-
Яҳува оилаашро ҷамъ меоварадБурҷи дидбонӣ — 2012 | июл 15
-
-
7. «Ягонагии Рӯҳро» нигоҳ доштан чӣ маъно дорад?
7 Яҳува дар асоси қурбонии фидияи Масеҳ тадҳиншудагонро чун фарзандон ва гӯсфандони дигарро чун дӯстон одил эълон мекунад (Рум. 5:9; Яъқ. 2:23). Лекин то он даме ки мо дар ин тартибот зиндагӣ мекунем байни аъзоёни ҷамъомад нофаҳмиҳо пайдо хоҳанд шуд. Барои ҳамин Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки «якдигарро дар муҳаббат таҳаммул» намоем, яъне нисбати якдигар пурсабр бошем. Чӣ бояд кард, то ки бо ҳамимононамон ягонагиро нигоҳ дорем? Мо бояд дар худ «тамоми мулоимат ва фурӯтанӣ»–ро инкишоф диҳем. Беш аз ин, Павлус моро ташвиқ кард: «Саъю кӯшиш кунед, ки ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагӣ нигоҳ доред». (Эфсӯсиён 4:1–3-ро бихонед.) Ба кор бурдани ин маслиҳат маънои онро дорад, ки мо ба рӯҳулқудси Худо мегузорем, то ба мо таъсир кунад ва дар мо самари рӯҳро ба вуҷуд орад. Самари рӯҳулқудс барои бартараф кардани якдигарнофаҳмиҳо мусоидат мекунад. Баръакси ин корҳои ҷисм ҳамеша байни мо ҷудоӣ мекоранд.
-
-
Яҳува оилаашро ҷамъ меоварадБурҷи дидбонӣ — 2012 | июл 15
-
-
9. Кадом саволҳоро ба худ диҳем, то фаҳмем, ки оё мо барои нигоҳ доштани сулҳу ягонагӣ кӯшишу ғайрат мекунем?
9 Пас, ҳар яки мо бояд аз худ бипурсад: «То чӣ андоза ман мекӯшам, ки “ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагӣ” нигоҳ дорам? Ҳангоми дучоршавӣ бо душвориҳо ман чӣ гуна рафтор мекунам? Оё ман аз касе норозӣ буданамро дар пеши шунавандагони зиёд баён мекунам, то ки касе аз онҳо маро дастгирӣ кунад? Оё ман интизорам, ки пирон проблемаи байни ману ягон шахс бударо ҳал кунанд, то ки ба ман бо он шахс гап задану сулҳро барқарор кардан лозим наояд? Ё агар ман фаҳмам, ки касе аз ман хафа аст, оё ман бо мақсади аз проблема гурехтан аз ӯ канораҷӯӣ мекунам?» Агар мо чунин рафтор кунем, пас оё гуфтан мумкин аст, ки мо мувофиқи нияти Худо амал мекунем? Охир, Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи хизматгоронашро зери сардории Масеҳ ҷамъ кунад.
10, 11. а) То чӣ андоза муҳим аст, ки мо бо дигарон сулҳро нигоҳ дорем? б) Кадом амалҳо ба сулҳу осоиштагӣ ва гул–гулшукуфии ҷамъомад мусоидат мекунанд?
10 Исо гуфт: «Ҳангоме ки қурбонии худро назди қурбонгоҳ меоварӣ ва дар он ҷо ба хотират ояд, ки бародарат аз ту норозист, қурбонии худро дар он ҷо назди қурбонгоҳ бимон ва рафта, аввал бо бародари худ мувосо кун ва баъд омада, қурбонии худро тақдим кун... зуд бо вай оштӣ шав» (Мат. 5:23–25). Яъқуб менависад: «Самараи адолат дар осоиштагӣ кошта мешавад барои онҳое ки осоиштагиро ба амал меоваранд» (Яъқ. 3:17, 18). Пас, агар байни мо ва дигарон сулҳ набошад, мо минбаъд одилона рафтор карда наметавонем.
11 Масалан, мувофиқи тадқиқотҳо дар баъзе мамлакатҳои аз ҷанг зарардида нисбат ба ҳозира заминҳои зиёдтарро кишт кардан мумкин мебуд, агар деҳқонон аз минаҳо наметарсиданд. Вақте ки мина метаркад, деҳқонон заминҳои худро аз тарс мепартоянд ва бекор мемонанд, дар натиҷа одамони шаҳр аз маҳсулоти хӯрокворӣ маҳрум мешаванд. Ба ин монанд, агар мо хислате дошта бошем, ки барои нигоҳ доштани сулҳ бо дигарон халал мерасонад, мо аз ҷиҳати рӯҳонӣ рушд карда наметавонем. Дар ин сурат мо ба мина монанд мешавем ва моро лозим меояд, ки хислатҳои худро дигар кунем. Вақте ки мо бо омодагӣ дигаронро мебахшему беҳбудии онҳоро меҷӯем, мо бо ин ба сулҳу осоиштагӣ ва гул–гулшукуфии ҷамъомад мусоидат мекунем.
-