МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 39
Мардуми сершумор боз ҳам зиёд мегардад!
«Баъд аз ин ман нигоҳ кардам ва дар пеши тахт ва Барра мардуми сершумореро дидам» (ВАҲЙ 7:9).
СУРУДИ 10 «Худоям, маро бифирист!»
ПЕШГУФТОРa
1. Дар охири асри як Юҳаннои расул дар кадом ҳолат буд?
ДАР ОХИРИ асри яки милодӣ Юҳаннои расул дар ҳолати хеле душвор қарор дошт. Юҳанно дар ҷазираи Патмос дар зиндон буд. Ӯ аллакай хеле пиронсол ва эҳтимол аз расулон охирин монда буд (Ваҳй 1:9). Юҳаннои расул медонист, ки осиён ҷамъомадро гумроҳ карда истодаанд ва дар байни бародару хоҳарон ҷудоӣ меандозанд. Ба назар чунин метофт, ки ба наздикӣ масеҳиёни ҳақиқӣ дигар дар рӯйи замин намемонанд (Яҳд. 4; Ваҳй 2:15, 20; 3:1, 17).
2. Мувофиқи Ваҳй 7:9–14 Юҳанно чӣ гуна рӯъёи ҳаяҷонбахшро дид? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)
2 Дар айни ин вазъиятҳои душвор Худо ба Юҳанно рӯъёе нишон дод, ки дар бораи ояндаи дурахшон пешгӯйӣ мекард. Дар он рӯъё ба чор фаришта гуфта шуд, ки бодҳои шадиди ҳалокатовари мусибати бузургро то мӯҳр гузоштан ба бандагони Худо нигоҳ доранд (Ваҳй 7:1–3). Он бандагони Худо, ки бо Исо дар осмон ҳукмронӣ мекунанд, 144 000 нафарро ташкил медиҳанд (Луқ. 12:32; Ваҳй 7:4). Сипас Юҳанно гурӯҳи дигареро мебинад, ки хеле сершуморанд ва ӯ аз ин ба ҳайрат омада мегӯяд: «Ман нигоҳ кардам ва дар пеши тахт ва Барра мардуми сершумореро дидам, ки аз ҳар миллат, қабила, халқ ва забонҳо буданд ва онҳоро ҳеҷ кас ҳисоб карда наметавонист». (Ваҳй 7:9–14-ро хонед.) Хурсандии Юҳаннои расул эҳтимол ҳадду канор надошт, зеро ӯ дар ин рӯъё дид, ки дар оянда одамони беҳад зиёд Яҳуваро ибодат мекунанд.
3. а) Чаро рӯъёи Юҳанно имони моро мустаҳкам мекунад? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?
3 Бешубҳа, он рӯъё имони Юҳанноро хеле қавӣ кард. Ва он имони моро низ, албатта, қавӣ сохта метавонад, охир мо дар айёми охир — дар вақти иҷрошавии ин рӯъё зиндагӣ дорем! Ҳоло мо бо чашми худ мебинем, ки миллионҳо одамон дар ибодати Яҳува муттаҳид шуда истодаанд ва умед доранд, ки мусибати бузургро гузашта ҷовидона дар биҳишти рӯйи замин зиндагӣ мекунанд. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр зиёда аз ҳаштод сол пеш Яҳува кӣ будани он мардуми сершуморро ба халқаш маълум кард. Сипас мо ду чизро оиди ин мардум дида мебароем: 1) мебинем, ки чӣ хел шумораи он торафт афзуд ва 2) мефаҳмем, ки чӣ тавр он аз миллату забонҳои гуногун ҷамъ шуда истодааст. Ин фикрҳо, албатта, имони ҳамаи онҳоеро, ки чунин умеди олиҷаноб доранд, қавӣ мегардонад.
МАРДУМИ СЕРШУМОР ДАР КУҶО ЗИНДАГӢ ХОҲАНД КАРД?
4. Масеҳиёни ҷаҳон кадом таълимоти Навиштаҳоро намефаҳманд, вале Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас чиро дарк мекарданд?
4 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки одамони итоаткор оянда дар замин абадан зиндагӣ мекунанд, вале динҳои ҷаҳони масеҳият ин ҳақиқатро таълим намедиҳанд (2 Қӯр. 4:3, 4). Онҳо мегӯянд, ки вақте одамони хуб аз олам чашм мепӯшанд, онҳо ба осмон мераванд. Вале гурӯҳи хурди Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас, ки аз соли 1879 маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ»-ро нашр мекарданд, дигар хел ақида доштанд. Онҳо медонистанд, ки Худо биҳиштро дар замин барқарор мекунад ва миллионҳо одамони одил на дар осмон, балки дар рӯйи замин зиндагӣ хоҳанд кард. Лекин ба он Тадқиқотчиён вақт лозим буд, то фаҳманд, ки ба ин гурӯҳ киҳо дохил мешаванд (Мат. 6:10).
5. Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас оиди 144 000 нафар чӣ гуна ақида доштанд?
5 Тадқиқотчиён инчунин аз Навиштаҳо фаҳмиданд, ки баъзеҳо «аз замин харида шудаанд», то дар осмон бо Исо роҳбарӣ кунанд (Ваҳй 14:3). Он гурӯҳ 144 000 нафарро ташкил медиҳанд. Аз рӯйи ақидаи Тадқиқотчиён он 144 000 бояд аз масеҳиёни боғайрат иборат мебуданд, ки ҳангоми дар замин буданашон то охир ба Яҳува содиқона хизмат мекунанд. Дар бораи мардуми сершумор ақидаи онҳо чӣ гуна буд?
6. Оиди мардуми сершумор ақидаи Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас чӣ гуна буд?
6 Дар рӯъё Юҳанно дид, ки он мардуми сершумор «дар пеши тахт ва Барра» истодаанд (Ваҳй 7:9). Аз ин суханони рӯъё Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас хулоса карданд, ки мардуми сершумор низ мисли 144 000 нафар ба осмон бурда мешаванд. Агар ҳам 144 000 ва ҳам мардуми сершумор дар осмон зиндагӣ кунанд, пас фарқияти ин ду гурӯҳ дар чӣ аст? Тадқиқотчиён гумон мекарданд, ки мардуми сершумор аз масеҳиёне иборат меёбанд, ки ҳангоми дар замин буданашон ба Яҳува пурра итоаткор набуданд. Ва гарчанде ки ин мардум аз рӯйи меъёрҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунанд, вале баъзеашон шояд аъзои калисоҳои дини масеҳӣ мемонанд. Аз рӯйи ақидаи Тадқиқотчиён чунин одамон дар роҳи Худо ба андозае ғайрат дошта бошанд ҳам, ба Ӯ ба таври кофӣ муҳаббат надоранд, барои ҳамин бо Исо роҳбарӣ карда наметавонанд. Азбаски муҳаббати онҳо ба Худо назар ба муҳаббати 144 000 нафар камтар аст, он мардуми сершумор дар осмон бар тахтҳо нишаста наметавонанд, балки танҳо дар назди тахт меистанд.
7. Аз рӯйи фаҳмиши Тадқиқотчиён дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ киҳо дар замин бояд зиндагӣ мекарданд ва онҳо оиди пайғамбарони замони қадим чӣ фикр доштанд?
7 Набошад дар замин кӣ зиндагӣ мекунад? Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ақида доштанд, ки баъди он ки 144 000 нафар ва мардуми сершумор ба осмон бурда мешаванд, ба миллионҳо одамони дигар иҷозат дода мешавад, ки дар рӯйи замин зиндагӣ кунанд ва аз баракатҳои Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ баҳраманд гарданд. Тадқиқотчиён боз гумон мекарданд, ки он миллионҳо нафар пеш аз сар шудани Ҳукмронии Масеҳ ба Яҳува хизмат намекунанд, балки дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ роҳҳои Яҳуваро таълим мегиранд. Ва баъд ба шахсоне, ки мувофиқи қонунҳои Яҳува зиндагӣ мекунанд, ҳаёти ҷовидона дар замин тӯҳфа карда мешаваду онҳое, ки муқобили Яҳува мебароянд, нест карда мешаванд. Тадқиқотчиён ҳамчунин ақида доштанд, ки эҳтимол баъзе касоне, ки дар дунёи нав чун «мирон» хизмат мекунанд, дар охири Ҳукмронии ҳазорсола бо ягон роҳ ба осмон бурда мешаванд. Ба он «мирон» ҳамчунин мардони содиқи замони қадим, ки дар замин эҳё мегарданд, дохил мешаванд (Заб. 44:17).
8. Кадом се гурӯҳи одамон гӯё вуҷуд доштанд?
8 Хулоса, Тадқиқотчиён фикр мекарданд, ки се гурӯҳ ҳастанд: 1) 144 000 нафар, ки ҳамроҳи Исо дар осмон ҳукмронӣ мекунанд; 2) мардуми сершумор, ки масеҳиёни на он қадар боғайратро дар бар мегиранд ва онҳо дар пеши тахти Исо дар осмон меистанд; 3) миллионҳо одамоне, ки дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ дар замин роҳҳои Яҳуваро таълим мегирандb. Лекин баъдтар дар сарфаҳм рафтан ба ин масъала Яҳува ба ходимонаш ёрдам дод (Мас. 4:18).
НУРИ ҲАҚИҚАТ РАВШАНТАР МЕДУРАХШАД
9. а) Мардуми сершумор дар замин бошанд ҳам, ба кадом маъно «дар пеши тахт ва Барра» меистанд? б) Чаро фаҳмиши суханони Ваҳй 7:9, ки соли 1935 аниқ гашт, мантиқан дуруст аст?
9 Соли 1935 Шоҳидони Яҳува равшан фаҳмиданд, ки мардуми сершумор аз рӯъёи Юҳанно киҳо мебошанд. Ҳарчанд дар рӯъё он мардуми сершумор дар осмон «дар пеши тахт ва Барра» истода буданд, Тадқиқотчиён дарк карданд, ки ин маънои аслӣ не, балки маҷозӣ дорад. Яъне мардуми сершумор дар замин зиндагӣ кунанд ҳам, онҳо ба он маъно «дар пеши тахт» меистанд, ки ҳокимияти Яҳуваро эътироф карда, худро ба он мутеъ месозанд (Иш. 66:1). «Дар пеши... Барра» истоданашон бошад, маънои онро дорад, ки онҳо ба қурбонии фидияи Исо имон зоҳир мекунанд. Масалан, дар Матто 25:31, 32 низ гуфта шудааст, ки «ҳамаи халқҳо», аз он ҷумла бадкорон, дар назди тахти бошукӯҳи Исо ҷамъ оварда мешаванд. Аён аст, ки ҳамаи ин халқҳо на дар осмон, балки дар заминанд. Ва ин фаҳмиш, ки соли 1935 равшан гашт, мантиқан дуруст буд. Чунки дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки мардуми сершумор ба осмон бурда мешаванд. Ягона гурӯҳе, ки Худо ба онҳо ҳаёти ҷовидонаи осмониро ваъда додааст, ин 144 000 нафар мебошанд, ки ҳамроҳи Исо «бар замин ҳукмронӣ хоҳанд кард» (Ваҳй 5:10).
10. Чаро ба мардуми сершумор муҳим аст, ки то саршавии Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ роҳҳои Яҳуваро таълим гиранд?
10 Аз соли 1935 сар карда Шоҳидони Яҳува чунин фаҳмиш доранд, ки мардуми сершуморе, ки дар рӯъёи Юҳанно оидашон гуфта шудааст, масеҳиёни содиқеро ташкил медиҳанд, ки умед доранд дар замин абадӣ зиндагӣ кунанд. Барои аз мусибати бузург наҷот ёфтан, онҳо бояд пеш аз сар шудани Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ роҳҳои Яҳуваро таълим гиранд. Онҳо бояд имони қавӣ зоҳир кунанд, то «дар вақти ба амал омадани ҳамаи ин воқеаҳо» дар мусибати бузург истодагарӣ карда тавонанд (Луқ. 21:34–36).
11. Аз кадом сабаб Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас фикр мекарданд, ки баъзеҳо баъди Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ ба осмон бурда мешаванд?
11 Чуноне ки гуфтем, ба Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас вақт лозим буд, то оиди мардуми сершумор ба ақидаи дуруст оянд. Масалан, дар маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 феврали с. 1913 онҳо чунин ақида баён карда буданд, ки баъзе шахсони содиқ танҳо баъди Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ ба осмон бурда мешаванд. Лекин касе, ки ин суханонро мехонд, метавонист ҳайрон шуда гӯяд: «Чаро ба ходимони содиқи замони пеш танҳо дар замин зистан иҷозат дода мешаваду масеҳиёне, ки на он қадар содиқанд, мукофоти осмонӣ мегиранд?» Лекин он ақидаи нодурусти Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ба ду гумони ғалат асос меёфт: 1) онҳо гумон мекарданд, ки мардуми сершумор дар осмон зиндагӣ мекунад ва 2) он мардумро масеҳиёни на он қадар содиқу боғайрат ташкил медиҳанд.
12, 13. Ҳам тадҳиншудагон ва ҳам мардуми сершумор дар бобати мукофоти худ чиро дарк мекунанд?
12 Лекин чи хеле ки фаҳмидем, Шоҳидони Яҳува аз соли 1935 инҷониб акнун аниқ мефаҳманд, ки мардуми сершумор аз рӯъёи Юҳаннои расул ҳамон касонеанд, ки дар Ҳармаҷиддӯн наҷот меёбанд. Онҳо дар замин «аз мусибати бузург» мегузаранд ва «бо овози баланд чунин хитоб» мекунанд: «Наҷот аз ҷониби Худои мо, ки бар тахт нишастааст, ва аз ҷониби Барра аст!» (Ваҳй 7:10, 14). Илова бар ин дар Навиштаҳо гуфта шудааст, ки касоне, ки ба ҳаёти осмонӣ эҳё мешаванд, назар ба шахсони содиқи замони пеш «чизи беҳтареро» соҳиб мегарданд. Ва Шоҳидони Яҳува акнун дарк карданд, ки шахсони содиқи замони пеш дар замин абадӣ зиндагӣ хоҳанд кард, на дар осмон (Ибр. 11:40). Баъди пайдо кардани фаҳмиши аниқ дар бораи мардуми сершумор бародарони мо бо ҷидду ҷаҳд одамонро даъват мекарданд, ки ба Яҳува хизмат карда умеди дар замин ҷовидона зистанро пайдо кунанд.
13 Он мардуми сершумор аз умеди доштаи худ хеле хурсанданд. Онҳо мефаҳманд, ки худи Яҳува муайян месозад, ки хизматгорони содиқаш дар куҷо ба Ӯ хизмат кунанд — дар осмон ё дар замин. Ҳам тадҳиншудагон ва ҳам мардуми сершумор дарк мекунанд, ки мукофоташонро худашон сазовор нашудаанд, балки онро танҳо бо шарофати меҳрубонии беҳамтои Яҳува, ки тавассути фидияи Исо зоҳир шуд, соҳиб шуда метавонанд (Рум. 3:24).
ОНҲО ДАР ҲАҚИҚАТ СЕРШУМОРАНД
14. Баъди соли 1935 аз кадом сабаб бисёриҳо намефаҳмиданд, ки пешгӯйӣ оиди мардуми сершумор бо кадом роҳ иҷро мешавад?
14 Баъди он ки Шоҳидони Яҳува соли 1935 оиди мардуми сершумор фаҳмиши аниқ пайдо карданд, бисёриҳо то ҳол намефаҳмиданд, ки чӣ тавр он мардум сершумор хоҳанд гашт. Масалан, Роналд Паркин ном бародар нақл мекунад, ки вақте соли 1935 фаҳмиш оиди мардуми сершумор аниқ гашт, ӯ 12-сола буд. Ӯ мегӯяд: «Он вақт дар тамоми ҷаҳон қариб 56 000 воиз буд ва эҳтимол аксарияти онҳо тадҳиншуда буданд. Аз ин рӯ ба назар чунин мерасид, ки “мардуми сершумор” дар асл гӯё на он қадар сершуморанд».
15. Чӣ тавр ҷамъоварии мардуми сершумор босуръат пеш рафта истодааст?
15 Лекин даҳсолаҳои минбаъда ба бисёр мамлакатҳо миссионерон фиристода шуданд, аз ин рӯ шумораи Шоҳидони Яҳува босуръат меафзуд. Сипас, соли 1968 китоби «Ҳақиқате, ки сӯи ҳаёти ҷовидонӣ роҳнамоӣ мекунад» ба нашр баромад, ки воизон аз рӯйи он омӯзиш мегузаронданд. Ин китоб ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро ба таври одӣ мефаҳмонд, аз ин рӯ боз ҳам бештар одамони ҳалимро ба Яҳува ҷалб кард. Дар давоми чор сол беш аз ним миллион шогирдони нав таъмид гирифтанд. Ҳамзамон, дар Амрикои Лотинӣ ва дигар давлатҳо таъсири калисои католикӣ торафт суст мешуд ва дар Аврупои Шарқӣ ва қисмҳои Африқо ба фаъолияти ташкилоти мо озодии бештар дода шуд. Дар натиҷа, боз миллионҳо нафар ба ҳақиқат омаданд (Иш. 60:22). Дар давоми солҳо Шоҳидони Яҳува як қатор адабиёт нашр карданд, ки барои ба одамон таълим додани ҳақиқати Каломи Худо асбоби хуб ба ҳисоб мерафт. Бешубҳа, Худо «мардуми сершумор»-ро, ки ҳоло беш аз ҳашт миллионро ташкил медиҳанд, ҷамъ оварда истодааст.
АЗ ҲАР МИЛЛАТУ НАЖОД
16. Мардуми сершумор аз куҷо ҷамъ оварда хоҳанд шуд?
16 Вақте Юҳаннои расул дар бораи рӯъёи дидаи худ навишт, ӯ қайд кард, ки он мардуми сершумор «аз ҳар миллат, қабила, халқ ва забонҳо» ҷамъ оварда мешаванд. Закарё-пайғамбар чизи ба ин монандеро пешгӯйӣ карда буд. Ӯ навишт: «Дар он айём даҳ нафар аз ҳамаи забонҳо ва халқҳо домани марди яҳудиро гирифта ва онро сахт дошта, хоҳанд гуфт: “Бо шумо меравем, зеро шунидаем, ки Худо бо шумост”» (Зак. 8:23).
17. Барои кӯмак ба одамони ҳар халқу миллат кадом кор иҷро шуда истодааст?
17 Шоҳидони Яҳува дарк мекунанд, ки барои ҷамъ овардани одамони тамоми миллат ва нажод, хушхабар бояд ба забонҳои бисёр мавъиза карда шавад. Ташкилоти мо беш аз 130 сол адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро тарҷума мекард, вале айни замон он кори бузурги тарҷумониро пеш бурда чунин адабиётро ба садҳо забон тарҷума карда истодааст. Маълум, ки Яҳува дар замони мо низ мӯъҷиза ба амал оварда мардуми сершуморро аз халқу миллат ва забонҳои гуногун ҷамъ меорад. Онҳо Яҳуваро дар ягонагӣ ибодат мекунанд, чунки Китоби Муқаддас ва адабиёти бар он асосёфта ба шумораи хеле зиёди забонҳо дастрас аст. Ва ҳоло Шоҳидон бо мавъиза ва муҳаббати бародаронаи худ шинохта мешаванд. Аз дидани ҳамаи ин имони мо дар ҳақиқат қавӣ мегардад, ҳамин тавр-не? (Мат. 24:14; Юҳ. 13:35).
РӮЪЁ ОИДИ МАРДУМИ СЕРШУМОР БАРОИ МО ЧӢ АҲАМИЯТ ДОРАД?
18. а) Мувофиқи Ишаъё 46:10, 11 чаро мо ҳайрон нестем, ки Яҳува пешгӯйиеро, ки ба мардуми сершумор дахл дошт, иҷро карда истодааст? б) Чаро онҳое, ки умеди заминӣ доранд, худро аз чизе бенасиб ҳис намекунанд?
18 Дида баромадани пешгӯйӣ оиди мардуми сершумор дар ҳақиқат ҳаяҷоновар аст. Мо ҳайрон нестем, ки Яҳува он пешгӯйиро ба таври аҷоиб иҷро карда истодааст. (Ишаъё 46:10, 11-ро хонед.) Бешубҳа, он мардуми сершумор барои умеде, ки Яҳува ба онҳо додааст, хеле миннатдоранд. Ҳарчанд онҳо бо рӯҳи муқаддаси Худо тадҳин наёфтаанд ва бо Исо дар осмон хизмат намекунанд, онҳо худро аз чизе бенасиб ҳис намекунанд. Дар Китоби Муқаддас мо оиди бисёр мардону занони содиқ мехонем, ки рӯҳи муқаддаси Худо онҳоро роҳнамоӣ мекард, вале онҳо ба қатори 144 000 дохил намешаванд. Яке аз он шахсони содиқ Яҳёи Таъмиддиҳанда аст (Мат. 11:11). Дигараш Довуд-пайғамбар мебошад (Аъм. 2:34). Онҳо ва дигар шахсони содиқи бешумор барои зиндагӣ дар биҳишти рӯйи замин эҳё хоҳанд шуд. Ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ бо мардуми сершумор имконият хоҳанд дошт, ки ба Яҳува ва ҳукмронии Ӯ содиқии худро нишон диҳанд.
19. Иҷрошавии рӯъёи Юҳанно таъҷилӣ будани кадом корро ба мо хотиррасон мекунад?
19 Дар таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ чунин набуд, ки Худо миллионҳо одамонро аз ҳар халқу миллат ҷамъ оварда бошаду онҳо бо ҳам муттаҳид бошанд. Новобаста аз он ки мо умеди осмонӣ дорем ё заминӣ, мо бояд ҳарчи бештар ба одамон кӯмак кунем, то ба сафи мардуми сершумор, яъне «гӯсфандони дигар», ҳамроҳ шаванд (Юҳ. 10:16). Ба наздикӣ мусибати бузург сар мешавад ва Яҳува ҳамаи динҳо ва ҳокимиятҳоеро, ки ба сари инсоният ғаму кулфат меоранд, нест мекунад. То чӣ андоза шарафи бузург аст, ки мо — аъзоёни мардуми сершумор имконият дорем, ки дар рӯйи замин ба Яҳува абадан хизмат кунем! (Ваҳй 7:14).
СУРУДИ 55 Шуд ҳаёт абадӣ!
a Дар ин мақола мо яке аз рӯъёҳоеро, ки Яҳува ба Юҳаннои расул нишон дода буд, дида мебароем. Он рӯъё пешгӯйӣ оиди ҷамъоварӣ карда шудани «мардуми сершумор» аст. Бешубҳа, ин рӯъё имони ҳамаи онҳоеро, ки барои дар биҳишти рӯйи замин зиндагӣ кардан умед доранд, мустаҳкам мекунад.
b Нигаред ба китоби «Шоҳидони Яҳува — воизони Салтанати Худо» (рус.) саҳ. 159–163.