-
Яҳува шуморо дастгирӣ мекунадБурҷи дидбонӣ — 2015 | декабр 15
-
-
13. Пеш аз додан ё қабул кардани маслиҳат дар бораи ягон намуди табобат мо бояд чиро дар хотир дорем?
13 Имрӯз ягон нафар аз ҳамимононамон наметавонад мӯъҷиза ба амал орад ва моро шифо бахшад. Лекин ҳатто он вақте ки мо аз дигарон маслиҳат намепурсем, бо мақсади ба мо кӯмак кардан баъзеашон метавонанд дар бораи ин ё он намуди табобат маслиҳат диҳанд. Албатта, баъзе аз маслиҳатҳои онҳо безараранд. Масалан, Павлус ба Тимотиюс маслиҳат дод, ки барои дарди меъдааш каме шароб нӯшад. Эҳтимол, сабаби касалии Тимотиюс нӯшидани оби чиркин будa. (1 Тимотиюс 5:23-ро бихонед.) Лекин мо бояд эҳтиёткор бошем. Бародаре метавонад исроркорона ягон намуди дору, табобат ё парҳезро тавсия диҳад. Ӯ метавонад чунин гӯяд: «Яке аз хешовандонам маҳз ҳамин хел касалӣ дошт ва фалон дору ба ӯ ёрдам кард». Лекин ин маънои онро надорад, ки он ба мо низ кӯмак мекунад. Мо бояд дар хотир дорем, ки ҳатто агар ягон намуди дору ё табобатро бисёриҳо истифода баранд ҳам, он метавонад зарари калон расонад. (Масалҳо 27:12-ро бихонед.)
-
-
Яҳува шуморо дастгирӣ мекунадБурҷи дидбонӣ — 2015 | декабр 15
-
-
a Дар китоби «Пайдоиш ва таърихи қадимаи шароб» навишта шудааст: «Дар натиҷаи таҷрибаҳо исбот шуд, ки барангезандаҳои бемории домана ва дигар бактерияҳои хатарнок ҳангоми ба шароб афтоданашон дарҳол нобуд мешаванд» (The Origins and Ancient History of Wine).
-