-
«Халосии шумо наздик меояд»!Бурҷи дидбонӣ — 2015 | июл 15
-
-
14, 15. Кори ҷамъоварӣ, ки каме пас аз ҳамлаи Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ рӯй медиҳад, чиро дар бар мегирад ва он чӣ тавр ба амал меояд?
14 Баъди он ки Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ ба халқи Худо ҳамла мекунад, чӣ рӯй медиҳад? Ҳам дар Инҷили Матто ва ҳам дар Марқӯс дар бораи баъзе аз воқеаҳо навишта шудааст. Дар он ҷо мо мехонем, ки Писари одам «фариштагони Худро фиристода, баргузидагони Худро аз чор ҷониб, аз канори замин то канори осмон фароҳам хоҳад овард» (Марқ. 13:27; Мат. 24:31). Ин кори ҷамъоварӣ ба замоне ки масеҳиёни тадҳиншуда бори аввал интихоб мешаванд, ишора намекунад. Ҳамчунин он ба гирифтани мӯҳри охирини онҳо ишора намекунад, чунки тадҳиншудагон каме пеш аз саршавии мусибати онро мегиранд (Мат. 13:37, 38; Ваҳй 7:1–4). Пас, Исо кадом вақтро дар назар дошт? Ин ҳамон вақтест, ки тадҳиншудагоне ки он вақт дар замин хоҳанд буд, мукофоти худро мегиранд ва ба осмон мераванд (1 Тас. 4:15–17; Ваҳй 14:1). Ин рӯйдод каме пас аз ҳамлаи Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ ба амал меояд (Ҳиз. 38:11). Баъд, чи хеле ки Исо гуфт, «одилон дар Малакути Падари худ чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд» (Мат. 13:43)b.
15 Бисёре аз масеҳиёни ин ҷаҳон боварӣ доранд, ки дар тани одамӣ ба осмон бурда мешаванд. Онҳо фикр мекунанд, ки вақте Исо барои ҳукмронӣ кардан ба замин меояд, онҳо ӯро хоҳанд дид. Лекин Китоби Муқаддас ба таври равшан нишон медиҳад, ки Исо ба таври ба чашм ноаён меояд. Мо мехонем, ки Писари Одам «дар осмон» намудор мешавад ва «бар абрҳо меояд» (Мат. 24:30). Китоби Муқаддас ҳамчунин мегӯяд, ки «гӯшт ва хун наметавонанд вориси Малакути Худо шаванд». Барои ҳамин онҳое ки ба осмон бурда мешаванд, «дар як мижа задан, баробари садои карнаи охирин» тағйир хоҳанд ёфтc. (1 Қӯринтиён 15:50–53-ро бихонед.) Он тадҳиншудагони содиқ, ки ҳангоми сар задани мусибати бузург дар замин хоҳанд буд, дарҳол ҷамъ оварда мешаванд.
-
-
«Халосии шумо наздик меояд»!Бурҷи дидбонӣ — 2015 | июл 15
-
-
c Тадҳиншудагон бо тани одамӣ ба осмон бурда намешаванд (1 Қӯр. 15:48, 49). Ҷисми онҳо, эҳтимол, нест мешавад, ҳамон тавре ки бо бадани Исо шуда буд.
-