-
Ба имони Мусо пайравӣ кунедБурҷи дидбонӣ — 2014 | апрел 15
-
-
1, 2. а) Дар синни 40-солагӣ Мусо чӣ гуна қарор қабул кард? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Чаро Мусо бо халқи Худо уқубат кашиданро интихоб кард?
МУСО медонист, ки Миср чӣ гуна ҳаётро пешкаш мекунад. Вай хонаҳои калону боҳашамати мисриёни сарватмандро медид. Ӯ ба хонадони фиръавн тааллуқ дошт. Мусо «тамоми ҳикмати Мисрро таълим гирифта» буд, ки он эҳтимол фарҳангу маданият, ситорашиносӣ, математика ва дигар илмҳоро дар бар мегирифт (Аъм. 7:22). Ӯ метавонист соҳиби сарвату қудрат гардад. Барояш имкониятҳое муҳайё буданд, ки мисриёни оддӣ онҳоро танҳо орзу мекарданд!
2 Вале, вақте ки Мусо 40-сола буд, қароре қабул кард, ки аз он хонадони шоҳи Миср, ки ӯро чун аъзои оилаашон меҳисобиданд, эҳтимол сахт дар ҳайрат монданд. Ҳаёте, ки ӯ интихоб кард, ҳатто ба ҳаёти муқаррарии мисриёни оддӣ монанд набуд. Ӯ ҳаёти пуразоберо, ки ғуломон доштанд, интихоб кард! Чаро Мусо ин тавр кард? Зеро вай имон дошт. (Ибриён 11:24–26-ро бихонед.) Ба туфайли имон Мусо на танҳо олами моддии дар гирду атрофаш бударо медид. Чун шахсе ки назари рӯҳонӣ дорад, вай ба Худои «Нонамоён», Яҳува, ва иҷрошавии ваъдаҳои Ӯ имон дошт (Ибр. 11:27).
-
-
Ба имони Мусо пайравӣ кунедБурҷи дидбонӣ — 2014 | апрел 15
-
-
6. а) Чаро Мусо «нахост, ки писари духтари фиръавн хонда шавад»? б) Чаро ба фикри шумо Мусо қарори дуруст қабул кард?
6 Имони Мусо инчунин ба интихоби роҳи минбаъдаи ҳаёташ таъсир намуд. «Бо имон Мусо, чун калонсол шуд, нахост, ки писари духтари фиръавн хонда шавад» (Ибр. 11:24). Мусо чунин фикр намекард, ки дар дарбори подшоҳ мансаби баландро соҳиб мешаваду сипас аз боигариву мартабааш истифода бурда, ба бародарони исроилии худ ёрӣ медиҳад. Ӯ Яҳуваро бениҳоят дӯст медошт, барои ҳамин сахт мехост, ки бо тамоми дили худ, ҷони худ ва қуввати худ ба Ӯ хизмат кунад (Такр. Ш. 6:5). Ин қарори Мусо ӯро аз ғаму дарди зиёд эмин дошт. Масалан, дере нагузашта бисёри ганҷу сарвати Миср, ки ӯ аз он даст кашида буд, аз тарафи худи исроилиён тороҷ гардид! (Хур. 12:35, 36). Фиръавн беобрӯ гашт ва ҳалок шуд (Заб. 135:15). Мусо бошад, зинда монд ва Худо ӯро истифода бурд, то ба халқи Исроил роҳбарӣ кунад ва онҳоро ба ҷои бехатар барад. Ҳаёти Мусо маънои ҳақиқӣ дошт.
-