Оё шумо Худои нонамоёнро мебинед?
«Ӯ, мисли он ки Нонамоёнро дида бошад, боматонат буд» (ИБР. 11:27).
1, 2. a) Чаро гуфтан мумкин аст, ки ҳаёти Мусо дар хатар буд? Фаҳмонед. (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Чаро Мусо аз ғазаби подшоҳ натарсид?
БАРОИ исроилиён фиръавн ҳокими пурқудрат ва худои онҳо буд. Дар як китоб гуфта мешавад, ки дар назари онҳо ӯ «аз ҳамаи махлуқот дар хирад ва қувват бузургтар буд» («When Egypt Ruled the East»). Барои дар дили тобеонаш тарс андохтан фиръавн тоҷеро мепӯшид, ки дар он мори афъии ба ҳуҷум тайёр тасвир шуда буд. Он хотиррасон мекард, ки душманони шоҳ бо зудӣ ба ҳалокат расонда мешаванд. Пас, тасаввур кунед, ки вақте Яҳува ба Мусо суханони зеринро гуфт, ӯро чӣ гуна ҳиссиёте фаро гирифт: «Туро назди фиръавн бифиристам, то ки қавми Ман — банӣ-Исроилро аз Миср берун оварӣ» (Хур. 3:10).
2 Мусо ба Миср рафта, суханони Худоро эълон кард ва бо ин ғазаби фиръавнро бархезонд. Баъди он ки дар он сарзамин нӯҳ бало сар зад, фиръавн Мусоро огоҳ карда гуфт: «Барҳазар бош, ки рӯи маро дигар набинӣ, зеро дар рӯзе ки рӯи маро бубинӣ, хоҳӣ мурд» (Хур. 10:28). Пеш аз он ки Мусо аз пеши фиръавн равад, вай пешгӯӣ кард, ки писари нахустзодаи ӯ мемирад (Хур. 11:4–8). Баъдтар, Мусо дастурот дод, ки ҳар як оилаи исроилӣ гӯсфанди қӯчқор ё бузеро забҳ карда, хунашро ба болодарию паҳлӯдариҳои хонаи худ бимоланд. Гӯсфанд барои мисриён ҳайвони муқаддас буд, ки онро онҳо чун худои Ра парастиш мекарданд (Хур. 12:5–7). Тасаввур кунед, ки ин ба фиръавн чӣ гуна таъсир мекунад? Лекин, Мусо аз ин наметарсид. Чаро? Ӯ имон зоҳир карда, ба Яҳува итоат намуд «ва аз ғазаби подшоҳ натарсид; зеро ӯ, мисли он ки Нонамоёнро дида бошад, боматонат буд». (Ибриён 11:27, 28-ро бихонед.)
3. Дар бораи имоне, ки Мусо ба Худои нонамоён дошт, мо чиро дида мебароем?
3 Оё имони шумо ба дараҷае мустаҳкам аст, ки шумо гӯё Худоро «дида» метавонед? (Мат. 5:8). Барои он ки мо Худои нонамоёнро «дида» тавонем, мо бояд назари рӯҳонии худро беҳтар гардонем. Барои ин, биёед ҳоло намунаи Мусоро дида мебароем. Чӣ тавр имон ба Яҳува Мусоро аз одамтарсӣ муҳофизат мекард? Чӣ тавр ӯ ба ваъдаҳои Худо боварӣ доштанашро нишон дод? Ва ҳангоми бо хатар дучор гаштани Мусо ва ҳалқаш чӣ тавр қобилияти дидани Худои нонамоён ӯро қавидил гардонд?
Ӯ «АЗ ҒАЗАБИ ПОДШОҲ НАТАРСИД»
4. Аз нуқтаи назари одамӣ Мусо дар пеши фиръавн чӣ гуна мавқеъро ишғол мекард?
4 Аз нуқтаи назари одамӣ Мусо наметавонист бар муқобили фиръавн истодагарӣ намояд. Ба назар чунин менамуд, ки ҳаёти Мусо ва ояндаи ӯ пурра дар дасти фиръавн аст. Худи Мусо аз Яҳува чунин пурсид: «Ман кистам, ки назди фиръавн равам ва банӣ-Исроилро аз Миср берун оварам?» (Хур. 3:11). Тахминан 40 сол пештар аз ин Мусо аз Миср гурехта буд. Ӯ шояд фикр мекард: «Оё дар ҳақиқат аз рӯи хирад аст, ки ба Миср баргардам ва подшоҳро ба хашм оварда, ҳаётамро дар хатар гузорам?»
5, 6. Чӣ ба Мусо кӯмак кард, ки аз фиръавн нею, аз Яҳува битарсад?
5 Пеш аз он ки Мусо ба Миср баргардад, Худо ба вай принсипи муҳимеро таълим дод, ки онро Мусо баъдтар дар китоби Айюб қайд намуд. Он принсип чунин аст: «Тарси Худованд ҳикмат [хирад] аст» (Айюб 28:28). Яҳува ба Мусо ёрдам кард, ки чунин тарсро пайдо намуда, хирадмандона рафтор кунад. Ӯ барои нишон додани фарқи байни одамизод ва Худои Қодир аз ӯ пурсид: «Кист, ки забон ба одам дод? Ё кист, ки гунг, ё кар, ё бино, ё нобино офарид? Оё на Ман, ки Худованд ҳастам?» (Хур. 4:11).
6 Мусо аз ин бояд чӣ дарс мегирифт? Ӯ набояд аз фиръавн метарсид. Чунки ӯро худи Яҳува фиристода буд ва барои ба фиръавн эълон кардани хабараш ба ӯ қуввату қобилияти лозима бахшид. Ғайр аз ин, фиръавн дар қудрат ба Яҳува баробар шуда наметавонист. Охир, ин бори аввал набуд, ки ходимони Худо дар замини Миср ба хатар дучор мешуданд. Эҳтимол, Мусо дар бораи он мулоҳиза мекард, ки чӣ тавр Яҳува Иброҳим, Юсуф ва ҳатто худи ӯро дар замони ҳукмронии фиръавнҳои пешина муҳофизат карда буд (Ҳас. 12:17–19; 41:14, 39–41; Хур. 1:22–2:10). Бо имон ба Яҳува — Худои нонамоён, Мусо далерона пеши фиръавн рафт ва ҳар як суханеро, ки гуфтанашро Яҳува ба ӯ амр медод, эълон мекард.
7. Чӣ тавр имон ба Яҳува як хоҳарро муҳофизат кард?
7 Ба ин монанд, имон ба Яҳува хоҳарамон Элларо аз доми одамтарсӣ муҳофизат намуд. Соли 1949 Элла дар Эстония аз тарафи мақомоти бехатарии Иттифоқи Шӯравӣ (КГБ) дастгир шуд. Ӯро бурда, тамоман бараҳна карданд ва офитсерони ҷавон чашмонашонро наканда ба ӯ менигаристанд. «Ман худро беобрӯ ҳис кардам,— мегӯяд ӯ.— Вале баъди он ки ба Яҳува дуо гуфтам, ман дар дил оромиву осоиштагӣ ҳис намудам». Сипас, Элларо дар камера, дар давоми се рӯз танҳо нигоҳ доштанд. Ӯ нақл мекунад: «Коркунони давлатӣ ба ман дод зада мегуфтанд: “Мо коре мекунем, ки номи Яҳува дар Эстония ба таври ҳамешагӣ фаромӯш шавад! Ту ба маҳбас меравӣ, дигарон ба Сибир бадарға мешаванд!” Онҳо масхараомез мегуфтанд: “Канӣ Яҳуваи ту?”» Оё Элла аз онҳо тарсид ё ӯ ба Яҳува такя кард? Вақти пурсуков ба ӯ пешниҳод карданд, ки агар мавъиза карданро бас кунад, ӯро озод мекунанд, вале Элла бо далерӣ ба онҳо ҷавоб дод: «Бароям беҳтар аст, ки дар маҳбас нишаста, муносибатамро бо Худо нигоҳ дорам, назар ба он ки ба озодӣ баромада, розигии Ӯро аз даст диҳам». Барои Элла Яҳува чун шахсони дар пешаш истода воқеӣ буд. Ба туфайли имони худ ӯ беайбиашро нигоҳ дошт.
8, 9. a) Давои зидди одамтарсӣ чист? б) Барои бар одамтарсӣ ғолиб омадан, шумо диққати худро ба кӣ бояд равона созед?
8 Имон ба Яҳува ба шумо кӯмак мекунад, ки бар тарс ғолиб оед. Вақте ки давлатдорони қудратманд озодии динии шуморо маҳдуд карданӣ мешаванд, ба назар чунин намуданаш мумкин аст, ки ҳаёти шумо ва ояндаатон дар дасти онҳост. Дар сари шумо ҳатто чунин фикр пайдо шуда метавонад, ки оё хизмати Яҳуваро давом додан ва ҳокимиятдоронро ба хашм овардан аз рӯи хирад аст. Дар хотир доред: давои зидди одамтарсӣ ин тарс аз Худо аст. (Масалҳо 29:25-ро бихонед.) Яҳува мегӯяд: «Ту кистӣ, ки аз инсони миранда метарсӣ, ва аз писари одам, ки мисли гиёҳ аст?» (Иш. 51:12, 13).
9 Диққати худро ба Падари пурқудратамон Яҳува равона кунед. Ӯ касонеро, ки аз дасти ҳокимони беинсоф азоб мекашанд, мебинад. Ӯ ба онҳо ҳамдард аст ва бар манфиаташон амал мекунад (Хур. 3:7–10). Ҳатто агар имонатонро дар пеши давлатдорони қудратманд ҳимоя кардан лозим ояд, «андеша накунед, ки чӣ гуна ва ё чӣ бояд бигӯед; зеро ки дар он соат ба шумо ато хоҳад шуд, ки чӣ бояд гуфт» (Мат. 10:18–20). Роҳбарони инсонӣ ва кормандони давлатӣ аз Яҳува зӯр намебароянд. Агар шумо аз ҳозир имонатонро мустаҳкам намоед, метавонед бинед, ки Яҳува Шахсияти воқеиест, ки хеле мехоҳад ба шумо кӯмак расонад.
Ӯ БА ВАЪДАҲОИ ХУДО ИМОН ЗОҲИР МЕКАРД
10. a) Моҳи нисони соли 1513 то эраи мо Яҳува ба исроилиён чӣ гуна дастурот дод? б) Чаро Мусо ба дастуроти Худо итоат кард?
10 Моҳи нисони соли 1513 то эраи мо, Яҳува ба Мусо ва Ҳорун гуфт, ки ба исроилиён чунин дастуроти ғайриоддӣ диҳад: гӯсфанд ё бузи наринаи беайбро интихоб карда, онро забҳ намоянд ва хунашро ба болодариву паҳлӯдариҳои худ моланд (Хур. 12:3–7). Мусо чӣ тавр муносибат кард? Павлуси ҳавворӣ баъдтар дар бораи ӯ навишт: «Бо имон ӯ фисҳ ва пошидани хунро ба амал овард, то ки несткунандаи нахустзодагон ба онҳо даст нарасонад» (Ибр. 11:28). Мусо медонист, ки Яҳува Худои боваринок аст. Ӯ ба ваъдаи Яҳува оиди нобуд кардани писарони нахустзодаи Миср имон зоҳир кард.
11. Чаро Мусо дигаронро огоҳ кард?
11 Писарони худи Мусо аз афташ дар Мидён буданд — дар ҷое, ки аз «несткунанда» дур будa (Хур. 18:1–6). Вале ӯ ба амри Худо итоат карда, ба дигар исроилиён, ки писарони нахустзодаашон дар хатар буданд, дастурот дод. Ба ҳаёти дигар ҳамқавмонаш хатар таҳдид мекард ва Мусо ба онҳо муҳаббат зоҳир карда, зуд амал намуд. Ӯ ба зудӣ «ҳамаи пирони Исроилро даъват намуда, ба онҳо гуфт», ки рафта барраи фисҳро забҳ кунанд (Хур. 12:21).
12. Яҳува ба мо расонидани кадом хабари муҳимро супориш додааст?
12 Халқи Яҳува имрӯз зери роҳбарии фариштагон хабари муҳимеро ба ҳама мерасонанд: «Аз Худо тарсед ва Ӯро ҷалол диҳед, зеро ки соати доварии Ӯ фаро расидааст; ва ба Офаридгори осмон ва замин, ва баҳр ва чашмаҳои об саҷда кунед» (Ваҳй 14:7). Ҳоло вақти эълон кардани ин хабар аст. Мо бояд одамонро огоҳ кунем, ки аз Бобили бузург бароянд, то ки «дар гуноҳҳояш шарик» нашаванд (Ваҳй 18:4). «Гӯсфандони дигар» ҳамроҳи масеҳиёни тадҳиншуда онҳоеро, ки аз Худо бегонаанд, илтиҷо мекунанд, ки «бо Худо мусолиҳа» намоянд (Юҳ. 10:16; 2 Қӯр. 5:20).
13. Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки хушхабарро бо ҷидду ҷаҳди бештар мавъиза кунед?
13 Мо дарк мекунем, ки дар «соати доварӣ» зиндагӣ карда истодаем. Мо инчунин мефаҳмем, ки Яҳува беҳуда ба мо намегӯяд, ки кори мавъиза ва шогирдсозиро бетаъхир иҷро кунем. Юҳаннои ҳавворӣ дар рӯъё «чор фариштаи дар чор гӯшаи замин истодаро... [дид], ки чор боди заминро нигоҳ медоштанд» (Ваҳй 7:1). Оё шумо бо чашми имон он фариштагонро, ки ба сар додани бодҳои ҳалокатовари мусибати бузург омодаанд, мебинед? Агар ҳа, пас шумо бо ҷидду ҷаҳди бештар мавъиза хоҳед кард.
14. Чӣ моро бармеангезад, ки «шарирро аз роҳи шариронаи ӯ огоҳ» намоем?
14 Масеҳиёни ҳақиқӣ аллакай дӯсти Яҳува мебошанд ва ба ҳаёти ҷовидонӣ умед доранд. Вале мо дарк мекунем, ки бар дӯши мо масъулият гузошта шудааст, ки «шарирро аз роҳи шариронаи ӯ огоҳ... [намоем], то ки ӯ зинда монад». (Ҳизқиёл 3:17–19-ро бихонед.) Албатта, мо на танҳо барои аз гардани худ соқит кардани хуни дигарон мавъиза мекунем. Мо Яҳуваро ва инчунин одамонро дӯст медорем. Исо дар масал оиди сомарии некдил нишон дод, ки муҳаббат ва раҳмдилии ҳақиқӣ чӣ маъно дорад. Мо бояд аз худ бипурсем: «Оё ман мисли он сомарӣ дилсӯз ҳастам, то ба одамон шаҳодат диҳам?» Охир, мо ҳеҷ гоҳ ба он коҳин ва левизодае, ки дар масал дар бораашон нақл шудааст, монанд будан намехоҳем. Онҳо баҳонае карда, аз пеши марди маҷрӯҳ «гузашта» рафтанд (Луқ. 10:25–37). Имон ба ваъдаҳои Худо ва муҳаббат ба одамон бояд моро барангезанд, ки пеш аз расидани интиҳо дар хизмати мавъиза пурра иштирок кунем.
ОНҲО АЗ БАҲРИ СУРХ ГУЗАШТАНД
15. Чаро исроилиён худро дар дом ҳис карданд?
15 Вақте ки исроилиён баъди тарк кардани Миср бо хатар дучор шуданд, имоне, ки Мусо ба Худои Нонамоён дошт, ба вай кӯмак кард. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Банӣ-Исроил чашмони худро боло карда диданд, ки инак, мисриён аз қафои онҳо меоянд, ва бағоят ҳаросон шуданд; ва банӣ-Исроил сӯи Худованд нола карданд» (Хур. 14:10–12). Оё чунин ҳолати нохуш барои онҳо ногаҳонӣ буд? Албатта не, чунки Яҳува пешгӯӣ карда гуфта буд: «Ман дили фиръавнро сахт хоҳам кард, то ки вай онҳоро таъқиб намояд, ва ҷалоли Худро ба воситаи фиръавн ва тамоми лашкараш зоҳир хоҳам сохт, то мисриён бидонанд, ки Ман Худованд ҳастам» (Хур. 14:4). Лекин, исроилиён танҳо он чизҳоеро медиданд, ки ба чашм аён буд: дар пеш — Баҳри Сурхи касногузар, аз қафо — аробаҳои босуръат наздикшудаистодаи лашкари фиръавн ва чӯпони пири 80-сола, ки пешвои онҳо буд! Онҳо худро ба дом афтода ҳис карданд.
16. Чӣ тавр имонаш Мусоро дар назди Баҳри Сурх қувват бахшид?
16 Вале, Мусо дар имонаш накалавид. Чаро? Зеро ки ӯ бо чашми имон Онеро медид, ки аз баҳр ва лашкарони пуриқтидор чандин маротиба бузургтар буд. Ӯ «наҷоти Худовандро» медид ва медонист, ки худи Яҳува барои исроилиён ҷанг хоҳад кард. (Хуруҷ 14:13,14-ро бихонед.) Имони Мусо халқро рӯҳбаланд кард. «Бо имон онҳо аз баҳри Қулзум, чун аз хушкӣ, гузаштанд,— гуфта мешавад дар Китоби Муқаддас,— вале вақте ки мисриён ба гузаштан ҳаракат карданд, ғарқ шуданд» (Ибр. 11:29). Баъди он «қавм аз Худованд тарсиданд, ва ба Худованд ва ба бандаи Ӯ Мусо имон оварданд» (Хур. 14:31).
17. Кадом воқеаи оянда имони моро зери санҷиш қарор хоҳад дод?
17 Ба наздикӣ ба назар чунин хоҳад намуд, ки ҳаёти мо дар хатар аст. Пеш аз сар шудани Ҳармиҷидӯн, сарварони ин ҷаҳон ташкилотҳои диниеро, ки аз мо калонтар ва бисёранд пурра тороҷ ва несту нобуд хоҳанд кард (Ваҳй 17:16). Яҳува пешгӯӣ карда буд, ки мо чун «замини беҳисоре», ки деворҳояш «ғалақаю дарвоза надоранд», беҳимоя хоҳем намуд (Ҳиз. 38:10–12, 14–16). Аз нуқтаи назари одамӣ, ба назар чунин хоҳад намуд, ки барои мо ягон роҳи наҷот нест. Шумо он вақт чӣ гуна муносибат хоҳед кард?
18. Фаҳмонед, ки чаро мо метавонем дар давоми мусибати бузург қавӣ ва устувор бошем.
18 Мо набояд ба тарс дода шуда суст шавем. Чаро? Чунки Яҳува оиди ин ҳуҷум ба ҳалкаш пешгӯӣ карда буд. Ӯ ҳамчунин оқибати онро пешгӯӣ кардааст: «Дар он рӯз, яъне дар рӯзе ки Ҷуҷ ба замини Исроил биёяд, чунин воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованд Худо, ки ғазаби Ман дар ҳини қаҳри Ман аланга хоҳад гирифт» (Ҳиз. 38:18–23). Он гоҳ Яҳува ҳамаи онҳоеро, ки мехоҳанд ба халқаш зарар расонанд, нест хоҳад кард. Имон ба натиҷаи «рӯзи азим ва саҳмгини Худованд» ба шумо кӯмак мекунад, ки «наҷоти Худовандро бубинед» ва беайбиатонро нигоҳ доред (Юил 2:31, 32).
19. a) Муносибати Мусо бо Яҳува то чӣ андоза наздик буд? б) Агар шумо дар ҳамаи роҳҳои худ Яҳуваро дарк намоед, чӣ гуна баракатҳоро соҳиб хоҳед шуд?
19 «Мисли он ки Нонамоёнро дида» бошед, устувор бошед ва ба он воқеаҳои ҳаяҷонбахш аз ҳозир тайёр шавед! Бо ёрии омӯзиши мунтазами Китоби Муқаддас ва дуоҳои пайваста дӯстиатонро бо Яҳува Худо мустаҳкам гардонед. Мусо бо Яҳува чунин муносибати наздик дошт ва Худо ӯро дар чунон корҳои бузург истифода бурд, ки дар Каломи Худо гуфта мешавад: «Ӯро Худованд рӯ ба рӯ мешинохт» (Такр. Ш. 34:10). Мусо пайғамбари барҷаста буд. Агар имон дошта бошед, шумо ҳам бо Худо чунон дӯсти наздик хоҳед шуд, ки гӯё Ӯро дар ҳақиқат мебинед. Агар шумо мувофиқи маслиҳати Каломи Худо амал намуда, «дар ҳамаи тариқҳои худ» пайваста Ӯро дарк кунед, Ӯ ҳамаи роҳҳоятонро ҳамвор хоҳад кард (Мас. 3:6).
a Яҳува барои ба амал овардани доварӣ бар мисриён фариштаеро фиристода буд (Заб. 77:49–51).