Имрӯз халқи Худоро кӣ роҳнамоӣ карда истодааст?
«Онҳоеро, ки дар байни шумо роҳбариро ба ӯҳда доранд... дар хотир нигоҳ доред» (ИБР. 13:7, ТДН).
1, 2. Баъд аз ба осмон рафтани Исо шогирдонаш эҳтимол дар бораи чӣ фикр мекарданд?
ШОГИРДОНИ Исо дар кӯҳи Зайтун истода ба осмон менигаранд. Онҳо навакак диданд, ки чӣ тавр устод ва дӯсташон, Исо ба боло баромада паси абр ноаён шуд (Аъм. 1:9, 10). Қариб дар давоми ду сол Исо онҳоро таълим медод, рӯҳбаланд мекард ва роҳнамоӣ менамуд. Ҳоло бошад, ӯ рафт. Акнун шогирдонаш чӣ кор мекарда бошанд?
2 Исо ба шогирдонаш гуфт: «Дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд» (Аъм. 1:8). Онҳо чӣ тавр ин корро карда метавонистанд? Дар ҳақиқат Исо ба шогирдонаш боварӣ бахшид, ки онҳо ҳатман рӯҳи муқаддас мегиранд (Аъм. 1:5). Лекин барои дар тамоми дунё мавъиза кардан дастурот ва ташкилот даркор буд. Дар вақтҳои пеш Яҳува барои роҳнамоӣ кардани халқи худ аз намояндагонаш истифода мебурд. Барои ҳамин шогирдон донистан мехостанд, ки оё Яҳува роҳбари навро таъйин мекарда бошад?
3. а) Шогирдони Исо кадом қарорро қабул карданд? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?
3 Дар байни қариб ду ҳафта шогирдони Исо Навиштаҳоро тадқиқ карда аз Худо роҳнамоӣ пурсиданд ва ба ҷойи Яҳудои Искарют, Матёсро чун ҳавворӣ интихоб карданд (Аъм. 1:15–26). Чаро ин интихоб барои онҳо ва Яҳува муҳим буд? Шогирдон фаҳмиданд, ки шумораи ҳаввориён бояд дувоздаҳ нафар бошадa. Исо ҳаввориёнро интихоб карда онҳоро таълим дод, то ки дар байни халқи Худо нақши муҳимро бозанд. Чӣ тавр Яҳува ва Исо онҳоро барои ин кор тайёр карданд? Оё ин гуна сохтор имрӯз низ вуҷуд дорад? Чӣ тавр мо «сардорони худро» махсусан «ғуломи мӯътамад ва доно»-ро «дар хотир нигоҳ» дошта метавонем? (Ибр. 13:7; Мат. 24:45).
ИСО ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДАРО РОҲНАМОӢ МЕКУНАД
4. Ҳаввориён ва дигар пирони ҷамъомад дар асри як чӣ нақши муҳимро доштанд?
4 Аз Пантикости соли 33-юми эраи мо сар карда ҳаввориён роҳбариро дар ҷамъомад ба ӯҳда гирифтанд. Барои ҳамин «Петрус, бо он ёздаҳ нафар, бархоста» ба яҳудиён ва ғайрияҳудиён ҳақиқати наҷотбахшро нақл мекард (Аъм. 2:14, 15). Баъдтар бисёри онҳо пайравони Исо шуданд ва аз ҳаввориён таълим гирифтанро давом доданд (Аъм. 2:42). Ҳаввориён пули ҷамъомадро оқилона истифода мебурданд (Аъм. 4:34, 35). Онҳо дар бораи ниёзҳои рӯҳонии халқи Худо ғам хӯрда гуфтанд: «Мо бо дуо ва бо таълими каломи Худо машғул хоҳем шуд» (Аъм. 6:4). Ҳамчунин ҳаввориён масеҳиёни таҷрибадорро таъйин мекарданд, то ки кори мавъизаро дар ҷойҳои дигар пеш баранд (Аъм. 8:14, 15). Бо гузашти вақт дигар пирони ҷамъомади тадҳиншуда бо ҳаввориён ҳамкорӣ намуда дар корҳои ҷамъомад ёрдам мекарданд. Чун ҳайати роҳбарикунанда онҳо ба тамоми ҷамъомадҳо дастурот медоданд (Аъм. 15:2).
5, 6. а) Чӣ хел рӯҳи муқаддас ба ҳайати роҳбарикунанда ёрдам мекард? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Фариштагон ҳайати роҳбарикунандаро чӣ тавр дастгирӣ мекарданд? в) Каломи Худо чӣ хел пирони ҷамъомадро роҳнамоӣ мекард?
5 Масеҳиёни асри як медонистанд, ки ҳайати роҳбарикунандаро Яҳува ба воситаи Исо роҳнамоӣ мекунад. Чаро онҳо ба ин боварӣ доштанд? Якум, рӯҳи муқаддас ба ҳайати роҳбарикунанда ёрдам мекард (Юҳ. 16:13). Нозил шудани рӯҳи муқаддас ба ҳаввориён ва пирони ҷамъомад имконият дод, ки нақши худро дар ҷамъомад чун нозирон иҷро кунанд. Масалан, соли 49-уми эраи мо рӯҳи муқаддас ба ҳайати роҳбарикунанда ёрдам кард, ки дар бораи хатна қарор қабул кунанд. Ҷамъомадҳо аз рӯи ин дастурот амал карда «дар имон мустаҳкам мешуданд, ва шумораашон рӯз ба рӯз меафзуд» (Аъм. 16:4, 5). Аз номаи бародарон маълум буд, ки ҳайати роҳбарикунанда самари рӯҳ, махсусан муҳаббат ва имонро зоҳир мекарданд (Аъм. 15:11, 25–29; Ғал. 5:22, 23).
6 Дуюм, фариштагон ба ҳайати роҳбарикунанда ёрдам мекарданд. Масалан, фаришта ба Корнилюс гуфт, ки Петрусро ёбад. Баъд аз он ки Петрус ба Корнилюс ва хешу табори ӯ мавъиза кард, рӯҳи муқаддас ба онҳо нозил шуд, ҳарчанд ки онҳо ғайрияҳудӣ буданд. Ин воқеа ҳаввориён ва бародаронро барангехт, ки ба иродаи Яҳува итоат карда ғайрияҳудиёнро ба ҷамъомад қабул кунанд (Аъм. 11:13–18). Ғайр аз ин фариштагон ба пешравии кори мавъиза, ки онро ҳайати роҳбарикунанда назорат менамуд, мусоидат мекарданд (Аъм. 5:19, 20). Сеюм, Каломи Худо ҳайати роҳбарикунандаро роҳнамоӣ мекард. Ба пирони тадҳиншуда барои ҳал кардани саволҳо оиди таълимот ё додани дастурот ба ҷамъомадҳо, Каломи Худо ёрдам мекард (Аъм. 1:20–22; 15:15–20).
7. Чаро гуфта метавонем, ки Исо масеҳиёни асри якро роҳнамоӣ мекард?
7 Ҳарчанд ҳайати роҳбарикунанда ҷамъомадҳоро роҳнамоӣ мекард, онҳо мефаҳмиданд, ки Роҳбарашон Исо аст. Павлуси ҳавворӣ навишт: «Ӯ [Исо] баъзеро ҳавворӣ... таъин намуд». Ҳамчунин Павлус илова кард: «Дар муҳаббат... мо дар ҳар чиз ба Он ки Сар аст, яъне ба Масеҳ нумӯ ёбем» (Эфс. 4:11, 15). Барои ҳамин онҳо ба худ номи ягон ҳаввориро нагирифтанд ва бо роҳнамоии Худо масеҳӣ номида шуданд (Аъм. 11:26). Павлуси ҳавворӣ медонист, ки риоя кардани дастуроте, ки ҳаввориён ва пирон дар асоси Китоби Муқаддас медоданд, муҳим аст. Дар ин бора ӯ чунин гуфт: «Мехоҳам бидонед, ки сардори ҳар мард [инчунин ҳар як аъзои Ҳайати роҳбарикунанда] Масеҳ аст... ва сардори Масеҳ Худост» (1 Қӯр. 11:2, 3). Бале, ҳатто Исо ҳам ба Сардори худ, Яҳува, итоат карда ҷамъомадро роҳнамоӣ мекард.
«ИН КОРИ ОДАМ НЕСТ»
8, 9. Аз охири асри 19 сар карда бародар Рассел чӣ гуна нақши муҳимро бозид?
8 Дар охири асри 19 Чарлз Тейз Рассел ва баъзе дӯстонаш кӯшиш карданд, ки ибодати ҳақиқиро барқарор кунанд. Барои паҳн кардани ҳақиқати Китоби Муқаддас ба забонҳои гуногун соли 1884 Ҷамъияти Бурҷи дидбонии Сион ва рисолаҳо ташкил шуд ва бародар Рассел президенти он таъйин гардидb. Ӯ тадқиқотчии боғайрати Китоби Муқаддас буд ва далерона таълимоти дурӯғро оиди Сегона ва рӯҳи намиранда ошкор кард. Ӯ тадқиқот бурда фаҳмид, ки Исо ба таври ноаён меояд ва «даврони ғайрияҳудиён» соли 1914 ба охир мерасад (Луқ. 21:24). Бародар Рассел барои паҳн кардани ҳақиқати Китоби Муқаддас тамоми вақт, қувва ва маблағашро сарф мекард. Маълум буд, ки Яҳува бародар Расселро дар ин вақт истифода бурд, то ки роҳбариро ба ӯҳда гирад.
9 Бародар Рассел аз пайи шӯҳрат намешуд. Соли 1896 ӯ чунин навишт: «Мо барои худ ва корамон иззату ҳурматро намеҷӯем ва намехоҳем, ки моро Ҳазрат ё Устод гӯянд. Инчунин намехоҳем, ки ягон гурӯҳи одамон бо номи мо шинохта шаванд». Баъдтар ӯ гуфт, ки «ин кори одам нест».
10. а) Кай Исо «ғуломи мӯътамад ва доно»-ро таъйин кард? б) Фаҳмонед, ки чӣ тавр оҳиста-оҳиста равшан шуд, ки Ҳайати роҳбарикунанда аз Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ фарқ мекунад.
10 Баъд аз се соли марги бародар Рассел, соли 1919 Исо «ғуломи мӯътамад ва доно»-ро таъйин кард. Бо кадом мақсад? То ки ба «хизматгорон», яъне аҳли хонавода «дар сари вақт хӯрок диҳад» (Мат. 24:45). Ҳамон солҳо гурӯҳи хурди бародарони тадҳиншуда дар идораи марказӣ дар Бруклин, Ню-Йорк хизмат мекарданд, то ки пайравони Исоро бо ғизои рӯҳонӣ таъмин кунанд. Ибораи «ҳайати роҳбарикунанда» аз солҳои 1940-ум сар карда дар адабиётамон пайдо шуд, ки он бо директорони Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Китоби Муқаддас ва рисолаҳо зич алоқаманд буд. Лекин соли 1971 равшан шуд, ки Ҳайати роҳбарикунанда ва Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, ду чизи гуногунанд ва Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ танҳо барои корҳои ҳуқуқӣ масъул аст. Ҳайати роҳбарикунанда аз он вақт сар карда бародарони тадҳиншударо дар бар мегирифт, ки роҳбарони Ҷамъият набуданд. Солҳои охир бародарони масъул аз «гӯсфандони дигар» чун директорони Ҷамъияти ҳуқуқӣ ва дигар сохторҳои халқи Худо хизмат мекунанд. Ин ба Ҳайати роҳбарикунанда имкон медиҳад, ки диққатро ба таълими рӯҳонӣ ва додани дастурот равона созад (Юҳ. 10:16; Аъм. 6:4). Дар нашри «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 июли соли 2013 фаҳмонда шудааст, ки «ғуломи мӯътамад ва доно» аз гурӯҳи хурди бародарони тадҳиншуда иборат аст, ки Ҳайати роҳбарикунандаро ташкил медиҳад.
11. Ҳайати роҳбарикунанда чӣ тавр фаъолият мекунад?
11 Ҳайати роҳбарикунанда ҳар ҳафта ҷамъ шуда якҷоя қарорҳои муҳим қабул мекунад. Ин вохӯрӣ ба муоширати наздик ва ягонагии байни онҳо мусоидат менамояд (Мас. 20:18). Ягон аъзои Ҳайати роҳбарикунанда фикр намекунад, ки аз дигаре муҳимтар аст, барои ҳамин ҳар сол онҳо барои назорат кардани кумитаҳо ҷойи худро иваз карда меистанд (1 Пет. 5:1). Ягонтои онҳо худро раиси бародарон намеҳисобад, балки чун аҳли хонавода ба ғуломи мӯътамад итоат карда ғизои рӯҳонӣ мегирад.
«ҒУЛОМИ МӮЪТАМАД ВА ДОНО КИСТ?»
12. Дар бораи Ҳайати роҳбарикунанда кадом саволҳо пайдо мешаванд?
12 Ҳайати роҳбарикунанда аз тарафи Худо рӯъё намегирад ва нокомил аст. Барои ҳамин онҳо дар фаҳмиши таълимот ва дастурот ба хатогӣ роҳ дода метавонанд. Дар «Индекси адабиётҳои ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» (рус.) дар зери сарлавҳаи «Фаҳмиши аниқгаштаи Навиштаҳо» рӯйхати дигаргуниҳо оварда шудааст. Албатта, Исо нагуфт, ки ғуломи мӯътамад ғизои рӯҳонии комил медиҳад. Набошад, чӣ тавр ба саволи зерини Исо ҷавоб ёфта метавонем: «Ғуломи мӯътамад ва доно кист?» (Мат. 24:45). Чӣ исбот мекунад, ки Ҳайати роҳбарикунанда ин нақшро иҷро мекунад? Биёед се чизро дида бароем, ки дар асри як ҳайати роҳбарикунандаро роҳнамоӣ мекард.
13. Чӣ тавр рӯҳи муқаддас ба Ҳайати роҳбарикунанда ёрдам расонд?
13 Исботи рӯҳи муқаддас. Рӯҳи муқаддас ба Ҳайати роҳбарикунанда барои фаҳмидани ҳақиқате, ки пештар номаълум буд, ёрдам кард. Масалан, дар бораи рӯйхати дигаргуниҳое, ки дар сархати боло гуфта шуд, мулоҳиза ронед. Ягон инсон худаш «умқҳои Худоро» фаҳмида ва фаҳмонда наметавонад. (1 Қӯринтиён 2:10-ро хонед.) Ҳайати роҳбарикунанда бо суханони зерини Павлуси ҳавворӣ розӣ аст: «Инро на бо суханоне ки ҳикмати инсон таълим додааст, балки бо суханоне ки Рӯҳулқудс таълим додааст» (1 Қӯр. 2:13). Садсолаҳо пас аз паҳншавии осият ва зулмоти рӯҳонӣ танҳо бо кӯмаки рӯҳи муқаддас фаҳмиш оиди ҳақиқати Каломи Худо аз соли 1919 инҷониб афзоиш ёфта истодааст.
14. Мувофиқи Ваҳй 14:6, 7 чӣ тавр фариштагон халқи Худоро дастгирӣ карда истодаанд?
14 Исботи кӯмаки фариштагон. Ҳайати роҳбарикунанда имрӯз ӯҳдадории ҷиддӣ дорад. Онҳо бояд фаъолияти умумиҷаҳонии мавъизаи беш аз ҳашт миллион воизро назорат кунанд. Барои чӣ кори мавъиза натиҷаҳои хуб оварда истодааст? Яке аз сабабҳо иштироки фариштагон дар кори мавъиза мебошад. (Ваҳй 14:6, 7-ро хонед.) Бисёр вақт фариштагон воизонро ба хонаи онҳое равона мекунанд, ки навакак ба Худо дуо гуфта будандc. Нигоҳ накарда ба мухолифатҳо кори мавъиза ва шогирдсозӣ бо ёрдами фариштагон пеш рафта истодааст.
15. Ҳайати роҳбарикунанда аз дигар рӯҳониён бо чӣ фарқ мекунад? Мисол оред.
15 Роҳнамоии Каломи Худо. (Юҳанно 17:17-ро хонед.) Дар «Бурҷи дидбонӣ» (анг.), аз 1-уми июни соли 1973 саволи зерин муҳокима шуда буд: «Оё онҳое ки сигоркаширо бас накарданд, таъмид гирифта метавонанд?» Ҷавоб чунин буд, ки аз рӯи Навиштаҳо сигоркашон таъмид гирифта наметавонанд. Баъд аз иқтибос овардани якчанд оят дар «Бурҷи дидбонӣ» фаҳмонда шуда буд, ки чаро шахсе ки сигоркаширо бас намекунад, бояд аз ҷамъомад хориҷ шавад (1 Қӯр. 5:7; 2 Қӯр. 7:1). Ҳамчунин дар он гуфта шуда буд, ки ин талаботи одамизод не, балки «талаботи Худо мебошад». Оё ягон ташкилоти диние вуҷуд дорад, ки ба душворӣ нигоҳ накарда пурра аз рӯи Каломи Худо зиндагӣ кунад? Дар китобе оиди дин дар ИМА навишта шудааст: «Роҳбарони дини масеҳӣ доимо таълимоти худро дигар карда меистанд, то ки он ба ақидаву эътиқоди аъзоёнашон ва одамон мувофиқат кунад». Ҳайати роҳбарикунанда бошад, аз рӯи хости одамон кор намекунад. Ба ҷойи ин онҳо роҳнамоии Китоби Муқаддасро меҷӯянд, ки ин исботи мекунад, ки Худо халқашро роҳнамоӣ мекунад.
ОНҲОЕРО КИ РОҲБАРИРО БА ӮҲДА ДОРАНД, «ДАР ХОТИР НИГОҲ» ДОРЕД
16. Чӣ тавр мо Ҳайати роҳбарикунандаро «дар хотир нигоҳ» дошта метавонем?
16 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «онҳоеро ки роҳбариро ба ӯҳда доранд... дар хотир нигоҳ доред» (Ибр. 13:7, ТДН). Чӣ тавр мо онҳоро «дар хотир нигоҳ дошта» метавонем? Масалан, вақте мо дар ҳаққи Ҳайати роҳбарикунанда дуо мегӯем (Эфс. 6:18). Лаҳзае тасаввур кунед, ки то чӣ андоза ӯҳдадориҳои онҳо бисёр аст: онҳо моро бо ғизои рӯҳонӣ таъмин мекунанд, барои кори умумиҷаҳонии мавъиза дастурот медиҳанд ва кӯшиш мекунанд, ки пули хайрияро оқилона истифода баранд. Албатта, онҳо мӯҳтоҷанд, ки мо ҳар рӯз дар бораашон дуо гӯем.
17, 18. а) Чӣ тавр бо Ҳайати роҳбарикунанда ҳамкорӣ карда метавонем? б) Чаро мо бояд дар кори мавъиза бо ҷидду ҷаҳд иштирок кунем?
17 Албатта, мо Ҳайати роҳбарикунандаро на танҳо дар сухан, балки бо рафторамон дар хотир нигоҳ дошта метавонем. Ҳайати роҳбарикунанда ба воситаи адабиёт, ҷамъомадҳо ва анҷуманҳо ба мо дастурот медиҳад. Ғайр аз ин Ҳайати роҳбарикунанда нозирони ноҳиявиро таъйин мекунад, ки онҳо дар навбати худ пирони ҷамъомадро таъйин мекунанд. Нозирони ноҳиявӣ ва пирони ҷамъомад ба дастуроти Ҳайати роҳбарикунанда итоат карда ҳамин тавр онҳоро дар хотир нигоҳ медоранд. Агар мо ҳам ба мардоне ки моро роҳнамоӣ мекунанд, итоат кунем, ба Роҳбари худ — Исо эҳтиром нишон медиҳем (Ибр. 13:17).
18 Роҳи дигари «дар хотир нигоҳ» доштани Ҳайати роҳбарикунанда ин бо ҷидду ҷаҳд дар кори мавъиза иштирок кардан аст. Павлус масеҳиёнро барангехт, то ба имони онҳое ки роҳбариро ба ӯҳда мегиранд, тақлид намоянд. Ҳайати роҳбарикунанда дар паҳншавии хушхабар саҳми худро гузошта нишон медиҳад, ки имони қавӣ дорад. Оё мо онҳоро дар ин кор дастгирӣ мекунем? Агар ҳа, пас суханони зерини Исо моро хурсанд мекунанд: «Он чи ба яке аз ин бародарони хурдтарини Ман кардаед, ба Ман кардаед» (Мат. 25:34–40).
19. Чаро шумо бо қатъият ба Исо пайравӣ мекунед?
19 Ҳарчанд Исо ба осмон баргашта бошад ҳам, пайравонашро тарк накард (Мат. 28:20). Ҳангоми дар замин будан Исо ҳис кард, ки чӣ тавр рӯҳи муқаддас, фариштагон ва Каломи Худо ба ӯ кӯмак карданд. Барои ҳамин имрӯз ҳам Исо ба воситаи ин се чиз ба ғуломи мӯътамад ёрдам мекунад. Ин масеҳиёни тадҳиншуда «ҳар куҷо Барра равад, аз ақибаш мераванд» (Ваҳй 14:4). Агар мо ба дастуроти онҳо итоат кунем, он гоҳ ба Роҳбари худ, Исо итоат мекунем. Ба қарибӣ ӯ ба мо ёрдам мекунад, ки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шавем (Ваҳй 7:14–17). Ягон роҳбар ин гуна ҳаётро ба мо ваъда карда наметавонад.
a Яҳува ният дошт, ки дувоздаҳ ҳавворӣ «дувоздаҳ таҳкурсӣ»-и Ерусалими Навро ташкил диҳанд (Ваҳй 21:14). Барои ҳамин лозим набуд, ки баъд аз марги ягон ҳаввории содиқ ба ҷояш дигар касро интихоб кунанд.
b Аз соли 1955 сар карда ин ҷамъият чун Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Китоби Муқаддас ва рисолаҳо (Пенсилвания) шинохта мешавад.
c Ба китоби «Дар бораи Салтанати Худо ба таври пурра шаҳодат медиҳем» (рус.), саҳ. 58, 59 нигаред.