Боби се
Ба Каломи Худо маҳкам бичаспед
1. a) Чӣ гуна исроилиёни қадим шоҳиди ҳақ баромадани суханони Худо гардиданд? б) Ин ахборот барои мо чӣ аҳамияте дорад?
«БО ТАМОМИ дили худ ва бо тамоми ҷони худ дарк намоед, ки як сухан ҳам аз ҳамаи қавлу ваъдаҳое ки Худованд Худои шумо дар ҳаққи шумо додааст, зоеъ нарафтааст; ҳамааш барои шумо ба амал омадааст» (Еҳушаъ 23:14–16). Ин суханонро Еҳушаъ ба пирони Исроил, пас аз он ки онҳо дар замини ваъдашуда сокин шуданд, гуфта буд. Бале, тамоми ваъдаҳое, ки Яҳува ба исроилиён дода буд, ба пуррагӣ иҷро шуданд. Ҳоло ин ва дигар ахбороти Китоби Муқаддас ба мо ёрӣ медиҳанд, ки «умедвор бошем» (Румиён 15:4).
2. a) Ба кадом маъно Китоби Муқаддас «аз рӯи илҳоми илоҳист»? б) Донистани он ки Китоби Муқаддас аз рӯи илҳоми илоҳӣ навишта шудааст, моро ба чӣ вазифадор мекунад?
2 Гарчанд Китоби Муқаддасро тақрибан 40 нафар навиштаанд, муаллифи он Яҳува мебошад. Оё гуфтан мумкин аст, ки Китоби Муқаддас пурра таҳти роҳбарии Худо навишта шудааст? Албатта. Ӯ ин корро тавассути рӯҳулқудси пуриқтидори худ, яъне нерӯи фаъолаш ба амал овардааст. Дар ин бора Павлуси расул гуфта буд: «Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист... то ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад». Одамоне ки ба ростии ин суханон боварӣ ҳосил намудаанд, ба Китоби Муқаддас гӯш дода, мувофиқи таълимоти он зиндагӣ мекунанд (2 Тимотиюс 3:16, 17; 1 Таслӯникиён 2:13).
Дар фаҳмидан ва қадр намудани Китоби Муқаддас ба дигарон кӯмак расонед
3. Беҳтарин тарзи кӯмак ба одамоне, ки Китоби Муқаддасро Каломи Худо намешуморанд, кадом аст?
3 Аксар одамоне, ки бо онҳо ҳамсӯҳбат мешавем, Китоби Муқаддасро Каломи Худо намешуморанд. Чӣ гуна мо метавонем ба онҳо кӯмак расонем? Одатан, беҳтарин роҳ ин аст, ки Китоби Муқаддасро кушода, ба онҳо нишон диҳем, ки дар он чӣ гуфта шудааст. «Каломи Худо зинда ва таъсирбахш ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст... ва андеша ва ниятҳои дилро месанҷад» (Ибриён 4:12). «Каломи Худо» таърихи мурда нест — он зинда аст! Ваъдаҳои Китоби Муқаддас бетаъхир рӯ ба иҷрошавианд. Суханони Китоби Муқаддас ба дили одам назар ба ҳама гуна суханони мо таъсири бештаре мерасонанд.
4. Фаҳмонидани кадом ҳақиқатҳои Калом муносибати бисёр одамонро нисбати он дигар кардааст ва чаро?
4 Бисёр одамон номи Худоро дар Китоби Муқаддас дида, хоҳиш пайдо карданд, ки онро чуқуртар тадқиқ намоянд. Дигаронро ба омӯзиши Калом он ҷалб намуд, ки ба онҳо аз Китоби Муқаддас нишон доданд, ки маънии ҳаёт дар чист, чаро Худо ба бадӣ роҳ медиҳад, воқеаҳои имрӯза аз чӣ шаҳодат медиҳанд ва чӣ гуна умед ба ҳаёти ҷовидона дар замини биҳиштӣ ваъда карда шудааст. Дар баъзе ҷойҳо урфу одатҳои динӣ сабаби он мегарданд, ки арвоҳи шарир одамонро азоб медиҳанд, вале ҳангоме ки онҳо аз Китоби Муқаддас сабаби чунин азоб ва роҳи аз ин ҳолат халосӣ ёфтанро мефаҳманд, ба омӯхтани он шавқ пайдо мекунанд. Чаро ин гуна мавзӯъҳо диққати одамони самимиро ба Китоби Муқаддас ҷалб менамоянд? Чунки танҳо дар он ба ин қабил саволҳои муҳим ҷавоб ёфтан мумкин аст (Забур 118:130).
5. а) Чӣ метавонад сабаби ба Китоби Муқаддас боварӣ надоштани одамон бошад? б) Чӣ гуна мо метавонем ба чунин касон ёрӣ диҳем?
5 Вале агар одамон ба Китоби Муқаддас боварӣ надоштанашонро ба мо иброз намоянд–чӣ? Оё бо ин сӯҳбатамон бояд хотима ёбад? Албатта не, агар он одамон ба мулоҳиза рондан тайёр бошанд. Шояд онҳо Китоби Муқаддасро китоби ҷаҳони масеҳият шуморанд ва аз сабаби дурӯягӣ, дахолат ба сиёсат ва ҳамчунин пулталабии рӯҳониёни ба ном масеҳӣ нисбати Калом назари манфӣ дошта бошанд. Фикри ҳамсӯҳбатамонро доир ба ин мавзӯъ пурсида, метавонем нишон диҳем, ки дар Калом корҳои ҷаҳони масеҳӣ маҳкум карда шудаанд. Дар баробари ин, фаҳмондани фарқият байни масеҳиёни ҳақиқӣ ва ҷаҳони масеҳият метавонад шавқи онҳоро нисбати Калом бедор созад (Мико 3:11, 12; Матто 15:7–9; Яъқуб 4:4).
6. a) Чӣ шуморо бовар мекунонад, ки Китоби Муқаддас Каломи Худост? б) Барои он ки дигарон аз ҷониби Худо будани Китоби Муқаддасро фаҳмида тавонанд, боз чӣ гуна далелҳо овардан мумкин аст?
6 Ба дигарон бошад, овардани далелҳои саҳеҳ оиди илоҳӣ будани Китоби Муқаддас метавонад муфид бошад. Шахсан шуморо чӣ бовар мекунонад, ки Китоби Муқаддас аз ҷониби Худост? Шояд он чизе ки худи Китоби Муқаддас оиди навишта шуданаш мегӯяд? Ё ин ки нубувватҳои сершумори он, ки бо тамоми тафсилот ояндаро пешгӯӣ мекунанд ва аз ин рӯ наметавонанд аз тарафи инсон навишта шуда бошанд? (2 Петрус 1:20, 21). Ё мувофиқати ҳайратангези мавзӯъҳои ин китоб, бо вуҷуди он ки онро 40 одам дар муддати тақрибан 1600 сол навиштаанд? Шояд саҳеҳияти илмиаш, ки бо ин аз дигар навиштаҳои он замона афзалият дорад? Ё худ ростгӯиву самимияти нависонандагони он? Ва ё ба кӯшишҳои зиёди несту нобуд сохтани он нигоҳ накарда, боқӣ монданаш? Он далелҳое, ки барои шумо боварибахш мебошанд, метавонанд ба дигарон низ кӯмак расонандa.
Чаро хониши Китоби Муқаддас муҳим аст
7, 8. a) Барои чӣ Китоби Муқаддас ба мо дода шудааст? б) Ғайр аз омӯзиши шахсии Калом боз чӣ ба мо зарур аст? в) Чӣ тавр шумо бо ниятҳои Яҳува шинос гаштед?
7 Ғайр аз он ки мо ба дигарон дар эътимод овардан ба Китоби Муқаддас кӯмак мекунем, ба худи мо низ хониши мунтазами он зарур аст. Оё шумо барои ин вақт ҷудо мекунед? Китоби Муқаддас назар ба ҳама китобҳои дигар аҳамияти зиёдтаре дорад. Вале танҳо хониши мустақилонаи он барои мо кифоя нест. Дар Навиштаҳо таъкид карда мешавад, ки ҷамъомади худро тарк нанамоем. Фикр карданамон нодуруст мебуд, ки мо мустақилона ба ҳамаи саволҳо ҷавоб ёфта метавонем. Ҳам омӯзиши шахсӣ ва ҳам иштироки мунтазам дар ҷамъомадҳои халқи Худо ба мо кӯмак мекунанд, то масеҳии хирадманд гардем (Ибриён 10:24, 25).
8 Биёед дида бароем, ки дар Каломи Худо дар бораи шахси олимансаби ҳабашие, ки китоби Ишаъёи набиро мехонд, чӣ гуфта шудааст. Мувофиқи нишондоди фариштаи Худо башоратгари масеҳӣ Филиппус аз марди ҳабашӣ пурсид: «Оё мефаҳмӣ он чиро, ки мехонӣ?» Ҳабашӣ фурӯтанона ҷавоб дод: «Чӣ гуна фаҳмида метавонам, агар касе ба ман роҳнамоӣ накунад?» Сипас ӯ аз Филиппус хоҳиш намуд, то порчаеро, ки аз Навиштаҳо мехонд, ба ӯ бифаҳмонад. Гарчанде Филиппус Китоби Муқаддасро мустақилона мехонд, ӯ Каломи Худоро аз рӯи тафсироти шахсиаш намефаҳмонид. Баръакс, ӯ бо созмони заминии Худо робитаи наздик дошт ва аз таълиме, ки Яҳува ба воситаи ин созмон фароҳам меовард, хуб воқиф буд. Аз ин рӯ, Филиппус тавонист ба он марди ҳабашӣ дар дуруст фаҳмидани Калом кӯмак расонад (Аъмол 6:5, 6; 8:5, 26–35). Имрӯз низ ҳеҷ кас наметавонад худ дар алоҳидагӣ фаҳмиши дурусти ниятҳои Яҳуваро пайдо кунад. Бинобар ин ҳамаи мо ба кӯмаке, ки Яҳува ғамхорона ба воситаи созмони заминиаш мерасонад, эҳтиёҷмандем.
9. Кадом барномаи хониши Китоби Муқаддас барои ҳамаи мо метавонад манфиатовар бошад?
9 Созмони Яҳува ба воситаи нашрияҳои гуногун маводи рӯҳонии олиҷаноберо ба мо фароҳам меоварад ва бо ин дар фаҳмиши Калом ба мо мадад мерасонад. Илова бар ин, дар тамоми ҷамъомадҳои Шоҳидони Яҳува аз рӯи барномаи Мактаби таълими мавъиза хониши мунтазами Китоби Муқаддас ба роҳ монда шудааст. Омӯзиши шахсии Калом низ барои мо манфиати хеле зиёд хоҳад овард (Забур 1:1–3; 18:8, 9). Бинобар ин саъю кӯшиш намоед, ки онро мунтазам бихонед. Ҳатто агар тамоми гуфтаҳои Калом ба шумо пурра фаҳмо набошанд ҳам, пайдо кардани маълумоти умумӣ оиди он аллакай фоидаи зиёде хоҳад овард. Масалан, агар ҳар рӯз аз Китоби Муқаддас панҷ–шаш саҳифа хонед, тақрибан дар муддати як сол метавонед хондани онро ба итмом расонед.
10. a) Барои хониши Китоби Муқаддас шумо кадом вақтро ҷудо мекунед? б) Китоби Муқаддасро ҳамроҳи кӣ хондан мумкин аст ва чаро мунтазам хондани он зарур аст?
10 Чӣ тавр шумо метавонед барои хониши Китоби Муқаддас вақт ҷудо кунед? Агар дар як рӯз барои хониш ақаллан 10–15 дақиқа ҷудо кунед, аллакай фоидаи зиёде хоҳед гирифт. Агар ин бароятон душвор бошад, метавонед нақшаи хониши якҳафтаинаро тартиб диҳед ва сипас мувофиқи он амал кунед. Агар оиладор бошед, шумо ва ҳамсаратон метавонед Каломро барои якдигар хонед ва аз ин ҳаловат баред. Фарзандон низ метавонанд дар хондани Китоби Муқаддас бо навбат иштирок кунанд. Хониши Калом мисли истеъмоли ғизо бояд барои мо талаботи ҳаррӯза бошад. Ба ҳама аён аст, ки мунтазам истеъмол накардани ғизои солим ба саломатии инсон зарар мерасонад. Ба монанди ин рӯҳан солим буданамон ва дар навбати худ ҳаёти ҷовидониамон, аз ҳамарӯза қабул кардани «ҳар калимае ки аз даҳони Худо» мебарояд, вобастагӣ дорад (Матто 4:4).
Мақсад аз хондани Китоби Муқаддас
11. Мақсади мо аз хондани Китоби Муқаддас бояд дар чӣ бошад?
11 Мақсади мо аз хондани Китоби Муқаддас бояд дар чӣ бошад? Ҳадафи мо танҳо хонда баромадани якчанд саҳифаи муайян нест, балки мо мехоҳем Худоро беҳтар шиносем, чунки бо ин роҳ метавонем муҳаббатамонро нисбати Ӯ афзун гардонем ва Ӯро ба таври мақбул ибодат намоем (Юҳанно 5:39–42). Муносибати мо ба хондани Китоби Муқаддас бояд мисли муносибати таронасаро бошад, ки гуфтааст: «Роҳҳои худро, эй Худованд, ба ман маълум намо, тариқҳои Худро ба ман таълим деҳ» (Забур 24:4).
12. a) Чаро гирифтани «дониши дақиқ» зарур аст ва аксар вақт барои ба даст овардани он чӣ кӯшишҳое ба харҷ додан лозим меояд? б) Бо истифода аз кадом чор нукта метавонем он чизеро ки аз Китоби Муқаддас хондем, самаранок таҳлил намоем? (Дар саҳифаи 30 ба чорчӯба нигаред.) в) Ба саволҳои сатр ҷавоб дода, нишон диҳед, ки чӣ тавр аз ин чор нукта истифода бурдан мумкин аст. Оятҳоеро, ки қайд гардидаанд, вале матнашон оварда нашудааст, дида бароед.
12 Азбаски моро Худо таълим медиҳад, мо бояд кӯшиш кунем, ки «дониши дақиқ» бигирем. Чунки бе дониши дақиқ мо наметавонем гуфтаҳои Каломро дар ҳаёти худ татбиқ намоем ва онро ба дигарон дуруст бифаҳмонем (Қӯлассиён 3:10, ТДН; 2 Тимотиюс 2:15). Барои гирифтани дониши дақиқ бодиққат хондани Навиштаҳо зарур аст. Дар мавриди нофаҳмо будани ягон ҷои Китоби Муқаддас шояд якчанд бор хондани он дуруст мебуд. Инчунин оиди маводи хондаамон мулоҳиза рондан ва аз паҳлӯҳои гуногун онро дида баромадан ба мо манфиати зиёде хоҳад овард. Чор нуктае, ки дар саҳифаи 30 қайд гардидаанд, ба мо дар мулоҳиза кардан ёрӣ хоҳанд дод. Бо кӯмаки ин нуктаҳо мо метавонем порчаи хондаамонро аз ҳар тараф таҳлил намоем. Ҳангоми ба саволҳои зерин ҷавоб додан, шумо дида метавонед, ки чӣ тавр бо истифодаи ин чор нукта мулоҳиза рондан мумкин аст.
1. Аксар вақт порчаи Навиштаҳои Муқаддасро хонда, мо бо шахсияти Яҳува бештар шинос мегардем. Масалан, аз Забур 138:13, 14 мо мефаҳмем, ки то чӣ андоза Худо ба кӯдаки ҳанӯз тавлиднаёфта таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд: «Ту... маро дар батни модарам тарҳ афкандаӣ. Туро ҳамд хоҳам гуфт барои он ки ба таври хеле аҷоиб офарида шудаам: аъмоли ту аҷоиб аст, ва ҷонам инро нағз медонад». То чӣ андоза Яҳува ҳама чизро аҷоиб офаридааст! Тарзи сохта шуданамон шаҳодати он аст, ки Ӯ нисбати мо муҳаббати бузург дорад.
Чуноне ки аз Юҳанно 14:9, 10 бармеояд, тарзи бо одамон муомила кардани Исоро хонда, мо аз чӣ гуна амал намудани худи Яҳува хабардор мегардем. Бо назардошти ин, аз воқеаҳои дар Луқо 5:12, 13; 7:11–15 навишташуда мо чиро дар бораи Яҳува фаҳмида метавонем?
2. Андеша намоед, ки чӣ гуна порчаи хондаатон бо мавзӯи асосии Китоби Муқаддас пайвастагӣ дорад, яъне бо исботи ҳаққонияти ҳокимияти Яҳува ва тақдиси номи Ӯ тавассути Салтанат, ки ҳукмронаш Масеҳ, Насли ваъдашуда мебошад.
Чӣ гуна дар китоби Ҳизқиёл ва Дониёл мавзӯи асосии Китоби Муқаддас қайд карда шудааст? (Ҳизқиёл 38:21–23; Дониёл 2:44; 4:14; 7:9–14).
Чӣ тавр Китоби Муқаддас аниқ нишон медиҳад, ки Исои Масеҳ Насли ваъдашуда мебошад? (Ғалотиён 3:16).
Чӣ гуна дар китоби Ваҳй мавзӯи Салтанат ба авҷи худ мерасад? (Ваҳй 11:15; 12:7–10; 17:16–18; 19:11–16; 20:1–3; 21:1–5).
3. Аз худ бипурсед, ки чӣ тавр метавонед чизи хондаатонро дар ҳаёт истифода баред. Масалан, дар китобҳои Хуруҷ то Такрори Шариат дар бораи бадахлоқӣ ва ошӯбгарии исроилиён нақл карда мешавад. Мо медонем, ки чунин рафтори онҳо ба оқибати бад оварда расонд. Агар мо аз ин хулоса бароварда, ба рафтори бади исроилиён пайравӣ накунем, дили Яҳуваро шод хоҳем кард. «Ҳамаи ин ба онҳо чун тимсоле рӯй дод, ва барои тарбияти мо навишта шуд, ки охирзамон насиби мо гардидааст» (1 Қӯринтиён 10:11).
Нақли аз дасти Қобил кушта шудани Ҳобилро хонда, барои худ чӣ дарсе мегирем? (Ҳастӣ 4:3–12; Ибриён 11:4; 1 Юҳанно 3:10–15; 4:20, 21).
Оё маслиҳатҳое, ки дар Калом ба масеҳиёни умеди осмонидошта дода шудаанд, инчунин ба онҳое, ки умеди ҷовидона бар замин зистанро доранд, тааллуқ дошта метавонанд? (Ададҳо 15:16; Юҳанно 10:16).
Ҳатто агар мо дар ҷамъомади масеҳӣ фаъол бошем ҳам, чаро бояд кӯшиш кунем, ки насиҳатҳои аллакай бароямон шиноси Каломро ҳар чӣ бештар дар ҳаётамон истифода барем? (2 Қӯринтиён 13:5; 1 Таслӯникиён 4:1).
4. Андеша намоед, ки чӣ тавр аз чизи хондаатон истифода бурда, метавонед ба дигарон мадад расонед. Аксари одамон аз вазъи саломатии худ дар ташвишанд. Инро ба назар гирифта, мо метавонем ба онҳо аз Китоби Муқаддас нишон диҳем, ки Исо барои одамон чӣ карда буд ва дар оянда низ ҳамчун подшоҳи Салтанат дар миқёси калон чӣ хоҳад кард: «Мардуми бисёре назди Ӯ бо лангон, кӯрон, гунгон, маъюбон ва хеле беморони дигар [омаданд]... ва Ӯ онҳоро шифо дод» (Матто 15:30).
Аз воқеаи эҳё шудани духтари Ёир истифода бурда, киро дилбардорӣ карда метавонем? (Луқо 8:41, 42, 49–56).
13. Хондану омӯхтани Китоби Муқаддасро дар созмони Яҳува давом дода, мо чӣ самарае ба даст хоҳем овард?
13 Агар ҳангоми хониши Китоби Муқаддас аз рӯи чор нуктаи дар боло зикргардида мулоҳиза ронем, чӣ баракатҳои зиёде хоҳем ёфт! Албатта, хониши Калом заҳматталаб аст, вале фоидаи он якумрист, зеро хондани ин китоб ба мо имкон медиҳад, ки рӯҳан баркамол гардем. Хониши мунтазами Китоби Муқаддас моро ба Падари меҳрубонамон, Яҳува, ва ба бародарони масеҳиамон наздиктар месозад. Ин ба мо ёрӣ медиҳад, ки «каломи ҳаётро» мустаҳкам нигоҳ дорем (Филиппиён 2:16).
[Эзоҳ]
a Барои гирифтани маълумоти бештар оиди он ки чаро Китоби Муқаддас сазовори таваҷҷӯҳи мост, ба брошураи «Китобе барои ҳама мардумон» (рус.) нигаред, ки аз ҷониби Шоҳидони Яҳува нашр гардидааст.
Саволҳо барои такрор
• Ба кадом мақсад Китоби Муқаддас навишта шуда, то рӯзҳои мо нигоҳ дошта шуд?
• Чӣ тавр метавонем ба дигарон дар фаҳмидану қадрдонӣ кардани Китоби Муқаддас кӯмак расонем?
• Хониши мунтазами Калом ба мо чӣ манфиат меорад? Бо ёрии кадом чор нукта метавонем оиди чизи хондаамон мулоҳиза ронем?
[Замима/Tасвир дар саҳифаи 1]
ҲАНГОМИ ХОНДАНИ ПОРЧАИ КИТОБИ МУҚАДДАС АНДЕША НАМОЕД, КИ...
... дар он дар бораи шахсияти Яҳува чӣ гуфта шудааст.
... он бо мавзӯи асосии Китоби Муқаддас чӣ пайвастагие дорад.
... чӣ гуна он бояд ба ҳаёти шумо таъсир расонад.
... чӣ тавр метавонед аз он истифода бурда, ба дигарон кӯмак расонед.