МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 26
Оё шумо ба рӯзи Яҳува тайёред?
«Рӯзи Яҳува айнан мисли дузд дар шаб меояд» (1 ТАС. 5:2).
СУРУДИ 32 Матину устувор бошед!
ПЕШГУФТОРa
1. Барои дар рӯзи Яҳува наҷот ёфтанамон бояд чӣ кор кунем?
ВАҚТЕ дар Китоби Муқаддас гап дар бораи «рӯзи Яҳува» меравад, он ба замони доварӣ кардани душманонаш ва наҷот додани халқаш ишора мекунад. Дар замонҳои пеш Яҳува аллакай чанд бор чунин карда буд (Иш. 13:1, 6; Ҳиз. 13:5; Саф. 1:8). Дар замонҳои мо бошад, «рӯзи Яҳува» аз ҳамлаи ҳукуматдорон ба Бобили бузург сар шуда, бо ҷанги Ҳармаҷиддӯн тамом мешавад. Барои дар ин рӯз наҷот ёфтан мо бояд аз ҳозир тайёрӣ бинем. Исо гуфта буд, ки ба «азоби азим» бояд доимо тайёр бошем (Мат. 24:21; Луқ. 12:40).
2. Мо аз Номаи якум ба таслӯникиён чиро мефаҳмем?
2 Дар Номаи якум ба таслӯникиён Павлуси расул якчанд мисолҳое меорад, ки ба масеҳиён барои тайёрӣ ба рӯзи бузурги Яҳува кумак мерасонанд. Павлус медонист, ки рӯзи Яҳува дар замоне, ки ӯ ин суханонро гуфт, намеояд (2 Тас. 2:1–3). Ба ҳар ҳол ӯ бародару хоҳаронро даъват кард, ки ба он рӯз тавре тайёрӣ бинанд, ки гӯё он худи пагоҳ меояд. Мо низ бояд ба ин маслиҳатҳо гӯш андозем. Дар ин мақола ҷавоби Павлусро ба се саволи зерин мебинем: 1) рӯзи Яҳува чӣ тавр меояд, 2) кӣ наҷот намеёбад ва 3) барои наҷот ёфтан чӣ хел тайёрӣ бинем?
РӮЗИ ЯҲУВА ЧӢ ТАВР МЕОЯД?
3. Чӣ тавр рӯзи Яҳува мисли дузд дар шаб меояд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
3 «Мисли дузд дар шаб меояд» (1 Тас. 5:2). Аз се мисоле, ки Павлус барои тасвири омадани рӯзи Яҳува истифода бурдааст, ин якумаш аст. Дузд одатан чолок аст ва шаб ногаҳонӣ ҳангоми дар хоб будани ҳама меояд. Рӯзи Яҳува низ ногаҳонӣ омада, аксариятро ҳайратзада месозад. Шояд, ин рӯз барои масеҳиёни ҳақиқӣ низ ногаҳонӣ ояд. Вале ҳатто агар он бароямон ногаҳонӣ ояд, мо мисли бадкорон нобуд намешавем.
4. Ба кадом маъно рӯзи Яҳува мисли дарди зоиш меояд?
4 «Мисли он ки зани ҳомиладор ногаҳон ба дарди зоиш дучор мешавад» (1 Тас. 5:3). Зани ҳомиладор аниқ кай таваллуд карданашро намедонад, аммо ӯ шубҳа надорад, ки он рӯз ҳатман меояд. Вақте рӯзу соати зоишаш мерасад, он дардовару ногаҳонӣ мешавад ва чизе пеши роҳашро гирифта наметавонад. Мо низ вақту соати дақиқи омадани рӯзи Яҳуваро намедонем, аммо ҳаминашро аниқ медонем, ки доварии Худо ҳатман фаро мерасаду бадкорон аз ин балои ногаҳонӣ ҷонашонро халос карда наметавонанд.
5. Чаро азоби азимро ба дамидани субҳ монанд кардан мумкин аст?
5 «Дамидани субҳ». Павлус дар мисоли сеюмаш боз дар бораи дуздии шаб ёдовар мешавад, аммо ин дафъа ӯ рӯзи Яҳуваро ба дамидани субҳ монанд мекунад (1 Тас. 5:4). Дузде, ки саргарми кораш аст, гузаштани вақтро нафаҳмида мемонаду субҳ барояш ногаҳон меояд. Азоби азим низ мисли субҳ рафтори бадкоронро фош мекунад. Мо бояд ба ин одамон монанд нашавем ва корҳоеро, ки ба Яҳува хуш намеоянд, рад карда, аз пайи «ҳар гуна некуӣ, росткорӣ ва рафтори дуруст» шавем (Эфс. 5:8–12). Дар ду мисоли дигар Павлус мефаҳмонад, ки аз миёни одамон кӣ наҷот намеёбад.
КӢ ДАР РӮЗИ ЯҲУВА НАҶОТ НАМЕЁБАД?
6. Ба кадом маъно аксари одамон ба хоби ғафлат рафтаанд? (1 Таслӯникиён 5:6, 7).
6 «Онҳое, ки мехобанд» (1 Таслӯникиён 5:6, 7). Павлус онҳоеро, ки дар рӯзи Яҳува наҷот намеёбанд, ба одамони хоб монанд мекунад. Ин гуна шахсон аз чизе, ки дар гирду атрофашон рӯй медиҳад, ё аз гузаштани вақт бехабар мемонанд. Онҳо аз дигаргуниҳои муҳим огоҳ нестанд ва чӣ кор карданашонро намедонанд. Имрӯз аксарият ба хоби рамзӣ рафтаанд (Рум. 11:8). Онҳо ба нишонаҳои рӯзҳои охир ва далелҳое, ки наздик будани азоби азимро нишон медиҳанд, чашм мепӯшанд. Воқеаҳои ҷаҳонӣ сабаб мегарданду баъзеҳо чашмонашонро нимроғ карда, ба хушхабар шавқ зоҳир мекунанд, вале, афсӯс, бисёрашон боз пинак мераванд. Ҳатто баъзе шахсоне, ки ба рӯзи доварӣ бовар доранд, фикр мекунанд, ки он ба қарибӣ намеояд (2 Пет. 3:3, 4). Аз ин рӯ хеле муҳим аст, ки дар рӯзҳои мо ба огоҳии Китоби Муқаддас гӯш дода, ҳушёру бедор монем.
7. Онҳое, ки гирифтори ғазаби Худо мешаванд, ба одамони маст чӣ монандӣ доранд?
7 «Онҳое, ки шароб менӯшанд». Павлуси расул онҳоеро, ки ба қаҳри Худо гирифтор мешаванд, ба одамони маст монанд мекунад. Одами маст ақлаш тира асту ба чизҳое, ки дар гирду атрофаш рӯй медиҳанд, дуруст баҳо дода наметавонад, ва қарорҳояш мантиқӣ нестанд. Ба ин монанд, одами бадкор ақлаш тира гаштаасту ба огоҳиҳои Худо гӯш намедиҳад. Ин гуна шахсон роҳи нобудиро интихоб мекунанд. Ба мо, масеҳиён, бошад, гуфта шудааст, ки ҳушёру бедор бошем (1 Тас. 5:6). Як олими Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «одами ҳушёр орому солимфикр аст ва ҳама чизро дар тарозуи ақл баркашида, қарори дуруст мебарорад». Чаро орому солимфикр мондан муҳим аст? Агар мо солимфикр бошем, дар масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ ягон тарафро намегирем. Бо наздик шудани рӯзи Яҳува фишори вайрон кардани бетарафӣ зиёд мегардад. Лекин мо набояд аз ҳад зиёд хавотир шавем, ки ба ин тоб оварда метавонем ё не, чунки рӯҳи Яҳува ба мо оромӣ мебахшад ва кумак мекунад, ки қарорҳои хирадмандона барорем (Луқ. 12:11, 12).
МО ЧӢ ТАВР БА РӮЗИ ЯҲУВА ТАЙЁР БУДА МЕТАВОНЕМ?
8. Мувофиқи 1 Таслӯникиён 5:8 кадом хислатҳо ба мо кумак мерасонанд, ки ҳушёр бошем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
8 «Ҷавшанро... дар бар карда... кулоҳи ҷангӣ пӯшем». Павлус моро ба сарбози ҳушёре, ки либоси ҷангӣ дар бар кардааст, монанд мекунад. (1 Таслӯникиён 5:8-ро хонед.) Сарбозе, ки вазифаашро иҷро мекунад, бояд ҳама вақт ба ҷанг омода бошад. Мо низ бояд ҷавшани имону муҳаббат ва кулоҳи умедро пӯшида, доим ба рӯзи Яҳува тайёр бошем.
9. Чӣ тавр имон моро муҳофизат мекунад?
9 Чуноне ки ҷавшан дили сарбозро ҳимоя мекунад, имону муҳаббат низ дили маҷозии моро аз хатар эмин медорад. Ин хислатҳо ба мо кумак мекунанд, ки минбаъд низ ба Яҳува хизмат карда, Исоро пайравӣ намоем. Мо имон дорем, ки Яҳува ба онҳое, ки ӯро аз таҳти дил меҷӯянд, мукофот медиҳад (Ибр. 11:6). Маҳз имон аст, ки мо ҳатто дар душвориҳо ба Сарварамон Исо содиқ мондан мехоҳем. Бародару хоҳаронамон ҳатто дар бепуливу бечорагӣ ва озору азият дар аҳди дӯстияшон бо Яҳува пойдор мемонанд. Намунаи хубашон дар сахтиҳои ҳаёт ба имони мо қувват мебахшад. Боз ҳамдинони мо аз баҳри ҳавасу хоҳишҳояшон гузашта, кори Худоро маркази зиндагияшон сохтаанд. Агар мо ҳам аз онҳо ибрат гирем, ба ботлоқи чизпарастӣ намеғӯтемb.
10. Чӣ тавр муҳаббат ба Худо ва одамон ёрдам мекунад, ки пурсабр бошем?
10 Муҳаббат низ чашми диламонро бедору ҳушёр медорад (Мат. 22:37–39). Агар дар диламон меҳри Худо бошад, ҳеҷ як мушкилӣ дар расондани хушхабар шасти моро намегардонад (2 Тим. 1:7, 8). Мо ҳамчунин муҳаббатамонро аз касоне, ки ҳамимони мо нестанд, дареғ намедорем. Барои ҳамин ба одамони маҳалламон мавъиза карданро бас намекунем ва ба онҳо ҳатто ба воситаи телефон ва нома шаҳодат медиҳем. Мо аз касоне, ки хушхабарро мешунаванд, умедамонро намеканем, ки, шояд ягон рӯз онҳо дигар мешаванду ба роҳи рост қадам мемонанд (Ҳиз. 18:27, 28).
11. Чӣ тавр муҳаббат ба ҳамимонон ба мо ёрӣ мерасонад? (1 Таслӯникиён 5:11).
11 Мо ҳамимононамонро низ дӯст медорем ва «якдигарро дилбардорӣ» карда, қувват мебахшем. (1 Таслӯникиён 5:11-ро хонед.) Чи тавре ки сарбозон паҳлу ба паҳлу истода меҷанганд, мо низ дар паҳлуи бародару хоҳарон истода, якдигарро дастгирӣ мекунем. Сарбоз дар авҷи ҷанг, шояд, нохост ба ҳамхизматаш осеб расонад, лекин вай ҳеҷ гоҳ ин корро қасдан намекунад. Мо низ дидаву дониста ба бародару хоҳарон осеб намерасонем ва дар ивази бадӣ бадӣ намекунем (1 Тас. 5:13, 15). Инчунин мо муҳаббатамонро ба бародарони масъул зоҳир карда метавонем (1 Тас. 5:12). Вақте ки Павлус номаашро ба таслӯникиён навишт, аз ташкил шудани ҷамоати он ҷо як сол ҳам нагузашта буд. Барои ҳамин, шояд, бародарони таъйиншудааш камтаҷриба буданду дар баъзе масъалаҳо хато мекарданд. Бо вуҷуди ин онҳо сазовори эҳтиром буданд. Ҳангоми азоби азим, мумкин алоқаи мо бо идораи марказиву филиаламон канда шаваду мо пурра ба дастуроти пирони маҳаллӣ вобаста шавем. Аз ин рӯ хеле муҳим аст, ки аз ҳозир дӯст доштан ва эҳтиром намудани пиронамонро ёд гирем. Биёед чизе нашавад, диққатро на ба камбудиҳои пирон, балки ба хизмати фидокоронаашон равона созем. Дар ёд доред, ки Яҳува ба воситаи Исо онҳоро барои роҳнамоӣ кардани халқаш истифода мебарад.
12. Чӣ тавр умед фикрҳоямонро муҳофизат мекунад?
12 Чи тавре ки кулоҳ сари сарбозро ҳимоя мекунад, умеди наҷот низ фикрҳои моро муҳофизат мекунад. Умеди қавӣ таъсири зарбаҳои сахтеро, ки ин ҷаҳон ба сарамон мезанад, суст мегардонад. Агар мо умеди қавӣ дошта бошем, мефаҳмем, ки ҳар чизе ин ҷаҳон пешкаш мекунад, ҳеҷ аст (Флп. 3:8). Умед оромиву солимфикрӣ мебахшад. Саргузашти Волес ва Лоринда, ки дар Африқо хизмат мекунанд, ҳақ будани ин суханонро тасдиқ менамояд. Дар давоми се ҳафта Волес падарашро, Лоринда бошад, модарашро аз даст дод. Аз сабаби вабои ковид ин ҳамсарон имкон надоштанд, ки ба хонаашон, назди оилаашон баргарданд. Волес мегӯяд: «Умед ба ман ёрдам мекунад, ки рӯзҳои охири ҳаёти волидонамро дар ин ҷаҳон тасаввур накунаму рӯзҳои аввали зиндагияшонро дар дунёи нав пеши назар орам. Вақте ғаму андуҳ ва дарди ҷудоӣ вуҷудамро фаро мегирад, умед маро тасаллӣ мебахшад».
13. Чӣ кор кунем, ки рӯҳи муқаддас дошта бошем?
13 «Оташи рӯҳро хомӯш насозед» (1 Тас. 5:19). Павлус рӯҳи муқаддасро ба оташе андаруни мо монанд кардааст. Агар рӯҳи муқаддас дар мо бошад, мо кори Яҳуваро бо ҷӯшу хурӯш ба ҷо меорем ва дар росткорӣ ғайрати зиёде пайдо мекунем (Рум. 12:11). Чӣ кор кунем, ки рӯҳи муқаддас дошта бошем? Барои ин мо бояд дуо гӯем, Китоби Муқаддасро омӯзем ва ба ташкилоти Яҳува, ки рӯҳи ӯ дар он аст, часпем. Агар доим дар чунин муҳити рӯҳонӣ бошем, «самари рӯҳ» дар диламон сабзидан мегирад (Ғал. 5:22, 23).
14. Агар хоҳем, ки рӯҳи муқаддас аз мо дур нашавад, бояд чӣ кор кунем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
14 Вақте Яҳува рӯҳи муқаддасашро ба мо медиҳад, бояд саъю кӯшиш кунем, ки «оташи рӯҳро хомӯш» насозем. Яҳува рӯҳи муқаддасашро танҳо ба одамони покдилу покрафтор медиҳад. Барои ҳамин, агар мо дари диламонро барои фикрҳои ифлос кушоему ба корҳои бад даст занем, Яҳува ин атои покашро аз мо мегирад (1 Тас. 4:7, 8). Барои он ки рӯҳи муқаддас аз мо дур нашавад, бояд «ба пешгӯйиҳо беаҳамиятӣ» накунем (1 Тас. 5:20). Яке аз чунин «пешгӯйиҳо»-и муҳим, ки Худо ба воситаи рӯҳи муқаддасаш медиҳад, хабар дар бораи рӯзи Яҳува ва рӯзҳои охир мебошад. Мо набояд бепарво шуда, фикр кунем, ки Ҳармаҷиддӯн дар замони мо намеояд. Баръакс, бояд чунин андешем, ки он пушти дар истодааст ва бо рафтори поку худотарсиямон нишон диҳем, ки он рӯзро дар ёд дорем (2 Пет. 3:11, 12).
«ҲАМА ЧИЗРО БИСАНҶЕД»
15. Чӣ кор кунем, ки маълумоти дурӯғ ва таблиғоти шайтонӣ моро гумроҳ насозанд? (1 Таслӯникиён 5:21).
15 Ба наздикӣ душманони Худо овозае паҳн мекунанд, ки гӯё «тинҷиву амонӣ» ба даст овардаанд (1 Тас. 5:3). Таблиғоти шайтонӣ тамоми ҷаҳонро фаро мегираду аксари одамонро гумроҳ месозад (Ошкор. 16:13, 14). Оё ин овозаҳо моро низ гумроҳ мекунанд? Агар «ҳама чизро» бисанҷем, ба доми ин гуна фиреб намеафтем. (1 Таслӯникиён 5:21-ро хонед.) Калимаи юнониеро, ки «бисанҷед» тарҷума шудааст, дар мавриди санҷидани сифати металлҳои пурқимат ба кор мебурданд. Мо низ он чизеро, ки мехонем ё мешунавем, бояд санҷем, ки он дуруст аст ё не. Агар ин кор ба таслӯникиён ин қадар муҳим буд, пас ба мо, ки дар рӯзҳои охир зиндагӣ дорем, даҳчандон зарур аст. Биёед содаву зудбовар набошему ақламонро кор фармонда, ҳар чизеро, ки мехонем ё мешунавем, бо гуфтаҳои Китоби Муқаддас ва ташкилоти Яҳува муқоиса кунем. Ин тавр карда мо ба доми фиреби Шайтон намеафтем (Пнм. 14:15; 1 Тим. 4:1).
16. Шумо аз чӣ дилпуред ва ба чӣ азми қавӣ доред?
16 Мо медонем, ки Яҳува халқашро дар азоби азим наҷот медиҳад, аммо намедонем, ки шахсан бо мо пагоҳ чӣ мешавад (Яъқ. 4:14). Лекин, агар то охир содиқ монем, хоҳ пеш аз азоби азим вафот кунем, хоҳ аз он зинда гузарем, ҳатман соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мегардем. Тадҳиншудагон бо Исо дар осмон ҳукмронӣ менамоянд, гӯсфандони дигар бошанд, дар биҳишти рӯйи замин зиндагӣ мекунанд. Биёед ба умеди зебоямон чашм дӯзему ба рӯзи Яҳува тайёр бошем.
СУРУДИ 132 Суруди ғалаба
a Дар 1 Таслӯникиён 5 як қатор мисолу ташбеҳҳое оварда шудааст, ки дар бораи рӯзи Яҳува ба мо бисёр чизро ошкор мекунад. Рӯзи Яҳува чист ва он чӣ тавр меояд? Кӣ наҷот меёбаду кӣ не? Чӣ тавр ба он рӯз тайёрӣ бинем? Биёед суханони Павлуси расулро дида бароем ва ба ин саволҳо ҷавоб ёбем.
b Ба силсиламақолаи «Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд» нигаред.