Яҳува паноҳгоҳи мост
«Худовандо! Ту асрҳои аср паноҳандаи мо будӣ» (ЗАБ. 89:1).
1, 2. Ходимони Худо дар ин ҷаҳон худро чӣ гуна ҳис мекунанд ва чаро гуфтан мумкин аст, ки онҳо паноҳгоҳ доранд?
ОЁ ШУМО дар ин ҷаҳон худро дар бехатарӣ ҳис мекунед? Агар не, пас шумо танҳо́ нестед, зеро дигар ходимони Худо низ чунин ҳиссиёт доранд! Дар тӯли асрҳо, ҳамаи онҳое, ки дар ҳақиқат Яҳуваро дӯст медоштанд, дар ин дунё худро ҳамчун мусофир ё ғариб ҳис мекарданд. Масалан, хизматгорони содиқи Худо дар замини Канъон, вақте ки аз як ҷой ба ҷои дигар мекӯчиданд, «эътироф карданд, ки бар замин мусофир ва ғарибанд» (Ибр. 11:13).
2 Ба ин монанд, пайравони тадҳиншудаи Масеҳ, ки иқоматгоҳашон дар осмон аст, дар ин ҷаҳон худро «ғарибон ва муҳоҷирон» меҳисобанд (Фил. 3:20; 1 Пет. 2:11). «Гӯсфандони дигар»-и Масеҳ низ «аз ҷаҳон нестанд», чунон ки Исо аз ҷаҳон набуд (Юҳ. 10:16; 17:16). Лекин ба ҳар ҳол, ходимони Худо бе паноҳгоҳ нестанд. Дар асл, мо дар паноҳгоҳи аз ҳама бехатар ва пур аз муҳаббат қарор дорем. Чунин паноҳгоҳро мо бо чашми имон дида метавонем. Мусо навишта буд: «Худовандо! Ту асрҳои аср паноҳандаи мо будӣ» (Заб. 89:1). Чӣ тавр Яҳува барои ходимони содиқи даврони қадим «паноҳанда», яъне паноҳгоҳ буд? Чӣ гуна Худо имрӯз барои халқи худ паноҳгоҳ аст? Ва чӣ тавр Яҳува дар оянда ягона паноҳгоҳи боваринок хоҳад буд?
ЯҲУВА «ПАНОҲАНДАИ» ХОДИМОНИ ДАВРОНИ ҚАДИМ БУД
3. Дар Забур 89:1 Яҳува бо чӣ муқоиса карда шудааст ва чаро?
3 Барои он ки мо шахсияти Яҳуваро нағзтар шиносем, дар баъзе ҷойҳои Китоби Муқаддас муқоисаҳои ба мо шиносу фаҳмо оварда шудаанд. Масалан, дар Забур 89:1 Яҳува бо «паноҳанда» муқоиса карда мешавад. Чаро Яҳуваро бо паноҳгоҳ муқоиса кардан мумкин аст? Зеро Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува муҳаббат аст (1 Юҳ. 4:8). Дар он ҳамчунин гуфта мешавад, ки Ӯ Худои осоиштагӣ мебошад ва ходимони содиқашро муҳофизат карда истодааст (Заб. 4:9). Барои инро беҳтар фаҳмидан, биёед дида бароем, ки чӣ тавр Яҳува ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб нишон дод, ки барояшон паноҳгоҳ буд.
4, 5. Аз чӣ маълум мешавад, ки Худо паноҳгоҳи Иброҳим буд?
4 Яҳува ба Иброҳим муроҷиат карда, гуфт: «Аз замини худ, аз ақрабои худ... сӯи замине ки ба ту нишон диҳам, равона шав». Аз шунидани ин суханон, Иброҳим шояд ба ташвиш омада бошад, лекин суханони навбатии Яҳува, он ҳиссиётро бартараф намуданд: «Аз ту халқи бузурге ба вуҷуд оварам, ва туро баракат диҳам, ва номи туро бузург созам... ва баракат диҳам онҳоеро, ки туро муборак хонанд, ва лаънат гӯям ба онҳое ки туро малъун хонанд» (Ҳас. 12:1–3).
5 Бо ин суханон Яҳува ваъда дод, ки паноҳгоҳи Иброҳим ва насли ӯ хоҳад буд (Ҳас. 26:1–6). Яҳува ба ваъдааш вафо кард. Масалан, Ӯ нагузошт, ки фиръавни Миср ва шоҳи Ҷарор, Абималик, ба номуси Соро даст зананд ва Иброҳимро кушанд. Ба ин монанд, Ӯ Исҳоқ ва Ривқоро низ муҳофизат карда буд (Ҳас. 12:14–20; 20:1–14; 26:6–11). Мо мехонем: «[Яҳува] нагузошт, ки касе онҳоро озор диҳад; ва подшоҳонро аз барои онҳо танбеҳ кард: “Ба масеҳони Ман даст нарасонед, ва ба анбиёи Ман бадӣ накунед”» (Заб. 104:14, 15).
6. Исҳоқ ба Яъқуб чӣ гуфт ва кадом саволҳо шояд Яъқубро ноором мекарданд?
6 Ба он «анбиёҳо» набераи Иброҳим, Яъқуб дохил мешуд. Вақте ки Яъқуб барои худ зан гирифтанӣ буд, Исҳоқ ба ӯ чунин гуфт: «Зане аз духтарони Канъон нагир. Бархоста, ба Фаддони Арам, ба хонаи падари модарат Батуил бирав, ва аз он ҷо зане барои худ аз духтарони Лобон, бародари модарат бигир» (Ҳас. 28:1, 2). Яъқуб ба падараш, Исҳоқ, гӯш дода, аз Канъон баромада рафт. Эҳтимол ӯ дар танҳоӣ садҳо километрро тай намуда, ба Ҳоррон равона шуд (Ҳас. 28:10). Шояд ӯ оиди саволҳои зерин мулоҳиза меронд: «Чанд вақт ман аз хонаам дур хоҳам шуд? Оё тағоям маро нағз пешвоз мегирифта бошад ва оё ман зани худотарс меёфта бошам?» Шояд чунин фикрҳо ӯро ноором мекарданд, аммо баъд аз расидан ба шаҳри Луз, ки аз Беэр–Шобаъ 100 километр дур буд, ин фикрҳо аз ӯ дур шуданд. Дар шаҳри Луз чӣ воқеа рӯй дод?
7. Чӣ тавр Яҳува Яъқубро тасаллӣ дод?
7 Дар шаҳри Луз, Яҳува ба Яъқуб дар хоб зоҳир шуда, гуфт: «Инак, Ман бо ту ҳастам; ва туро дар ҳар ҷое ки равӣ, муҳофизат намоям; ва туро ба ин замин баргардонам; зеро то он чиро, ки ба ту гуфтам, ба ҷо наоварам, туро тарк накунам» (Ҳас. 28:15). Ин суханон Яъқубро дилпур кунонданд ва ба ӯ тасаллии зиёд бахшиданд! Оё шумо тасаввур карда метавонед, ки баъд аз ин суханон, Яъқуб бо дилпурӣ сафарашро давом дода, интизори он буд, ки чӣ тавр Худо ваъдаашро иҷро мекунад? Агар шумо хонаатонро тарк карда, дар ҷои дигар хизмат карда истода бошед, шумо низ шояд аз баъзе чизҳо ба ташвиш оед. Аммо бешубҳа, шумо дар ҳаёти худ дида истодаед, ки Яҳува нисбататон ғамхорӣ карда истодааст.
8, 9. Чӣ тавр Яҳува паноҳгоҳи Яъқуб буданашро нишон дод ва мо аз ин чӣ омӯхта метавонем?
8 Вақте ки Яъқуб ба Ҳоррон расид, тағояш Лобон ӯро хуш қабул кард ва чанде пас барои ӯ Леё ва Роҳелро ба занӣ дод. Аммо бо гузашти вақт, Лобон нисбати Яъқуб беинсофона амал карда, музди корашро даҳ маротиба иваз кард (Ҳас. 31:41, 42). Лекин Яъқуб ба чунин беадолатӣ тоб меовард ва боварӣ дошт, ки Яҳува минбаъд низ ба ӯ ғамхорӣ мекунад. Ва Яҳува дар ҳақиқат чунин кард! Вақте Худо ба Яъқуб гуфт, ки ба Канъон баргардад, Яъқуб аллакай соҳиби «рамаҳои бисёр, ва канизон, ва ғуломон, ва шутурон, ва харон» буд (Ҳас. 30:43). Яъқуб дар дуо миннатдории зиёд изҳор карда, гуфт: «Ҳамаи марҳаматҳо ва ҳамаи некиҳоро, ки дар ҳаққи бандаат кардаӣ, сазовор нестам; зеро ки бо чӯбдасти худ аз ин Ӯрдун гузашта будам; ва ҳоло молики ду бошишгоҳ мебошам» (Ҳас. 32:10).
9 Бале, ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки то чӣ андоза суханони дар дуо гуфтаи Мусо ҳаққанд: «Худовандо! Ту асрҳои аср паноҳандаи мо будӣ» (Заб. 89:1). Ин суханон имрӯз низ қобили корбурданд, зеро Яҳува, ки «дар Ӯ тағйироте ва ҳеҷ дигаргуние мавҷуд нест», барои ходимони содиқаш паноҳгоҳ мебошад (Яъқ. 1:17). Биёед инро дида бароем.
ЯҲУВА ИМРӮЗ «ПАНОҲАНДАИ МО» АСТ
10. Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува то ҳол паноҳгоҳи ходимонаш аст?
10 Чунин вазъиятро тасаввур кунед, ки шумо дар суд бар зидди як гурӯҳи ҷинояткорон шаҳодат дода истодаед. Сардори ин гурӯҳ хеле донову бақувват, фиребгар ва қотили бераҳм аст. Баъди тамом шудани суд, вақте ки аз толор мебароед, чӣ гуна ҳиссиёт шуморо фаро мегирад? Ҳисси бехатарӣ? Албатта не! Бешубҳа, хуб мебуд, ки шумо барои худ ҳимоя талаб кунед. Ин мисол вазъияти ходимони Яҳуваро, ки нотарсона дар бораи Яҳува шаҳодат медиҳанд ва далерона корҳои душмани Худо, Шайтонро фош мекунанд, мефаҳмонад. (Ваҳй 12:17-ро бихонед.) Лекин, оё Шайтон тавонист, ки халқи Худоро аз мавъиза кардан боз дорад? Не! Чӣ тавре ки аён аст, кори мавъиза пеш рафта истодааст ва ин нишондиҳандаи он аст, ки Яҳува то ҳол, махсусан дар ин рӯзҳои охир, паноҳгоҳи мо аст. (Ишаъё 54:14, 17-ро бихонед.) Лекин агар мо ба Шайтон гузорем, ки моро бо роҳи фиреб аз Яҳува дур созад, он гоҳ Ӯ паноҳгоҳи мо шуда наметавонад.
11. Аз намунаи Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб кадом дарси муҳимро омӯхта метавонем?
11 Биёед аз намунаи Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб дигар дарси муҳимро омӯзем. Гарчанд ин шахсон дар замини Канъон зиндагӣ мекарданд, лекин онҳо аз одамони он сарзамин канорагирӣ мекарданд, зеро аз корҳои бадахлоқонаи онҳо нафрат доштанд (Ҳас. 27:46). Ба онҳо барои донистани он ки чӣ дуруст асту чӣ нодуруст, рӯйхати қоидаву қонунҳои аз ҳад зиёд лозим набуд. Зеро донистани Яҳува ва шахсияти Ӯ барои онҳо кифоя буд. Азбаски Яҳува паноҳгоҳи ин ходимони содиқ буд, онҳо ҳар кори аз дасташон меомадаро мекарданд, то қисми ин ҷаҳон нагарданд. Дар ҳақиқат, онҳо барои мо намунаи олиҷаноб гузоштанд! Оё шумо мекӯшед, ки дар интихоби дӯстон ва вақтхушӣ ба пайғамбарони содиқ пайравӣ кунед? Афсӯс, ки баъзе аъзоёни ҷамъомад худро дар ҷаҳони Шайтон андак бошад ҳам, бароҳат ҳис мекунанд. Агар шумо каме ҳам дар худ чунин ҳиссиёт дошта бошед, дар ин бора дуо гӯед. Ва дар ёд дошта бошед, ки ин ҷаҳон аз они Шайтон аст ва он рӯҳияи худбинонаи сарди ӯро инъикос мекунад (2 Қӯр. 4:4; Эфс. 2:1, 2)..
12. a) Чӣ тавр Яҳува ба хизматгоронаш кӯмаки худро пешниҳод мекунад? б) Шумо оиди кӯмаке, ки Яҳува ба мо медиҳад чӣ фикр доред?
12 Агар нахоҳем, ки Шайтон моро фиреб кунад, мо бояд аз тамоми кӯмаки рӯҳоние, ки Яҳува ба хизматгоронаш пешниҳод мекунад, истифода барем. Ба ин кӯмак вохӯриҳои ҷамъомад, ибодати оилавӣ ва «бахшоишҳо», яъне пирони ҷамъомад, ки барои бо душвориҳои ҳаёт мубориза бурдан ба мо мадад мерасонанд, дохил мешаванд (Эфс. 4:8–12). Бародар Ҷорҷ Гангас, ки муддати чандин солҳо ҳамчун аъзои Ҳайати роҳбарикунанда хизмат карда буд, навишт: «Ҳангоми дар байни халқи Худо будан, ман худро дар хона бо оилаам ва дар биҳишти рӯҳонӣ ҳис мекунам». Оё шумо низ чунин ҳиссиёт доред?
13. Кадом дарси муҳимро мо аз Ибриён 11:13 гирифта метавонем?
13 Боз як хислати муҳиме, ки Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб доштанд, ин буд, ки онҳо барои аз одамони гирду атрофашон фарқ кардан наметарсиданд. Мо ҳам бояд ба онҳо пайравӣ кунем. Онҳо ошкоро «эътироф карданд, ки бар замин мусофир ва ғарибанд» (Ибр. 11:13). Оё шумо низ нишон медиҳед, ки аз одамони ин ҷаҳон фарқ мекунед? Ин баъзан душвор буда метавонад, лекин бо кӯмаки Худо ва ҳамимонон шумо муваффақ гашта метавонед. Дар ёд доред, ки на танҳо шумо чунин мубориза бурда истодаед. Барои аз одамони ин ҷаҳон фарқ кардан ҳамаи онҳое, ки ба Яҳува хизмат кардан мехоҳанд, бояд бар зидди Шайтон ва ҷаҳони ӯ мубориза баранд! (Эфс. 6:12). Лекин мо ҳамон вақт дар ин ҷанг ғолиб баромада метавонем, агар ба Яҳува таваккал кунем ва Ӯро паноҳгоҳи худ гардонем.
14. Иброҳим интизори кадом «шаҳр» буд?
14 Ҳамчунин муҳим аст, ки ба Иброҳим пайравӣ карда диққатамонро ба мукофот равона созем (2 Қӯр. 4:18). Павлуси ҳавворӣ навишт, ки Иброҳим «мунтазири шаҳре буд, ки таҳкурсии мустаҳкаме дорад, ва меъмору бинокори он Худост» (Ибр. 11:10). Ин «шаҳр» Салтанати Масеҳоӣ мебошад. Бешубҳа, ба Иброҳим лозим буд, ки он «шаҳр»-ро интизор шавад. Лекин ба мо лозим нест, ки барпо шудани онро интизор шавем, зеро он Салтанат имрӯз аллакай барпо шудааст ва дар осмон ҳукмронӣ мекунад. Ғайр аз ин, далелҳо равшан нишон медиҳанд, ки он ба қарибӣ бар тамоми замин ҳукмрон хоҳад шуд. Оё ин Салтанат барои шумо воқеист? Оё шумо Салтанати Худоро дар ҷои аввал мегузоред ва аз ин ҷаҳон канорагирӣ мекунед? (2 Петрус 3:11, 12-ро бихонед).
ЯҲУВА МИНБАЪД НИЗ «ПАНОҲАНДАИ МО» ХОҲАД БУД
15. Онҳоеро, ки ба ин ҷаҳон таваккал мекунанд, чӣ гуна оянда интизор аст?
15 Пеш аз ба анҷом расидани ҷаҳони Шайтон дарду азоби одамон зиёдтар мешавад (Мат. 24:7, 8). Бешубҳа, дар давоми мусибати бузург ҳаёти одамон боз ҳам бадтар мегардад. Корхонаву ташкилотҳои давлатӣ, ки барои беҳбудии одамон хизмат мекунанд, шикаст хоҳанд хӯрд ва одамон барои ҳаёташон ба тарсу ҳарос хоҳанд афтид (Ҳаб. 3:16, 17). Аз ноилоҷӣ мардум, гӯё «дар мағораҳо ва дараҳои кӯҳҳо» паноҳгоҳ хоҳанд ҷуст (Ваҳй 6:15–17). Аммо на мағораҳои аслӣ ва на ташкилотҳои сиёсиву тиҷоратӣ, ки бо кӯҳҳо муқоиса карда мешаванд, онҳоро ҳимоя карда наметавонанд.
16. Муносибати мо ба ҷамъомад бояд чӣ гуна бошад ва чаро?
16 Аммо халқи Худо аз паноҳгоҳи худ, Яҳува, баҳра бурданро давом хоҳанд дод. Мисли пайғамбар Ҳабаққуқ онҳо «дар Худованд шод» хоҳанд буд ва «дар Худои наҷоти худ ба ваҷд» хоҳанд омад (Ҳаб. 3:18). Чӣ тавр Яҳува дар он замони ноором паноҳгоҳи мо хоҳад буд? Мо дар ин бора аниқ ягон чиз гуфта наметавонем, барои ҳамин бояд интизор шавем ва хоҳем дид. Аммо аниқ гуфта метавонем, чуноне ки исроилиён ҳангоми аз Миср баромаданашон аз Яҳува дастурот гирифта буданд, ходимони имрӯзаи Худо низ дар он вақт дастурот хоҳанд гирифт ва чун халқи ташкилшуда фаъолият хоҳанд кард. (Ваҳй 7:9; Хуруҷ 13:18-ро бихонед.) Чӣ тавр Яҳува ин дастуротро хоҳад дод? Эҳтимоли зиёд аст, ки Ӯ инро ба воситаи ҷамъомад хоҳад кард. Мувофиқи пешгӯии Ишаъё ҳазорҳо ҷамъомадҳо, ки дар тамоми рӯи ҷаҳон ҳастанд, ба «ҳуҷраҳо» монанданд. (Ишаъё 26:20-ро бихонед.) Оё шумо вохӯриҳои ҷамъомадро қадр мекунед? Оё шумо аз рӯи дастуроте, ки Яҳува ба воситаи ҷамъомад медиҳад, зуд амал мекунед? (Ибр. 13:17).
17. Аз кадом ҷиҳат Яҳува ҳатто барои ходимони содиқи вафоткардааш паноҳгоҳ аст?
17 Яҳува ҳатто ба он ходимони содиқаш, ки пеш аз саршавии мусибати бузург вафот мекунанд, паноҳгоҳ хоҳад монд. Чаро ин тавр гуфтан мумкин аст? Зеро Яҳува оиди Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб, ки аллакай вафот карда буданд, ба Мусо гуфта буд: «Ман Худои... Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб [ҳастам]» (Хур. 3:6). Исо ин суханонро иқтибос оварда, чунин илова намуд: «Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст, зеро ки пеши Ӯ ҳама зинда ҳастанд» (Луқ. 20:38). Оре, барои Яҳува ҳамаи ходимони содиқи вафоткардааш гӯё зиндаанд ва онҳо албатта эҳё хоҳанд шуд (Воиз 7:1).
18. Чӣ тавр Яҳува дар дунёи нав низ барои халқаш паноҳгоҳ хоҳад буд?
18 Дар дунёи нав, ки ба қарибӣ меояд, Яҳува боз аз дигар ҷиҳат барои халқаш паноҳгоҳ хоҳад буд. Дар Ваҳй 21:3 гуфта мешавад: «Инак, хаймаи Худо бо одамон, ва Ӯ бо онҳо сокин хоҳад шуд». Дар аввал Яҳува ба итоаткорони худ тавассути намояндааш Исои Масеҳ ҳукмронӣ хоҳад кард. Исо дар охири ҳукмронии ҳазорсолааш Салтанатро ба Падараш месупорад ва бо ин нияти Худоро оиди замин пурра иҷро хоҳад кард (1 Қӯр. 15:28). Баъд аз ин, одамони комил ба Исо чун миёнарав дигар эҳтиёҷ нахоҳанд дошт, зеро Яҳува бе ягон восита бо онҳо хоҳад буд. Чӣ ояндаи олиҷанобе моро дар пеш интизор аст! Аммо то он вақт биёед кӯшиш кунем, то аз ходимони содиқи замони қадим ибрат гирифта Яҳуваро паноҳгоҳи худ кунем.