-
Чӣ тавр ба шахсе, ки бемории равонӣ дорад, кумак расонем?Бурҷи дидбонӣ (нашри оммавӣ)—2023 | № 1
-
-
«Рӯҳафтодагонро тасаллӣ диҳед» (1 ТАСЛӮНИКИЁН 5:14).
Шояд, дӯсти наздики шумо бо ҳисси хавотирӣ мубориза барад ва ё худро беқадру ночиз ҳис кунад. Агар дар ин ҳолат чӣ гуфтанатонро надонед, нишон диҳед, ки ӯ барои шумо азиз аст ва ин ӯро тасаллӣ дода метавонад.
-
-
Чӣ тавр ба шахсе, ки бемории равонӣ дорад, кумак расонем?Бурҷи дидбонӣ (нашри оммавӣ)—2023 | № 1
-
-
«Пуртоқат бошед» (1 ТАСЛӮНИКИЁН 5:14).
Шояд, шахси наздикатон на ҳама вақт ба суҳбат кардан майлу хоҳиш дорад. Ба ӯ гӯед, ки кадом вақте хоҳад, шумо бо хурсандӣ ӯро гӯш карда метавонед. Аз сабаби беморӣ ӯ метавонад сухане гӯяд ё коре кунад, ки ба одам сахт расад. Масалан, ӯ метавонад нақшаи якҷоя кашидаатонро рад кунад ё ногаҳон табъаш хира шавад. Дар чунин ҳолат пурсабр бошед ва фаҳмиш зоҳир кунед (Панднома 18:24).
-