«Бигзор сухани шумо ҳамеша намакин бошад»
1. Маънои «намакин» будани сухан чист?
1 «Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед» (Қӯл. 4:6). Намакин кардани сухан маънои интихоби дурусти калимаҳо ва тарзи гуфторест, ки шарҳҳои моро ба шунавандагон форам мегардонад. Чунин гуфтор ҳангоми мавъиза бахусус муҳим мебошад.
2. Чӣ тавр Исо тавонист, ки ба зани сомарӣ шаҳодат диҳад?
2 Намунаи Исо. Ҳангоми назди чоҳ дам гирифтанаш, Исо бо зане ки барои об омад, худаш ба сухан оғоз кард. Дар ҳолатҳои гуногуни ҳангоми сӯҳбат, зан борҳо аз душмании куҳани байни сомариёну яҳудиён ҷойдошта ёдовар гашт. Ӯ ҳамчунин эътиқоди худро ба он ки сомариён аз насли Яъқуб ҳастанд, иброз дошт; гарчанде ки яҳудиён мутмаин буданд, ки сомариён насли ғайрияҳудиёнанд. Ба ҷои баҳсу мунозира бо зан, Исо ҷараёни сӯҳбатро мусбат нигоҳ дошт. Дар натиҷа, Исо тавонист шаҳодате диҳад, ки он ба зани мазкур ва мардони шаҳр манфиат овард — Юҳ. 4:7–15, 39.
3. Чӣ гуна мо метавонем, ки дар хидмати мавъиза ба намунаи Исо пайравӣ намоем?
3 Ҳангоми мавъиза мо бояд мақсадамон — «аз некӣ башорат» доданро дар хотир дорем (Рум. 10:15). Мо мехоҳем, ки ба соҳибхона фикрҳои созандаеро аз Китоби Муқаддас нақл карда, ҳаргиз ба ӯ таассуроти ҳамла ба эътиқоди шахсияшро нагузорем. Агар ӯ нуктаи нодурусти назарашро баён намояд, ҷавоби мо набояд зуд ва рӯирост ба иштибоҳаш ишора кунад. Оё дар гуфтаҳои ӯ ягон шарҳе, ки мо бо он розием, ё лоиқи таҳсин аст, вуҷуд дорад? Шояд мо битавонем, ки бо гуфтани “оё шумо ягон вақт оиди эҳтимолияти чунин хабар андеша кардаед?”,— ин шахсро бо ояте аз Китоби Муқаддас ошно гардонем.
4. Дар ҳолати дағал будани соҳибхона чӣ кор бояд кунем?
4 Агар соҳибхона дағал ё баҳскунанда бошад–чӣ? — Мо бояд ба зоҳир кардани оромиву фурӯтанӣ дар гуфторамон давом диҳем (2 Тим. 2:24, 25). Агар шахсе ба пайғоми Салтанат шавқ зоҳир накунад, беҳтар аст, ки боадабона ӯро тарк намоем — Мат. 7:6; 10:11–14.
5. Чӣ гуна як хоҳар натиҷаи хуби ҷавоби болутфашро дид?
5 Натиҷаҳои хуб. Вақте ки хоҳаре саъй кард, ки ба ҳамсояаш шаҳодат диҳад, он зан боғазабона ба сараш дод зад. Хоҳар бо мулоимат гуфт: “Мутаассифам, ки чунин эҳсосот доред. Хайр!”. Баъд аз ду ҳафта, зан дари хоҳарро тақ–тақ карда, аз ӯ барои рафтораш узр пурсид ва гуфт, ки хоҳиши шунидани он чизеро дорад, ки хоҳар он рӯз гуфтанӣ буд. Ҷавоби болутф одатан натиҷаҳои хуб меорад! — Мас. 15:1; 25:15.
6. Чаро «сухани пурфайзу намакин» доштан ҳангоми хидмати мавъизаамон муҳим аст?
6 Кӯшиш кунед, ки ҳангоми мавъизаи пайғом гуфторатон «пурфайз ва намакин» бошад. Ҳатто агар соҳибхона хоҳиши гӯш додан надошта бошад, шояд дафъаи ояндае, ки Шоҳидони Яҳува ба дараш занг зананд, ӯ майли гӯшдиҳӣ пайдо кунад.