Хушхабари файзи Худоро мавъиза кунед
«Мавъизаи Инҷили файзи Худоро ба хушӣ анҷом диҳам» (АЪМ. 20:24).
1, 2. Чӣ тавр Павлуси ҳавворӣ нишон дод, ки барои файзи Худо миннатдор аст?
ПАВЛУСИ ҳавворӣ гуфт: «Файзиa Ӯ [Худо] дар ман бар абас набуд». (1 Қӯринтиён 15:9, 10-ро хонед.) Павлус аниқ медонист, ки вай ҳеҷ гоҳ ба раҳмдилии Яҳува сазовор шуда наметавонад, чунки пештар масеҳиёнро таъқиб мекард.
2 Пеш аз маргаш Павлус ба Тимотиюс навишт: «Исои Масеҳ [-ро]... шукргузорӣ мекунам, ки Ӯ ба ман қувват бахшид ва маро амин дониста, ба хизматгузорӣ таъин намуд» (1 Тим. 1:12–14). Ӯ кадом хизматро дар назар дошт? Павлус дар бораи ин намуди хизмат ба пирони ҷамъомади Эфсӯс фаҳмонд: «Ба ин чизҳо нигоҳ намекунам ва ҷони худро азиз намедорам, балки муроди ман фақат ин аст, ки вазифаи худро ва он хизматеро, ки Исо... ба ман супурдааст, яъне мавъизаи Инҷили файзи Худоро ба хушӣ анҷом диҳам» (Аъм. 20:24).
3. Ба Павлус кадом хизмати махсус супорида шуд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
3 Павлус кадом хушхабарро мавъиза мекард, ки изҳори файзи Худо буд? Ӯ ба масеҳиёни Эфсӯс гуфт: «Ҳамаи шумо дар бораи ваколати файзи Худо, ки ба ман барои шумо ато шудааст, шунидаед» (Эфс. 3:1, 2). Исо ба Павлус гуфт, ки хушхабарро ба ғайрияҳудиён мавъиза кунад. Акнун онҳо низ имконият доштанд, ки дар байни онҳое бошанд, ки бо Масеҳ дар Салтанат ҳукмронӣ менамоянд. (Эфсӯсиён 3:5–8-ро хонед.) Павлус боғайратона ба дигарон хушхабарро мерасонад ва барои масеҳиёни замони мо намунаи хуб гузошт. Бо ин рафтораш нишон дод, ки файзи Худо дар вай «бар абас» ё бефоида набудааст.
ФАЙЗИ ХУДО ШУМОРО БА ЧӢ БАРМЕАНГЕЗАД?
4, 5. Чаро гуфтан мумкин аст, ки «Инҷили Малакут» ин «Инҷили файзи Худо» мебошад?
4 Дар ин рӯзҳои охир халқи Яҳува вазифадоранд, ки «ин Инҷили Малакут [-ро] дар тамоми олам» мавъиза кунанд, «то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад» (Мат. 24:14). Хабаре, ки мо мерасонем, ҳамчунин «инҷили файзи Худо» мебошад. Чаро? Чунки ҳама баракатҳое, ки мо дар оянда зери ҳокимияти Худо мегирем, ин натиҷаи марҳамати Яҳува мебошад (Эфс. 1:3). Павлус миннатдориашро ба файзи Худо бо он нишон дод, ки боғайратона хушхабарро мавъиза мекард. Оё мо мисли ӯ рафтор карда метавонем? (Румиён 1:14–16-ро хонед.)
5 Дар мақолаи гузашта мо фаҳмидем, ки чӣ хел мо одамони гунаҳкор бо роҳҳои гуногун аз файзи Яҳува баҳра бурда метавонем. Азбаски мо соҳиби чунин баракатҳо мегардем, мо дар навбати худ бояд дар бораи муҳаббати Яҳува ва чӣ хел шахсан одамон аз ин баҳра бурда метавонанд, гап занем. Бо кадом роҳҳо мо ба дигарон кӯмак карда метавонем, ки барои файзи Яҳува миннатдор бошанд?
ХУШХАБАРРО ОИДИ ФИДИЯ ПАҲН КУНЕД
6, 7. Чӣ тавр мо меҳрубонии беҳамтои Худоро ба одамон фаҳмонда метавонем?
6 Имрӯз одамон ба гуноҳ даст мезананд, лекин худашонро гунаҳкор намеҳисобанд, барои ҳамин онҳо намефаҳманд, ки чаро фидия ба одамизод даркор аст. Лекин ҳамзамон онҳо мебинанд, ки чунин тарзи ҳаёташон ба онҳо хушбахтӣ намеорад. Бисёриҳо то бо Шоҳидони Яҳува ҳамсӯҳбат шудан намефаҳмиданд, ки гуноҳ чӣ асту он ба одамизод чӣ таъсире мерасонад ва барои аз ғуломии гуноҳ озод шудан чӣ бояд кард. Одамони самимӣ барои муҳаббат ва меҳрубонии беҳамтои Худо миннатдоранд, чунки Ӯ Писарашро ба замин фиристод, то ки моро аз гуноҳу марг халос кунад (1 Юҳ. 4:9, 10).
7 Аҳамият диҳед, ки Павлус дар бораи Писари маҳбуби Яҳува чӣ гуфт: «Дар Ӯ [Исо] мо бо Хуни Ӯ фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ӯ [Яҳува] пайдо кардаем» (Эфс. 1:7). Фидияи Исо исботи муҳаббати бузургтарини Худо мебошад ва меҳрубонии беҳамтои Ӯро нисбати мо тасдиқ мекунад. Чӣ тавр тасаллибахш аст донистани он ки ба воситаи имон овардан ба хуни рехтаи Исо гуноҳҳоямон бахшида мешаванд ва виҷдонамон пок мегардад! (Ибр. 9:14). Ҳақиқатан ин барои дигарон хабари хуш аст!
БА ОДАМОН КӮМАК КУНЕД, КИ БА ХУДО НАЗДИК ШАВАНД
8. Чаро ба одамон лозим аст, ки бо Худо оштӣ шаванд?
8 Агар одамон ба қурбонии Исо имон наоваранд, дар назари Худо онҳо чун душман ҳисоб меёбанд. Барои ҳамин мо бояд ба одамон гӯем, ки онҳо дӯсти Худо шуда метавонанд. Юҳаннои ҳавворӣ навишт: «Ҳар касе, ки ба Писар имон меорад, ҳаёти ҷовидонаро соҳиб мегардад. Ҳар касе, ки ба Писар итоат намекунад, ҳаётро нахоҳад дид, балки ба ғазаби Худо гирифтор хоҳад шуд» (Юҳ. 3:36). Хушбахтона ба туфайли қурбонии Масеҳ имконият дорем, ки дӯсти Худо шавем. Дар ин бора Павлус мегӯяд: «Шуморо, ки як вақте, ба сабаби майл доштанатон ба аъмоли бад, бегона ва душман будед, ҳоло дар ҷисми башарии Ӯ [Исо] ба воситаи мамоти Ӯ оштӣ додааст» (Қӯл. 1:21, 22).
9, 10. а) Масеҳ ба тадҳиншудагон чӣ вазифа дод? б) Чӣ тавр «гӯсфандони дигар» ба тадҳиншудагон кӯмак мерасонанд?
9 Исои Масеҳ ба бародарони тадҳиншудааш дар замин «хизмати мусолиҳаро» супорид. Дар ин бора Павлус ба масеҳиёни тадҳиншуда чунин навишт: «Ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки моро ба воситаи Исои Масеҳ бо Худ мусолиҳа [оштӣ] дод ва хизмати мусолиҳаро ба мо супурд, чунки Худо дар Масеҳ буда, аҳли ҷаҳонро бо Худ мусолиҳа дод, ҷиноятҳои онҳоро ба ҳисобашон надаровард ва каломи мусолиҳаро ба мо супурд. Пас, мо элчиёни [сафирони] Масеҳ ҳастем, гӯё ки Худо ба воситаи мо хоҳишманд аст. Мо аз тарафи Масеҳ илтимос мекунем: бо Худо мусолиҳа намоед» (2 Қӯр. 5:18–20).
10 «Гӯсфандони дигар» ба бародарони тадҳиншудаи худ кӯмак карданро шарафи бузург меҳисобанд (Юҳ. 10:16). Чун сафирони Масеҳ хизмат карда онҳо вақти бештари худро барои таълим додани ҳақиқат ва кӯмак расондан ба одамон сарф мекунанд, то ки одамон бо Яҳува муносибати наздик пайдо кунанд. Ин қисми муҳими мавъизаи хушхабари файзи Худо мебошад.
ОДАМОНРО ТАЪЛИМ ДИҲЕД, КИ ЯҲУВА ДУОҲОРО МЕШУНАВАД
11, 12. Чаро барои одамон фаҳмидани он ки ба Яҳува дуо гуфта метавонанд, хабари хуш аст?
11 Бисёриҳо танҳо барои беҳтар ҳис кардани худ дуо мегӯянд, лекин дар асл боварӣ надоранд, ки Худо дуои онҳоро гӯш мекунад. Ба онҳо лозим аст, то бидонанд, ки Яҳува дуоҳоро мешунавад. Довуд навишт: «Азбаски дуоро мешунавӣ, тамоми навъи башар назди Ту хоҳанд омад. Гуноҳкориҳо бар ман ғолиб омадааст: ҷиноятҳои маро Ту кафорат хоҳӣ кард» (Заб. 64:3, 4).
12 Исо ба шогирдонаш гуфт: «Агар чизе ба исми Ман биталабед, Ман онро ба ҷо хоҳам овард» (Юҳ. 14:14). Ин маънои онро дорад, ки мо дар бораи «чизе», ки мувофиқи иродаи Яҳува аст, дуо гуфта метавонем. Юҳанно навишт: «Дилпурии мо дар он аст, ки агар чизеро мувофиқи хости Худо пурсем, ӯ моро мешунавад» (1 Юҳ. 5:14). Чӣ қадар хуб аст, вақте мо ба одамон кӯмак мерасонем, то фаҳманд, ки дуо ин роҳест, ки ба воситаи он мо ба «тахти файз»-и Худо наздик шуда метавонем! (Ибр. 4:16). Вақте мо ба онҳо бо тарзи дуруст, ба Худои ҳақиқӣ ва дар бораи чизҳои дуруст дуо гуфтанро ёд медиҳем, мо ба онҳо кӯмак мерасонем, ки ба Яҳува наздик шуда дар вақти тангӣ тасаллӣ ёбанд (Заб. 4:2; 144:18).
ФАЙЗИ ХУДО ДАР ДУНЁИ НАВ
13, 14. а) Тадҳиншудагон дар оянда кадом имтиёзи бузургро соҳиб мешаванд? б) Онҳо барои одамизод чӣ кор хоҳанд кард?
13 Яҳува боз файзи Худро дар анҷоми ин тартиботи шарир нишон медиҳад. Чӣ тавр? Худо ба 144 000 нафар, ки бо Масеҳ дар осмон ҳукмронӣ мекунанд, имтиёзи бузург медиҳад. Павлус навишт: «Худои пур аз марҳамат, бар тибқи муҳаббати бузурге ки ба мо дорад, моро, агарчи аз рӯи хатоҳо мурда будем, бо Масеҳ зинда кард,— бо файз шумо наҷот ёфтаед,— ва бо Ӯ моро бархезонд ва дар афлок дар Исои Масеҳ шинонд, то ки дар асрҳои оянда сарвати беҳадди файзи Худро дар меҳрубоние ки ба мо дар Исои Масеҳ дорад, зоҳир намояд» (Эфс. 2:4–7).
14 Ба мо тасаввур кардан душвор аст, ки Яҳува ба тадҳиншудагон дар осмон кадом чизҳои олиҷанобро тайёр кардааст (Луқ. 22:28–30; Флп. 3:20, 21; 1 Юҳ. 3:2). Яҳува хусусан ба тадҳиншудагон «сарвати беҳадди файзи Худро» нишон медиҳад. Онҳо «Ерусалими нав», арӯси Исо мешаванд (Ваҳй 3:12; 17:14; 21:2, 9, 10). Онҳо бо Исо халқҳоро шифо медиҳанд, одамонро аз ғуломии гуноҳ ва марг озод мекунанд ва барои комил гаштани онҳо кӯмак мерасонанд. (Ваҳй 22:1, 2, 17-ро хонед.)
15, 16. Чӣ тавр Яҳува файзи Худро нисбати «гӯсфандони дигар» дар оянда нишон медиҳад?
15 Дар Эфсӯсиён 2:7 навишта шудааст, ки Худо файзи Худро дар «асрҳои оянда», яъне дар дунёи нави омадаистода зоҳир мекунад. Бешубҳа, он вақт ҳама дар рӯи замин аз «сарвати беҳадди файзи» Худо баҳра мебаранд (Луқ. 18:29, 30). Яке аз бузургтарин изҳори марҳамати беҳамтои Худо дар замин, ин аз нав зинда шудани одамон мебошад (Айюб 14:13–15; Юҳ. 5:28, 29). Мардон ва занони содиқ, ки пеш аз марги Масеҳ вафот карда буданд ва ҳамчунин онҳое ки аз «гӯсфандони дигар» мебошанду дар давоми рӯзҳои охир содиқиашонро ба Яҳува нигоҳ дошта вафот мекунанд, аз нав зинда хоҳанд шуд. Ҳамаи ин одамони содиқ аз нав зинда мешаванд, то хизматашонро ба Яҳува давом диҳанд.
16 Ҳамчунин миллионҳо одамоне, ки Худоро нашинохта вафот карданд, аз нав зинда мешаванд. Ба онҳо имконият дода мешавад, ки дар бораи Яҳува таълим гиранду ба ҳокимияти Ӯ итоат намоянд. Юҳанно навишт: «Ва мурдагонро, хурдон ва бузургонро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва дафтарҳо кушода буд; ва дафтари дигаре кушода буд, ки дафтари ҳаёт аст; ва мурдагон бар тибқи он чи дар дафтарҳо навишта шудааст, яъне мувофиқи аъмолашон доварӣ карда шуданд. Ва баҳр мурдагонеро, ки дар вай буданд, дод, ва мамот ва дӯзах мурдагонеро, ки дар онҳо буданд, доданд; ва ҳар яке мувофиқи аъмолаш доварӣ карда шуд» (Ваҳй 20:12, 13). Албатта, онҳо бояд принсипҳои Китоби Муқаддасро фаҳманд ва риоя кунанд. Ғайр аз ин барои дар дунёи нав зиндагӣ кардан, онҳо бояд аз рӯи дастуроте, ки дар «дафтарҳо» навишта шудаасту талаботи Яҳуваро дар бар мегирад, амал намоянд. Ин дастуроти нав дигар тарзи изҳори меҳрубонии носазовори Яҳува хоҳад буд.
МИНБАЪД НИЗ ХУШХАБАРРО ПАҲН КУНЕД
17. Дар мавъиза мо бояд чиро дар ёд дорем?
17 Ҳоло аз ҳарвақта дида мавъизаи хушхабар дар бораи Салтанати Худо хеле муҳим аст, зеро анҷом қариб аст! (Марқ. 13:10). Бешубҳа, хушхабар ин файзи Яҳува мебошад. Мо бояд ҳангоми мавъиза кардан инро дар ёд дорем. Мақсади мо дар мавъиза ҷалол додани Яҳува мебошад. Чӣ тавр мо инро карда метавонем? Мо Яҳуваро ҷалол медиҳем, вақте ба одамон дар бораи баракатҳои дунёи нав нақл мекунем ва мефаҳмонем, ки ин изҳори меҳрубонии носазовори Худо мебошад.
18, 19. Чӣ тавр мо файзи Яҳуваро шӯҳрат дода метавонем?
18 Дар мавъиза мо ба одамон фаҳмонда метавонем, ки ҳангоми ҳукмронии Салтанати Худо одамизод аз фидия ба таври пурра баҳра бурда комил хоҳад шуд. Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: «Худи махлуқот ҳам аз бандагии фано халосӣ ёфта, ба озодии ҷалоли фарзандони Худо шарик хоҳад шуд» (Рум. 8:21). Ин ҳама танҳо ба воситаи марҳамати беҳамтои Яҳува имконпазир хоҳад шуд.
19 Мо имтиёзи бузург дорем, ки ба одамон ваъдаи рӯҳбаландкунандаи Ваҳй 21:4, 5-ро расонем. Дар он гуфта шудааст: «“Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт”. Ва Нишинандаи тахт гуфт: “Инак, ҳама чизро нав месозам”. Ва ба ман гуфт: “Бинавис, зеро ки ин суханон ҳақ асту рост”». Вақте мо ин хушхабарро ба одамон боғайратона мерасонем, мо файзи Яҳуваро шӯҳрат медиҳем!
a Дар оятҳои ин мақола калимаи файз ба меҳрубонии носазовори Худо ва ё лутфу марҳамати Ӯ ишора мекунад.