медонам чӣ кор кунам» ё «Ту бояд барои ҳуқуқҳои худ мубориза барӣ». Бо ин чунин шахсон нишон медиҳанд, ки «писарони исён»–и ҷаҳони Шайтон мебошанд.
5. Чӣ тавр баъзе исроилиён рӯҳияи бад зоҳир карданд?
5 Чунин рӯҳия дар ин ҷаҳон чизи нав нест. Дар замонҳои Мусо–пайғамбар Қӯраҳ бар зидди онҳое, ки дар ҷамоати Исроил ҳокимият доштанд, шӯриш бардошт. Норозигии ӯ махсусан ба Ҳорун ва писаронаш, ки чун коҳинон хизмат мекарданд, равона шуда буд. Эҳтимол Қӯраҳ ба нокомилии онҳо аҳамият медод. Ё шояд вай фикр мекард, ки Мусо хешутаборбозӣ мекунад, яъне масъулиятҳоро ба хешовандони худаш медиҳад. Новобаста аз он ки сабаби норозигии Қӯраҳ чӣ буд, аён аст, ки ӯ ба ин масъала аз нуқтаи назари одамӣ нигоҳ карданро сар кард ва бар шахсони аз тарафи Яҳува таъиншуда беҳурматӣ зоҳир намуда гуфт: «Бас кунед!...Чаро шумо худро аз ҷамоати Худованд баланд мегузоред» (Ад. 16:3). Ба монанди ин Дотон ва Абиром нисбати Мусо норозигӣ баён карда гуфтанд, ки ӯ бар онҳо ҳукмронӣ кардан мехоҳад. Вақте ки Мусо онҳоро ба наздаш хонд, онҳо мағрурона гуфтанд: «Намеравем!» (Ад. 16:12–14). Яҳува бешубҳа аз рӯҳияи он шахсон розӣ набуд, барои ҳамин Ӯ тамоми исёнгаронро ҷазо дод ва нобуд кард (Ад. 16:28–35).
6. Чӣ тавр дар асри як баъзеҳо рӯҳияи бад зоҳир мекарданд ва эҳтимол сабаби ин чӣ буд?
6 Дар асри як низ дар ҷамъомад нафароне буданд, ки «сардоронро рад» мекардагӣ шуданд. Чунин шахсон бо суханони танқидомез ба бародарони масъул зид баромада нисбати онҳо беҳурматӣ зоҳир мекарданд (Яҳд. 8). Онҳо шояд аз масъулиятҳои доштаашон норозӣ буданд ва дигаронро водор мекарданд, то ба мардони таъиншудае, ки дар ҷамъомад вазифаҳояшонро боинсофона иҷро менамуданд, зид бароянд. (3 Юҳанно 9, 10–ро бихонед.)
7. Аз зоҳир кардани чӣ гуна рӯҳия мо бояд эҳтиёт шавем?
7 Албатта, дар ҷамъомади масеҳӣ барои чунин рӯҳия ҷой нест. Барои ҳамин дар ин маврид ба мо эҳтиёткор будан лозим аст. Пирони ҷамъомад одамони нокомиланд, чуноне ки дар замонҳои Мусо–пайғамбар ва Юҳаннои ҳавворӣ низ мардони масъул комил набуданд. Онҳо метавонанд ба хатогиҳое роҳ диҳанд, ки шахсан ба мо таъсир мерасонанд. Агар чунин вазъият рӯй диҳад, мо набояд ба рӯҳияи ин ҷаҳон пайравӣ намуда чунин гӯем: «Ман адолатро талаб мекунам!» ё «Нисбати ин бародар бояд ҳатман чора андешида шавад!» Яҳува шояд нисбати хатогиҳои хурде, ки пирон ба онҳо роҳ дода метавонанд, чашм пӯшад. Оё мо низ чунин рафтор карда метавонем? Баъзе шахсоне, ки гуноҳи ҷиддӣ содир мекунанд, ба вохӯрӣ бо пирон омадан намехоҳанд, нигоҳ накарда ба он ки пирон барои кӯмак расонидан ба онҳо масъуланд. Сабаб дар он аст, ки онҳо чизеро дар рафтори пирон камбудӣ меҳисобанд. Чунин шахсон ба бемороне монанданд, ки аз сабаби ба онҳо маъқул набудани ягон рафтори духтур тобобатеро, ки онҳоро шифо бахшида метавонад, қабул намекунанд.
8. Кадом оятҳо ба мо кӯмак мерасонанд, ки нисбати пирони ҷамъомад муносибати дуруст дошта бошем?
8 Барои он ки чунин рӯҳия дар мо пайдо нашавад, мо ба хотир оварда метавонем, ки дар Китоби Муқаддас оиди Исо гуфта шудааст, ки ӯ «дар дасти рости Худ ҳафт ситора» дорад. «Ситора»–ҳо нозирони тадҳиншударо тасвир мекунанд ва он чизе, ки оиди онҳо гуфта шудааст, ҳамчунин ба тамоми пирони ҷамъомад дахл дорад. Исо «ситора»–ҳоро ба он роҳе, ки дуруст меҳисобад, роҳнамоӣ карда метавонад (Ваҳй 1:16, 20). Ҳамин тавр, чун сарвари ҷамъомад Исо ҳар як ҳайати пиронро пурра назорат мекунад. Агар касе аз пирон дар ҳақиқат ба ислоҳшавӣ ниёз дошта бошад, Исо бо чашмонаш, ки «мисли шӯълаи оташ»–анд, инро мебинад ва ҳатман дар вақти муайян ва бо роҳи лозима ӯро ислоҳ мекунад (Ваҳй 1:14). Ҳоло бошад, мо бояд онҳоеро, ки бо рӯҳи муқаддас таъин шудаанд, ба таври муносиб иззату эҳтиром кунем, зеро Павлус моро ба ин барангехт: «Ба сардорони худ фармонбардор ва мутеъ бошед, зеро онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд, чунки ба ҳисобот додан вазифадор мебошанд; то ки онҳо ин вазифаро бо шодӣ ба ҷо оваранд, на бо оҳу нола, зеро ки ин барои шумо фоиданок нест» (Ибр. 13:17).
9. а) Вақте ки масеҳиро ислоҳ мекунанд ё танбеҳ медиҳанд, ӯ чӣ гуна рӯҳия зоҳир карда метавонад? б) Беҳтарин муносибат ба мазаммат кадом аст?
9 Вақте ки пирони ҷамъомад касеро ислоҳ мекунанд ё аз масъулияти доштааш маҳрум месозанд, он гоҳ маълум шуда метавонад, ки ӯ чӣ гуна рӯҳия дорад. Масалан, ба як бародаре пирон оиди бозиҳои компютерие, ки дар онҳо зӯроварӣ нишон дода мешаванд, меҳрубонона маслиҳат доданд. Лекин, мутаассифона ӯ он маслиҳатро қабул накард ва азбаски дигар ба талаботҳои Китоби Муқаддас мувофиқат намекард, аз масъулияти ходими ёвар будан маҳрум шуд (Заб. 10:5; 1 Тим. 3:8–10). Баъдан он бародар бо ин қарор норозӣ буданашро дар байни ҳама маълум сохт ва чандин бор аз болои он пирон ба филиал номаҳои танқидомез навишт. Ӯ ҳатто дигар аъзоёни ҷамъомадро водор мекард, ки онҳо низ ба филиал нома нависанд. Лекин дар асл, агар мо рафтори нодурустамонро сафед кунем, мо сулҳи тамоми ҷамъомадро зери хатар мегузорем ва ин ба ҳеҷ кас фоида намеорад. То чӣ андоза беҳтар аст, ки ба мазаммат чун ба ишора ба камбудиҳое, ки мо пештар намедидем, муносибат намоем ва сипас насиҳатро сокитона, яъне бе шикоят ё ҷанҷолкунӣ қабул намоем. (Навҳаҳои Ирмиё 3:28, 29–ро бихонед.)
10. а) Аз номаи Яъқуб 3:16–18 мо дар бораи рӯҳияи дуруст ва нодуруст чӣ мефаҳмем? б) Агар мо аз рӯи «ҳикмате ки аз болост» рафтор кунем, ин чӣ натиҷа меорад?
10 Номаи Яъқуб 3:16–18 ба мо нишон медиҳад, ки кадом рӯҳияе, ки дар ҷамъомад зоҳир карда мешавад, дуруст асту кадомаш не. Дар он гуфта шудааст: «Зеро ҳар ҷое ки ҳасад ва худсарӣ бошад, он ҷо носозӣ ва ҳар кори бад ҳувайдост. Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонӣ осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад. Ва самараи адолат дар осоиштагӣ кошта мешавад барои онҳое ки осоиштагиро ба амал меоваранд». Агар мо аз рӯи «ҳикмате ки аз болост» рафтор кунем, мо хислатҳои ба Худо хосро зоҳир мекунем ва ҳамин тавр ба рӯҳияи солими ҷамъомад мусоидат менамоем.
БО ЗОҲИР НАМУДАНИ ҲУРМАТУ ЭҲТИРОМ ДАР ҶАМЪОМАД РӮҲИЯИ ХУБ НИШОН ДИҲЕД
11. а) Нигоҳ доштани рӯҳияи дуруст моро аз кадом рафтор бозмедорад? б) Мо аз намунаи Довуд чӣ дарси ибрат мегирем?
11 Мо бояд дар хотир дорем, ки ин иродаи Яҳува аст, ки пирон ҷамъомадро бичаронанд (Аъм. 20:28; 1 Пет. 5:2). Аз ин рӯ, мо дарк мекунем, ки новобаста аз он ки мо пири ҷамъомад ҳастем ё не, бохирадона мебуд, ки сохтори Худоро эҳтиром кунем. Нигоҳ доштани рӯҳияи дуруст ба мо кӯмак менамояд, ки оиди таъинот аз ҳад зиёд фикр накунем. Вақте шоҳи Исроил — Шоул чунин фикр мекардагӣ шуд, ки Довуд тахти подшоҳии ӯро соҳиб шудан мехоҳад, аз он рӯз эътиборан ӯ «ба Довуд назари бад дошт» (1 Подш. 18:9). Шоҳ дар худ рӯҳияи бадро инкишоф дод ва ҳатто мехост, ки Довудро бикушад. Ба ҷои он ки мисли Шоул оиди мавқею мартаба аз ҳад зиёд ташвиш кашем, беҳтар аст, ки ба намунаи Довуд пайравӣ намоем. Ин ҷавон нигоҳ накарда ба ҳамаи он беадолатиҳое, ки аз сар гузаронид, нисбати касони аз тарафи Худо таъиншуда ҳамеша эҳтиром зоҳир мекард. (1 Подшоҳон 26:23–ро бихонед.)
12. Барои ба ягонагии ҷамъомад мусоидат кардан мо бояд чӣ кор кунем?
12 Азбаски ҳамаи мо нуқтаи назари гуногун дорем, баъзан мо сабаби асабонӣ гаштани якдигар мешавем. Ин чиз ҳатто дар байни пирон рӯй дода метавонад. Насиҳати зерини Китоби Муқаддас метавонад ба мо дар ин бобат кӯмак кунад: «Ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед» ва «худро доно мапиндоред» (Рум. 12:10, 16). Ба ҷои он ки якравона ҳақ будани худро исбот кунем, мо бояд эътироф намоем, ки бисёр вақт ба ин ё он масъала нуқтаи назари якчанд кас дуруст буда метавонад. Агар мо барои фаҳмидани нуқтаи назари дигарон кӯшиш ба харҷ диҳем, ин ба ягонагии ҷамъомад мусоидат карда метавонад (Фил. 4:5).
13. Баъди гуфтани фикри худ мо бояд чӣ кор кунем ва кадом мисоли Китоби Муқаддас инро нишон медиҳад?
13 Магар ин маънои онро дорад, ки мо фикри худро оиди ягон масъалае, ки дар ҷамъомад ба назарамон ба ислоҳшавӣ ниёз дорад, набояд баён кунем? Не. Дар асри як саволе ба миён омад, ки сабаби норозигии бисёриҳо гашт. Аз тарафи бародарон «қарор дода шуд, ки Павлус ва Барнаббо ва чанд нафари дигар аз онҳо барои ҳалли ин масъала назди ҳаввориён ва пирон ба Ерусалим бираванд» (Аъм. 15:2). Бешубҳа ҳар яки ин бародарон оиди ҳал кардани масъалаи мазкур фикри худро доштанд. Лекин пас аз он ки ҳама ақидаи худро баён карданд ва таҳти роҳнамоии рӯҳулқудс қарор бароварда шуд, бародарон дигар фикрҳои шахсиашонро намегуфтанд. Пас аз он ки нома бо қарори баровардашуда ба ҷамъомадҳо расид, аъзоёни онҳо «аз мазмуни тасаллибахшаш шодмон шуданд» ва дар натиҷа «дар имон мустаҳкам мешуданд» (Аъм. 15:31; 16:4, 5). Мисли ин, имрӯз баъди ба диққати бародарони масъул расонидани ягон масъалае, ки моро ба ташвиш меорад, мо бояд боварӣ дошта бошем, ки онҳо бо дуо онро дида мебароянд ва фикр мекунанд, ки оё ягон чора андешидан лозим аст ё не.
ДАР МУНОСИБАТ БО ЯКДИГАР РӮҲИЯИ МЕҲРУБОНОНА ЗОҲИР КУНЕД
14. Чӣ тавр мо дар муносибат бо якдигар рӯҳияи меҳрубонона зоҳир карда метавонем?
14 Дар муносибат бо якдигар мо имкониятҳои зиёд дорем, то рӯҳияи меҳрубонона зоҳир кунем. Масалан, агар касе моро хафа карда бошад, хуб мебуд, ки мо ин шахсро бо омодагӣ бахшем. Каломи Худо ба мо мегӯяд: «Ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро афв кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чӣ тавре ки Масеҳ [«Яҳува», ТДН] шуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед» (Қӯл. 3:13). Ибораи «агар касе аз дигаре ранҷида бошад» нишон медиҳад, ки баъзан дигарон метавонанд моро ранҷонанд. Дар ин сурат мо набояд гузорем, ки оиди камбудиҳои ночизи дигарон аз ҳад зиёд ба ташвиш оем, зеро ин метавонад сулҳу осоиштагии ҷамъомадро зери хатар гузорад. Ба ҷои ин мо бояд кӯшиш кунем, ки ба Яҳува пайравӣ намуда ба бахшидани дигарон омода бошем ва якҷоя ба Худо хизмат карданро давом диҳем.
15. а) Мо аз намунаи Айюб оиди бахшидани дигарон чӣ меомӯзем? б) Чӣ тавр дуо ба мо кӯмак карда метавонад, ки рӯҳияи ба Худо писанд нишон диҳем?
15 Оиди бахшидани дигарон Айюб ба мо намунаи хуб гузоштааст. Се дӯсти Айюб, ки бояд ӯро тасаллӣ медоданд, дар асл вайро бо суханони зиёди нешдорашон ранҷониданд. Лекин ба ин нигоҳ накарда Айюб онҳоро бахшид. Чӣ ба ӯ кӯмак кард, ки чунин рафтор кунад? Айюб «барои дӯстони худ дуо гуфт» (Айюб 16:2; 42:10). Дуо гуфтан барои дигарон метавонад муносибати моро нисбати онҳо тағйир диҳад. Агар мо барои ҳамаи бародарону хоҳарон дуо гӯем, ин ба мо кӯмак мекунад, ки дар худ рӯҳияи ба Масеҳ хосро инкишоф диҳем (Юҳ. 13:34, 35). Ғайр аз ин, ба мо лозим аст, ки дар бораи рӯҳулқудс дуо гӯем (Луқ. 11:13). Рӯҳи Худо ба мо ёрӣ медиҳад, ки дар муносибат бо дигарон хислатҳои масеҳӣ зоҳир кунем. (Ғалотиён 5:22, 23–ро бихонед.)
РӮҲИЯИ ХУБИ ШУМО БА ТАМОМИ ҶАМЪОМАД МАНФИАТ МЕОРАД
16, 17. Шахсан шумо чӣ гуна рӯҳия зоҳир кардан мехоҳед?
16 Чӣ натиҷаҳои хурсандибахш ба даст овардан мумкин аст, агар ҳар як аъзои ҷамъомад ба рӯҳияи хуби он мусоидат карданро мақсади худ гардонад! Пас аз дида баромадани ин мақола ҳар яки мо шояд азм намудем, ки дар зоҳир кардани рӯҳияи ободкунанда беҳтар шуда метавонем. Агар чунин бошад, бе дудилагӣ ба Каломи Худо гузоред, ки ботини шуморо бисанҷад, то ислоҳ шавед (Ибр. 4:12). Павлус, ки мехост барои ҷамъомад намунаи хуб бошад, гуфта буд: «Ман дар худ айбе намебинам, лекин бо ин худро сафед намекунам; ҳукмкунандаи ман Худованд аст» (1 Қӯр. 4:4).
17 Ҳамаи мо метавонем якдигарро ба он барангезем, ки дар ҷамъомад рӯҳияи хубро нигоҳ дорем. Мо он вақт чунин карда метавонем, агар ба хислатҳои Худо пайравӣ намоем ва якравона фикри худро дуруст наҳисобем ё фикр накунем, ки дар ҷамъомад ба доштани масъулиятҳои бештар сазоворем. Агар мо дигаронро бо омодагӣ бубахшем ва нисбати онҳо тарзи фикрронии мусбӣ дошта бошем, мо аз муносибатҳои сулҳҷӯёна бо ҳамимонон ҳаловат хоҳем бурд (Фил. 4:8). Бо чунин рафторамон мо итминон дошта метавонем, ки Яҳува ва Исо аз рӯҳияи мо розӣ хоҳанд буд (Филем. 24).
[Тасвир дар саҳифаи 14]
Мулоҳиза оиди нақши Исо чӣ тавр ба муносибати шумо ба маслиҳат таъсир мекунад?