Мардон, оё шумо сарварии Масеҳро эътироф мекунед?
«Сардори ҳар мард Масеҳ аст» (1 ҚӮР. 11:3).
1. Чӣ нишон медиҳад, ки Яҳува Худои тартибу низом аст?
«ЭЙ ХУДОВАНД, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва қудрат биёбӣ,— гуфта мешавад дар Ваҳй 4:11,— зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи иродаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст». Аз сабаби он ки Яҳува Худо ҳама чизро офаридааст, Ӯ Ҳокими олии Даҳр мебошад ва ҳамаи офаридаҳо зери ҳокимияташ қарор доранд. Яҳува «Худои ҳарҷумарҷ нест, балки Худои осоиштагист» ва инро дар тартиботе, ки дар оилаи фариштаҳо вуҷуд дорад, дидан мумкин аст (1 Қӯр. 14:33; Иш. 6:1–3; Ибр. 12:22, 23).
2, 3. а) Нахустин офаридаи Яҳува кӣ буд? б) Писари нахустзода нисбати Падар чӣ мавқееро ишғол мекунад?
2 Пеш аз он ки ба офариниш оғоз кунад, Худо тӯли миллиардҳо сол вуҷуд дошт. Офаридаи нахустинаш офаридаи рӯҳӣ буд. Ӯ «Калом» номида шуд, зеро намояндаи Яҳува буд. Маҳз тавассути Калом ҳамаи чизҳои дигар пайдо шуданд. Баъдтар, ӯ чун инсони комил ба замин омад. Ин шахс Исои Масеҳ буд. (Юҳанно 1:1–3, 14-ро бихонедa.)
3 Навиштаҳо дар бораи мавқее, ки Писари нахустзода нисбати Худо ишғол мекунад, чӣ мегӯянд? Зери илҳоми илоҳӣ Павлуси расул навиштааст: «Мехоҳам бидонед, ки сардори ҳар мард Масеҳ аст, сардори зан шавҳари ӯст, ва сардори Масеҳ Худост» (1 Қӯр. 11:3). Масеҳ зери сарварии Падари худ қарор дорад. Сарварӣ ва итоаткорӣ муҳиманд, то ки байни офаридаҳои бошуур сулҳу осоиштагӣ ва тартибу низом вуҷуд дошта бошанд. Ҳатто касе, ки ба василааш «ҳама чиз» офарида шудааст, бояд Худоро чун Сарвар эътироф мекард (Қӯл. 1:16).
4, 5. Исо ба мавқее, ки нисбати Яҳува дошт, чӣ гуна муносибат мекард?
4 Исо ба итоат ба Сарвари худ ва ба замин омаданаш чӣ гуна муносибат мекард? Навиштаҳо мегӯянд: «Исои Масеҳ... бо вуҷуди он ки дар сурати Худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт. Балки Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд, ва Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот... фармонбардор буд» (Фил. 2:5–8).
5 Исо ҳамеша бо фурӯтанӣ иродаи Падарро ба ҷо меовард. Ӯ гуфт: «Ман аз Худ чизе ба амал оварда наметавонам... Доварии Ман одил аст, зеро ки толиби иродаи Худ не, балки иродаи Падаре ҳастам, ки Маро фиристодааст» (Юҳ. 5:30). «Ман ҳамеша аъмоли писандидаи Ӯро [Падарро] ба ҷо меоварам» (Юҳ. 8:29). Чанде пеш аз ба охир расидани ҳаёти заминиаш Исо дар дуо ба Падараш гуфт: «Ман Туро дар рӯи замин ҷалол додам ва кореро, ки ба Ман супурда будӣ, то бикунам, ба анҷом расондам» (Юҳ. 17:4). Равшан аст, ки барои Исо эътироф кардану қабул намудани сарварии Худо мушкил набуд.
Итоат ба Падар ба манфиати Писар хидмат мекард
6. Исо чӣ хусусиятҳои неке зоҳир мекард?
6 Ҳангоми дар замин буданаш Исо бисёр хусусиятҳои нек зоҳир мекард. Масалан, ӯ нисбати Падар муҳаббати бузург дошт. «Ман Падарро дӯст медорам»,— гуфт ӯ (Юҳ. 14:31). Ӯ ҳамчунин нисбати одамон муҳаббати бузург зоҳир менамуд. (Матто 22:35–40-ро бихонед.) Исо меҳрубону бодиққат буд, ӯ дағаливу фармонфармоӣ намекард. «Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон,— гуфт ӯ,— ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид; юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт; зеро юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст» (Мат. 11:28–30). Ҳама шахсони ба гӯсфандон ташбеҳдодашуда, хусусан касони зиқу рӯҳафтода, аз дидани хусусиятҳои неки Исо ва шунидани хабари рӯҳбаландкунандаи ӯ тасаллӣ меёфтанд.
7, 8. Қонун нисбати зане, ки гирифтори хунравӣ буд, чӣ маҳдудиятҳо мегузошт, вале Исо ба зан чӣ гуна муносибат кард?
7 Дида мебароем, ки Исо ба занон чӣ гуна муносибат мекард. Дар тӯли таърих мардони зиёд ба занон муносибати бад доштанд. Ин дар бораи сарварони динии Исроили қадим низ ҳақ буд. Аммо Исо занонро эҳтиром мекард. Инро аз муносибати ӯ ба зане, ки 12 сол боз аз хунравӣ азоб мекашид, дидан мумкин аст. Зан барои шифо ёфтан «азоби бисёре аз табибони зиёд кашида ва ҳамаи дороии худро сарф кард». Бо вуҷуди ин, «аҳволаш торафт бадтар мешуд». Мувофиқи Қонун ӯ нопок ҳисоб меёфт. Ҳар касе, ки ба ӯ даст мерасонд, ҳамчунин нопок мегашт (Ибд. 15:19, 25).
8 Вақте ки зан шунид, ки Исо беморонро шифо мебахшад, ӯ ба анбӯҳи мардуме, ки Исоро иҳота мекарданд, ҳамроҳ шуд. Зан ба худ мегуфт: «Агар лоақал либоси Ӯро ламс кунам, шифо меёбам». Зан ба Исо даст расонд ва дарҳол шифо ёфт. Исо медонист, ки зан набояд ба либоси ӯ даст мерасонд. Ба ҳар ҳол, Исо ӯро ҷанг накард. Баръакс, Исо ба зан меҳрубонона муносибат намуд. Ӯ мефаҳмид, ки зан тӯли солҳои зиёди бемориаш чиро аз сар гузаронидааст ва бениҳоят ба кӯмак ниёз дорад. Исо бо ҳамдардӣ ба зан гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав ва аз касалии худ дар амон бош» (Марқ. 5:25–34).
9. Вақте ки шогирдон ба омадани кӯдакон монеа шуданд, Исо чӣ кор кард?
9 Ҳатто кӯдакон дар ҳузури Исо худро озод эҳсос мекарданд. Боре, вақте ки одамон кӯдаконашонро назди ӯ меоварданд, шогирдонаш ба ин монеа шуданд, зеро эҳтимол онҳо фикр мекарданд, ки ӯ намехоҳад, ки кӯдакон ба вай халал расонанд. Лекин Исо ин хел фикр намекард. Навиштаҳо мегӯянд: «Чун Исо дид, дарғазаб шуда, [ба шогирдонаш] гуфт: “Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад”». Сипас, ӯ «онҳоро ба оғӯш кашид ва даст бар онҳо ниҳода, дуои хайр кард». Исо бо кӯдакон аз маҷбурӣ муошират намекард; ӯ аз дидори онҳо хеле шод буд (Марқ. 10:13–16).
10. Чӣ тавр Исо хусусиятҳои нек ба даст овард?
10 Чӣ тавр Исо хусусиятҳоеро, ки дар тӯли ҳаёти заминиаш зоҳир менамуд, ба даст овард? Пеш аз ба замин омаданаш Исо миллиардҳо сол тарзи рафтори Падари осмониашро мушоҳида менамуд ва мекӯшид, ки мисли Ӯ рафтор кунад. (Масалҳо 8:22, 23, 30−ро бихонед.) Дар осмон ӯ медид, ки чӣ тавр Яҳува бар тамоми офаридаҳояш бо муҳаббат сарварӣ мекунад ва инро аз Ӯ ёд гирифт. Албатта, агар Исо итоаткор намебуд, ин корро карда наметавонист. Ба ӯ зери итоати Падар қарор доштан хурсандӣ мебахшид ва ба Яҳува доштани чунин Писар писанд буд. Ҳангоми дар замин буданаш Исо хусусиятҳои неки Падари осмониашро ба таври комил инъикос кард. Чӣ имтиёзест бароямон итоат кардан ба Масеҳ, Ҳокими аз тарафи Худо таъиншуда!
Хусусиятҳои ба Масеҳ хосро зоҳир кунед
11. а) Мо бояд ба кӣ пайравӣ кунем? б) Чаро хусусан мардони масеҳӣ бояд кӯшиш кунанд, ки ба Масеҳ пайравӣ намоянд?
11 Ҳама аъзоёни ҷамъомади масеҳӣ, хусусан мардон, бояд сахт кӯшиш кунанд, ки хусусиятҳои ба Масеҳ хосро зоҳир кунанд. Аллакай дар боло қайд шуда буд, ки мувофиқи Китоби Муқаддас «сардори ҳар мард Масеҳ аст». Чи тавре ки Масеҳ ба Сарвари худ, Худои ҳақиқӣ, пайравӣ мекард, мардони масеҳӣ бояд ба сарвари худ, Масеҳ, пайравӣ намоянд. Павлуси расул баъди масеҳӣ шуданаш маҳз ҳамин тавр рафтор мекард. Ӯ гуфт: «Ба ман тақлид кунед, чунон ки ман ба Масеҳ тақлид мекунам» (1 Қӯр. 11:1). Петруси расул низ навишт: «Шумо барои ҳамин даъват карда шудаед, чунки Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед» (1 Пет. 2:21). Боз як сабаби дигаре ҳаст, ки чаро мардон бояд ба Масеҳ пайравӣ намоянд. Онҳо чун пирон ва ходимони ёвар хидмат мекунанд. Ҳамон тавре ки барои Исо пайравӣ ба Яҳува хурсандибахш буд, барои мардони масеҳӣ пайравӣ ба Масеҳ ва зоҳир кардани хусусиятҳои ба ӯ хос бояд хурсандибахш бошад.
12, 13. Пирон ба рамае, ки зери назораташон қарор дорад, бояд чӣ гуна муносибат намоянд?
12 Пирони ҷамъомади масеҳӣ ӯҳдадоранд, ки мисли Масеҳ амал карданро ёд гиранд. Петрус ба пирон муроҷиат карда, гуфт: «Рамаи Худоро, ки назди шумост, бичаронед ва ба он назорат кунед, на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ, чунон ки мақбули Худост, ва на аз барои тамаи нангин, балки аз сидқи дил, ва на ҳамчун касоне ки бар мероси Худо ҳукмронӣ мекунанд, балки ба рама намунаи ибрат нишон диҳед» (1 Пет. 5:1–3). Пирони масеҳӣ набояд фармонфармо, ҳавобаланд, худсар ё дағал бошанд. Ба Масеҳ пайравӣ намуда, онҳо мекӯшанд, ки дар муносибат ба рамае, ки зери назораташон аст, пурмеҳр, бодиққат ва фурӯтан бошанд.
13 Касоне, ки дар ҷамъомад сарвариро ба ӯҳда мегиранд, инсонҳои нокомиланд ва бояд имкониятҳои маҳдуди худро дар хотир доранд (Рум. 3:23). Аз ин рӯ онҳо бояд хоҳиши сахти дар бораи Исо дониш гирифтану ба муҳаббати ӯ пайравӣ намуданро дошта бошанд. Онҳо бояд дар бораи он ки Худо ва Масеҳ ба одамон чӣ гуна муносибат мекунанд, мулоҳиза ронанд ва сипас бикӯшанд, то мисли онҳо амал намоянд. Петрус моро ташвиқ мекунад: «Ҳамаатон... фурӯтаниро дар бар кунед, чунки Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад» (1 Пет. 5:5).
14. Пирон бояд дигаронро то кадом дараҷа эҳтиром кунанд?
14 Дар муносибат ба рамаи Худо мардони таъиншудаи ҷамъомад бояд хусусиятҳои нек зоҳир кунанд. Дар Румиён 12:10 гуфта шудааст: «Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред; ва ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед». Пирон ва ходимони ёвар ба дигарон эҳтиром зоҳир менамоянд. Ин мардон дар қатори дигар масеҳиён «аз рӯи рақобат ё шӯҳратпарастӣ ҳеҷ коре» намекунанд, балки «бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ авло» медонанд (Фил. 2:3). Касоне, ки сарвариро ба ӯҳда доранд, ба дигарон бояд тавре муносибат кунанд, ки гӯё дигарон аз онҳо авлотар бошанд. Бо ин роҳ онҳо мувофиқи маслиҳати зерини Павлус амал мекунанд: «Мо, ки тавоно ҳастем, бояд сустиҳои нотавононро бардорем ва толиби роҳати худ набошем: ҳар яке аз мо бигзор толиби роҳати ёри худ бошад дар он чи бар нафъи вай ва барои тақвияти вай аст, зеро ки Масеҳ низ толиби роҳати Худ набуд» (Рум. 15:1–3).
Занонро мӯҳтарам доред
15. Шавҳарон ба занони худ бояд чӣ гуна муносибат кунанд?
15 Акнун дида мебароем, ки Петрус ба мардони оиладор чӣ маслиҳате дод. Ӯ навиштааст: «Шумо, эй шавҳарон, бо занон, ки зарфи заифтар ҳастанд, бомулоҳиза рафтор кунед, ва онҳоро... мӯҳтарам доред» (1 Пет. 3:7). Мӯҳтарам доштан — ин касеро ҳурмату эҳтиром кардан аст. Пас, агар мо касеро мӯҳтарам дорем, мо нуктаи назар, ниёзҳо ва хоҳишҳои он шахсро ба инобат мегирем ва агар сухан дар бораи масъалаҳои ҷиддӣ наравад, аз рӯи хости ӯ амал мекунем. Шавҳарон бояд ба занони худ маҳз ҳамин тавр муносибат кунанд.
16. Каломи Худо шавҳаронро аз чӣ огоҳ мекунад?
16 Вақте ки Петрус шавҳаронро ташвиқ намуд, ки занонашонро мӯҳтарам доранд, ӯ сипас огоҳ кард: «То ки ба дуоҳои шумо мамониате нарасад» (1 Пет. 3:7). Ин суханон ба таври равшан нишон медиҳанд, ки дар назари Яҳува муносибати шавҳар ба занаш то чӣ андоза масъалаи ҷиддӣ аст. Агар шавҳар зани худро мӯҳтарам надорад, ин ба дуоҳои шавҳар монеа шуда метавонад. Одатан кӯшиши шавҳар дар мӯҳтарам доштани занаш, занро хушбахттар мегардонад ва ӯро бармеангезад, ки бо шавҳараш хубтар ҳамкорӣ кунад.
17. Шавҳарон то кадом дараҷа бояд занони худро дӯст доранд?
17 Дар бораи он ки чӣ тавр шавҳарон бояд занони худро дӯст доранд, Каломи Худо маслиҳат медиҳад: «Шавҳарон [бояд] занони худро мисли ҷисми худ дӯст доранд... зеро ки ҳеҷ кас ҳаргиз ҷисми худро бад намебинад, балки онро ғизо медиҳад ва гарм мекунад, чунон ки ... [«Масеҳ ҷамъомадро», ТДН] ... Бигзор ҳар яке аз шумо зани худро мисли худ дӯст дорад» (Эфс. 5:28, 29, 33). То кадом дараҷа шавҳарон бояд занони худро дӯст доранд? «Эй шавҳарон,— навиштааст Павлус,— занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо [«ҷамъомад», ТДН] муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд» (Эфс. 5:25). Бале, шавҳар бояд тайёр бошад, ки ҳатто ҳаёти худро баҳри занаш фидо кунад, ҳамон тавре ки Масеҳ баҳри дигарон ҳаёташро қурбон кард. Вақте ки шавҳари масеҳӣ бо занаш меҳрубонона, бодиққат, беғаразона ва ғамхорона муносибат мекунад, барои занаш эътироф намудани сарварии ӯ осонтар хоҳад буд.
18. Чӣ ба мардон кӯмак мекунад, ки аз ӯҳдаи масъулиятҳои дар оила доштаашон бароянд?
18 Оё то ин дараҷа занро эҳтиром кардан аз ҳад зиёд нест? Не. Яҳува ҳеҷ гоҳ аз мо кардани кореро, ки аз ӯҳдааш намебароем, талаб намекунад. Ғайр аз ин, ба ходимони Яҳува қувваи пуриқтидортарини даҳр, рӯҳулқудси Худо, кӯмак мекунад. Исо гуфт: «Агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, чанд маротиба зиёдтар ба онҳое ки аз ӯ металабанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод» (Луқ. 11:13). Дар дуоҳои худ шавҳарон метавонанд аз Яҳува пурсанд, ки Ӯ тавассути рӯҳулқудсаш ба онҳо барои бо дигарон, аз он ҷумла бо занонашон, дуруст муносибат кардан, кӯмак кунад. (Аъмол 5:32−ро бихонед.)
19. Дар мақолаи навбатӣ чиро дида мебароем?
19 Дар ҳақиқат, шавҳарон масъулияти гаронро ба ӯҳда доранд: онҳо бояд ба Масеҳ итоат кардану мисли ӯ сарварӣ намуданро ёд гиранд. Аммо дар бораи занон, хусусан дар бораи занони шавҳардор, чӣ гуфтан мумкин аст? Дар мақолаи навбатӣ дида мебароем, ки чӣ тавр занон бояд ба мавқее, ки дар тартиботи Яҳува ишғол менамоянд, муносибат кунанд.
[Эзоҳ]
a «Дар ибтидо Калом буд ва Калом бо Худо буд ва Калом Худо [«худо», ТДН] буд. Он дар ибтидо бо Худо буд. Ҳама чиз ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад ва ҳар он чи вуҷуд ёфт, бе Ӯ вуҷуд наёфт. Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст» (Юҳ. 1:1–3, 14).
[Оё дар хотир доред?
• Кадом хусусиятҳои ба Масеҳ хосро мо бояд зоҳир намоем?
• Пирон ба рама бояд чӣ гуна муносибат кунанд?
• Шавҳар ба зани худ бояд чӣ тавр муносибат кунад?