МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 36
Мо омадани Ҳармаҷиддӯнро бесаброна интизорем!
«Онҳо подшоҳонро ба ҷое, ки... Ҳармаҷиддӯн ном дорад, ҷамъ оварданд» (ВАҲЙ 16:16).
СУРУДИ 49 Яҳува паноҳгоҳи мост
ПЕШГУФТОРa
1, 2. а) Чаро Ҳармаҷиддӯн ба одамизод хушбахтӣ меорад? б) Дар ин мақола мо кадом саволҳоро дида мебароем?
БАЪЗЕ одамон фикр мекунанд, ки дар натиҷаи ҷанги атомӣ ё офати даҳшатноки табиӣ дунё нест мешавад. Лекин Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки ба наздикӣ ҷанге рӯй медиҳад, ки баъди он ҳаёт хеле хуб мешавад. Ин ҷанг Ҳармаҷиддӯн ном дорад. Каломи Худо мефаҳмонад, ки Ҳармаҷиддӯн ба мо хушбахтӣ меорад (Ваҳй 1:3). Ҷанги Ҳармаҷиддӯн инсониятро нест намекунад, балки наҷот медиҳад. Чӣ тавр?
2 Инро Китоби Муқаддас мефаҳмонад. Масалан, дар он гуфта шудааст, ки Ҳармаҷиддӯн ба ҳукмронии одамӣ хотима мебахшад, яъне ҳокимони золим дигар нахоҳанд буд. Боз дар ин ҷанг бадкорон нобуд мешаванд ва одилон зинда мемонанд. Ва ҳамчунин, Худо дар ин ҷанг нобудкунандагони заминро нест карда, сайёраи моро аз нобудшавӣ нигоҳ медорад (Ваҳй 11:18). Барои хубтар фаҳмидани ин чизҳо биёед чор саволро дида бароем: «Ҳармаҷиддӯн чист? Пеш аз он кадом воқеаҳо рух медиҳанд? Чӣ тавр мо наҷот ёфта метавонем? Бо наздик шудани Ҳармаҷиддӯн чӣ тавр содиқиамонро нигоҳ дорем?»
ҲАРМАҶИДДӮН ЧИСТ?
3. а) Калимаи «Ҳармаҷиддӯн» чӣ маъно дорад? б) Чӣ тавр Ваҳй 16:14, 16 нишон медиҳад, ки Ҳармаҷиддӯн номи ягон ҷойи аслӣ нест?
3 Ваҳй 16:14, 16-ро хонед. Калимаи «Ҳармаҷиддӯн» дар Навиштаҳо ҳамагӣ як бор вомехӯрад ва он аз калимаи иброние гирифта шудааст, ки маънояш «кӯҳи Маҷиддӯ» аст (Ваҳй 16:16, эзоҳ). Маҷиддӯ номи як шаҳри Исроили қадим буд, ки дар теппае воқеъ буд (Еҳ. 17:11). Лекин Ҳармаҷиддӯн номи ягон ҷой ё макони аслӣ нест. Аниқтараш он ба вазъияте ишора мекунад, ки дар он «подшоҳони тамоми замин» як шуда ба муқобили Яҳува бармехезанд (Ваҳй 16:14). Лекин дар ин мақола калимаи «Ҳармаҷиддӯн» ҳамчунин ба ҷанге ишора мекунад, ки дарҳол баъди бо ҳам ҷамъ омадани он подшоҳон рӯй медиҳад. Аз куҷо мо медонем, ки ин ҷойи аслӣ нест? Якумаш ин ки ҳозир дар ягон ҷойи замин Маҷиддӯ ном кӯҳ нест. Дуюм, агар ҳатто ин хел ҷой мебуд ҳам, дар он «подшоҳони тамоми замин», лашкарон ва тиру тӯпи онҳо ғунҷида наметавонист. Сеюм, чуноне ки аз давоми мақола мефаҳмем, ҷанги Ҳармаҷиддӯн ҳамон вақт сар мешавад, ки «подшоҳони» ҷаҳон ба халқи Худо, ки дар саросари замин паҳн шудаанд, ҳамла меоранд.
4. Чаро ҷанги охирини Худо бо номи Маҷиддӯ алоқаманд аст?
4 Чаро номи ҷанги бузурги охирини Худо бо номи Маҷиддӯ алоқаманд аст? Дар кӯҳи Маҷиддӯ ва водии Изреъил, ки дар наздикии он воқеъ буд, замонҳои пеш бисёр ҷангу муҳорибаҳо мегузаштанд. Ба баъзеи он муҳорибаҳо Яҳува Худаш бевосита дахолат карда, халқашро наҷот дода буд. Масалан, «назди обҳои Маҷиддӯ» Худо ба довари Исроил Бороқ кӯмак кард, ки бар лашкари Канъон ва сарфармондеҳаш Сисро ғалаба ба даст орад. Яҳува ба таври мӯъҷиза халқашро наҷот дод. Бороқ ва набия Дебӯро барои ин Яҳуваро дар суруд шукргузорӣ намуда чунин сароиданд: «Ситорагон аз мадори худ бо Сисро ҷанг карданд. Наҳри Қишӯн онҳоро [душманонро] ғарқ кард» (Дов. 5:19–21).
5. Ҷанги Ҳармаҷиддӯн аз муҳорибаи Бороқ бо чӣ фарқ хоҳад кард?
5 Бороқ ва Дебӯро суруди худро бо чунин суханон ба итмом расонданд: «Бигзор ҳамин тавр ҳамаи душманонат маҳв шаванд, эй Худованд! Вале дӯстдорони Ӯ бигзор мисли офтобе бошанд, ки бо тамоми қувваташ тулӯъ мекунад!» (Дов. 5:31). Ба ин монанд дар Ҳармаҷиддӯн душманони Худо нест мешаванд, дӯстдорони Худо бошанд, наҷот меёбанд. Аммо байни муҳорибаи Бороқ ва ҷанги Ҳармаҷиддӯн як фарқияти муҳиме ҳаст. Дар Ҳармаҷиддӯн халқи Худо нахоҳад ҷангид. Онҳо дар он вақт ҳатто яроқ ба даст намегиранд. Қуввати онҳо «дар оромӣ ва эътимод» ба Яҳува ва лашкари осмонии Ӯ хоҳад буд (Иш. 30:15; Ваҳй 19:11–15).
6. Барои нест кардани душманон дар Ҳармаҷиддӯн Яҳува кадом воситаҳоро истифода бурда метавонад?
6 Чӣ тавр Худо душманонашро дар Ҳармаҷиддӯн нест мекунад? Ӯ метавонад барои ин якчанд роҳро истифода барад. Масалан, Яҳува қодир аст, ки заминҷунбӣ, жола ва раъду барқро ба амал оварад (Айюб 38:22, 23; Ҳиз. 38:19–22). Ӯ метавонад тавре кунад, ки душманонаш зидди якдигар ҷанг кунанд (2 Вақ. 20:17, 22, 23). Яҳува барои нест кардани золимон инчунин лашкари фариштагонашро фиристода метавонад (Иш. 37:36). Кадоми ин воситаҳоро Яҳува истифода набарад ҳам, Ӯ ҳатман ғалаба мекунад. Аз душманони Ӯ ному нишоне намемонад. Вале ҳамаи одилон наҷот хоҳанд ёфт (Мас. 3:25, 26).
ПЕШ АЗ ҲАРМАҶИДДӮН КАДОМ ВОҚЕАҲО РӮЙ МЕДИҲАНД?
7, 8. а) Мувофиқи 1 Таслӯникиён 5:1–6 аз тарафи роҳбарони сиёсӣ кадом эълони ғайриодӣ садо хоҳад дод? б) Чаро ин эълон дурӯғи хатарнок аст?
7 Пеш аз омадани «рӯзи Яҳува... сулҳу амният» эълон карда мешавад. (1 Таслӯникиён 5:1–6-ро хонед.) Дар 1 Таслӯникиён 5:2 «рӯзи Яҳува» гуфта ба «мусибати бузург» ишора карда шудааст (Ваҳй 7:14). Сар шудани он мусибатро мо аз чӣ мефаҳмем? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки эълони хеле ғайриодие бояд садо диҳад. Он эълон аломати саршавии мусибати бузург хоҳад буд.
8 Ҳамин тавр пешгӯйӣ оиди эълон шудани «сулҳу амният» иҷро мегардад. Барои чӣ ҳокимони ҷаҳон онро эълон мекунанд? Мо инро аниқ намедонем. Оё роҳбарони дин ба онҳо ҳамроҳ мешаванд? Шояд. Ба ҳар ҳол, ин боз як дурӯғ аз тарафи девҳо мешавад. Вале ин эълон хеле хатарнок хоҳад буд, чунки он ба одамон бардурӯғ умед мебахшад, ки ҳаёт акнун тинҷу осоишта мешавад. Дар асл бошад, ин эълон аз саршавии мусибати бузургтарине, ки то ин дам дар таърихи инсоният рӯй надода буд, дарак медиҳад. Бале, бадкорон «ногаҳон нобуд хоҳанд шуд, мисли он ки зани ҳомиладор ногаҳон ба дарди зоиш дучор мешавад». Бо хизматгорони содиқи Яҳува чӣ мешавад? Халқи Худо шояд аз ногаҳон сар шудани рӯзи Яҳува ба ҳайрат ояд, вале онҳо барои ин рӯз тайёр хоҳанд буд.
9. Худо ҷаҳони Шайтонро бо кадом тартиб нест мекунад?
9 Яҳува ҷаҳони Шайтонро мисли рӯзҳои Нӯҳ яку якбора нест намекунад. Ӯ аввал як қисми онро ва баъдтар қисмҳои дигарашро маҳв месозад. Худо якум Бобули бузург, империяи ҷаҳонии динҳои дурӯғро нест мекунад. Сипас, дар Ҳармаҷиддӯн, Ӯ қисмҳои дигари ҷаҳони Шайтон, аз он ҷумла сохтори сиёсӣ, ҳарбӣ ва тиҷоратии онро барҳам медиҳад. Биёед, ин ду воқеаи муҳимро батафсил дида бароем.
10. Мувофиқи Ваҳй 17:1, 6 ва 18:24 чаро Яҳува Бобули бузургро нест мекунад?
10 «Фоҳишаи бузург... доварӣ карда мешавад». (Ваҳй 17:1, 6; 18:24-ро хонед.) Бобули бузург ба номи Яҳува бисёр доғ овардааст. Он дар бораи Худо дурӯғро таълим медиҳад. Инчунин бо дастгирӣ кардани ҳокимиятҳои инсонӣ дини дурӯғ мисли зани бадахлоқ ба Яҳува хиёнат мекунад. Он аз мавқею қудрати худ сӯиистифода бурда ба пайравони худ фишор меорад ва аз онҳо пул меситонад. Ҳамчунин он ба хунрезии зиёд, аз он ҷумла кушта шудани ходимони Худо айбдор аст (Ваҳй 19:2). Яҳува чӣ тавр Бобули бузургро нест мекунад?
11. «Ҳайвони ваҳшии сурхранг» рамзи чист ва чӣ тавр Худо онро барои иҷрои иродааш истифода мебарад?
11 Яҳува «фоҳишаи бузург»-ро бо воситаи «даҳ шох»-и «ҳайвони ваҳшии сурхранг» нобуд месозад. Ин ҳайвон рамзи Созмони Миллали Муттаҳид аст. Даҳ шохи он ҳайвони ваҳшӣ рамзи қувваҳои сиёсии ҳозира мебошанд, ки ин Созмонро дастгирӣ мекунанд. Дар вақти таъйинкардаи Худо он қувваҳои сиёсӣ ба Бобули рамзӣ ногаҳон ҳамла оварда, «ӯро ғорат мекунанд ва бараҳна месозанд», яъне боигариашро толону тороҷ карда бадкории онро фош месозанд (Ваҳй 17:3, 16). Он нобудшавӣ чунон тез рӯй медиҳад, ки гӯё дар «як рӯз» аз он ному нишоне намемонад ва аз ин ҳуши тарафдоронаш мепарад. Чунки вай доим каттагӣ карда мегуфт: «Чун малика нишастаам, ман бева нестам ва ҳеҷ гоҳ ғаму андӯҳро нахоҳам дид» (Ваҳй 18:7, 8).
12. Яҳува ба душманон чиро роҳ намедиҳад ва чаро?
12 Худо ба душманон роҳ намедиҳад, ки халқи Ӯро нобуд созанд. Хизматгорони Яҳува фахр мекунанд, ки бар худ номи Ӯро доранд. Онҳо ба амри Худо итоат карда аз Бобули бузург баромадаанд (Аъм. 15:16, 17; Ваҳй 18:4). Онҳо ҳамчунин бо ҷидду ҷаҳд ба дигарон барои аз дини дурӯғ баромадан ёрӣ медиҳанд. Аз ин рӯ он «балоҳо» ба сари ходимони Яҳува нахоҳанд омад. Лекин ба ҳар ҳол имони онҳо санҷида мешавад.
13. а) Ҷуҷ киро тасвир мекунад? б) Мувофиқи Ҳизқиёл 38:2, 8, 9 чӣ Ҷуҷро бармеангезад, ки ба халқи Худо ҳамла кунад?
13 Ҳамлаи Ҷуҷ. (Ҳизқиёл 38:2, 8, 9-ро хонед.) Мисли дарахте, ки баъди тӯфони шадид танҳо мондааст, баъди нобудшавии динҳои дурӯғ низ дар замин танҳо дини Шоҳидони Яҳува боқӣ мемонад. Ва аз ин оташи ғазаби Шайтон аланга мезанад. Ӯ аз хашм бо воситаи девҳо иттиҳоди халқҳоро бармеангезад, ки ба хизматгорони Яҳува ҳамла кунанд (Ваҳй 16:13, 14). Иттиҳоди халқҳо ҳамон Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ аст, ки ба хизматгорони Яҳува ҳуҷум мекунад. Ана он гоҳ ҷанги Ҳармаҷиддӯн сар мешавад (Ваҳй 16:16).
14. Ҷуҷ чиро хоҳад фаҳмид?
14 Ҷуҷ ба «бозуи башар», яъне ба қувваи ҳарбии худ такя мекунад (2 Вақ. 32:8). Мо бошем, ба Яҳува Худои худ такя хоҳем кард. Ин рафтори мо ба назари душманон беақлона метобад. Чаро? Зеро онҳо фикр мекунанд, ки азбаски Бобули бузургро худоёнаш аз дасти «ҳайвони ваҳшӣ» ва «даҳ шох»-и он наҷот дода натавонист, Худои мо ҳам моро наҷот дода наметавонад (Ваҳй 17:16). Аз ин рӯ Ҷуҷ фикр мекунад, ки моро низ мағлуб кардан ягон зарра мушкилӣ надорад. «Мисли абре ки заминро мепӯшонад», он ба халқи Яҳува ҳамла мекунад (Ҳиз. 38:16). Лекин дере нагузашта мебинад, ки ба дом афтодааст. Чи хеле ки фиръавн назди баҳри Сурх фаҳмид, ки муқобили Худо баромадааст, Ҷуҷ низ мефаҳмад, ки муқобили Худо ҷангида истодааст (Хур. 14:1–4; Ҳиз. 38:3, 4, 18, 21–23).
15. Дар Ҳармаҷиддӯн Исо чӣ кор мекунад?
15 Ҳангоми Ҳармаҷиддӯн Масеҳ ва лашкари осмонии ӯ халқи Худоро муҳофизат мекунанд, қӯшуни Ҷуҷро бошад, торумор хоҳанд кард (Ваҳй 19:11, 14, 15). Вале бо душмани асосии Яҳува, Шайтон, ки халқҳоро бар зидди хизматгорони Худо бармехезонад, чӣ рӯй хоҳад дод? Исо ӯву девҳояшро ба чоҳи бетаг мепартояд, ки он ҷо онҳо ҳазор сол занҷирбанд хоҳанд буд (Ваҳй 20:1–3).
ЧӢ ТАВР МО ДАР ҲАРМАҶИДДӮН НАҶОТ ЁФТА МЕТАВОНЕМ?
16. а) Шинохтани Худо чӣ маъно дорад? б) Бо онҳое, ки Яҳуваро мешиносанд дар Ҳармаҷиддӯн чӣ мешавад?
16 Шояд мо нав ба ҳақиқат омадаем ё солҳои зиёд ба Яҳува хизмат мекунем. Лекин барои дар Ҳармаҷиддӯн наҷот ёфтан ҳар яки мо бояд Худоро шиносем ва «ба хушхабар оиди Ҳазрати Исо итоат» кунем (2 Тас. 1:7–9). Шинохтани Худо маънои онро дорад, ки мо меъёрҳои Яҳува ва чӣ ба Ӯ маъқулу чӣ номаъқул буданашро донем. Ҳамчунин мо бояд Ӯро дӯст дорем, итоат кунем ва ба Ӯ пурра содиқ бошем (1 Юҳ. 2:3–5; 5:3). Агар мо ин корҳоро кунем, «аз тарафи Ӯ шинохта» мешавем, яъне ба Ӯ писанд меоем (1 Қӯр. 8:3). Дар натиҷа, ҳангоми Ҳармаҷиддӯн мо наҷот хоҳем ёфт.
17. «Ба хушхабар оиди Ҳазрати Исо итоат» кардан чиҳо дохил мешавад?
17 «Хушхабар оиди Ҳазрати Исо» ҳамаи таълимоти ӯро, ки дар Китоби Муқаддас омадааст, дар бар мегирад. Бо риояи онҳо мо итоати худро нишон медиҳем. Масалан, мо бояд хизмати Яҳуваро ҳамеша дар ҷойи аввал монем, аз рӯйи меъёрҳои одилонаи Ӯ зиндагӣ кунем ва хабари Подшоҳиро эълон намоем (Мат. 6:33; 24:14). Ҳамчунин мо бояд бародарони тадҳиншудаи Масеҳро, ки кори муҳими мавъизаро пеш мебаранд, дастгирӣ кунем (Мат. 25:31–40).
18. Ба кадом маъно бародарони тадҳиншудаи Масеҳ ба некиҳои дар ҳаққашон кардашуда ҷавоб хоҳанд дод?
18 Хизматгорони тадҳиншудаи Худо ба қарибӣ ба некиҳое, ки гӯсфандони дигар дар ҳаққашон карда буданд, ҷавоб мегардонанд (Юҳ. 10:16). Чӣ тавр? Пеш аз сар шудани ҷанги Ҳармаҷиддӯн бақияи 144 000 нафар чун офаридаҳои рӯҳонӣ ба ҳаёти бефанои осмонӣ эҳё хоҳанд шуд. Сипас ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ бо фариштагон лашкари осмониро ташкил хоҳанд дод, ки Ҷуҷро несту нобуд карда «мардуми сершумореро», ки ба гӯсфандон ташбеҳ дода шудаанд, муҳофизат хоҳанд намуд (Ваҳй 2:26, 27; 7:9, 10). Бале, барои мардуми сершумор шарафи бузург аст, ки тадҳиншудагонро ҳангоми дар замин буданашон дастгирӣ кунанд!
БО НАЗДИК ШУДАНИ ҲАРМАҶИДДӮН ЧӢ ТАВР СОДИҚИАМОНРО НИГОҲ ДОРЕМ?
19, 20. Ҳоло ки Ҳармаҷиддӯн наздик шуда истодааст, чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда содиқиамонро нигоҳ дорем?
19 Дар ин рӯзҳои душвори охирзамон бисёре аз мо, хизматгорони Яҳува, бо озмоишҳо дучор мешавем. Лекин мо бо хурсандӣ истодагарӣ мекунем (Яъқ. 1:2–4). Якум чизе ки дар ин кӯмак мекунад, дуоҳои самимӣ аст (Луқ. 21:36). Инчунин мо бояд мувофиқи дуоҳоямон амал карда ҳар рӯз Китоби Муқаддасро омӯзем ва дар бораи чизи фаҳмидаамон мулоҳиза ронем, хусусан оиди пешгӯйиҳое, ки ба замони мо дахл доранд (Заб. 76:13). Ин корҳо ва ҳамчунин иштироки фаъолона дар хизмат имони моро қавӣ ва умеди моро зинда нигоҳ медоранд.
20 Тасаввур кунед: чӣ қадар ҳаяҷоновар хоҳад буд вақте Бобули бузург нест карда мешавад ва ҷанги Ҳармаҷиддӯн ба охир мерасад. Аз ҳама муҳимаш, мо аз он хурсанд мегардем, ки номи Худо аз тамоми бадгӯйӣ пок мешавад ва ҳақ будани ҳокимияташ пурра исбот мегардад (Ҳиз. 38:23). Бале, Ҳармаҷиддӯн барои онҳое, ки Яҳуваро мешиносанд ва ба Писари Ӯ итоат мекунанд ва то охир истодагарӣ нишон медиҳанд, хушхабар аст (Мат. 24:13).
СУРУДИ 32 Матину устувор бошед!
a Халқи Худо омадани Ҳармаҷиддӯнро дер боз интизор аст. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки Ҳармаҷиддӯн чист, пеш аз сар шудани он дар ҷаҳон кадом воқеаҳо рӯй медиҳанд ва чӣ тавр мо ба омадани Ҳармаҷиддӯн, ки рӯз ба рӯз наздик шуда истодааст, тайёр бошем ва содиқ монем.
b ШАРҲИ РАСМҲО: Воқеаҳои ҳаяҷоновар рӯй хоҳанд дод. Мо 1) то ҳадди имкон дар хизмат иштирок мекунем 2) ибодати оилавӣ ва омӯзиши шахсиро давом медиҳем ва 3) минбаъд низ ба Яҳува такя мекунем ва дар Ӯ паноҳ меҷӯем.
c ШАРҲИ РАСМ: Коркунони полис ба хонаи масеҳиён зада даромаданианд, вале он оила ба ҳимояи Исо ва фариштагон, ки аз ҳолати онҳо бохабаранд, такя мекунанд.