БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Ба пиразанон чун ба модар ва ба ҷавонзанон чун ба хоҳар муносибат кунед
Дар Навиштаҳо гуфта шудааст, ки мо бояд ба калонсолон чун ба модар ё падари худ ва ба ҷавонон бошад, чун ба хоҳар ё бародари худ муносибат кунем (1 Тимотиюс 5:1, 2-ро хонед). Хусусан бародарон бояд эҳтиёт бошанд ва ба хоҳарон бо як ҳурмати хоса муносибат карда ба ҳиссиёташон нарасанд.
Бародар набояд диққати ношоиста ва ё коре кунад, ки хоҳар худро дар ҳузури ӯ нороҳат ҳис кунад (Аб 31:1). Бародари масеҳӣ, ки муҷаррад аст, ҳеҷ гоҳ бо ҳиссиёти хоҳари муҷаррад бозӣ намекунад ва худашро чунин вонамуд намесозад, ки гӯё ба ӯ ошиқ шудааст, ҳарчанд дар асл чунин нест. Ӯ намегузорад, ки дар хоҳар низ чунин фикрҳо пайдо шаванд.
Пирон бояд бодиққат ва боэҳтиром хоҳаронеро гӯш кунанд, ки ба онҳо бо ягон савол ё пешниҳод муроҷиат менамоянд. Онҳо бояд хусусан ба хоҳарони муҷаррад бодиққат бошанд, чунки онҳо пушту паноҳ, яъне шавҳар надоранд, ки дар бораашон ғамхорӣ кунад (Рт 2:8, 9).
ВИДЕОНАВОРИ «ДАР ҶАМЪОМАД МУҲАББАТИ БЕПОЁН ЗОҲИР КУНЕД. БА БЕВАЗАНОНУ ЯТИМОН»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Чӣ тавр ҷамоат ба хоҳар Майент муҳаббати фидокорона нишон дод?
Чӣ тавр муҳаббате, ки ҷамоат ба хоҳар Майент нишон дод, номи Яҳуваро дар деҳаи онҳо ҷалол дод?
Чӣ тавр меҳру муҳаббати бародарону хоҳарон ба хоҳар Майент ва духтаронаш таъсир расонд?
Чӣ тавр шумо нисбати хоҳарони ҷамоататон муҳаббат ва эҳтиром нишон дода метавонед?