ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 2 ТАСЛӮНИКИЁН 1–3
Амали шахси бадкор ошкор мешавад
Павлус дар оятҳои зерин ба чӣ ишора мекунад?
«Кӣ монеъ мешавад» (ояти 6) — Аз афташ расулон
«Ошкор» (ояти 6) — Баъди марги расулон масеҳиёни осӣ рӯирост чизҳои дурӯғро таълим дода дурӯягӣ амал мекарданд
«Амали ӯ [бадкор]... пӯшида мемонад» (ояти 7) — Дар рӯзҳои Павлус аниқ маълум набуд, ки «шахси бадкор» кист
«Шахси бадкор» (ояти 8) — Имрӯз ин рӯҳониёни ҷаҳони масеҳият мебошанд
«Ҳазрати Исо ӯро [шахси бадкорро]... дар вақти аён гаштани ҳузураш нобуд мекунад» (ояти 8) — Исо ҳукмҳоеро, ки Яҳува бар қисмҳои гуногуни ҷаҳони Шайтон, аз он ҷумла нисбати «шахси бадкор» баровардааст, иҷро карда, бо ин ҳузури худро чун Подшоҳ аён месозад
Чӣ тавр ин оятҳо шуморо бармеангезанд, ки вақтро ғанимат дониста боғайратона мавъиза кунед?