Онҳо аз ақиби барра мераванд
«Инҳо касоне ҳастанд, ки ҳар куҷо Барра равад, аз ақибаш мераванд» (ВАҲЙ 14:4).
1. Шогирдони содиқи Исо чӣ гуна рафтор карданд?
ДУЮ НИМ сол пас аз оғоз намудани хидматаш Исо мардумро «дар Кафарнаҳум таълим медод». Суханони вайро сахту дурушт ҳисобида, шогирдони бисёраш аз Ӯ дур шуданд ва «дигар Ӯро пайравӣ накарданд». Он гоҳ Исо аз 12 расулаш пурсид: «Оё шумо ҳам мехоҳед Маро тарк кунед?». Шимъӯни Петрус ҷавоб дод: «Назди кӣ биравем? Суханони ҳаёти ҷовидонӣ назди Туст, ва мо имон овардаем ва донистаем, ки Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ» (Юҳ. 6:48, 59, 60, 66–69). Шогирдони содиқи Исо ӯро тарк накарданд. Онҳо баъди бо рӯҳулқудс тадҳин шуданашон ҳам мувофиқи ҳидояти Исо амал менамуданд (Аъм. 16:7–10).
2. а) «Ғулом» ё «гумоштаи мӯътамад ва доно» кист? б) Чӣ тавр ғулом муддати тӯлонӣ «ҳар куҷо Барра равад, аз ақибаш» меравад?
2 Дар бораи масеҳиёни тадҳиншудае, ки имрӯз зиндагӣ мекунанд, чӣ метавон гуфт? Исо дар пешгӯӣ оиди «аломати ҳузур доштани [худ] ва анҷоми тартиботи шарирона» гурӯҳи пайравони бо рӯҳ тадҳиншудаашро, ки дар рӯи заминанд, «ғуломи мӯътамад ва доно» ё «гумоштаи мӯътамад ва доно» номид (Мат. 24:3, ТДН, 45; Луқ. 12:42). Чун гурӯҳ, синфи ғулом аллакай муддати тӯлонӣ «ҳар куҷо Барра равад, аз ақибаш мераванд». (Ваҳй 14:4, 5-ро бихонед.) Аъзоёни он аз ҷиҳати рӯҳонӣ боисматанд, зеро худро бо эътиқод ва урфу одатҳои «Бобили Бузург» — империяи ҷаҳонии дини дурӯғин, олуда насохтаанд (Ваҳй 17:5). Дар даҳони онҳо «макр», яъне таълимоти бардурӯғе нест ва онҳо дар ин ҷаҳони Шайтон «беайб» мемонанд (Юҳ. 15:19). Дар оянда боқимондаи тадҳиншудагон «аз ақиби» Барра ба осмон хоҳанд рафт (Юҳ. 13:36).
3. Чаро ба синфи ғулом эътимод доштан муҳим аст?
3 Исо ғуломи мӯътамад ва доноро «бар хизматгорони худ», яъне бар ҳар аъзои синфи ғулом таъин кардааст, «то ки ба онҳо дар сари вақт хӯрок диҳад». Ӯ ҳамчунин ғуломро «бар тамоми дороии худ таъин» намудааст (Мат. 24:45–47). Қисми ин «дороӣ» «анбӯҳи бузурги» «гӯсфандони дигар» мебошанд. Ҳоло онҳо миқдоран зиёд шуда истодаанд. (Ваҳй 7:9; Юҳ. 10:16). Оё ҳар яке аз тадҳиншудагон ва «гӯсфандони дигар» набояд ба ғуломе, ки бар онҳо таъин шудааст, эътимод намоянд? Барои ин сабабҳои зиёд вуҷуд доранд. Ду сабаби асосӣ ин аст: 1) Яҳува ба синфи ғулом эътимод дорад; 2) Исо ҳам ба ғулом бовар мекунад. Биёед бубинем, ки чаро Яҳува Худо ва Исои Масеҳ ба ғуломи мӯътамад ва доно эътимоди комил доранд?
Яҳува ба ғулом эътимод дорад
4. Чаро ба ғизои рӯҳоние, ки синфи ғуломи мӯътамад ва доно пешкаш мекунад, эътимод дошта метавонем?
4 Аҳамият диҳед, ки ба туфайли чӣ ғуломи мӯътамад ва доно ғизои аълосифати рӯҳониро сари вақт медиҳад. «Ман туро таълим хоҳам дод ва ба роҳе ки бояд биравӣ, ҳидоят хоҳам кард,— мегӯяд Яҳува ва сипас илова мекунад,— туро насиҳат хоҳам дод; чашмам бар туст» (Заб. 31:8). Комилан равшан аст, Яҳува ғуломро ҳидоят менамояд. Аз ин рӯ, мо метавонем ба таълимот, фаҳмиш ва ҳидояти дар Навиштаҳо асосёфтаи синфи ғулом пурра эътимод кунем.
5. Чӣ нишон медиҳад, ки рӯҳулқудси Худо синфи ғуломро тақвият мебахшад?
5 Ҳамчунин Яҳува синфи ғуломро бо рӯҳулқудси худ баракат медиҳад. Ҳарчанд рӯҳулқудси Яҳува ба чашм ноаён аст, натиҷаи таъсири онро нодида наметавон гирифт. Масалан, дар бораи муваффақиятҳое, ки синфи ғулом дар кори шаҳодатдиҳӣ ба даст овард, фикр кунед. Ҳоло ходимони Худо дар зиёда аз 230 мамлакату минтақаҳо дар бораи Яҳува, Писари Ӯ ва Салтанат фаъолона мавъиза менамоянд. Оё ин ба таври равшан исбот намекунад, ки рӯҳулқудси Худо ғуломро тақвият мебахшад? (Аъмол 1:8-ро бихонед.) Барои сари вақт бо ғизои рӯҳонӣ таъмин намудани тамоми халқи Яҳува синфи ғулом бояд қарорҳои муҳим қабул кунад. Ҳангоми қабул кардану амалӣ гардонидани ин қарорҳо ғулом муҳаббат, ҳалимӣ ва дигар хусусиятҳои самари рӯҳро зоҳир менамояд (Ғал. 5:22, 23).
6, 7. Яҳува ба ғуломи мӯътамад то чӣ андоза эътимод дорад?
6 Барои фаҳмидани он ки Яҳува то чӣ андоза ба ғуломи мӯътамад эътимод дорад, дар бораи ваъдаи ба тадҳиншудагон додаи Ӯ мулоҳиза намоед. «Карнай садо хоҳад дод,— менависад Павлуси расул,— ва мурдагон ба таври бефано эҳё хоҳанд шуд, ва мо тағйир хоҳем ёфт, зеро он чи фонист, бояд либоси бефаноӣ бипӯшад, ва он чи миранда аст,— либоси ҷовидӣ [«маргнопазирӣ», ТДН] бипӯшад» (1 Қӯр. 15:52, 53). Вақте ки тадҳиншудагони содиқ дар ҷисми фонии одамӣ мемиранд, онҳо чун офаридаҳои рӯҳӣ эҳё шуда, назар ба ҳаёти абадӣ чизи бештаре мегиранд. Ба ин шахсон маргнопазирӣ — ҳаёти бепоён ва ҳалокнашаванда ато хоҳад шуд. Беш аз ин, тадҳиншудагон бефаноӣ мегиранд: ба онҳо ҷисмҳое дода хоҳад шуд, ки хусусияти нобудшавӣ надорад ва аз афташ ҳаёти онҳо мисли ҳаёти дигар офаридаҳои рӯҳию ҷисмонӣ аз манбаъҳои нерӯи беруна вобаста нахоҳад буд. Ин эҳёшудагон дар Ваҳй 4:4 чун касони бар тахтнишаста ва тоҷи тиллоӣ бар сар тасвир шудаанд. Масеҳиёни тадҳиншударо ҷалоли подшоҳӣ интизор аст. Лекин ҳамааш ин нест.
7 «Никоҳи Барра фаро расидааст, ва завҷаи Ӯ худро тайёр кардааст. Ва ба вай ато шуд, ки катони тоза ва дурахшон дар бар кунад; зеро ки он катон адолати муқаддасон аст»,— гуфта мешавад дар Ваҳй 19:7, 8. Яҳува масеҳиёни тадҳиншударо интихоб кардааст, то онҳо дар оянда арӯси Писари Ӯ гарданд. Бефаноӣ, маргнопазирӣ, ҳокимияти подшоҳӣ, никоҳ бо Барра — чӣ атоҳои олиҷанобе онҳоро интизоранд! Бешубҳа, Худо ба тадҳиншудагон, «ки ҳар куҷо Барра равад, аз ақибаш мераванд», эътимод дорад.
Исо ба синфи ғулом эътимод дорад
8. Исо чӣ тавр нишон дод, ки ба пайравони тадҳиншудааш эътимод дорад?
8 Чӣ нишон медиҳад, ки Исо ба пайравони бо рӯҳ тадҳиншудааш эътимоди комил дорад? Дар шаби охирини ҳаёти заминиаш Исо ба 11 расули содиқаш ваъда дод: «Шумо касоне ҳастед, ки дар озмоишҳои Ман бо Ман будед,— гуфт ӯ ба онҳо,— ва Ман ба шумо Малакуте месупорам, чунон ки Падарам ба Ман супурдааст, то ки шумо дар Малакути Ман дар сари суфраи Ман бихӯред ва бинӯшед ва шумо бар тахтҳо нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард» (Луқ. 22:28–30). Ин суханон нишон медиҳанд, ки он вақт Исо бо 11 шогирдаш аҳде баст, ки он ба ҳамаи 144 000 масеҳиёни тадҳиншуда дахл дорад (Луқ. 12:32; Ваҳй 5:9, 10; 14:1). Агар Исо ба шогирдонаш эътимод намедошт, магар бо онҳо аҳд баста, онҳоро чун ҳокимони Салтанат таъин мекард?
9. Ба «дороии» Масеҳ чӣ таалуқ дорад?
9 Беш аз ин, Исои Масеҳ ғуломи мӯътамад ва доноро «бар тамоми дороӣ»–е ки ӯ дар рӯи замин дорад, таъин кардааст (Мат. 24:47). Биноҳои идораи марказии Шоҳидони Яҳува, филиалҳо дар мамлакатҳои гуногун, Толорҳои анҷуманҳо ва Толорҳои Салтанат дар сар то сари замин ва ҳамчунин кори мавъизаи Салтанат ва шогирдсозӣ — дороии Исо мебошанд. Магар касе чизҳои пурарзишашро барои нигоҳдорӣ ва истифодабарӣ ба дигаре медиҳад, агар ба ӯ бовар накунад?
10. Чӣ нишон медиҳад, ки Исои Масеҳ бо пайравони тадҳиншудааш мебошад?
10 Чанде пеш аз ба осмон сууд карданаш Исои эҳёшуда ба шогирдони содиқаш зоҳир шуд ва ба онҳо ваъда дод: «Инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам» (Мат. 28:20). Оё Исо ба ваъдааш вафо кард? Дар понздаҳ соли охир шумораи ҷамъомадҳои Шоҳидони Яҳува дар сар то сари замин тақрибан аз 70 000 ба беш аз 100 000 расид, ки ин зиёда аз 40 фоизро ташкил медиҳад. Дар бораи шумораи пайравони нав чӣ гуфтан мумкин аст? Қариб 4, 5 миллион шогирд дар ин понздаҳ сол таъмид гирифтанд, ки ба ҳисоби миёна ҳар рӯз беш аз 800 нафар аст. Ин афзоиши бузург ба таври равшан исбот мекунад, ки Масеҳ пайравони тадҳиншудаашро роҳнамоӣ менамояд ва онҳоро дар гузаронидани вохӯриҳои ҷамъомад ва кори шогирдсозӣ дастгирӣ мекунад.
Ғулом мӯътамад ва доно аст
11, 12. Чӣ тавр ғулом нишон дод, ки мӯътамад ва доно аст?
11 Азбаски Яҳува Худо ва Исои Масеҳ ба ғуломи мӯътамад ва доно комилан эътимод менамоянд, оё мо ҳам набояд ҳамин тавр муносибат кунем? Охир ғулом дар иҷрои вазифааш худро чун шахси мӯътамад нишон додааст. Масалан, маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» 130 сол боз муттасил нашр меёбад. Вохӯриҳои ҷамъомад ва анҷуманҳо, ки имони моро қавӣ мегардонанд, мунтазам гузаронида мешаванд.
12 Ғулом ҳамчунин чун шахси доно рафтор мекунад. Ӯ пеш аз равшан гаштани нуктаи назари Яҳува ба ин ё он масъала худсарона амал намекунад, лекин дар сурати равшан гаштани он, вай дар иҷрои иродаи Худо таъхир ҳам наменамояд. Масалан, бархилофи сарварони дини дурӯғин, ки худпарастӣ ва рафтори бешармонаи одамонро хомӯшона ё ошкоро дастгирӣ мекунанд, ғулом такрору батакрор ҳамаро аз домҳои ин ҷаҳони шарири Шайтон огоҳ менамояд. Огаҳиҳои ғулом сари вақт ва оқилона мебошанд, зеро Яҳува Худо ва Исои Масеҳ вайро баракат медиҳанд. Аз ин рӯ, ғулом сазовори эътимоди пурраи мост. Лекин чӣ гуна нишон диҳем, ки мо ба ғуломи мӯътамад ва доно эътимод дорем?
Тадҳиншудагон аз ақиби Барра — мо ҳамроҳи тадҳиншудагон
13. Мувофиқи пешгӯии Закарё чӣ тавр мо ба ғуломи мӯътамад ва доно эътимод доштанамонро нишон дода метавонем?
13 Китоби Закарё нақл мекунад, ки «даҳ нафар» назди «марди яҳудӣ» омада, мегӯянд: «Бо шумо меравем». (Закарё 8:23-ро бихонед.) Азбаски ба «марди яҳудӣ» чун ба «шумо», яъне дар шумораи ҷамъ, муроҷиат мекунанд, ӯ гурӯҳи одамонро ифода менамояд. Имрӯз ин одамон — бақияи масеҳиёни бо рӯҳ тадҳиншудаанд ва онҳо қисми «Исроили Худо» мебошанд (Ғал. 6:16). «Даҳ нафар аз ҳамаи забонҳо ва халқҳо» — анбӯҳи бузурги гӯсфандони дигаранд. Ҳамон тавре ки масеҳиёни тадҳиншуда ҳар куҷо Исо равад, аз ақибаш мераванд, анбӯҳи бузург низ ҳамроҳи ғуломи мӯътамад ва доно меравад. Аъзоёни анбӯҳи бузург набояд ҳеҷ гоҳ шарм доранд, ки ба касони ба «даъвати осмонӣ шарик» ҳамроҳанд (Ибр. 3:1). Исо тадҳиншудагонро «бародар» мехонд ва аз ин ор намекард (Ибр. 2:11).
14. Чӣ тавр бародарони Масеҳро содиқона дастгирӣ карда метавонем?
14 Вақте ки содиқона бародарони Исои Масеҳро дастгирӣ мекунем, мо гӯё худи ӯро дастгирӣ менамоем. (Матто 25:40-ро бихонед.) Пас, чӣ тавр касоне, ки умеди ҳаёти заминӣ доранд, бародарони тадҳиншудаи Масеҳро дастгирӣ карда метавонанд? — Асосан бо кӯмак дар кори мавъизаи Салтанат (Мат. 24:14; Юҳ. 14:12). Дар давоми даҳсолаҳои охир шумораи тадҳиншудагон торафт дар замин кам шуда истодааст, гӯсфандони дигар бошанд, миқдоран меафзоянд. Вақте ки масеҳиёни умед бар ҳаёти заминидошта дар кори шаҳодатдиҳӣ иштирок менамоянд ва ба қадри имкон пурравақт хидмат мекунанд, онҳо ба тадҳиншудагон дар иҷрои кори шогирдсозӣ кӯмак менамоянд (Мат. 28:19, 20). Ҳамчунин фаромӯш набояд кард, ки ин корро бо хайрияҳои пулӣ низ дастгирӣ намудан мумкин аст.
15. Ҳар масеҳӣ ба ғизои рӯҳонии сари вақт ва қарорҳои тартиботии ғулом бояд чӣ гуна муносибат кунад?
15 Ҳар як масеҳӣ бояд аз худ бипурсад: Ба ғизои рӯҳонии сари вақт, ки ғуломи мӯътамад тавассути адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта ва вохӯриҳои масеҳӣ медиҳад, ман чӣ гуна муносибат мекунам? Оё ман онро бо миннатдорӣ қабул карда, дониши гирифтаамро бо омодагӣ ба кор мебарам? Ба қарорҳои тартиботии ғулом муносибати ман чӣ гуна аст? Бо омодагӣ мувофиқи ҳидояти ғулом амал намуда, мо нишон медиҳем, ки ба Яҳува имон дорем, зеро дар паси ҳамаи ин Ӯ истодааст (Яъқ. 3:17).
16. Чаро ҳамаи масеҳиён бояд бародарони Масеҳро гӯш кунанд?
16 «Гӯсфандони Ман ба овози Ман гӯш медиҳанд,— гуфт Исо,— ва Ман онҳоро мешиносам ва онҳо Маро пайравӣ мекунанд» (Юҳ. 10:27). Ин суханон дар хусуси масеҳиёни тадҳиншуда ҳаққанд. Лекин дар бораи ҳамроҳони онҳо чӣ гуфтан мумкин аст? Ин масеҳиён бояд Исоро гӯш кунанд. Онҳо бояд бародарони ӯро низ гӯш кунанд. Охир ғамхорӣ оиди беҳбудии рӯҳонии халқи Худо асосан бар дӯши тадҳиншудагон аст. Ба овози бародарони Масеҳ гӯш кардан чӣ маъно дорад?
17. Синфи ғуломро гӯш кардан чӣ маъно дорад?
17 Имрӯз намояндаи ғуломи мӯътамад ва доно Ҳайати Роҳбарикунанда аст ва он кори умумиҷаҳонии мавъизаро сарварӣ ва идора мекунад. Аъзоёни Ҳайати Роҳбарикунанда — пирони пуртаҷриба ва бо рӯҳ тадҳиншуда мебошанд. Хусусан онҳоро «сардорони худ» номидан мумкин аст (Ибр. 13:7). Ин нозирони тадҳиншуда қариб бар 7 000 000 воизони Салтанат дар зиёда аз 100 000 ҷамъомадҳои рӯи замин ғамхорӣ карда, «дар кори Худованд ҷадал» менамоянд (1 Қӯр. 15:58). Синфи ғуломро гӯш кардан маънои онро дорад, ки мо бо Ҳайати Роҳбарикунандаи ӯ зич ҳамкорӣ мекунем.
Касоне, ки ғуломро гӯш мекунанд, баракат меёбанд
18, 19. а) Онҳое, ки ғуломи мӯътамад ва доноро гӯш мекунанд, чӣ баракатҳо мегиранд? б) Мо ба чӣ кор боқатъият омодаем?
18 Аз замони таъин шуданаш ғуломи мӯътамад ва доно бисёриҳоро сӯи «адолат ҳидоят» менамояд (Дон. 12:3). Онҳо ҳамчунин касонеро дар бар мегиранд, ки ҳангоми нобудшавии тартиботи ҳозираи шарирона ба зинда мондан умед доранд. Чӣ баракатест назди Худо бо роҳи адолат рафтан!
19 Дар оянда, шаҳри муқаддас — Ерусалими нав (иборат аз 144 000) «мисли арӯсе, ки барои шавҳараш зиннат ёфтааст», «аз ҷониби Худо аз осмон нузул» мекунад. Он гоҳ касоне, ки овози ғуломро гӯш мекарданд, чӣ баракатҳо мегиранд? «Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд,— мегӯяд Китоби Муқаддас,— ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт» (Ваҳй 21:2–4). Пас, биёед минбаъд низ Масеҳ ва бародарони мӯътамади тадҳиншудаи ӯро бодиққат гӯш кунем.
Шумо чӣ омӯхтед?
• Чӣ шаҳодат медиҳад, ки Яҳува ба ғуломи мӯътамад ва доно эътимод дорад?
• Аз чӣ маълум аст, ки Исои Масеҳ ба синфи ғулом комилан эътимод дорад?
• Чаро гумоштаи мӯътамад сазовори эътимоди мост?
• Чӣ гуна нишон диҳем, ки мо ба ғулом эътимод дорем?