«Инак, ман ҳаррӯза... бо шумо ҳастам»
«Инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам» (МАТ. 28:20).
1. а) Масал оиди гандум ва мастакро бо суханони худ нақл кунед. б) Чӣ тавр Исо маънои ин масалро фаҳмонд?
ЯКЕ аз масалҳое, ки Исо доир ба Салтанат гуфт, ин дар бораи деҳқоне мебошад, ки дар заминаш тухми гандум мекорад ва душмане омада, дар байни гандум тухми мастак (алафи бегона) мекорад. Мастакҳо сабзида гандумро пахш мекунанд, вале деҳқон ба хизматгорони худ чунин амр медиҳад: «Бигзоред, ки то вақти дарав ҳар ду бо ҳам нумӯ кунанд». Ва дар вақти дарав мастакҳо нобуд карда мешаванд ва гандум ҷамъ оварда мешавад. Маънои ин масалро худи Исо фаҳмонд. (Матто 13:24–30, 37–43-ро бихонед.) Ин масал чиро ба мо ошкор мекунад? (Ба ҷадвали «Гандум ва мастакҳо» нигаред.)
2. а) Воқеаҳое, ки дар киштзори деҳқон рӯй медиҳанд, чиро тасвир мекунанд? б) Дар ин мақола диққати асосиро ба кадом қисми масал равона мекунем?
2 Воқеаҳое, ки дар киштзори деҳқон шуданд, нишон медиҳанд, ки кай ва чӣ тавр Исо аз байни одамон шумораи пурраи синфи «гандум», яъне масеҳиёни тадҳиншударо, ки ҳамроҳи ӯ ҳукмронӣ мекунанд, ҷамъ меорад. Коридани гандум соли 33-юми эраи мо сар шуд. Ҷамъоварии он бошад, ҳамон вақт ба охир мерасад, ки боқимонда тадҳиншудагоне, ки дар заминанд, мӯҳри охирини худро мегиранд ва баъдтар ба осмон бурда мешаванд (Мат. 24:31; Ваҳй 7:1–4). Донистани маънои ин масал барои мо аҳамияти калон дорад. Чӣ тавре ки аз баландии кӯҳ ба шахс манзараи васеи гирду атроф намоён мешавад, ҳамин тавр ин масал ба мо фаҳмиши васеъ мебахшад, ки дар давоми тахминан 2 000 сол кадом воқеаҳои бо Салтанат алоқаманд рӯй доданд. Ин воқеаҳо дар масал бо коридан, нумӯ ва дарав тасвир шудаанд. Дар ин мақола диққати асосӣ ба вақти дарав равона карда мешавадa.
ТАҲТИ ҒАМХОРИИ ИСО
3. а) Баъди асри як чӣ рӯй дод? б) Аз рӯи ояти Матто 13:28 кадом савол бардошта шуд ва аз тарафи кӣ? (Ҳамчунин ба эзоҳ нигаред.)
3 Дар аввали асри дуюми эраи мо, дар «киштзори» ҷаҳонӣ масеҳиёни бардурӯғ, яъне «мастакҳо намоён шуданд» (Мат. 13:26). Дар асри чорум бошад, шумораи масеҳиёни мастакмонанд назар ба масеҳиёни тадҳиншуда аллакай зиёд гашта буд. Агар ба масал баргардем, дар он, ғуломон аз оғояшон барои решакан кардани мастакҳо иҷозат пурсидандb (Мат. 13:28). Оғояшон ба онҳо чӣ ҷавоб дод?
4. а) Аз суханони дар ҷавоб гуфтаи Исо чӣ ошкор шуд? б) Кай масеҳиёни гандуммонанд аён гаштанд?
4 Исо дар бораи гандум ва мастакҳо сухан ронда, гуфт: «Бигзоред, ки то вақти дарав ҳар ду бо ҳам нумӯ кунанд». Ин сухани Исо нишон медиҳад, ки аз асри як сар карда то имрӯз дар замин ҳамеша синфи «гандум», яъне масеҳиёни тадҳиншуда вуҷуд доштанд. Чӣ инро тасдиқ мекунад? Исо баъдтар ба шогирдонаш чунин гуфта буд: «Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам» (Мат. 28:20). Пас, масеҳиёни тадҳиншуда ҳаррӯза, то айёми охир, бояд аз тарафи Исо ҳимоя карда мешуданд. Лекин, азбаски шумораи масеҳиёни мастакмонанд аз онҳо зиёдтар буд, мо аниқ гуфта наметавонем, ки дар он муддати дароз киҳо ба синфи «гандум» тааллуқ доштанд. Вале тақрибан сӣ сол пеш аз он ки мавсими дарав сар шавад, синфи гандум аён гашт. Чӣ тавр?
НАМОЯНДАИ ХУДО РОҲРО ТОЗА МЕКУНАД
5. Чӣ тавр пешгӯии Малокӣ дар асри як иҷро шуд?
5 Чанд аср пеш аз он ки Исо дар бораи гандум ва мастакҳо масал орад, Яҳува пайғамбар Малокиро илҳом бахшид, то ӯ баъзе воқеаҳои ба ин монандро пешгӯӣ кунад. (Малокӣ 3:1–4-ро бихонед.) Яҳёи Таъмиддиҳанда «қосид», яъне намояндаи Худо буд, ки бояд омада роҳро тоза мекард (Мат. 11:10, 11). Вақте ки соли 29-уми эраи мо, Яҳё омад, вақти доварӣ кардани халқи Исроил наздик мешуд. Исо намояндаи дуюме буд, ки Малокӣ дар пешгӯиаш дар борааш хотиррасон карда буд. Ӯ ду бор маъбади Ерусалимро тоза кард — якум бор дар аввали хизматаш ва бори дуюм дар охири он (Мат. 21:12, 13; Юҳ. 2:14–17). Чӣ хеле ки мебинем, кори «тозакунӣ»-и Исо муддати вақтро дар бар гирифт.
6. а) Пешгӯии Малокӣ чӣ тавр ба миқёси калонтар иҷро шуд? б) Исо дар муддати кадом вақт маъбади рӯҳониро тафтиш кард? (Ҳамчунин ба эзоҳ нигаред.)
6 Пешгӯии Малокӣ ба миқёси калонтар низ иҷро шуд. Чӣ тавр? Дар давоми даҳсолаҳои то соли 1914, Чарлз Расселл ва рафиқони наздикаш кореро, ки ба кори Яҳёи Таъмиддиҳанда монанд буд, иҷро карданд. Он кор барқароркунии ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро дар бар мегирифт. Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас маънои аслии фидияи Масеҳро таълим медоданд, дӯрӯғ будани дӯзахи оташинро фош мекарданд ва эълон мекарданд, ки соли 1914 даврони ғайрияҳудиён ба охир мерасад. Лекин гурӯҳҳои динии дигаре низ буданд, ки худро пайравони Масеҳ меномиданд. Аз ин рӯ, саволи муҳиме ба миён омад, ки ҷавоб металабид: Кадоме аз он гурӯҳҳо масеҳиёни гандуммонанд буданд? Барои он ки ин савол ҳалли худро ёбад, Исо соли 1914 ба тафтиш кардани маъбади рӯҳонӣ сар кард. Он кори тафтишкунӣ ва тозакунӣ давраи муайянро дар бар гирифт. Яъне он аз соли 1914 то аввали соли 1919 давом кардc.
СОЛҲОИ ТАФТИШКУНӢ ВА ТОЗАКУНӢ
7. Вақте ки Исо соли 1914 кори тафтишкунии худро сар кард, ӯ чиро ёфт?
7 Вақте ки Исо кори тафтишкунии худро сар кард, ӯ чиро ёфт? Ӯ гурӯҳи хурд ва боғайрати Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддасро ёфт, ки онҳо аллакай зиёда аз 30 сол боз қувват ва дороии худро барои пеш бурдани кори мавъиза сарф мекардандd. Исо ва фариштагон эҳтимол аз ин хеле хурсанд буданд! Он масеҳиён нигоҳ накарда ба кам буданашон, ба пояҳои устувори гандум монанд буданд, ки мастакҳои ҷаҳони Шайтон онҳоро пахш карда натавонистанд. Ба ҳар ҳол, он масеҳиёни тадҳиншуда, ки дар китоби Малокӣ чун «банӣ-Левӣ» тасвир шудаанд, ба «тоза»-шавӣ ниёз доштанд (Мал. 3:2, 3; 1 Пет. 4:17). Чаро?
8. Баъди соли 1914 кадом воқеаҳо рӯй доданд?
8 Дар охири соли 1914 баъзе Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас аз сабаби ба осмон гирифта нашуданашон рӯҳафтода гаштанд. Дар давоми соли 1915 ва 1916 таъқиботҳои беруна кори мавъизаро суст кард. Бар замми ин, вақте ки моҳи октябри соли 1916 бародар Расселл вафот кард, дар даруни худи ташкилот мухолифатҳо сар заданд. Аз ҳафт бародарони масъули ҷамъияти «Бурҷи дидбонӣ» чор нафарашон зид буданд, ки бародар Рутерфорд чун роҳбар интихоб шавад. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки дар байни бародарон ҷудоӣ андозанд, аммо моҳи августи соли 1917 онҳо Байт-Илро тарк карданд ва ин тозакунии ҳақиқӣ буд! Ҳамчунин, баъзе Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ба одамтарсӣ дода шуданд. Вале дар кулли худ онҳо ба кори тозакунии Исо тан доданд ва барои ислоҳшавӣ чораҳои лозима андешиданд. Барои ҳамин, Исо онҳоро чун «гандуми» ҳақиқӣ эътироф намуд. Аммо ӯ шахсони ба ном масеҳиро, аз он ҷумла ҳамаи онҳоеро, ки ба калисоҳои ҷаҳони масеҳият тааллуқ доштанд, рад кард (Мал. 3:5; 2 Тим. 2:19). Баъд чӣ рӯй дод? Барои фаҳмидан, биёед ба муҳокимаи масал оиди гандум ва мастакҳо баргардем.
БАЪДИ САР ШУДАНИ МАВСИМИ ДАРАВ ЧӢ РӮЙ ДОД?
9, 10. а) Ҳоло мо дар бораи мавсими дарав чиро дида мебароем? б) Дар мавсими дарав якум чӣ рӯй дод?
9 Исо гуфт, ки «мавсими дарав» охирзамон аст (Мат. 13:39). Он мавсими дарав соли 1914 сар шуд. Мо ҳоло панҷ воқеаеро, ки Исо дар бораи «мавсими дарав» пешгӯӣ карда буд, дида мебароем.
10 Якум, чидани мастакҳо. Исо гуфт: «Дар мавсими дарав ба даравгарон хоҳам гуфт: аввал мастакро чида гиреду... банд-банд кунед». Баъди соли 1914 фариштагон ба «чидани» мастакҳо, яъне масеҳиёни бардурӯғ шурӯъ намуда, онҳоро аз «писарони Малакут» ҷудо карданд (Мат. 13:30, 38, 41).
11. То рӯзҳои мо кадом кор масеҳиёни ҳақиқиро аз масеҳиёни бардурӯғ фарқ мекунонад?
11 Модоме, ки «чидани» мастакҳо авҷ мегирифт, фарқи байни ду гурӯҳ боз ҳам аёнтар мешуд (Ваҳй 18:1, 4). Соли 1919 аллакай маълум гашт, ки Бобили Бузург «фурӯ ғалтид», яъне қудраташро бар хизматгорони Худо гум кард. Масеҳиёни ҳақиқӣ аз масеҳиёни бардурӯғ асосан бо чӣ фарқ мекарданд? Бо кори мавъиза. Онҳое, ки дар байни Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас роҳбариро ба ӯҳда доштанд, аниқ нишон медоданд, ки ҳама дар ҷамъомад бояд дар бораи Салтанат мавъиза кунанд. Масалан, соли 1919 рисолае чоп шуд, ки «Ба онҳое, ки ин кор боварӣ карда шудааст» ном дошт. Дар ин рисола ҳамаи масеҳиёни тадҳиншуда ба мавъизаи хона ба хона ташвиқ карда мешуданд. Дар он гуфта мешуд: «Ин кор ба назар хеле калон метобад, вале он аз они Худованд аст ва бо қуввати Ӯ мо онро ба ҷо хоҳем овард. Иштирок кардан дар ин кор барои шумо шараф аст». Муносибат ба ин даъват чӣ гуна буд? Чӣ хеле ки дар «Бурҷи дидбонӣ»-и соли 1922 қайд шуда буд, аз он вақт сар карда Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас кори мавъизаи худро боз ҳам васеъ намуданд. Дере нагузашта, мавъизаи хона ба хона аломати фарқкунандаи он масеҳиёни содиқ гашт ва то имрӯз чунин аст.
12. Аз кадом вақт сар карда синфи гандум ҷамъ оварда мешавад?
12 Дуюм, захира кардани гандум. Исо ба фариштагонаш амр дод: «Гандумро дар анбори ман захира кунед» (Мат. 13:30). Аз соли 1919 инҷониб тадҳиншудагон ба ҷамъомади тозакардашудаи масеҳӣ «захира», яъне ҷамъ карда мешаванд. Барои тадҳиншудагоне, ки дар охири ин тартибот дар замин зиндагӣ хоҳанд кард, ҷамъоварии охирин ҳангоми гирифтани мукофоти осмониашон рӯй хоҳад дод (Дон. 7:18, 22, 27).
13. Ояти Ваҳй 18:7 дар бораи ҳолати ҳозираи «фоҳиша», аз он ҷумла ҷаҳони масеҳият чӣ мегӯяд?
13 Сеюм, гиря ва ғиҷирроси дандон. Баъди банд кардани мастакҳо чӣ рӯй медиҳад? Исо дар бораи ҳолати масеҳиёни мастакмонанд сухан ронда, гуфт: «Дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд» (Мат. 13:42). Оё ин ҳозир рӯй дода истодааст? Не. Имрӯз ҷаҳони масеҳӣ, чун қисми «фоҳиша» то ҳол дар бораи худ чунин фикр мекунад: «Малика шуда нишастаам ва бева нестам ва бадбахт нахоҳам буд» (Ваҳй 18:7). Бале, ҷаҳони масеҳият худро хеле муҳим мешуморад ва ҳатто мекӯшад, ки бар сарварони сиёсӣ чун «малика» роҳбарӣ кунад. Имрӯз, онҳое, ки мастакҳоро тасвир мекунанд, фахр доранд, на ин ки гиря. Вале ин ҳолати онҳо ба наздикӣ дигар хоҳад шуд.
14. а) Кай ва чаро пайравони пешинаи динҳои дурӯғ дандонҳояшонро «ғиҷиррос» хоҳанд занонид? б) Фаҳмиши аниқгаштаи Матто 13:42 чӣ тавр бо суханони Забур 111:10 мувофиқат мекунад? (Ба эзоҳ нигаред.)
14 Дар давоми мусибати бузург, баъди он ки ҳамаи ташкилотҳои динҳои дурӯғ нест карда мешаванд, пайравони пештараи онҳо паноҳгоҳ меҷӯянд, аммо ягон ҷое барои паноҳ нахоҳанд ёфт (Луқ. 23:30; Ваҳй 6:15–17). Сипас, вақте онҳо дарк мекунанд, ки аз нобудшавӣ ҷои гурез нест, аз ғаму андӯҳ гиря хоҳанд кард ва аз хашм дандонҳояшонро «ғиҷиррос» хоҳанд занонд. Чӣ тавре ки Исо дар пешгӯии худ оиди мусибати бузург гуфта буд, он лаҳза онҳо аз ноумедӣ «навҳа» хоҳанд кардe. (Мат. 24:30; Ваҳй 1:7).
15. Бо мастакҳо чӣ мешавад ва он кай рӯй хоҳад дод?
15 Чорум, ба кӯраи оташ андохта шудани мастакҳо. Бо «мастакҳои» банд кардашуда чӣ рӯй хоҳад дод? Фариштагон «онҳоро ба кӯраи оташ хоҳанд андохт» (Мат. 13:42). Ин маънои нобудшавии пурраро дорад. Барои ҳамин, пайравони пештараи ташкилотҳои динҳои дурӯғ дар вақти қисми охирони мусибати бузург, Ҳармиҷидӯн, ҳалок хоҳанд шуд (Мал. 4:1).
16, 17. а) Воқеаи охирине, ки Исо дар масалаш қайд кард, кадом аст? б) Чаро мо чунин хулоса бароварда метавонем, ки иҷрошавии ин воқеа ҳоло дар пеш аст?
16 Панҷум, дурахшон шудани одилон. Исо пешгӯии худро бо чунин суханон ба охир расонд: «Он гоҳ одилон дар Малакути Падари худ чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд» (Мат. 13:43). Кай ва дар куҷо ин рӯй медиҳад? Иҷрошавии ин суханон ҳоло дар пеш аст. Исо дар бораи фаъолияти ҳозираи тадҳиншудагон не, балки оиди воқеае гуфт, ки дар оянда дар осмон рӯй хоҳад додf. Барои чунин хулоса баровардан ду сабаб вуҷуд дорад. Биёед онҳоро дида бароем.
17 Сабаби аввал бо саволи «кай» алоқаманд аст. Исо гуфт: «Он гоҳ одилон... чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд». Ибораи «он гоҳ» аз афташ ба воқеаи аз ин пеш гуфтаи Исо, яъне ба кӯраи оташ андохта шудани мастакҳо ишора мекунад. Азбаски он дар давоми қисми охирони мусибати бузург рӯй медиҳад, пас «дурахшидани» масеҳиёни тадҳиншуда ҳам бояд дар замони оянда рӯй диҳад. Сабаби дуюм бо саволи «дар куҷо» алоқаманд аст. Исо гуфт, ки одилон «дар Малакут... дурахшон хоҳанд шуд». Ин чӣ маъно дорад? Ҳамаи тадҳиншудагони содиқ, ки баъди гузаштани қисми аввали мусибати бузург ҳанӯз дар замин хоҳанд буд, то он вақт аллакай соҳиби мӯҳри охирини худ мегарданд. Ва сипас, чӣ хеле ки пешгӯии Исо оиди мусибати бузург нишон медиҳад, онҳо дар осмон ҷамъ оварда мешаванд (Мат. 24:31). Он ҷо онҳо «дар Малакути Падари худ дурахшон хоҳанд шуд» ва пас аз ҷанги Ҳармиҷидӯн, онҳо чун арӯси хурсанди Исо дар «базми никоҳи Барра» иштирок хоҳанд кард (Ваҳй 19:6–9).
МАНФИАТ БАРОИ МО
18, 19. Аз кадом ҷиҳатҳо чуқур омӯхтани масали Исо оиди гандум ва мастакҳо ба ҳар яки мо манфиат мебахшад?
18 Чуқур дида баромадани ин масал ба ҳар яки мо чӣ манфиат меорад? Биёед се ҷиҳатро дида бароем. Якум, ин масал фаҳмиши моро васеъ мекунад. Он ба мо ошкор мекунад, ки бо кадом сабабҳои муҳим Яҳува ба бадӣ роҳ медиҳад. Ӯ «зарфҳои ғазабро» тоқат мекунад, то «зарфҳои марҳамат», яъне — синфи гандумро ҷамъ оварадg (Рум. 9:22–24). Дуюм, он боварии моро қавӣ мегардонад. Бо баробари наздик шудани анҷоми ин тартибот, душманонамон муқобилияташонро бар зидди мо торафт пурзӯр хоҳанд гардонид, вале бар мо «ғолиб нахоҳанд омад». (Ирмиё 1:19-ро бихонед.) Чӣ тавре ки Яҳува дар тӯли асрҳо синфи «гандум»-ро ҳимоя кард, ҳамин тавр Падари осмонии мо ба воситаи Исо ва фариштагон дар оянда «ҳамарӯза» бо мо хоҳад буд (Мат. 28:20).
19 Сеюм, ин масали Исо ба мо барои шинохтани синфи гандум кӯмак мекунад. Чаро ин муҳим аст? Зеро агар мо донем, ки масеҳиёни гандуммонанд киҳоянд, мо метавонем ба саволе, ки Исо дар пешгӯиаш бардошт, ҷавоб ёбем. Ӯ пурсид: «Ғуломи мӯътамад ва доно кист?» (Мат. 24:45). Ду мақолаи навбатӣ ба он савол ҷавоби қонеъкунанда хоҳанд дод.
a Сархати 2: Барои бори дигар ба худ хотиррасон кардани мазмуни дигар қисмҳои ин масал, мо шуморо даъват мекунем, ки мақолаи «Одилон чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд»-ро аз «Бурҷи дидбонӣ», аз 15 марти с. 2010, сарх. 1–9 хонед.
b Сархати 3: Ҳаввориёни Исо вафот карданд ва тадҳиншудагони дар заминбуда на чун ғуломон, балки чун гандум тасвир шудаанд. Барои ҳамин, дар ин масал ғуломон фариштагон мебошанд. Баъдтар дар масал онҳое, ки мастакҳоро мечинанд, чун фариштаҳо тасвир шудаанд (Мат. 13:39).
c Сархати 6: Ин фаҳмиши аниқгашта аст. Пеш, мо фикр мекардем, ки Исо соли 1918 маъбади рӯҳониро тафтиш кард.
d Сархати 7: Аз соли 1910 то 1914 Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас қариб 4 000 000 китоб ва зиёда аз 200 000 000 рисола ва брошура паҳн карданд.
e Сархати 14: Ин фаҳмиши аниқгаштаи ояти Матто 13:42 мебошад. Пеш, дар адабиётҳои мо навишта шуда буд, ки тӯли даҳсолаҳо инҷониб шахсони ба ном масеҳӣ «гиря» мекунанд ва «ғиҷирроси дандон» мезананд, чунки «писарони Малакут» дар асл «писарони иблис» будани онҳоро фош мекунанд (Мат. 13:38). Лекин бояд қайд кард, ки фикр оиди «ғиҷирроси дандон» бо нобудшавӣ алоқаманд аст (Заб. 111:10).
f Сархати 16: Дар ояти Дониёл 12:3 гуфта мешавад, ки «хирадмандон [масеҳиёни тадҳиншуда] мисли дурахши афлок хоҳанд дурахшид». Ҳангоми дар замин буданашон, онҳо ба он маъно медурахшанд, ки дар кори мавъиза иштирок мекунанд. Лекин, Матто 13:43 ба вақте ишора мекунад, ки онҳо дар Салтанати осмонӣ хоҳанд дурахшид. Пеш мо фикр мекардем, ки ин ҳар ду оят ба як амал, яъне кори мавъиза ишора мекунанд.
g Сархати 18: Ба китоби «Ба Яҳува наздик шавед» (рус.) саҳ. 288–289 нигаред.