Ба Яҳува аз ҷону дил қурбониҳо оред
«Ҳар он чи мекунед, аз ҷону дил ба ҷо оваред, мисли он ки барои Худованд бошад» (ҚӮЛ. 3:23).
1–3. а) Оё фидияи қурбонии Исо маънои онро дорад, ки Яҳува дигар аз мо ҳеҷ гуна қурбонӣ талаб намекунад? Фаҳмонед. б) Дар бораи қурбониҳои имрӯза кадом савол ба миён меояд?
ДАР асри яки эраи мо Яҳува ба халқаш ошкор намуд, ки фидияи қурбонии Исо Қонуни Мусоро бекор кард (Қӯл. 2:13, 14). Ҳамаи қурбониҳое, ки яҳудиён дар давоми садсолаҳо меоварданд, дигар лозим набуданд ва акнун ягон арзише надоштанд. Қонун чун «асокаши [роҳнамои] мо сӯи Масеҳ» иҷрои вазифаи худро тамом кард (Ғал. 3:24).
2 Ин маънои онро надорад, ки акнун овардани қурбониҳо ба масеҳиён дахле надорад. Баръакс, Петруси ҳавворӣ гуфт, ки мо бояд «қурбониҳои рӯҳонии мақбули Худоро ба василаи Исои Масеҳ тақдим» кунем (1 Пет. 2:5). Ҳамчунин, Павлуси ҳавворӣ равшан қайд кард, ки ҳар як ҷониби ҳаёти масеҳие, ки худро ба Худо бахшидааст, ба «қурбонӣ» монанд аст (Рум. 12:1).
3 Пас, масеҳӣ вақте ки чизеро ба Яҳува медиҳад ё барои хизмати Ӯ аз чизе даст мекашад, вай бо ин ба Ӯ қурбонӣ меорад. Дар замони пеш оиди қурбониҳои исроилиён талаботҳои муайян вуҷуд доштанд. Бо назардошти он талаботҳо чӣ тавр мо боварӣ ҳосил карда метавонем, ки қурбониҳои имрӯзаи мо ба Яҳува маъқуланд?
ДАР ҲАЁТИ ҲАРРӮЗА
4. Ҳангоми кардани корҳои ҳаррӯзаамон мо бояд чиро дар ёд дорем?
4 Вақте ки мо бо корҳои ҳаррӯзаи худ машғул мешавем, шояд онҳоро бо овардани қурбонӣ алоқаманд кардан бароямон душвор бошад. Кор, мактаб, корҳои хона, бозорравӣ ва ғайра мумкин дар назари аввал аз корҳои рӯҳонӣ дур тобанд. Лекин, агар шумо ҳаётатонро ба Яҳува бахшида бошед ё ояндаи наздик ин корро кардан мехоҳед, бо кадом рӯҳия кардани корҳои ҳаррӯзаатон аҳамияти муҳим дорад. Мо шабу рӯз, дар давоми 24 соат, масеҳӣ ҳастем. Ба мо лозим аст, ки принсипҳои Навиштаҳоро дар тамоми ҷонибҳои ҳаётамон ба кор барем. Барои ҳамин, Павлус моро ташвиқ мекунад: «Ҳар он чи мекунед, аз ҷону дил ба ҷо оваред, мисли он ки барои Худованд бошад, на барои одамон». (Қӯлассиён 3:18–24-ро бихонед.)
5, 6. Ба тарзи либоспӯшиву рафтори ҳаррӯзаи мо кадом фикрҳо бояд таъсир кунанд?
5 Корҳои ҳаррӯзаи мо қисми хизмати муқаддаси мо нестанд. Вале, азбаски Павлус гуфт, ки мо ҳар корро «аз ҷону дил... барои Худованд» кунем, ин бояд моро барангезад, ки дар бораи тамоми тарзи ҳаётамон фикр кунем. Шахсан мо ин насиҳатро чӣ тавр ба кор бурда метавонем? Оё тарзи рафтор ва либоспӯшии мо ҳамеша ҳамон тавр аст, ки масеҳиён бояд дошта бошанд? Ё дар вақти бо корҳои ҳаррӯза машғул шудан мо аз сабаби либос ё рафтори ношоистаи худ шарм медорем, ки худамонро чун Шоҳиди Яҳува шиносонем? Бигзор ҳаргиз чунин нашавад! Хизматгорони Яҳува ҳеҷ гоҳ намехоҳанд, ки бо ягон корашон ба номи Ӯ доғ оранд (Иш. 43:10; 2 Қӯр. 6:3, 4, 9).
6 Биёед дида бароем, ки чӣ тавр хоҳиши ҳама корро «аз ҷону дил... барои Худованд» кардан ба якчанд ҷониби ҳаёти мо таъсир мекунад. Дар давоми муҳокима дар хотир доред, ки исроилиён аз чизҳои доштаашон бояд чизи беҳтаринро ба Яҳува қурбонӣ меоварданд (Хур. 23:19).
ЧӢ ТАВР ИН БА ҲАЁТИ ШУМО ТАЪСИР МЕКУНАД
7. Ба Худо бахшидани ҳаёти худ чиро дар бар мегирад?
7 Вақте ки шумо ҳаётатонро ба Яҳува бахшидед, шумо инро бе дудилагӣ кардед, оё ҳамин тавр нест? Бо ин шумо гӯё гуфтед, ки дар ҳамаи ҷонибҳои ҳаётатон Яҳуваро дар ҷои аввал мегузоред. (Ибриён 10:7–ро бихонед.) Он қарори шумо қарори хубе буд. Бешубҳа шумо дидед, ки вақте ки дар чизе иродаи Яҳуваро дар ҷои аввал гузоштеду мувофиқи он амал кардед, натиҷаи хуб ба даст омад (Иш. 48:17, 18). Халқи Худо муқаддас ва хушбахт аст, зеро хислатҳое Шахсеро, ки онро дастур медиҳад, инъикос мекунад (Ибд. 11:44; Заб. 103:31).
8. Он ки Яҳува қурбониҳои замони қадимро муқаддас меҳисобид, барои мо чӣ аҳамият дорад?
8 Қурбониҳое, ки исроилиён ба Яҳува меоварданд, чизи муқаддас ҳисоб меёфтанд (Ибд. 6:25; 7:1). Калимаи иброние, ки «муқаддас» ё «қудс» тарҷума шудааст, маънои чизи барои Худо ҷудокардашуда, интихобшуда ва бахшидашударо дорад. Агар мо хоҳем, ки қурбониҳои мо ба Яҳува маъқул шаванд, мо бояд аз таъсироти чизҳои нопоки ҷаҳон худро дур гирем. Мо наметавонем ягон чизеро дӯст дорем, ки Яҳува аз он нафрат дорад. (1 Юҳанно 2:15–17-ро бихонед.) Маънои ин равшан аст, ки мо бояд аз ҳар кас ва ҳар чизе, ки алоқамандӣ бо он моро дар назари Худо нопок месозад, канорагирӣ кунем (Иш. 2:4; Ваҳй 18:4). Ин ҳамчунин маънои онро дорад, ки мо назари худро ба чизҳои нопок ё бадахлоқона нигоҳ намедорем ё дар бораи онҳо фикру хаёл намекунем (Қӯл. 3:5, 6).
9. Тарзи ба дигарон муносибат кардани мо то чӣ андоза муҳим аст ва чаро?
9 Павлус ҳамимононро ташвиқ кард: «Инсондӯстӣ [«некӯкорӣ», ТФ] ва саховатро аз хотир набароред, зеро ки ин гуна қурбониҳо ба Худо писанд меояд» (Ибр. 13:16). Пас, агар мо доимо нек бошем ва ба дигарон некӣ кунем, Яҳува ба корҳои мо чун ба қурбонии ба Ӯ маъқул менигарад. Ғамхории меҳрубонона нисбати дигарон хусусияти фарқкунандаи масеҳиёни ҳақиқӣ аст (Юҳ. 13:34, 35; Қӯл. 1:10).
ҚУРБОНИҲО ДАР ИБОДАТ
10, 11. Яҳува ба хизмати мавъиза ва ибодати мо чӣ гуна менигарад ва ин бояд ба мо чӣ тавр таъсир расонад?
10 Яке аз роҳҳои муҳиме, ки мо чун масеҳиён ба дигарон некӣ мекунем, ин «эътирофи умеди худ», яъне мавъиза аст. Оё шумо барои шаҳодат додан ҳар як имкониятро истифода мебаред? Павлус ин кори муҳими масеҳиро «қурбонии шукрона» номид. Яъне бо овардани қурбонии шукрона, мо «самараи лабҳоеро, ки ба исми [Худо] ҳамду сано мехонанд», ба Ӯ тақдим менамоем (Ибр. 10:23; 13:15; Ҳуш. 14:2). Дар бораи миқдор ва сифати вақте ки мо дар мавъизаи хушхабари Салтанат сарф мекунем, бисёр гап задан мумкин аст. Ва дар қисми зиёди вохӯрии хизматӣ мо дар ин бора бисёр мешунавем. Лекин кӯтоҳ карда гӯем, хизмати мавъиза ва шаҳодатдиҳии ғайрирасмӣ «қурбонии шукрона» ва қисми ибодати моянд. Аз ин рӯ, миқдор ва сифати ин қурбонӣ бояд беҳтарин бошад. Ҳарчанд вазъияту шароити ҳама гуногун аст, миқдори вақте ки мо ба эълон кардани хушхабар мебахшем, бисёр вақт нишондиҳандаи он аст, ки мо барои чизҳои рӯҳонӣ то чӣ андоза миннатдорем.
11 Масеҳиён мунтазам барои дар алоҳидагӣ ё ҳамроҳи дигарон ибодат кардан вақт ҷудо мекунанд. Инро Яҳува аз мо талаб мекунад. Рост аст, ки мо дигар рӯзи Шанберо риоя намекунем ва ба идҳои ҳарсола ба Ерусалим намеравем. Лекин чунин қоидаҳо, ки дар замони қадим риоя мешуданд, ба баъзе ҷиҳатҳои ҳаёти масеҳии мо монанданд. Худо то ҳол аз мо интизор мешавад, ки аз корҳои «мурда» канорагирӣ кунем ва Каломи Ӯро омӯзем, дуо гӯем ва ба вохӯриҳои масеҳӣ равем. Ва сарварони оилаҳои масеҳӣ вазифадоранд, ки бо аъзоёни хонаводаашон ибодати оилавӣ гузаронанд (1 Тас. 5:17; Ибр. 10:24, 25). Пас, хуб мебуд ки аз худ пурсем: «Оё ман метавонам сифати ибодати худро беҳтар гардонам?»
12. а) Дар замони қадим бухур сӯзондани хизматгорони Худоро имрӯз ба чӣ монанд кардан мумкин аст? б) Ин монандкунӣ ба дуоҳои мо бояд чӣ тавр таъсир расонад?
12 Шоҳ Довуд ба Яҳува месароид: «Бигзор дуоям ба ҳузури Ту мисли бухур мақбул афтад» (Заб. 140:2). Лаҳзае дар бораи дуоҳоятон фикр кунед — дар бораи мунтазамии онҳо ва сифати онҳо. Китоби Ваҳй «дуоҳои муқаддасон»–ро аз он ҷиҳат ба бухур монанд мекунад, ки дуоҳои ба Худо маъқул мисли бӯи хушу муаттар ба Ӯ рафта мерасанд (Ваҳй 5:8). Дар Исроили қадим бухуре, ки ба қурбонгоҳи Яҳува мунтазам сӯзонда мешуд, бояд бодиққат ва аз рӯи қоидаи муайян тайёр карда мешуд. Яҳува онро танҳо ҳамон вақт қабул мекард, ки агар он аз рӯи дастуроти додаи Ӯ тайёр шуда бошад (Хур. 30:34–37; Ибд. 10:1, 2). Агар дуоҳои мо низ бодиққат ва эҳтиромона гуфта шаванд, мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува онҳоро қабул мекунад.
ДОДАН ВА ГИРИФТАН
13, 14. а) Эпафрӯдитус ва ҷамъомади шаҳри Филиппӣ барои Павлус чӣ кор карданд ва ӯ ба ин чӣ гуна муносибат кард? б) Мо ба намунаи Эпафрӯдитус ва бародарони филиппӣ чӣ тавр пайравӣ карда метавонем?
13 Хайрияҳои пулиеро, ки барои дастгирии кори умумиҷаҳонӣ сарф мешаванд,— хоҳ онҳо зиёд бошанд хоҳ кам — ба қурбонӣ монанд кардан мумкин аст (Марқ. 12:41–44). Дар асри яки эраи мо ҷамъомади шаҳри Филиппӣ Эпафрӯдитусро ба Рум фиристоданд, то ӯ дар бораи ниёзҳои ҷисмонии Павлус ғамхорӣ кунад. Онҳо ҳамроҳи вай аз афташ ба Павлус маблағи пулиеро чун тӯҳфа аз ҷамъомад фиристоданд. Ин бори аввал набуд, ки филиппиён ба Павлус чунин саховатмандӣ зоҳир мекарданд. Бо ин кори некашон онҳо мехостанд, ки Павлусро аз душвориҳои пулӣ озод кунанд, то ӯ барои хизмат вақти бештар сарф карда тавонад. Павлус ба ин тӯҳфа чӣ гуна муносибат кард? Вай онро «бӯи муаттар,... қурбонии хуши писандидаи Худо» номид. (Филиппиён 4:15–19-ро бихонед.) Павлус дар ҳақиқат ба ин некии филиппиён миннатдор буд ва Яҳува низ инро қадр мекард.
14 Ба ин монанд, Яҳува хайрияҳоеро, ки мо барои кори умумиҷаҳонӣ мекунем, баланд қадр мекунад. Беш аз ин, Ӯ ваъда медиҳад, ки агар мо дар ҷои аввал гузоштани манфиати Салтанатро давом диҳем, Ӯ дар бораи ҳамаи ниёзҳои мо — ҳам рӯҳониву ҳам моддӣ ғамхорӣ мекунад (Мат. 6:33; Луқ. 6:38).
МИННАТДОРИАТОНРО НИШОН ДИҲЕД
15. Баъзе чизҳое, ки мо барои онҳо ба Яҳува миннатдор буда метавонем, кадоманд?
15 Барои номбар кардани ҳамаи чизҳое, ки мо барояшон ба Яҳува миннатдорем, вақти хеле зиёд лозим мешуд. Оё дуруст нест, ки мо бояд ҳар рӯз ба Яҳува барои ба мо ҳаёт доданаш раҳмат гӯем? Ӯ ба мо ҳар чизи барои ҳаёт лозимаро медиҳад — хӯрок, либос, ҷои истиқомат ва ҳамчунин ҳар як нафасеро, ки мо мекашем. Беш аз ин, имони мо, ки бар дониши аниқ асос ёфтааст, ба мо умед мебахшад. Кӣ будани Яҳува ва корҳои барои мо кардаи Ӯ аллакай асос мебахшанд, ки мо Ӯро ибодат кунем ва ба Ӯ қурбониҳои шукрона орем. (Ваҳй 4:11–ро бихонед.)
16. Барои қурбонии фидияи Масеҳ мо чӣ тавр миннатдорӣ нишон медиҳем?
16 Чӣ хеле ки аз мақолаи гузашта дидем, яке аз атоҳои бузургтарини Яҳува барои инсоният ин фидияи қурбонии Исои Масеҳ аст. Бо воситаи он Яҳува ба мо муҳаббаташро ба таври беҳамто зоҳир кардааст (1 Юҳ. 4:10). Чӣ тавр мо ба ин атои Ӯ ба таври лозима миннатдорӣ нишон дода метавонем? Павлус гуфт: «Муҳаббати Масеҳ моро водор менамояд, ки чунин муҳокима ронем: Яке барои ҳама мурд... ва Ӯ барои ҳама мурд, то ки зиндаҳо акнун на аз барои худашон зиндагӣ кунанд, балки барои Ӯ, ки аз барои онҳо мурд ва эҳё шуд» (2 Қӯр. 5:14, 15). Дар асл Павлус гуфтанӣ буд, ки агар мо дар ҳақиқат ба меҳрубонии носазовори Худо миннатдор бошем, мо ҳаётамонро барои ҷалол додани Ӯ ва Писараш истифода хоҳем бурд. Муҳаббат ва миннатдориамонро нисбати Худо ва Масеҳ мо бо итоаткории худ ва бо хоҳиши мавъиза кардан ва шогирд сохтан нишон дода метавонем (1 Тим. 2:3, 4; 1 Юҳ. 5:3).
17, 18. Бо кадом роҳ баъзеҳо қурбониҳои шукронаашонро ба Яҳува зиёдтар гардонданд? Мисол оред.
17 Оё шумо имконият доред, ки сифати қурбониҳои шукронаатонро, ки ба Худо меоред, беҳтар гардонед? Мулоҳиза оиди ҳамаи он корҳое, ки Яҳува барояшон кардааст, бисёриҳоро барангехт, ки вақт ва корҳои шахсиашонро тавре ба нақша гиранд, ки дар мавъиза ё дигар корҳои теократӣ бештар иштирок кунанд. Баъзеҳо тавонистанд, ки дар давоми сол як моҳ ё зиёдтар чун пешрави ёвар хизмат кунанд; дигарон бошанд тавонистанд, ки ба қатори пешравони доимӣ ҳамроҳ шаванд. Баъзеи дигар дар сохтмони биноҳое, ки барои ибодати Яҳува истифода мешаванд, иштирок мекунанд. Оё ин роҳҳои олиҷаноби нишон додани миннатдорӣ нест? Агар ин корҳо бо нияти дуруст — барои нишон додани миннатдориву сипосгузорӣ карда шаванд, пас Худо чунин хизмати муқаддасро қабул мекунад.
18 Дили бисёр масеҳиён онҳоро барангехт, ки ба Яҳува миннатдориашонро нишон диҳанд. Яке аз чунин шахсон Морена мебошад. Ин зан ба саволҳои рӯҳонии худ аз дини католикӣ, ки дар он ба воя расида буд ва аз фалсафаи шарқӣ ҷавоб меҷуст. Вале аз ягонтои онҳо ӯ ҷавоби қонеъкунанда наёфт. Танҳо баъди он ки вай бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард, ташнагии рӯҳониаш қонеъ шуд. Ҷавобҳои аниқе, ки Морена ба ҳамаи саволҳояш аз Навиштаҳо ёфт ба ҳаёти вай оромӣ ва қаноатмандӣ бахшиданд. Ӯ барои ҳамаи ин аз Яҳува чунон миннатдор буд, ки хост тамоми қувваташро барои хизмати Ӯ сарф кунад. Даррав баъди таъмид ӯ мунтазам чун пешрави ёвар хизмат карданро сар кард ва ҳамин ки шароиташ имкон дод, пешрави доимӣ гашт. Ҳоло аз он вақт 30 сол гузаштааст ва Морена то ҳол ба Яҳува пурравақт хизмат мекунад.
19. Чӣ тавр шумо метавонистед қурбониҳоятонро ба Яҳува зиёд гардонед?
19 Албатта, ба бисёр хизматгорони содиқи Яҳува шароиташон имкон намедиҳад, ки чун пешрав хизмат кунанд. Кадом кореро, ки мо дар хизмати Яҳува накунем, ҳамаи мо қурбониҳои рӯҳонии ба Ӯ писандро оварда метавонем. Масалан, бо рафтор — мо бояд бодиққат принсипҳои одилонаи Яҳуваро риоя кунем ва дар ёд дорем, ки дар ҳама маврид Худоро намояндагӣ мекунем. Бо имон — мо пурра ба иҷрошавии ваъдаҳои Худо бовар мекунем. Бо корҳои нек — мо ба паҳн шудани хушхабар ёрӣ медиҳем. Аз пурии дил ва аз миннатдорӣ барои ҳамаи он чизе ки Яҳува бароямон кардааст, биёед аз ҷону дил ба Ӯ овардани қурбониҳоро давом диҳем.
[Тасвир дар саҳифаи 25]
Оё некии Яҳува шуморо бармеангезад, ки сифати қурбонии шукронаатонро беҳтар гардонед?
[Тасвир дар саҳифаи 23]
Оё шумо барои шаҳодат додан ҳар як имкониятро истифода мебаред?