«Самари рӯҳ» Худоро ҷалол медиҳад
«Ҷалоли Падари Ман дар ин аст, ки шумо меваи фаровон оваред» (ЮҲ. 15:8).
1, 2. а) Барои рӯҳбаланд кардани дигарон мо чӣ имкониятҳо дорем? б) Кадом тӯҳфаи Худо хизмати моро беҳтар мегардонад?
ДУ ВАЗЪИЯТРО ба худ тасаввур кунед: зани масеҳӣ пай мебарад, ки хоҳари ҷавоне аз чизе ғамгин аст. Ӯ бо вай ҳамроҳ ба мавъиза рафтанро гапзанон мекунад. Ҳангоми хизмат хоҳари ҷавон дар бораи он чизе ки ӯро азоб медиҳад, ба ӯ нақл мекунад. Баъдтар, хоҳари ҷавон дар дуо ба Яҳува барои таваҷҷӯҳи самимие, ки хоҳари баркамол ба ӯ зоҳир кард, миннатдорӣ баён мекунад; ин маҳз ҳамон чизе буд, ки ба вай лозим буд. Мавриди дигар ин аст, ки ҷуфти ҳамсарон, ки ба хизмат ба мамлакати хориҷа рафта буданд, ба қарибӣ баргаштаанд. Дар вохӯрии дӯстона онҳо бо шавқу завқ воқеаҳоеро аз хизмати худ нақл мекунанд, ки бародари ҷавоне бодиққат онҳоро гӯш мекунад. Чанд сол пас, худи вайро барои хизмат ба давлати хориҷа таъин мекунанд ва ҳангоми тайёрӣ ба роҳ ӯ сӯҳбати ҳамон ҷуфтро, ки дар ӯ хоҳиши миссионер шуданро бедор карда буд, ба хотир меорад.
2 Шояд ин мисолҳоро хонда, шумо ба ёд оред, ки чӣ тавр ба туфайли касе ҳаёти шумо тағйир ёфта буд ё шумо ба ҳаёти касе таъсир расонда будед. Албатта, мо гуфта наметавонем, ки на ҳамеша фақат як бор сӯҳбат кардан ҳаёти касро дигаргун месозад, лекин ҳар рӯз мо имконият дорем, ки дигаронро рӯҳбаланд ва дастгирӣ кунем. Тасаввур кунед, ки агар чизе мебуд, ки он қобилияту хислатҳои шуморо беҳтар мегардонд ва ба туфайли ин шумо ба ҳамимонон бештар ёрӣ дода метавонистед ва Худо шуморо бештар истифода мебурд. Оё ин аҷоиб намебуд? Дар ҳақиқат, Яҳува ба мо чунин чизро тӯҳфа мекунад, ки он рӯҳи муқаддас аст (Луқ. 11:13). Вақте ки рӯҳи Худо ба ҳаёти мо таъсир мекунад, он дар мо хислатҳои зеборо ба вуҷуд меорад, ки хизмати моро аз ҳар ҷиҳат беҳтар мекунанд. Чӣ тӯҳфаи олиҷанобе! (Ғалотиён 5:22, 23–ро бихонед.)
3. а) Вақте ки мо «самари Рӯҳ»–ро дар худ инкишоф медиҳем, ин чӣ тавр Худоро ҷалол медиҳад? б) Кадом саволҳоро мо дида мебароем?
3 Хусусиятҳое, ки рӯҳулқудс дар мо ба вуҷуд меорад, шахсияти худи Яҳува Худоро, ки Сарчашмаи он рӯҳ аст, инъикос мекунанд (Қӯл. 3:9, 10). Исо қайд кард, ки асосан аз кадом сабаб мо бояд кӯшиш кунем, ки хусусиятҳои Худоро зоҳир кунем. Ӯ ба ҳаввориёнаш гуфт: «Ҷалоли Падари Ман дар ин аст, ки шумо меваи фаровон оваред»a (Юҳ. 15:8). Вақте ки мо «самари Рӯҳ»–ро дар худ инкишоф медиҳем, натиҷаи он дар тарзи гуфтору рафтори мо аён мегардад ва ин дар навбати худ Худои моро ҷалол медиҳад (Мат. 5:16). Хусусиятҳои самари рӯҳ аз хусусиятҳои ҷаҳони Шайтон бо чӣ фарқ мекунанд? Чӣ тавр самари рӯҳро дар худ инкишоф додан мумкин аст? Чаро ин кор душвор буда метавонад? Мо ин саволҳоро муҳокима карда, се хусусияти аввали самари рӯҳ — муҳаббат, шодмонӣ ва осоиштагиро дида мебароем.
Муҳаббате, ки бар принсипи баландтар асос ёфтааст
4. Исо зоҳир кардани чӣ гуна муҳаббатро ба пайравонаш ёд дод?
4 Муҳаббате, ки рӯҳудқудс ба вуҷуд меорад, аз муҳаббате, ки дар ин ҷаҳон паҳн шудааст, хеле фарқ мекунад. Бо чӣ? Он бар принсипи баландтар асос меёбад. Исо ин фарқиятро дар Мавъизаи Болоикӯҳиаш қайд кард. (Матто 5:43–48-ро бихонед.) Ӯ гуфт, ки ҳатто гунаҳкорон бар ивази некӣ некӣ мекунанд. Чунин «муҳаббат» фидокории ҳақиқиро дар бар намегирад, балки он ба баробар кардани ҳисоб монанд аст. Агар мо хоҳем, ки «фарзандони Падари» осмониамон гардем, мо бояд аз онҳо фарқ кунем. Ба ҷои он ки ба муносибати одамон бо ҳамон тарз ҷавоб диҳем, мо чӣ тавре ки Яҳува ба онҳо муносибат мекунаду назар мекунад, ҳамон тавр муносибат мекунем. Лекин, чӣ тавр мо мувофиқи амри Исо душманонамонро дӯст дошта метавонем?
5. Чӣ тавр ба онҳое, ки моро таъқиб мекунанд, муҳаббат зоҳир карда метавонем?
5 Як мисолро аз Китоби Муқаддас дида мебароем. Вақте ки Павлус ва Сило дар шаҳри Филиппӣ мавъиза мекарданд, мардуми он ҷо онҳоро дастгир намуда, сахт калтаккорӣ карданд ва ба зиндони дохилӣ партофта, ба пойҳояшон кунда заданд. Дар он ҷо эҳтимол зиндонбон низ ба онҳо бад муносибат кард. Лекин дар натиҷаи заминҷунбӣ онҳо ногаҳон наҷот ёфтанд. Оё онҳо хурсанд шуданд, ки акнун аз он мард қасос гирифта метавонанд? Не. Ғамхории самимӣ, яъне муҳаббати фидокорона нисбати он шахс онҳоро барангехт, ки ба зудӣ барои беҳбудии ӯ амал кунанд. Ин имконият дод, ки зиндонбон ва тамоми хонаводааш имондор шаванд (Аъм. 16:19–34). Имрӯз низ бисёри бародарони мо ба ҳамин монанд рафтор карда, нисбати касоне, ки онҳоро таъқиб мекунанд баракат мехоҳанд (Рум. 12:14).
6. Чӣ тавр мо нисбати бародаронамон муҳаббати фидокорона зоҳир карда метавонем? (Ба чорчӯбаи саҳифаи 21 нигаред.)
6 Муҳаббат ба ҳамимонон бошад, чизи аз ин бештарро дар бар мегирад. Мо бояд «ҷонҳои худро барои бародарон фидо кунем». (1 Юҳанно 3:16–18-ро бихонед.) Лекин аксар вақт, мо муҳаббати худро дар чизҳои хурдтар зоҳир карда метавонем. Масалан, агар аз ягон сухан ё рафтори мо бародаре ранҷад, мо бо он муҳаббат зоҳир мекунем, ки барои барқарор кардани сулҳ чора ҷӯем (Мат. 5:23, 24). Агар худи мо аз касе ранҷем–чӣ? Оё мо тайёрем, ки ӯро бахшем ё баъзан ба дил кина мегирем? (Заб. 85:5). Муҳаббати пурзӯре, ки рӯҳулқудс дар мо ба вуҷуд меорад, кӯмак мекунад, ки гуноҳҳои ночизро рӯпӯш кунем ва чӣ тавре ки Яҳува моро мебахшад, мо низ беғаразона дигаронро бахшем (Эфс. 4:32; 1 Пет. 4:8).
7, 8. а) Чӣ тавр муҳаббат ба одамон бо муҳаббат ба Худо алоқаманд аст? б) Чӣ тавр мо муҳаббати худро ба Яҳува зиёдтар карда метавонем? (Ба расми дар поёнбуда нигоҳ кунед.)
7 Чӣ тавр мо нисбати бародаронамон муҳаббати фидокорона инкишоф дода метавонем? Агар муҳаббати худро ба Худо зиёдтар гардонем (Эфс. 5:1, 2; 1 Юҳ. 4:9–11, 20, 21). Вақте ки мо Китоби Муқаддас мехонем, мулоҳиза меронем ва дуо мегӯем мо гӯё вақти худро бо Яҳува мегузаронем ва ин дили моро қавӣ мегардонад ва муҳаббатамонро нисбати Падари осмониамон зиёдтар мегардонад. Лекин барои ба Яҳува наздик шудан мо бояд вақт ҷудо кунем.
8 Барои мисол: фарз кунед, ки дар давоми рӯз танҳо як вақти муайян вуҷуд дорад, ки мо дар он метавонем Каломи Худо хонем, оиди он мулоҳиза кунем ва ба Яҳува дуо гӯем. Магар шумо ин лаҳзаи вақтро сахт қадр намекардед? Оё шумо мегузоштед, ки корҳои дигар ба шумо барои бо Яҳува гузаронидани ин вақт халал расонанд? Албатта чунин вақти муайян вуҷуд надорад ва ҳеҷ кас моро аз дуо гуфтан ба Худо боз дошта наметавонад; ҳамчунин аксари мо дар вақти дилхоҳ Китоби Муқаддас хонда метавонем. Лекин, шояд ба мо лозим бошад, то чора андешем, ки ташвишҳои ҳаёти ҳаррӯза вақти бо Яҳува мегузаронидаи моро нагиранд. Оё шумо ҳар рӯз барои ба Яҳува наздик шудан ҳар чӣ бештар вақт ҷудо мекунед?
Шодмоние, ки рӯҳулқудс ба вуҷуд меорад
9. Шодмоние, ки рӯҳулқудс ба вуҷуд меорад, чӣ хусусият дорад?
9 Хусусияти ҷолиби самари рӯҳ — ин доимӣ будани он аст. Шодмонӣ, ки хусусияти дуюми самари рӯҳ мебошад, инро нишон медиҳад. Шодмонӣ ба растании тобоваре монанд аст, ки ҳатто дар шароити сахт гул мекунад. Дар саросари замин бисёри ходимони Худо «каломро дар ранҷу заҳмати азим бо шодии Рӯҳулқудс қабул» кардаанд (1 Тас. 1:6). Дигарон бошанд, бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва аз баъзе ҷиҳатҳо танқисӣ мекашанд. Вале, Яҳува бо рӯҳулқудсаш ба онҳо қувват мебахшад, ки «бо шодӣ дорои ҳар сабот ва сабр» бошанд (Қӯл. 1:11). Сарчашмаи ин шодӣ чист?
10. Сарчашмаи шодмонии мо чист?
10 Баръакси «сарвати бебақо»–и ҷаҳони Шайтон ганҷҳои рӯҳоние, ки мо аз Яҳува мегирем, арзиши бардавом доранд (1 Тим. 6:17; Мат. 6:19, 20). Ӯ ба мо имконияти хурсандиовари ояндаи беохирро фароҳам меорад. Мо аз он шодем, ки қисми бародарияти умумиҷаҳонии масеҳӣ ҳастем. Сабаби асосии шодии мо дар он аст, ки мо бо Худо муносибати наздик дорем. Довуд ҳарчанд маҷбур буд, ки чун гуреза зиндагӣ кунад, Яҳуваро дар таронаҳояш ҳамду сано мегуфт ва ҳамин тавр эҳсосоташро баён мекард. Ӯ месуруд: «Эҳсони Ту аз ҳаёт некӯтар аст; лабҳоям Туро ситоиш хоҳад кард. Ҳамин тавр Туро тамоми умри худ муборак хоҳам хонд» (Заб. 62:4, 5). Албатта, мо бо ин суханони Довуд розием! Ҳатто дар вақти душвориҳо мо бо шодмонӣ ҳамду сано кардани Худоро бас намекунем.
11. Чаро муҳим аст, ки мо ба Яҳува бо шодмонӣ хизмат кунем?
11 Павлуси ҳавворӣ масеҳиёнро даъват мекард: «Ҳамеша дар Худованд шод бошед; боз мегӯям: шод бошед» (Фил. 4:4). Чаро ба масеҳиён муҳим аст, ки хизмати худро бо шодмонӣ ба ҷо оранд? Зеро Шайтон саволе бардошт, ки бо ҳокимияти Яҳува алоқаманд аст. Шайтон даъво кард, ки ягон кас ба Худо аз таҳти дил хизмат намекунад (Айюб 1:9–11). Агар мо ба Яҳува бо итоаткорӣ вале бе шодмонӣ хизмат мекардем, он гоҳ ба қурбонии ҳамду санои мо чизе камӣ мекард. Аз ин рӯ, мо мекӯшем, ки ба насиҳати зерини забурнавис гӯш диҳем: «Худовандро бо шодӣ ибодат намоед; пеши Ӯ бо таронасароӣ биёед» (Заб. 99:2). Хизмате, ки бо шодмонӣ ва аз таҳти дил ба ҷо оварда мешавад, Худоро ҷалол медиҳад.
12, 13. Чӣ тавр мо бар ҳиссиёти манфӣ ғолиб омада метавонем?
12 Албатта, гоҳо ҳатто хизматгорони содиқи Яҳува рӯҳафтода мешаванд ва ба онҳо нигоҳ доштани назари мусбӣ душвор мегардад (Фил. 2:25–30). Дар чунин мавридҳо чӣ ба мо кӯмак карда метавонад? Дар Эфсӯсиён 5:18, 19 гуфта мешавад: «Аз Рӯҳ пур шуда, ба якдигар бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ сухан гӯед ва дар дилҳои худ барои Худованд бисароед ва тараннум намоед». Ин маслиҳатро мо чӣ тавр ба кор бурда метавонем?
13 Вақте ки моро ҳиссиёти манфӣ фаро мегиранд, мо метавонем дар дуои гарму самимӣ ба Яҳува муроҷиат кунем ва дар бораи чизҳое, ки «шоёни таҳсин» аст, мулоҳиза намоем. (Филиппиён 4:6–9-ро бихонед.) Баъзеҳо сабти сурудҳои Салтанатро монда ҳамроҳи он нимовоз месароянд, ки ин онҳоро рӯҳбаланд мекунад ва ёрӣ медиҳад, ки ба фикрҳои манфӣ дода нашаванд. Бародаре, ки бо озмоиши сахт дучор шуда буду бисёр вақт беилоҷиву рӯҳафтодагӣ ҳис мекард, ба ёд меорад: «Илова бар он ки ман мунтазам самимона дуо мегуфтам, ман якчанд сурудҳои Салтанатро аз ёд карда будам. Сароидани ин сурудҳои зебо, хоҳ бо овози баланд бошад, хоҳ беовоз, ба дили ман оромӣ мебахшид. Ҳамчунин, он вақт китоби «Ба Яҳува наздик шавед» ба чоп баромад. Дар давоми соли дигар ман онро ду бор хонда баромадам. Он ба дили ман чун малҳами оромбахш буд. Ман медонам, ки Яҳува кӯшишҳои маро баракат медод».
Ягонагии рӯҳ дар «иттифоқи осоиштагӣ»
14. Осоиштагие, ки рӯҳулуқудс ба вуҷуд меорад, дар чӣ маълум мешавад?
14 Дар анҷуманҳои байналхалқии мо, вакилон аз халқу миллатҳои гуногун аз муошират бо ҳамимонон ҳаловат мебаранд. Осоиштагие, ки имрӯз халқи Худо баҳравар аст, дар чунин ягонагии умумиҷаҳонӣ маълум мешавад. Касони Шоҳиди Яҳува набуда, бисёр вақт ба ҳайрат меоянд, ки одамоне, ки халқҳояшон бо ҳамдигар душмананд, «ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагӣ нигоҳ» медоранд (Эфс. 4:3). Чунин ягонагӣ дар ҳақиқат чизи ҳайратовар аст, зеро ба бисёриҳо лозим буд, ки монеаҳои зиёдро паси сар кунанд.
15, 16. а) Петрус бо чӣ ақида ба воя расида буд ва ин ба ӯ чӣ мушкилӣ меовард? б) Чӣ тавр Яҳува ба Петрус кӯмак кард, ки тарзи фикррониашро дигар кунад?
15 Ягонагӣ байни одамони халқу миллаташон гуногун кори душвор аст. Барои фаҳмидани он ки ин ягонагӣ бо чӣ мушкилиҳо ба даст оварда мешавад, як мисолро аз асри як —мисоли Петрусро дида мебароем. Муносибате, ки Петрус ба ғайрияҳудиёни хатнанакарда дошт, аз суханони зерини ӯ маълум мегардад: «Шумо хуб медонед, ки ба яҳудӣ бо шахси бегона муошират доштан ё наздик шудан мамнӯъ аст, вале Худо ба ман дастур дод, ки ҳеҷ касро палид ё наҷис надонам» (Аъм. 10:24–29; 11:1–3). Дар асоси нуқтаи назари дар он вақт паҳнгашта, Петрус аз афташ бо он ақида ба воя расида буд, ки мувофиқи Қонун вай бояд танҳо яҳудиёнро дӯст дорад. Шояд барои вай ин чизи дурусту оддӣ метофт, ки ғайрияҳудиёнро чун душманонаш бад бинадb.
16 Танҳо тасаввур кунед, ки Петрус ҳангоми ба хонаи Корнилюс даромадан чӣ эҳсосоти ногуворе ҳис мекард. Оё шахсе, ки пеш ба ғайрияҳудиён назари манфӣ дошт, метавонист ягон бор бо онҳо «дар иттифоқи осоиштагӣ» бипайвандад? (Эфс. 4:3, 16). Бале, чунки якчанд рӯз пеш рӯҳи Худо дили Петрусро мулоим кард, то ӯ тавонад тарзи фикррониашро оҳиста–оҳиста дигар кунад ва ба бадгумонӣ ғолиб ояд. Тавассути рӯъё Яҳува ба ӯ ошкор намуд, ки Худо ба одамон аз рӯи миллату нажодашон муносибат намекунад (Аъм. 10:10–15). Аз ин рӯ, Петрус ба Корнилюс гуфта метавонист: «Яқин донистам, ки Худо рӯйбинӣ надорад. Ва аз ҳар қавм ҳар кӣ аз Ӯ тарсад ва аз рӯи адолат рафтор кунад, дар ҳузури Ӯ мақбул аст» (Аъм. 10:34, 35). Петрус нуқтаи назарашро дигар кард ва дар ҳақиқат бо тамоми бародарият пайваст шуд (1 Пет. 2:17).
17. Ягонагие, ки халқи Худо аз он баҳра мебарад, аз кадом ҷиҳат аҷиб аст?
17 Мисоли Петрус ба мо кӯмак мекунад, ки дигаргунии аҷиберо, ки имрӯз дар байни халқи Худо ҷой дорад, қадр кунем. (Ишаъё 2:3, 4–ро бихонед.) Миллионҳо одамон «аз ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо» тарзи фикрронии худро дигар намуда мувофиқи «иродаи нек, писандида ва комили Худо» амал мекунанд (Ваҳй 7:9; Рум. 12:2). Бисёре аз онҳо як вақтҳо ба чунин хислатҳои ба ҷаҳони Шайтон хос — нафрат, душманӣ ва ихтилофот сахт дода шуда буданд. Лекин бо воситаи омӯзиши Каломи Худо ва кӯмаки рӯҳулқудс онҳо бо «роҳи сулҳу осоиштагӣ» рафтанро ёд гирифтанд (Рум. 14:19). Ягонагие, ки дар натиҷаи ин ба даст меояд, Худоро ҷалол медиҳад.
18, 19. а) Чӣ тавр ҳар яки мо ба осоиштагиву ягонагии ҷамъомад мусоидат карда метавонем? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима мекунем?
18 Чӣ тавр ҳар яки мо ба осоиштагиву ягонагии халқи Худо мусоидат карда метавонем? Дар бисёр ҷамъомадҳо касоне ҳастанд, ки аз давлатҳои хориҷа омадаанд. Урфу одатҳои баъзеи онҳо шояд аз маданияти мо фарқ кунад ё шояд баъзеи онҳо забони моро хуб надонанд. Оё мо кӯшиш мекунем, ки бо онҳо аз наздик шинос шавем? Инро Каломи Худо маслиҳат медиҳад. Павлус ба ҷамъомади шаҳри Рум, ки ҳам аз яҳудиён ва ҳам аз ғайрияҳудиён иборат буд, мактуб навишта, гуфт: «Якдигарро қабул кунед, чунон ки Масеҳ низ шуморо барои ҷалоли Худо қабул кардааст» (Рум. 15:7). Оё дар ҷамъомади шумо касе ҳаст, ки шумо бо ӯ хубтар шинос шуда метавонистед?
19 Мо боз чӣ кор карда метавонем, то ба рӯҳи муқаддас гузорем, ки ба ҳаёти мо роҳбарӣ кунад? Ин саволро мо дар мақолаи оянда ҳангоми дида баромадани хусусиятҳои боқимондаи самари рӯҳ муҳокима хоҳем кард.
[Эзоҳҳо]
a Мевае, ки Исо дар борааш гуфт, ҳам «самари Рӯҳ» ва ҳам «самари лабҳоеро», ки масеҳиён ҳангоми мавъиза меоранд, дар бар мегирад (Ибр. 13:15).
b Дар Ибодат 19:18 гуфта мешавад: «Аз фарзандони қавми худ интиқом накаш ва кина ба дил нагир, ва ёратро мисли худат дӯст дор». Сарварони дини яҳудӣ чунин таълим медоданд, ки «фарзандони қавми худ» ва «ёр» гуфта танҳо яҳудиён дар назар дошта шудаанд. Мувофиқи Қонун исроилиён бояд аз халқҳои дигар ҷудо мемонданд. Лекин Қонун нуқтаи назареро, ки роҳбарони динии асри як таълим медоданд, дастгирӣ намекард, яъне он таълим намедод, ки ҳамаи ғайрияҳудиён душмананд ва аз ҳар яки онҳо бояд нафрат кард.
Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?
• Чӣ тавр мо ба ҳамимононамон муҳаббати фидокорона зоҳир карда метавонем?
• Чаро муҳим аст, ки мо ба Худо бо шодмонӣ хизмат кунем?
• Чӣ тавр мо ба осоиштагиву ягонагии ҷамъомад мусоидат карда метавонем?
[Чорчӯба дар саҳифаи 21]
«Ин одамон масеҳиёни ҳақиқианд»
Дар китоби «Дар байни муқобилият ва марги пуразоб — Шоҳидони Яҳува дар Германияи фашистӣ» шарҳи як маҳбуси ибрӣ оварда шудааст. Ӯ нақл мекунад, ки бори аввал бо Шоҳидони Яҳува ӯ баъди ба лагери консентратсионии Нойенгамм омаданаш вохӯрд.
«Ҳамин ки мо, ибриёни аз Дахау омада, ба даруни лагер даромадем, ибриёни дигар ҳама чизи доштаашонро пинҳон карданд, то онро бо мо тақсим накунанд... Берун аз он [лагери консентратсионӣ] мо ба якдигар ёрдам медодем. Вале дар ин ҷо, дар вазъияти бо ҳаёту мамот алоқаманд, ҳар кас дигаронро аз хотир бароварда пеш аз ҳама дар бораи наҷоти худаш фикр мекард. Вале тасаввур кунед, ки Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас чӣ гуна рафтор мекарданд. Он вақт онҳо сахт меҳнат карда, баъзе қубурҳои обро таъмир мекарданд. Ҳаво хунук буд ва онҳо рӯзи дароз дар оби ях барин хунук рост меистоданд. Ҳеҷ кас намефаҳмид, ки чӣ тавр онҳо ба ин тоб меоранд. Онҳо мегуфтанд, ки Яҳува ба онҳо қувват медиҳад. Онҳо низ мисли мо сахт ба нон мӯҳтоҷӣ мекашиданд, чунки гурусна буданд. Лекин онҳо чӣ кор карданд? Онҳо ҳамаи нонҳои доштаашонро ҷамъ карда, нисфашро ба худ гирифтанд ва нисфи дигарашро ба ҳамимонони нав аз Дахау омадаашон доданд. Ва онҳо ҳамимонони худро гарм пешвоз гирифтанд ва бӯсиданд. Пеш аз хӯрок хӯрдан онҳо дуо гуфтанд. Дар натиҷа, ҳамаи онҳо қаноатманду хурсанд буданд. Онҳо гуфтанд, ки дигар гурусна нестанд. Медонед, ман он вақт чунин фикр кардам: Ин одамон масеҳиёни ҳақиқианд»
[Суратҳо дар саҳифаи 19]
Оё шумо ҳар рӯз барои ба Яҳува наздик шудан аз ҳисоби корҳои дигар вақт ҷудо мекунед?