МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 36
Аз бори зиёдатӣ халос шуда, роҳро давом диҳед
«Биёед ҳар гуна [борро]... аз худ дур сохта, масофаеро, ки дар пеш аст, бо истодагарӣ давон-давон тай кунем» (ИБР. 12:1).
СУРУДИ 38 Бори дилатро ба Яҳува парто
ПЕШГУФТОРa
1. Мувофиқи Ибриён 12:1 барои ба марра расидан мо бояд чӣ кор кунем?
КИТОБИ МУҚАДДАС ҳаёти масеҳиёнро ба давидан монанд кардааст. Давандагоне, ки бомуваффақият ба марра мерасанд, ҳаёти ҷовидонаро соҳиб мешаванд (2 Тим. 4:7, 8). Мо ба марра хеле наздикем, барои ҳамин набояд суръати давиданамонро суст кунем. Павлуси расул, ки дар дави ҳаёт муваффақ гашта буд, роҳи ғолиб омаданро мегӯяд. Ӯ навишт, ки ҳар гуна борро «аз худ дур сохта, масофаеро, ки дар пеш аст, бо истодагарӣ давон-давон тай кунем». (Ибриён 12:1-р хонед.)
2. Мо бояд кадом борро «аз худ дур» кунем?
2 Вақте Павлус «ҳар гуна бор»-ро аз худ дур созед гуфт, ӯ чиро дар назар дошт? Ӯ гуфтанӣ буд, ки мо бояд аз ҳар гуна бори зиёдатӣ халос шавем. Набошад, он давиданамонро суст карда, моро аз пой меафтонад. Барои ба марра расидан мо бояд ҳар чӣ тезтар борҳои зиёдатиро муайян кунем ва аз онҳо халос шавем, то давиданамон суст нашавад. Лекин баъзе борҳо даркориянд. Мо бори масъулияти худро бар дӯши дигар кас монда наметавонем. Дар акси ҳол мо ба марра намерасем (2 Тим. 2:5). Мо бояд кадом бори масъулиятро бардорем?
3. а) Мувофиқи Ғалотиён 6:5 мо бояд чиро бардорем? б) Дар ин мақола мо чиро мебинем ва бо кадом мақсад?
3 Ғалотиён 6:5-ро хонед. Павлус як чизи муҳимро қайд карда гуфт: «Ҳар кас бори худро мебардорад». Дар ин ҷо гап дар бораи масъулиятҳое меравад, ки ҳар яки мо дар пеши Худо дорем. Ҳеҷ кас ба ҷойи мо ин корро карда наметавонад. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки «бори худ» гуфта чӣ дар назар дошта шудааст ва чӣ тавр мо онро бардошта метавонем. Ғайр аз ин, мебинем, ки аз кадом борҳои зиёдатӣ мо бояд халос шавем ва чӣ тавр инро ёд гирем. Борҳои даркориро бардошта ва аз борҳои зиёдатӣ халос шуда, мо ғалаба ба даст меорем.
БОРҲОЕ, КИ МО БОЯД БАРДОРЕМ
4. Чаро ваъдаи ба Худо хизмат кардан дарди сар нест? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
4 Ваъдаи ба Яҳува хизмат кардан. Вақте худро ба Яҳува бахшидем, мо ваъда додем, ки ба ӯ якумр хизмат карда, хосташро ба ҷо меорем. Мо бояд дар гапамон истем. Мувофиқи ин ваъда зиндагӣ кардан масъулияти калон аст, лекин бардоштани он аз қувватамон берун нест. Охир, Яҳува моро бо мақсади иҷро кардани хосташ офаридааст (Ошкор. 4:11). Яҳува дар диламон хоҳиши шинохтанашро ҷой дод ва мо ба сурати ӯ сохта шудаем. Барои ҳамин мо метавонем ба ӯ наздик шавему хосташро ба ҷо орем (Заб. 40:8). Ғайр аз ин, вақте мо Худоро гӯш карда, ба Исо пайравӣ мекунем, «қуввати тоза» пайдо мекунем (Мат. 11:28–30).
5. Чӣ ба шумо кумак мекунад, ки ба ваъдае, ки ба Яҳува додаед, вафо кунед? (1 Юҳанно 5:3).
5 Бо ёрии чӣ мо ин борро бардошта метавонем? Бо ёрии ду чиз. Якум, муҳаббататонро ба Яҳува пайваста зиёд кунед. Чӣ тавр? Дар бораи некиҳое, ки Яҳува аллакай ба мо кардаасту дар оянда карданист, андеша ронед. Вақте муҳаббататон ба ӯ меафзояд, ба ӯ гӯш додан осонтар мешавад. (1 Юҳанно 5:3-ро хонед.) Дуюм, ба Исо пайравӣ кунед. Чӣ ба ӯ ёрдам медод, ки хости Худоро ба ҷо орад? Ӯ аз Яҳува қувват мепурсид ва диққаташро ба мукофот равона мекард (Ибр. 5:7; 12:2). Мисли Исо аз Яҳува қувват пурсед ва дар бораи ҳаёти ҷовидона мулоҳиза ронед. Агар муҳаббататон ба Яҳува зиёд шаваду аз пайи Исо равона шавед, ба ваъдаатон вафо карда метавонед.
6. Чаро набояд ба вазифаҳои оилавӣ хунукназарӣ кунем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
6 Вазифаҳои оилавӣ. Яҳува аз хизматгоронаш интизор аст, ки онҳо ӯву Исоро аз хешу таборашон дида бештар дӯст доранд (Мат. 10:37). Лекин ин маънои онро надорад, ки «Худою Исоро хурсанд мекунем» гуфта, ба вазифаҳои оилавиямон хунукназарӣ кунем. Баръакс, агар хоҳем, ки Худо ва Исо аз мо розӣ бошанд, мо бояд ба ин вазифаҳоямон ҷиддӣ муносибат кунем (1 Тим. 5:4, 8). Агар чунин кунем, хушбахттар мешавем. Яҳува, Созандаи оила, медонад, ки, вақте зану шавҳар якдигарро дӯст дошта, ҳурмат мекунанд, волидон фарзандонашонро дӯст дошта таълим медиҳанд ва фарзандон ба падару модар гӯш медиҳанд, ҳама хушбахт мешаванд (Эфс. 5:33; 6:1, 4).
7. Чӣ дар иҷрои вазифаҳои оилавиятон ба шумо кумак мекунад?
7 Бо ёрии чӣ мо ин борро бардошта метавонем? Шавҳарон, занон ва кӯдакон, аз рӯйи маслиҳатҳои Китоби Муқаддас амал кунед. Дар масъалаҳои оилавӣ ҳеҷ гоҳ ба эҳсосот, маданият ё маслиҳатгарони ин ҷаҳон такя накунед (Пнм. 24:3, 4). Аз дастуроте, ки ташкилот пешниҳод мекунад, ба хубӣ истифода баред. Дар он маслиҳат дода мешавад, ки чӣ тавр принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор барем. Масалан, дар силсиламақолаи «Кӯмак ба оилаҳо» дар бораи мушкилиҳое гуфта мешавад, ки ҳамсарон, волидон ва ҷавонон рӯ ба рӯ мешавандb. Маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор баред, ҳатто агар дигар аъзои оилаатон чунин накунанд. Агар ин тавр кунед, тамоми аҳли оилаатон манфиат мегиранд ва шумо соҳиби баракатҳои Яҳува мегардед (1 Пет. 3:1, 2).
8. Чӣ тавр қарорҳоямон ба ҳаёти мо таъсир карда метавонад?
8 Ҷавобгарӣ барои қарорҳои баровардаамон. Яҳува ба мо интихоби озодро туҳфа кардааст ва ӯ мехоҳад, ки мо қарорҳои дуруст бароварда хурсандӣ гирем. Лекин ӯ моро аз оқибати қарорҳои нодурустамон ҳимоя намекунад (Ғал. 6:7, 8). Барои ҳамин мо натиҷаи қарорҳои нодуруст, сухану амалҳои бехирадонаамонро мечашем ва азоби виҷдон мекашем. Лекин агар барои қарорҳоямон ҷавобгарӣ ҳис кунем, гуноҳамонро ба гардан мегирем, ислоҳ мешавем ва онро такрор намекунем. Ҳамин тавр мо аз роҳи ҳаёт дур намешавем.
9. Агар қарори нодуруст карда бошед, чӣ кор карда метавонед? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
9 Бо ёрии чӣ мо ин борро бардошта метавонем? Агар шумо натиҷаи қарори нодурустатонро дигар карда натавонед, вазъияти ҳозираатонро қабул кунед. Фаромӯш накунед: гузаштаро дигар карда намешавад. Барои ҳамин вақту қуввататонро сарф карда худро сафед накунед ё, баръакс, худ ё дигаронро айбдор накунед. Беҳтараш, хатоятонро ба гардан гирифта, ҳар чӣ аз дастатон ояд, кунед. Агар худро гунаҳкор ҳисобед, бо хоксорӣ дуо гуфта, аз Яҳува бахшиш пурсед ва ба гуноҳатон иқрор шавед (Заб. 25:11; 51:3, 4). Ҳамчунин аз касоне, ки ба онҳо дард овардед, бахшиш пурсед. Агар даркор шавад, кумаки пиронро ҷӯед (Яъқ. 5:14, 15). Кӯшиш кунед, ки хатоятонро дигар такрор накунед. Дар ин ҳол дилпур шуда метавонед, ки Яҳува ба шумо раҳм зоҳир карда, шуморо дастгирӣ мекунад (Заб. 103:8–13).
БОРҲОЕ, КИ БОЯД «АЗ ХУД ДУР» КУНЕМ
10. Чаро орзуҳои ғайривоқеӣ бори зиёдатиянд? (Ғалотиён 6:4).
10 Орзуҳои ғайривоқеӣ. Агар мо худро бо дигарон муқоиса карда, орзуҳои дастнорас кунем, аз пой меафтем. (Ғалотиён 6:4-ро хонед.) Доимо дар бораи пешравии дигарон фикр карда, ба дигарон ҳасад мебарем (Ғал. 5:26). Вақте мо «поямонро чени кӯрпаамон дароз накарда» амал мекунем, ба худ зарар меорем. Дар ёд доред агар «умедвории дурудароз дилро бемор» кунад, пас, орзуҳое, ки амалӣ намегарданд, ба дил чӣ қадар азоб меоранд (Пнм. 13:12). Ҳамин тавр мо аз пой афтода, дар дави ҳаёт суръатамон суст мешавад (Пнм. 24:10).
11. Чӣ кумак мекунад, ки дар дил орзуҳои ғайривоқеӣ напарварем?
11 Чӣ тавр аз ин бор халос шавем? Аз худ чизеро, ки Яҳува интизор нест, талаб накунед. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз мо чизеро, ки надорем, талаб намекунад (2 Қӯр. 8:12). Дар ёд доред Яҳува ҳеҷ гоҳ моро бо ягон каси дигар муқоиса намекунад (Мат. 25:20–23). Ӯ хизмат, вафодорӣ ва истодагарии шуморо қадр мекунад. Тан гиред, ки аз сабаби саломатӣ, синну сол ва шароит шумо мисли пештара хизмат карда наметавонед. Агар синну сол ва саломатиятон имкон надиҳад, мисли Барзилой аз баъзе вазифаҳо даст кашед (2 Подш. 19:35, 36). Ба Мӯсо пайравӣ карда, аз дигарон ёрдам пурсед ва вазифаҳоятонро тақсим кунед (2 Мӯсо 18:21, 22). Агар шумо ҳадшинос бошед, орзуҳои дастнорас намекунед ва қуввататонро барои давом додани роҳи ҳаёт сарфа мекунед.
12. Оё мо барои қарорҳои нодурусти дигарон ҷавобгар ҳастем? Фаҳмонед.
12 Ҷавобгарӣ барои хатоҳои дигарон. Мо ҳеҷ гоҳ ба ҷойи дигарон қарор бароварда наметавонем, ҳамчунин ҳамеша онҳоро аз оқибати хатоҳояшон ҳимоя карда наметавонем. Масалан, агар фарзанди касе аз роҳи Яҳува дур шавад, ба дили падару модар зарбаи сахт мезанад. Лекин, агар падару модар барои ин қарори фарзандашон худро айбдор кунанд, ба китфашон бори вазнину зиёдатие мемонанд. Яҳува бошад, инро ҳеҷ гоҳ намехоҳад (Рум. 14:12).
13. Агар кӯдак қарори нодуруст барорад, волид чӣ кор карда метавонад?
13 Чӣ тавр аз ин бор халос шавем? Фаромӯш накунед, ки Яҳува ба ҳар як инсон дар интихоб озодӣ додааст. Ӯ имкон медиҳад, ки дар ҳар масъала ҳар кас худаш қарор кунад, аз ҷумла дар мавриди ба Худо хизмат кардан. Яҳува медонад, ки дар дунё ягон волиди комил вуҷуд надорад. Ӯ аз волидон фақат ҳаминро интизор аст, ки дар тарбияи фарзанд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳанд. Қароре, ки фарзанд мебарорад, ба каллаи худи ӯст, на волидон (Пнм. 20:11). Лекин, агар шумо аз хатоҳое, ки дар гузашта кардаед, зиқ шавед, дилатонро ба Яҳува холӣ кунед ва аз ӯ бахшиш пурсед. Ӯ медонад, ки шумо вақтро қафо гардонда наметавонед ва ӯ интизор нест, ки кӯдакатонро аз оқибати қарораш ҳимоя кунед. Дар ёд доред, агар фарзандатон сӯйи Яҳува баргардад, Яҳува бо ҷону дил ӯро қабул мекунад (Луқ. 15:18–20).
14. Чаро гуфтан мумкин аст, ки ҳисси сахти гунаҳкорӣ бори зиёдатӣ мебошад?
14 Ҳисси сахти гунаҳкорӣ. Табиист, ки, вақте гуноҳ мекунем, виҷдонамон моро азоб медиҳад. Лекин Яҳува намехоҳад, ки ҳисси сахти гунаҳкорӣ моро фурӯ барад. Мо бояд аз ин бори сангин халос шавем. Аз куҷо фаҳмем, ки мо худро беасос азоб дода истодаем? Агар мо гуноҳамонро тан гирем, пушаймон шавем ва ҳаракат карда ин гуноҳамонро такрор накунем, дилпур буда метавонем, ки Яҳува моро бахшидааст (Кор. 3:19). Яҳува намехоҳад, ки мо баъди гузоштани ин қадамҳо боз дилхӯрӣ кунем. Ӯ медонад, ки агар мо ин тавр рафтор кардан гирем, асабҳоямонро хароб карда дилро пурхун мекунем (Заб. 31:10). Агар мо дар ботлоқи ғаму ғусса ғӯтем, давамонро дар роҳи ҳаёт давом дода наметавонем (2 Қӯр. 2:7).
15. Чӣ тавр аз ҳисси сахти гунаҳкорӣ халос шавем? (1 Юҳанно 3:19, 20). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
15 Чӣ тавр аз ин бор халос шавем? Агар шуморо ҳисси гунаҳкорӣ сахт азоб диҳад, ба хотир оред, ки Яҳува Худои бахшанда аст (Заб. 130:4). Ба касоне, ки аз таҳти дил пушаймон мешаванд, Яҳува ваъда медиҳад, ки «гуноҳашонро дигар ба хотир» намеорад (Ирм. 31:34). Ин маънои онро дорад, ки Яҳува гуноҳҳои пештараамонро ба рӯйи мо намекашад. Аз ин рӯ, агар аз оқибати гуноҳҳоямон азоб кашем, набояд фикр кунем, ки Худо моро набахшидааст. Агар аз сабаби хатоҳои гузаштаатон аз ягон таъйинот маҳрум шуда бошед, ҳеҷ гоҳ худро хӯрда нагардед. Яҳува дигар дар бораи гуноҳҳои шумо фикр намекунад, шумо ҳам фикр накунед. (1 Юҳанно 3:19, 20-ро хонед.)
БИДАВЕД, ТО ҒОЛИБ ОЕД
16. Барои давиданро давом додан мо бояд чӣ кор кунем?
16 Мо бояд дар роҳи ҳаёт тавре давем, ки мукофотро ба даст орем (1 Қӯр. 9:24). Чӣ тавр? Агар мо борҳои заруриро бо худ гирему аз борҳои зиёдатӣ халос шавем. Дар ин мақола мо фақат якчанд мисолро дидем; мисолҳои дигар низ ҳастанд. Масалан, Исо гуфта буд, ки «саргарми пурхӯрӣ, мастигарӣ ва ташвишҳои зиндагӣ» нашавем (Луқ. 21:34). Бо ёрии чунин оятҳо мо мефаҳмем, ки аз кадом ҷиҳат бояд беҳтар шавем, то аз давидан бознаистем.
17. Чаро мо дилпурем, ки ба марра мерасем?
17 Мо дилпурем, ки бо қувваи Яҳува ба марра мерасем (Иш. 40:29–31). Барои ҳамин ҳеҷ гоҳ суръати давиданатонро суст накунед. Аз Павлуси расул ибрат гиред, зеро ӯ бо тамоми қувват медавид, то мукофотро ба даст орад (Флп. 3:13, 14). Ҳеҷ кас ба ҷойи шумо давида наметавонад. Яҳува ба шумо кумак мекунад, то бори даркориро бардореду аз борҳои нодаркор халос шавед (Заб. 68:19). Бо дастгирии ӯ шумо албатта ба марра расида, ғолиб меоед!
СУРУДИ 45 Шитобон рав ба пеш!
a Ҳамаи мо барои ба даст овардани ҳаёти ҷовидона дар дав иштирок мекунем. Чун давандагон ҳар кадомамон борҳои худро мебардорем. Кадом борҳо? Ваъдаи якумр ба Яҳува хизмат кардан, вазифаҳои оилавӣ ва ҷавобгарӣ барои қарорҳои баровардаамон. Лекин мо бояд аз борҳои зиёдатӣ, ки давиданамонро суст мекунанд, халос шавем. Аз ин мақола мефаҳмем, ки чӣ ба мо халал мерасонад.
b Силсиламақолаи «Кумак ба оилаҳо»-ро аз сомонаи jw.org ёфта метавонед. Баъзе мақолаҳоро аз ин сомона пайдо кардан мумкин. Барои ҳамсарон: «Чӣ тавр миннатдорӣ нишон диҳем?» ва «Чӣ тавр дар оила меҳру муҳаббат зоҳир кардан мумкин аст?»; барои волидон: «Агар кӯдакатон зиқ бошад» ва «Ҳангоми доду войи кӯдак шумо чӣ кор карда метавонед?»; барои наврасон: «Чаро ба ҷамъомад рафтан муҳим аст?»